Қуръон дар таърихи тамаддуни исломӣ ҳамчун омили такондиҳандаи рушди ҳамаи соҳаҳои илм нақши бузурге бозидааст. Аз илми сарфу наҳв, таҷвид-махориҷи овоз (фонетика)-зобони арабӢ то илмҳои кайҳоншиносӢ дар заминаи ниёзҳои шинохти Куръон пешрафт карданд. Алалхусус, дар ин замина илмҳои қуръонӢ ба вуҷуд омада, фарҳанги исломиро ғанӣ ва шинохти Қуръонро осон намуданд. Яке аз чунин илмҳо илми қироат мебошад.
ИЛМИ КИРОАТ дар натиҷаи ихтилофоте, ки ҳануз дар садри ислом дар хондани баъзе оятҳо ва калимаҳои Қуръон ҷой дошт, ба вуҷуд омад. Уламои ислом вуҷуди ин ихтилофотро усулан муҷоз ва табиӣ медонанд, чунки дар ҳадис ба нақл аз Паёмбари ислом (с) омадааст: “Инна ҳоза ал-Қуръона анзала ъало сабъати аҳруфин фа қараъу мо таяссара минҳу”-Яъне, ҳамоно ин Қуръон ба ҳафт ҳарф фуру фиристода шудааст пас он тавре, ки муяссар аст, аз он бихонед. Ин ҳарфҳои ҳафтгона-“аҳруфу- саъба”-ро ҳафт лафзи мухталиф барои як маънӣ таъбир кардаанд.
Илми қироъат мавзуоти махориҷи хуруф- фонетикаи овозҳои ҳуруфи арабӣ ва пайваста хондани калимаю иборот, масоили оҳанги тиловат ва қавоиди ҳастанд, ки васл, идғом-баҳамфурурафтан ва ғайраро дар бар мегирад. Ин масъалаҳо дар доираи илми т а ҷ в и д и Қуръон омухта мешаванд. Таърихан, ҳамчун маъруфтарин тарзи қироати Қуръон хониши даҳ қории маъруф қабул шудааст, ки иборатанд аз: 1— Нофеъ ибни Абдурраҳмон ( ваф.с.169 х.), 2- Абдуллоҳ ибни Касир, 3-Абу Амр ибни ал-Аъло, 4- Абдуллоҳ ибни Омир, 5-Осим ибни Аби ан-Наҷуд, 6-Ҳамза ибни Ҳабиб. 7-Кисоӣ, 8- Яқуб ибни Исҳоқ Хазрамӣ, 9- Абуҷаъфари Маҳзумӣ, 10-Халф ибни Ҳишом (ваф. с. 229 х) Аз байни ин қориёни даҳгона танҳо ҳафтои аввал шуҳрат доранд ва машҳуртарин қироъатҳо низ ҳафт қироъатанд.
ИЛМИ ТАФСИРВА ТАЪВИЛ. Илми тафсир ва таъвил дар заминаи зарурати фаҳмиши амиқ ва шарҳу эзоҳи оятҳои Қуръон ба вуҷуд омад. Калимаи ” тафсир”- ро донишмандон аз решаи “фаср”-иштиқоқ шуда ба маънии кашф ё бардоштани парда ва ё рупуше аз болои чизе гуфтаанд ва ҳамчунин ин калима дар забони араб ба маънии ташхису баррасии пешоби бемор ба кор бурда шудааст. Маънии луғавии таъвил ба баргашт ба оғоз ёба асл аст ва дар истилоҳ муродифи тафсир аст. Баъзе онро дарёфти маънии ботинии оёти қуръонӣ гуфтаанд.
Интишори ислом дар байни ақвоми дорои расму ойин ва забонҳои мухталиф ва ҳар андоза дур шудани мусалмонон аз замони Паёмбар (с) ва ниҳоят шароит ва муқтазои замон зарурати тафсири оёти Қуръон ва баёни шароити нузул ва маънии ин ё он гуфтаҳои қуръониро ба миён оварданд.
Манбаъҳои тафсир, ки бо кумаки онҳо маъониро дар меёбанд чаҳортост: 1- тафсири Қуръон бо худи Қуръон,2- тафсир ба ақл, яъне бо истифода аз усули ақливу мантиқӣ; 3- тафсир ба нақл бо истифода аз ривоёт, ҳадисҳо ва гуфтаҳои саҳобагон; 4 -тафсир бо исроилиёт, аз тириқи тавзеҳи қиссаҳои қуръонӣ бо истифода аз ахбор ва сарчашмаҳои дини яхудӣ ва насронӣ.
Бояд гуфт, ки дар мавриди тафсир кардан ё накардани Қуръон, чигунагии меъёри тафсир, маҷоз будан ё набудани тафсир ба раъй баҳсҳои илоҳиётӣ ва илмии зиёде шудаанд. Аз лиҳози навъи тафсир низ тафсирҳо гуногунанд, аз ҷумла баъзе тафсирҳо бештар ба баёни мушкилоти лафзиву наҳвии Қуръон, дигаре, ба равшанӣ андохтан ба шароит ва замони нозил шудани оёт, сеюмин, ба усул ва масоили илоҳиётиву фалсафии он таваҷҷуҳ кардаанд.
Муфассир \-шахси тафсиркунанда\-ро донистани як зумра улум, аз ҷумла: сарфу наҳви арабӣ, таъриху шароити таърихӣ ва хусусияти адабу шеъри араб, алалхусус давраи ҷоҳилия, мантиқ, илми ҳадис ва маърифати риҷол, фиқҳ, осори динҳои иброҳимӣ (исроилиёт) ва ғайра зарур буд.
Муфассирон низ чанд насл ташкил додаанд. Насли аввалро дар илми тафсир саҳобаҳои Паёмбар (с) чун: чор халифи аввал- ҳазароти Абӯбакр ас-Сиддиқ, Умар ибн-Хаттоб, Усмон ибн Аффон ва Али ибн Абутолиб (р) ва саҳобаҳо Ибн Аббос, Абӯмӯсо Ашъарй, Абдуллоҳ ибни Зубайд, Молик ибни Анас ва ҷайра буданд. Насли дуюми муфассирон пайравони ин саҳобаҳо буданд, ки ” т о б е ъ и н ” номида шудаанд. Баъд аз ин насли ” а т б о ъ и т о б е ъ ин “ оғоз мешавад, ки ҳудуди асри III – IV ҳиҷриро дар бар мегирад. Дар ҳамин давра комилтарин тафсири Қуръон бо номи “Ҷомеъул-баён фи тафсирил-Қуръон”, ки мухтасар бо номи “Тафсири Табарй” маъруф аст, навишта мешавад. Ин тафсир солҳои 1940- 1946 дар Миср, дар 31 ҷилд чоп шуда аст. Муаллифи он Абӯҷаъфар Муҳаммадибни Ҷарир ат-Табарй (224-310х) мутаваллиди Омул ном маҳаллаи Табаристон (Мозандарони Эрон) буд. Тафсири Табарй яке аз сарчашмаҳои муҳими мазҳабй, фарҳангй ва таърихии ислом аст, ки таъсири амиқе ба рушди илми тафсир ва шинохти дигар соҳаҳои улуми исломй гузоштааст.
Дуввумин, тафсири маъруф “Ат-тибён фи тафсирил-Қуръон” ном дорад ва онро Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан ат-Тӯсй (385-460 хққ), яке аз бузургони мазҳаби шиъа дар бист ҷилд навиштааст. Баъд аз ин ду метавон ба тартиб аз тафсиҳои маъруф чун: тафсири “Ал-кашшоф ъан ҳақоиқ-ил-ғавомиз-ит-танзил”, маъруф ба “Тафсири Кашшоф”-и аллома аз- Замахшарй Ҷоруллоҳ Абӯлқосим Маҳмуд ибни Умар; “Кашшоф- ал-асрор ва ъудда-тул- аброр”-и Абӯлфазл Рашид-уд- Дин Майбудй; “Ғароиб-ул-Қуръон” маъруф бо номи “Тафсири Нишопурй”; “Анвор- ут-танзил ва асрор-ут-таъвил” маъруф ба “Тафсири Байзовй”, “Тафсири ибн Касир”, “Тафсири Ҷалолайн”, “Маҷмаъул- баён фи тафсир- ал-Қуръон”-и Шайх Аминуддин Абӯфазл ибни Ҳасан Табарсй, “Мифтоҳ-ул-ғайб” ё “Тафсири кабир”-и Имом Фахруддин Розй (543-606 х.) ва ғайра ном бурд. Теъдоди тафсирҳои суннй ва шиъа хело зиёданд ва имрӯз низ тафсирнависй идома дорад. Аз тафсирҳои нав (дар ҳудуди асри XIX-ХХ навишта шуда) маъруфтаринашон ” Ал-Ҷавоҳир фитафсирал-Қуръон ал-карим”-и Шайх Тантовй (мисрй), “ал-Мизон фи тафсири ал Қуръон”-и Муҳаммад Ҳусейни Таботабой ,ва “Тафсир ал-Манор”-и Шайх Муҳаммад Рашид Ризо мебошанд.
Илми тафсир яке аз дастовардҳои тамаддуни исломист, ки ҳамчун манбаи мазҳабию динй, илоҳиётиву фалсафй, таърихй ва забониву адабй хело аҳамияту арзиши зиёде доранд. Ба ғайр аз илми қироат ва тафсир боз як зумра илмҳои дигари қуръонй мавҷуданд. Масалан, «илми насх ва мансух»- шинохти оёте, ки баъдан аз тарафи Худо беэътибор (мансух) шуда, «илми таҷвид-фонетика», «илми танзил ва эъҷоз»-и Қуръон вале машҳуртарини онҳо хамин ду илм мебошанд, ки мо баён кардем ва бо ҳамин ба ин фасл хотима медиҳем.