Байҳақӣ (р) мегўяд: «Баёни машаққатҳо ва сахтиҳое, ки Абўабдуллоҳ Аҳмад ибни Ҳанбал дар замони хилофати Маъмун, Муътасим ва Восиқ ба хотири Қуръон таҳаммул намуд ва баёни зиндонҳои дарозмуддат ва шаллоқҳои зиёд, таҳдид ба қатл, шиканҷаҳои бисёри Имом Аҳмад ва бетаваҷҷуҳ будани ў ба ин машаққатҳо, сабру пойдорӣ бар дини Худо ва роҳи мустақим.
Имом Аҳмад аз оёт ва аҳодисе, ки дар бораи таҳаммули сахтӣ дар роҳи дин аст, огоҳии комил дошта, бад-ин хотир бо ризояти комил шинканҷаҳоро таҳаммул намуд ва дар ин роҳ пойдорӣ нишон дод, то Худованд ўро аз ҷумлаи авлиёи ростини худ қарор дод ва ба саодати ду ҷаҳон даст ёфт. Худованд мефармояд:
«Оё мардумон пиндоштанд, ки ба муҷарради он, ки гўянд: «Имон овардем» – гузошта шаванд ва онҳо имтиҳон карда нашаванд?».
«Ба ҳар чи ба ту бирасад, сабр кун; ба дурустӣ ки ин муқаддима аз корҳои мақсуд аст».
Имом Аҳмад дар китоби «Муснад» аз Саъд ривоят мекунад, ки суол кардам: «Ё Расулуллоҳ, чӣ касоне бештар дар машаққат ва сахтӣ воқеъ мешаванд?». Фармуданд: «Паёмбарон, сипас касоне, ки мисли Паёмбар ҳастанд, сипас касоне, ки дар дараҷаи баъдӣ қарор мегиранд. Худованд бандаашро ба андозаи дину имонаш мавриди озмоиш қарор медиҳад ва ҳамчунон ин озмоиши Худованд идома дорад, то ин ки тамоми гуноҳони ин шахс аз байн биравад».
Ибни Касир мегўяд: «Хулосаи машаққат ва сахтии Имом Аҳмад аз забони имомони аҳли суннат.
Дар он чи ки гузашт, гуфтем, ки гурўҳе бар фикру ақли Маъмун – халифаи Аббосӣ тасаллут ёфтанд ва ўро аз роҳи ҳақ мунҳариф карда, ба ў гуфтанд: «Қуръон аз ҷумлаи махлуқоти Худованд аст ва Худованд дорои сифот намебошад». Байҳақӣ мегўяд: «Хулафои банӣ Умайя ва банӣ Аббос тобеъи ақида ва мазҳаби салафи солеҳ буданд ва замоне ки Маъмун ба хилофат расид, муътазила даври ў ҷамъ шуданд ва ўро гумроҳ карданд».
Раиси онҳо Аҳмад ибни Абўдовуди муътазилӣ буд ва мардумро маҷбур ба қабули ин ақида карданд, ки Қуръон махлуқи Худованд аст. Уламо ва аҳли ҳадисро таҳдид карданд. Аз онҳо касоне буданд, ки ба иҷбор ва нохушӣ қабул карданд ва баъзе онҳо касоне буданд, ки дар зоҳир ин ақидаро қабул карда ва баъзе дигар низ фирор карданд. Аммо Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва Муҳаммад ибни Нўҳ аз қабули ин ақида худдорӣ карданд. Имом Аҳмад ба зиндон андохта шуд ва ўро таҳти шиканҷа ва азият қарор доданд, то ин ки ба ёрии Худованд ҳақ аз ботил ошкор шуд. Ў аз ҷумлаи касоне мебошад, ки Расулуллоҳ (с) дар бораи онҳо мефармоянд:
«Ҳамеша гурўҳе аз уммати ман бар роҳи мустақим ва ҳақ пойдор ҳастанд, ки аз азияту шиканҷа ва мухолифат биму ҳаросе надоранд, то ин ки ваъдаи Худовандӣ дар мавриди пирўзии эшон биёяд ва онҳо бар ин роҳи мустақим ҳастанд».
Имом Аҳмад наздик ба 15 сол дар зиндон дар зери шиканҷаву таҳдид дар айёми хилофати Маъмуну Муътасим, Восиқ ва Мутаваккил буд. Дар замони хилофати Мутаваккил, ки аз дўстдорони суннат ва ақидаи салафи солеҳ буд, Имом аз зиндон озод шуданд. Дар зиндон дар ҳоле, ки пойҳояш дар занҷир буд, намози ҷамоат баргузор мекард. Пас бингар эй бародари мусалмон, чигуна ин Имоми бузургвор дар як масъалаи ақида пойдорӣ карда, заррае аз ақидаи худ ақибнишинӣ накард ва ҳақро барои мардум баён намуд. Ба ҳамин хотир ба «Имоми аҳли суннат» машҳур шуд.
Tags Абӯ Ҳанифа Дин
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …