Главная / Илм / ИЛМИ КАЛОМ ЧИСТ

ИЛМИ КАЛОМ ЧИСТ

Яке аз улуми исломӣ -илми калом аст. Дар мавриди бо чӣ сабаб калом ном гирифтани ин илм ақидаҳо мухталиф мебошанд, аз ин рӯ чун ин китоб имкони баёни ҳамаи он ақидаҳоро надорад, мо бевосита ба таърифи илми калом шурӯъ мекунем. Ҳадди ақал калом илмест, ки дар бораи ақоиди исломӣ, яъне ҳар он чи мусулмонон бо он эътиқоду имон доранд бо истифода аз ақлу мантиқ баҳс мекунад. Одатан тамоми таълимоти исломро чунон ки қаблан дидем, ба се қисмат: ақоид, ахлоқ, аҳком тақсим кардаанд.

Илме, ки масоили қисмати аввал, яъне масоили ақадавиро меомӯзад калом номида шудааст, илме ки масоили ахлоқиро меомӯзад ҳамон илми ахлоқ аст ва илме, ки масоили қисмати сеюм аҳкомро меомӯзад, илми фиқҳ ном дорад. Калом метавон гуфт фалсафаи мазҳабии ислом аст. Дар динҳои дигар низ фалсафаи мазҳабӣ вуҷуд доранд, вале на ба номи калом. Тафовути калом аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди ҳастӣ-олам бидуни побандӣ ба ин ё он ақидаи динӣ баҳс мекунад ва аммо калом донишест, ки барои ҳифзу дифои асосҳои таълимоти ислом аз ҳамалоту интиқодҳои мухолифони он(- илҳодгароёну даҳриён ва файласуфон) ба вуҷуд омада, рӯи масоили илоҳиётӣ (- худошиносӣ ва дар робита бо он ҳастишиносӣ, маъод- ҳаёти ондунёвӣ ва масоили маърифат- гносеология ва г-ра) бо истифода аз усулҳои мантиқию фалсафӣ баҳс мекунад.

Дар мавриди пайдоиши калом низ ақидаҳо зиёданд. Баъд аз густаришу пешравии ислом дар хоки кишварҳо ва милллатҳои гуногун, ки сатҳи фарҳангию илмии баландтаре назар ба аъроб доштанд вазъият нисбат ба садри ислом тагйир меёбад. Иртибот бо эрониён, сирёниён, румониён, мисриён, ки ошноӣ бо фалсафа ва улуми ақлӣ доштанд, бархӯрд бо намояндагони динҳои яҳудӣ, насронӣ, зардуштӣ ва интиқодоти онҳо ва ниҳоят пайдоиши ихтилофот: фирқаҳои бидъатгаро, илҳодӣ, занодиқа ва даҳрия дар дохил ва хориҷи ислом мусалмононро маҷбур кард, то воситаву роҳҳои ҳимоя аз ақоиди исломиро ҷустуҷӯ кунанд. Ҳамин омилҳо сабаби пайдоиши фалсафаи калом гардидаанд. Илми каломро инчунин илми усули дин ё ф и қ ҳ и а к б а р низ гуфтаанд.

Хулоса, илми калом илми назарӣ ва истидлолиест, ки асосан дар мавриди тавҳид ва сифати Худо, мабдаъ ва маъод, нубувват қазову қадар ва гайра баҳс кардааст. Дар доираи калом баъдан масоили дигари фалсафӣ: азалӣ ё офарида будани олам, ҷавҳар ва араз, ҳаракат ва сукут, хало ва заррот ва гайра низ матраҳ гардидаанд. Он чи масоиле, ки бевосита ба ақоиди исломӣ вобаста буданд бо номи зоҳирул-калом (ё ҷамилул-калом) ва он чи ба масоили фалсафӣ ва фалсафаи табиат вобаста буданд дақиқул-калом номида шудаанд.

Зуҳури илми каломро ибтидои асри 8-ум шуморидаанд, вале баъзе уламои ислом бар он ақидаанд, ки усули муҳокимаву исботи каломӣ дар худи Қуръон аст ва ин ҷониб низ бар чунин ақида мебошам. Воқеан, далолати корбурди ақлро ба бандагон худи Худованд дар Қуръон борҳо кардааст. Вале барои ҳамчун равиши илоҳиётӣ ташаккулёбии калом муддатеро дар бар мегирад. Давраи муқаддимоти илми каломро уламо бо коркарди «фиқҳи акбар» тавассути Абӯҳанифа иртибот додаанд. Оғози истидлолоти ақлӣ дар ислом бо номи Ҷаъд бинниДарҳам (қатл.742- 43) вобаста аст. Ӯ аввалин шуда дар масъалаи динӣ танҳо бо ақл эътимод кардан ва оёти ба ақл мухолифат доштаи Қуръонро бо тарзи таъвил баён кардан даъват намудааст. Баъд аз ӯ Ҷаҳм ибни Сафвон (қатл.745) кори ӯро идома додааст.

Нахустин масоиле, ки мутакаллимони насли аввал рӯи он баҳсҳое шабеҳи баҳсҳои фалсафӣ оростаанд иборатанд: 1чигунагии вазъи имонии шахси муртакиби гуноҳи кабира шуда, яъне гуноҳи бузург содир карда, 2масъалаи сифот ва зоти Худо, 3- масъалаи ҷабр ва ихтиёр будааст.

Вале ихтилофи асосии ақидавӣ маълум мешавад, ки рӯи масъалаи ҷабр ва ихтиёр, масъалаи сарнавишту тақдир, ҳудуди озодии иродаи башар ва ҳадди вобастагии вай аз иродаи илохӣ рӯх дод. Онҳое, ки ҷонибдорӣ аз озодии фаъолияти башар ва мухтории инсон дар касбу интихоб мекарданд қ а д а р и я ном гирифтааст. Баъзе уламо гуфтаанд, ки агар ба ҳадисҳо эътимод кунем, метавон гуфт, ки ин фирқа ҳанӯз дар давраи зинда будани худи Муҳаммад (с) вуҷуд доштаанд. Гувоҳ ба ин ҳадиси маъруфест, ки дар он гуфта шудааст “ал-қадариятул-маҷусу ҳозиҳил-уммати.” Яъне, “қадария маҷус (зардуштиён)-и ин уммат ҳастанд“.

Баръакс онҳое, ки бар хилофи қадария, башарро яксара тобеъи сарнавишт, маҷбур, бе ихтиёру озодии амал медонистанд ҷ а б а р и я номида шудаанд.

Таълимоти қадария аз тарафи м ӯ ъ т а з и л а (асри 710) дастгирӣ ва равнақ ёфт. Аз ин рӯ мӯътазилиёнро қадария низ меноманд. Ҳарчанд худи онҳо сайъ кардаанд, ки ин номро (аз баски Паёмбари ислом (с), чунон ки ишора кардем онҳоро маҷус номидааст) ба худ нисбат надиҳанд ва худро “аҳли тавҳид” меномиданд.

Асосгузори мӯътазила Васил ибни Ато (699-748) дар маҳфили Ҳасани Басрӣ (ваф.с.728) дар Басра таҳсил мекардааст, вале пас аз ихтилоф рӯи якчанд масъалаи илоҳиётӣ аз онҳо ҷудо мешавад. Аз инрӯ номи фирқае, ки ӯ асос мегузорад мӯътазила (аз кал.араб. иътазила ҷудо шудан) номида шудааст. Дар воқеъ мӯътазила яке аз шохаҳои илми калом ба шумор меравад.

Мӯътазила асосан рӯи панҷ масъала бо исломи расми ихтилоф доштанд. Муҳимтарини онҳо 1- т а в ҳ и д аст. Онҳо тасаввуроти динии соддаи ташбеҳи (антропоморфи)и исломи расмиро дар мавриди Аллоҳ рад карда, худошиносиро ба фаҳмиши фалсафӣ наздик кардаанд. Яъне онҳо бар хилофи қишриёни аҳли суннат ва ҷамоъат сифоти Худоро айни зоти Худо медонистанд ва амри изофӣ ва берун аз зоти Илоҳӣ будани сифот (атрибутҳо)и Худоро рад мекарданд; 2 Онҳо гуфтанд: Қуръон қадим ва азалӣ нест, яъне ҳодис ва махлуқ аст. Худованд, мегуфтанд онҳо, онро дар вақти зарурат халқ фармуда, ба замин нозил карда. Ин назари онҳо низ мабнӣ ба тавҳид буд. Онҳо эътиқод ба азалият ва қадимияти Қуръонро мухолифи асли тавҳид мешумориданд, яъне дар баробари Аллоҳ мавҷуди дигаре монанди ӯ азалӣ ва қадим ва ғайри махлуқ қарор доданро ширк (политеизм) меҳисобиданд. Ихтилофи дигари мӯътазила рӯи масъалаи а д л и и л о ҳ ӣ буд. Мӯътазила эътиқоди омма ва исрори аҳли суннатро дар мавриди беихтиёрии башар дар назди сарнавишт, хилофи асли адл мешумориданд. Аз назари онҳо тасдиқи он ки Аллоҳ ҳар киро хоҳад ҳидоят мекунад ва ҳар киро хоҳад ба залолат меандозад ва инчунин ҳукми тақдири азалии илохӣ оид ба саодат ва шақоват мухолиф бо адли илоҳист. Барои исботи ин ҳама назариёти худ онҳо аз Қуръон оёте истинбот кардаанд ва гуфтаанд, ки Аллоҳи таоло одил аст ва имкон надорад, ки касеро аз рӯи сарнавишти муайянкардаи худаш маҳкум ба хатокорӣ ва гуноҳ кунад ва боз онҳоро, ки бе ихтиёри худ ба ҳукми сарнавишт гуноҳ содир кардаанд, азобу уқубат намояд.

Аз ин ки гузарем муҳимтарин тафовути мӯътазила аз қишриёни асҳоби суннат ва ҳадис ақлгароии онҳост. Аз ин рӯ мӯътазиларо асҳоби раъй ва ақлгаро (ақлиюн) низ меноманд. Мӯътазила, метавон гуфт, нахустин фирқаи либералии исломӣ, ба он ақида будаанд, ки аъмоли мазҳабӣ ва эътиқодии башар дар сурате метавон дуруст бошад, ки мутобиқ ба ақл бошад. Мӯътазила, ки дар шаҳрҳои калонтарини Шом ва Ироқ зоҳир шуданд, касоне буданд, ки бо афкори юнониён, масеҳиён ва зардуштию монавия шиносоӣ доштанд. Ин ошноӣ ва мутолиот чунин натиҷаро ба бор овард, ки ҳеҷ мабдаъ ва асли каломӣ ва шаръӣ набояд ҷуз ба тарозуи ақл санҷида шавад. Онҳо чунин гуфтанд, ки ҳар мабдаъ ва асле, ки бо адл ё тавҳиди илоҳӣ андаке мухолифат кунад, ба ҳукми ақл қобили қабул нест. Ратсионализм, яъне хирадгароии мӯътазила баъдан дар тӯли тамоми таърихи ислом ба мухолифати ахли қолу аҳли ҳол- эътиқодгароён дучор мегардад. Муътазила, мисли ҷабария на равиши мазҳабӣ балки як равиши каломӣ буд, ки дар ҳар мазҳабе чи шиъӣ ва чи суннӣ чи ҳанафӣ ва чи шофеъӣ пайравони он буданд.

Мӯътазила баъдтар ҳамчун фирқаи мазҳабию сиёсӣ низ ташаккул ёфта, дар навбати худ ба чандин фирқа тақсим шудааст. Маъруфтарини онҳо: восилия, ҳузайлия, наззомия, хобития, бишрия, муаммария, мурдория, ҷоҳизия ва ғайра мебошанд.

Намояндагони маъруфи мӯътазила: Восил ибни Ато (699-748), Абул Қузейл ал-Аллоф (ваф. 849), Аби Исҳоқ Иброҳим ибни Сайф ан-Наззом (ваф. 836 ё 845), ал- Ҷоҳиз (ваф.868), Ато ибни Ясор, Саъид ибни Аби Арубо, Қатода ибни Даъома, ҚишомДаствоӣ, СайидибниИброҳим, МуҳаммадибниИсҳоқ ва ғайра мебошанд.

Як давраи муайяне, чунон ки гуфтем, мӯътазила аз тарафи халифаи аббосӣ Маъмун ва ворисони вай алМӯътасим ва Восиқ дар сатҳи давлатию сиёсӣ пуштибон пайдо мекунанд. Вале баъдҳо худи ин фирқа ба таъқибу террори сахт рӯ ба рӯ гардида аз байн рафт ва ин талафоти калоне барои фарҳанги исломӣ гардид.

Баъд аз мӯътазила маъруфтарин фирқаи каломӣ ё мактаби илоҳӣфалсафие, ки ба вай муқобил аст а ш ъ а р и я мебошад. Ашъариён аз ҷабҳаи асҳоби ҳадис ё худ аҳли суннати қишрӣ буданд. Асосгузори ашъария Абул-Қасан Алй ал-Ашъарй (873­935) буд, ки худ дар мактаби мӯътазила тарбият ёфта аст.

Аҳли суннат ба мӯътазила ҳамон вақт тавонистанд зарба зананд, ки бо услуби худи мӯътазила бурҳонҳои мантиқӣ, истидлолҳои ақлиро дар радди иддаоҳои онҳо ба кор бурданд. То замони Ашъарӣ уламои сунӣ аз истифодаи услуби нақди мантиқӣ дар тафсири Қуръон ва ҳадисҳо иҷтиноб менамуданд ва ақида доштанд, ки ваҳйи Илоҳӣ эҳтиёҷе ба санҷиши тарозуи ақл надорад. Бояд бе шакку шубҳа ба он эътиқод кард.

Ал-Ашъарӣ кӯшидааст, ақидаи аҳли суннат дар мавриди қисмату тақдирро бо таълимоти мӯътазила оид ба озодии иродаи башар, оштӣ дихад. Дар ин маврид ашъария мавқеи мобайниро дар байни ду фирқаи ифротии қадария ва ҷабария ишғол кард. Ашъарӣ то андозае иштироки иродаи башарро дар интихоб (к а с б)-и аъмолаш эътироф кард. Ашъарӣ бар он ақида аст, ки инсон на танҳо дорои қудрат аст, яъне метавонад аъмоли худро биофаринад, балки низ метавонад иктисоб (касб) намояд, яъне интихобан амал кунад. У назари мӯътазиларо, ки байни ду гуна амали инсон, яъне аъмоли ҷабрӣ ва аъмоли озод тафовут мегузоранд, қабул дорад, инчунин назари мӯътазиларо дар бораи ин ки инсон ба ихтилофҳо огоҳии виҷдонӣ дорад мепазирад, аммо мӯътақид аст, ки қудрат, яъне он тавоноие, ки аъмоли инсонро меофаринад, хориҷ аз инсон аст ва он қудрат пойдор ва доими нест. Ашъарӣ дар ҳар як рафтору амали озодонаи инсон мудохилаи ду амалро мебинад: яке, амали халқ ва эҷод, ки мудохилаи Худованд аст ва дигаре, амали иктисоб (касбу интихоб), ки мудохилаи башар аст. Ашъария масъулияти башарро барои амалаш эътироф мекард.

Хулосаи ақоиди ашъария ин аст, ки Аллоҳ на фақат воҳид аст, балки “Кул- фил-Кул”(Сулл дар дохили кулл аст) аст. ҲАЁТ ва иЛмва ҚУДРАТва ИРОДА ва ШУНАВОӣ ва БИНОӣ ва КАЛОМ ин ҳафт сифат-атрибутҳои хосаи зоти илоҳист. Онҳо хориҷ аз доираи замону маконанд ва ҳама ношӣ ва вуҷуди илоҳӣ ҳастанд. Худо инсонро ба аъмоли ӯ халқ фармуд ва инсон ба истиқлоли зотии худ наметавонад бубинад ва бишнавад, бидонад ва бихоҳад, магар он ки Худованд барои онҳо муқаддар фармуда бошад. Пас Аллоҳ иллат ул-илал ( сабаби сабабҳо) ва ё мусабиби асбоби кулли ҳаводис дар тӯли умри инсон аст. Ашъария, бар хилофи мушаббиҳин (антропоморфистҳо)-и ифротӣ, яъне сифатиён ва инкори қатъии он тавассути мӯътазила, вуҷуди сифоти зоти (субстансионалӣ)-и тавъам ба моҳияти ӯро эътироф кард. Масалан, гуфта ки Аллоҳ сабабгори ҳамаи вақоеъ ва ҳаводис аст, дар ҳақиқат бар фарози арш қарор мегирад вале ӯро дасту пову чашму гӯшу дигар аъзою узвҳои бадан нест. Яъне нишастани Худо ба арш бо нишастани бани башар шабоҳат надорад. Чун Қуръон мефармояд, ки Худо ба чизе шабеҳ ва монанд нест (лайса – ка мислуҳу шайъан). Марди мӯъмин бояд ба он чӣ, ки гуфт бидуни чуну чаро имон орад ва таслим шавад. Хулоса, ашъария бо ин фалсафаи худ заминаи таълимоти аҳли суннатро мустаҳкам намуда, ҷилави ақлгароӣ (ратсионализм)-и номаҳдуди мӯътазиларо нигаҳ дошт, ва гуфтан мумкин аст, ки ин аввалин зуҳури тафаккури фалсафӣ баъди мӯътазила дар доираи исломи расмӣ буд.

Ашъарӣ дар бораи азалияти Қуръон бар он ақида буд, ки калимот ва маънои он дар илми худованд аз азал вуҷуд дошта. Лекин он ҳуруф ва сатрҳое, ки бар саҳифаҳои варақаҳо нигошта шудааст ва аз рӯи он калимот ва оётро дар ин ҷаҳон менависанд, тиловат мекунанд махлуқи инсонӣ аст ва ҳодисаи заминӣ ва дунявӣ мебошад. Ин тариқаи ҳалли офарида будан ва азалияти Қуръон, ки Ашъарӣ вазъ намуд, кӯшише дар роҳи ҳалли ихтилофи мавҷуда буд ва он аз тарафи аҳли суннат маъқул дониста шуд. Баъд аз Ашъарӣ Абӯмансур Мотридӣ (ваф. 944) аз аҳли Самарқанд назарияи ӯро давом дода, такмил намудааст.

Намояндагони маъруфи мактаби ашъарӣ: Абӯбакр ал-Боқилонӣ (ваф.403- 1013м.) муаллифи китоби “ат-Тамҳид”, Ибн Фурқ Абӯбакр Муҳаммадибни алХасан (ваф.1010 м.), Абу-Исҳоқ ал-Асфароинӣ (ваф.1027), Абдулқоҳир бинни Тоҳир ал- Батдодӣ (ваф. 1037), Абуҷаъфар Муҳаммад ас-Симнонӣ (ваф.1052) , Имом-ул- Харамайн (ваф.1085) муаллифи “Китоб бул-Иршод”, Имом Муҳаммад Ғаззолӣ (ваф. 111-), Абдулкарими Шаҳристонӣ (ваф. 1153), Имом Фахриддини Розӣ (ваф.1161- 1210) ва ғайра ба шумор мераванд.

Таълимоти Ашъарӣ заминаи асосии илоҳиёти мактабии ислом каломро поярезӣ намуд ва нақши муҳиме дар фалсафаи илоҳии ислом гузошт.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222