Главная / Илм / Идоракунии лоиҳавии фаъолияти инноватсионӣ

Идоракунии лоиҳавии фаъолияти инноватсионӣ

Гузаришба иқтисоди бозорӣ ва барқароршавии модели муосири рушди иқтисодӣ талаб менамояд, ки дар ҳама марҳилаҳои даври истеҳсолӣ ҷараёнҳои инноватсионӣ фаъол гардонида шаванд. Барои амалисозии ин кор зарур аст, ки хусусияти меҳнат, техникӣ-технологӣ, ташкилӣ, инчунин усулҳои идоракунии фаъолияти инноватсионӣ тағйир дода шаванд.

Чунин тағйирот мукаммалагардонии усулҳои менеҷменти инноватсионӣро тақозо менамояд. Мукаммалгардонии менеҷменти инноватсионӣ асосан ба идоракунии лоиҳаҳои инноватсионӣе, ки ба амалҳои бисёрмақсадаи ҳудуддор такя мекунанд, бештар алоқамандӣ дорад.

Корхонаи иноватсионии ширбарори каймок ва кефир

Амали лоиҳавӣ ба фаъолияти инноватсионӣ аҳамияти омилҳои асосии рушди фирмаҳоро устувор мегардонад. Вазифаи асосии менеҷери оид ба инноватсия аз идоракунии лоиҳавии технология, сармоя ва маҳсулнокӣ иборат аст. Илова бар ин ҷори намудани технологияҳо ва маҳуслотҳои нав, ташкили маблағгузорӣ, идоракунии ҳавасмандгардонӣ ва таълими (омӯзонидани) ҳайат низ ҳамчун лоиҳа дида баромада мешавад.

Яке аз вазифаҳои асосии роҳбарияти ташкилотҳои калон ин сари вақт ивазнамоии навъҳо маҳсулот, технологияҳо, ивазкунии самти истеҳсолоти камдаромад, ки аз таввакали зиёд ва рақобатнопазирӣ ба амал меояд, ба шумор меравад. Принсипи идоракунии лоиҳавӣ имконият медиҳад, ки бунёди шароити қабули қарорҳои қатъӣ, мутобиқсозӣ ва сармоягузории шаклҳои гуногуни фаъолиятро мувофиқи доираи рентабелнокӣ ва афзалиятҳои стратегӣ таъмин гардад.

Яке аз хусусиятҳои асосии идоракунии сармоягузории фаъолияти инноватсионӣ ин ташкили маблағгузориҳо ба шумор меравад. Мафҳуми «идоракунии» маблағгузориҳо дар шароити иттиҳодияҳои муосир таркибу мундариҷаи васеътаро дорад. Сохтмон, таҷҳизот, воситаҳо ва дастгоҳҳои технологӣ танҳо қисми хароҷотҳои дарозмуҳлат мебошанд. Иттиҳодияҳо низ ба маблағгузориҳои мисли арзиши технологии ҳуҷҷатнигорӣ, хароҷотҳои тадқиқотҳои илмӣ ва коркарди маҳсулотҳо, тадқиқоти маркетингӣ, барои реклама ва рушди роҳҳои фурӯши маҳсулот шомил ҳастанд. Дар харҷномаи маблағгузориҳо, хароҷотҳои муҷаҳазанонии таҷҳизотҳои нав ва пурзӯрнамоии иқтисдори истеҳсолӣ, интихоб, омокунӣ ва бозомӯзии ҳайат, яъне ба ибораи дигар ба гурӯҳи хароҷотҳои марбути инноватсияҳо буда, дохил мешаванд.

Ба рӯйхати хароҷотҳои капиталӣ, ки ба навовариҳо алоқамандӣ доранд хароҷоти азнавмуҷаҳазонӣ, барқарорсозии иқтидори истеҳсолӣ, хароҷоти интихоб, тайёркунӣ ва бозомӯзии кормандон низ дохил мешаванд.

Дар чунин амали васеъи маблағгузорӣ дар фаъолияти менеҷерон мушкилии зиёд пеш меояд. Роҳбарият ҳамчун маркази стратигии таъминкунандаи ҷо ба ҷо гузории захираҳо на рӯи даромаднокии ҷорӣ балки аз рӯи афзалиятҳои инноватсионӣ амал мекунад.

Менеҷери ташкилоти калон интихоби васеъи ҳамкорони молиявиро доро мебошад. Идоракунанда бояд мувозинати оқилонаи байни хароҷотҳо, таваккали молиявӣ ва назорати беруниро бо мақсади муайянсозии андозаи таъминнокии мабалғгузорриҳои ба нақшагирифташуда бо бо захираҳои молиявӣ-ро ёбад. Таносуби баҳодиҳии дохилии даромаднокӣ ва шартҳои молиявии назорати берунӣ асоси ҳисоби хоҷагии ширкатро ташкил менамояд, ки ба таъмини меъёри даромаднокии инноватсиҳо нигаронида шудааст.

Вобастагии амалишавии лоиҳаҳо муҳити берунаи ширкатҳоро водор мекунад, ки ба ояндабинии на танҳо талабот, балки рафтори ҳамкорон, рақбони машғул гардида, вазъи ояндаро тарҳрезӣ намоянд.

Менеҷерро лозим аст, ки барои таъмини бомуваффақияти ҷараёни инноватсионӣ вазифаҳои муҳимро оиди идоракунии стратегӣ, лоиҳакашӣ, коркард ва татбиқи навовариҳо, идоракунӣ ва назорати фаъолияти ҷории низоми амалиётии корхонаро иҷро намояд.

Азбаски фаъолияти навоварӣ мураккаб, гуногунҷабҳа ва натиҷаи пешгӯи шаванда дорад, тақсимоти вазифаҳои идоракунӣ ногузир мегардад. Ҳамин тавр, дар ширикатҳо вазифаи ташкили идоракунии ҷараёнҳои молиявӣ ва истифодаи самаранокӣ сармояро менеҷери молиявӣ, банақшагирии сармоягузорӣ ва интихоби лоиҳаро муттахасис оид ба таҳлили сармоягузорӣ ва идоракунии инноватсионӣи ҳайати коргаронро менеҷер оид ба идоракунии иҷтимоӣ амалӣ мекунанд.

Дар корхонаю ташкилотҳои бузургтар бошад инчунин менеҷерон оид ба идоракунии таваккал, идоракунии Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, бозоршинос ва менеҷер оид ба суғуртакунӣ фаъолият мекунанд, то ин ки ҷараёнҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо таваккали нисбатан камтар амалӣ гардонда шавад.

Зери таъсири принсипҳои усули лоиҳавии ташкили сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, муносибат ба масъалаи нақшагирии стратегияи рушди ширкат ва боздеҳи молиявӣ , фаъолияти навоваронаи он ба таври мусбӣ тағйир меёбад. Маҳз лоиҳа метавонад, ки имкониятҳои воқеии амалишавии фаъолияти иноватсиониро аз нуқтаи назари самаранокӣ, даромаднокӣ ва рақобатпазирии корхона, нишон диҳад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222