Ҳангоми хоб дидан мо мутлақо озод мебошем. Монеъаҳо, яъне вақт, фазои махдуд, қонунҳои мантиқ ва ҳатто виҷдон ба назар гирифта намешаванд ва мо бо он чанд пешравиҳои гузарандаамон дар ин лаҳзаи хоббинӣ худамонро ҳамадону ҳамакор меҳисобем. Ба хотири он ки ҳамаи чизҳои дар хоб созандаамон аз они худамон мебошад, Фрейд диққати махсусро ба хоб додаст. Агар мегуфт ӯ хобби касро фаҳмидед, пас худи шахсро фаҳшда метавонед.
Дар усули бохирадона идоракунии хоб мо маҳз ба хобҳои барномашудаи бошуурона сохтаи худ(хобҳои фармоишӣ) барои ҳалли: проблемаҳои пайдошуда кордор мешавем. Фрейд хобҳои табиӣ, яънё худбахуд рӯйдиҳанда сарукор дошт бинобар ин онҳо дар усӯлй болой номувофиқ мебошанд. Мо пешакй ббяд барномаи мавзӯъи хобамонро созем, то ки онҳоро ба манфйати худамон ҳал кунем, яъне аз фоидааш истифода бурда кз паси назоратй зиндагии худ шавем.
Омӯзишӣ идоракунии хоббинӣ се этапро дар бар мегирад.Аввал мо ба ёд овардани хобби дидаамонро бояд омӯзем. Касе, ки ман хоб намебинам мегуйд дурӯг мегӯяд ё ки маризие дорад, ки сабаб ба ёд овардани онро надорад. Чунки вақге, ки аз ҳаёти мо хобро берун кардем, аллакай баъди чанд рӯз норасоиҳои ақлонӣ ва эҳсосии ҷидди сар мешаванд.
Хоб чӣхеле, ки гуфтем хусияти пешгӯикунӣ ва таъкидкунандагӣ дорад. Муаллифи китоби Идоракунии бохирадонаи интеллект (Х. Силва)боре то соати 2-и шаб кор мекунад ва дар хоби айёниаш дар партави нури равшан аввал се рақам 3-4-3-ро мебинад; Баъд рақамҳои дигар, яъне 3-7-3- ро мебинад. Ин ҳодиса панҷ дақиқа давом мекунад, яъне ӯ ҳар вақт ин ду қаторӣ пайдарпайии ададҳоро мебинад. У ин рақамҳоро бо рақами телефонҳо, мошинҳо ва ғ-ро ба ёд оварда бо онҳо муқоисса менамояд, вале ҳеҷ алоқаманде намеёбад. Рӯзи дигар ӯ лотереяро бо нишондоди рақамҳои дидааш мехарад ва соҳиби 10000 доллар бурд мешавад. Аҷоибот он аст, ки X. Силва чанд муддат буд, ки муфлис шуда ва ба пул сахт мӯҳтоҷ буд. Ӯ ин амалро қудрати Хиради Олӣ медонад.
Мумкин мегӯяд Х.Силва инро баъзеҳо тасодуф ё тақдир гӯянд, пас нисбати чанд шогирдонам, ки ин усулро истифода бурда аз 30 000 то 50 000 бурд кардаанд чӣ мегӯянд? Албатта принсипи лотерея чунон сохта шудааст, ки бурд камтар бошад, вале имкониятҳои ақлониву фаросати то ба дараҷае тавоност, ки метавон адади бурдҳоро то ҳади имконият зиёд намуд новобаста ба хоҳиши соҳибони лотеря. Ва ҳам ҳастанд шахсоне ки мувофиқи қонуниятҳои назарияи ададҳои ппнодуфи метаионанд ач лотерся бурдҳои зиёд кунанд, ки албатта охирӣ насиби шахсони башумор мебошад.
X. Силиа мегӯяд, ки хоб шароити мусоидро барои гирифтани ахбор а:» Хиради Олӣ месозад. Ва ӯ боз пештар мсраиад, яьнс чанги телефонии Хиради Олиро интизор нашуда мсхоҳад бо хоҳиши худаш ба ӯ занг занад ва бо ӯ алоқа намояд. Чӣ хеле, ки шахси имондошта метавонад бо Худованд алоқа дошта бошад ба воситаи дуою муноҷот пас мо метавонем бо ин усул бо Хиради Олӣ Силва Хиради Олӣ ғайри Худо аст) алоқа намоем.
Усулҳои алоқа бо Хиради Олӣ гуногун мебошанд. Бояд фаҳмид, ки ба умеди нури равшан нашуда роҳи осон, яъне усули медитасияро интихоб намуд. Яъне пеш аз ҳама барномаи хоҳишу мақсад ва мароми худро тартиб дод ва пеш ач хоб медитасия карда бояд формулаҳои онро ба забон овард, масалан, « Манмехоҳам хоби дидаамро дар хотир нигоҳ дорам.Ман ҳамаи хоби дидаамро дар хотир мегирам». Баъди ин бояд хоб кард ва дар паҳлӯи худ қалам ва қоғаз гузошт. Ҳангоми аз хоб бедор шудан ҳамаи чизеро, ки аз хоби дидаатон дар хотиратон мондааст дар қоғаз нависед. Ва инро то мавриди малакаи навишта тавонистани хоби дида давом диҳед. Ва ин аст қадами аввал.
Қадами дувеум.Ҳангоми медитасия пеш аз хоб дар бораи проблемаи ҳақиқатан мавҷуда, ки метавонед бо ёрии ахбори иловагй ва маслиҳат ҳар намоед фикр намоед.
Баъд аз паи барномасозии формулаҳо шавед: «Ман мехоҳам хобе бинам, ки маълумотҳо дар бораи ҳалли проблемаи ман дошта бошанд. Ман албатта чунш хобро мебинам ва онро бо мазмуни пуррааш дар хотир мегирам». Ҳангоми бедор шудан фикран ҳолатҳои равшану айёни хобатонро ба ёд оваред ва ҳаракт намоед то мазмуни онро пурра дарк намоед.
Мисоли дигар. Як нафар, ки дар мусобиқаи мотосикронҳо иштирок менамуд мақсад гузошт, ки барномасозни мусобикаи дар оянда мешударо ба воситаи хобаш омода намояд, то ки ягон ҳодисаи нохӯши рӯй медодаро пешгирӣ намояд. Ӯ хоб мебинад, ки дар меҳмонии дӯсташ аст. Барои наҳорӣ дӯсташ ба ӯ ғизои болояш бо лӯбиёи хоми хокистарранг пур кардашударо медиҳад. Ду рӯз пас ӯ ба сафар мебароад. Ҳаво хуб, роҳ ҳамвор Аз пеш фақат як мошини боркаши хурд мерафт.
Ҳангоми ба мошин наздик ӯ мебинад, ки вай аз лубиё пур аст. Яке хоби дидаашро ба ёд меоварад Ва суръати мотосиклро аз 65 ба 25 ва пас то 15 мил паст мекунад. Яке балони кафои мошин кушода мешааад ва мошин якбара шуда лӯбиёхо аз мошии мерезанд. Хушбахтона суръати мотосикл паст буд вагарна ҳоли ӯ чӣ мешуд фақат худо медонад.