Главная / Илм / ИНҚИЛОБИ БУРЖУАЗИ – ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИИ СОЛИ 1917 ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲАЁТИ СИЁСИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ИНҚИЛОБИ БУРЖУАЗИ – ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИИ СОЛИ 1917 ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲАЁТИ СИЁСИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Чанги якуми чаҳон, ифодаи буҳрони сиёсии капиталсизм буд, ки нуфузи имеприализмро суст кард. Давом додани чанг тамоми норизогиҳои оммаи васеи халқро афзун намуд. Дар чунин вазъият подшоҳи Руссия Николаи II 27 феврали соли 1917 ба фоидаи писари ба балоғат нарасидааш аз вазифа даст кашид. То ба балоғат расидани императори хурдсол мебоист бародараш Михаил ҳукуматро идора мекард, вале рӯзи дигар Михаил ҳам аз тахт даст кашид. Думаи давлати бошад, истеъфои шоҳро қабул карда, ба сардории княз Лвов ҳукумати муваққати ташкил дод.
Баъд аз 27 феврали соли 1917 дар Россия вазъияти сиёси ба таври кулли тағйир ёфт. Инқилоби феврали соли 1917 давоми инқилоби якуми рус буд. Инқилоб аз чиҳати характери худ буржуази-демократи мебошад. Дар инқилоб синфи коргар ва деҳқонони Руссия иштирок доштанд. Хусусияти хоси инқилоби феврали дар он буд, ки дар мамлакат ду ҳокимияти: ҳукумати муваққати ва Шӯрои депутатҳои коргарон, аскарҳо ва деҳқонон ташкил ёфтанд. Ду ҳокимияти аз моҳи феврали соли 1917 то воқеъаҳои 3 – 4 июли соли 1917 давом кард.
Баъди ин бо сиёсати созишкоронаи советҳои эсери – меншевики ҳокимиятро буржуазия соҳиб гардид. Дуҳокимияти ба фоидаи буржуазия анчом ёфт.
Хабари сарнагун шудани мутлақият дар муддати кӯтоҳ дар тамоми империя ва мустамликаҳо пахн гашт. Шаби 1 март хабари аз тахт барканор гардидани подшоҳ ба Туркистон расид. 3 март дар тамоми матбуоти маҳали хабари сарнагун шудани подшоҳ ва ташкил ёфтани ҳукумати мувавдати чоп гардид.
Дар баробари дигар гӯшаҳо, дар Точикистон низ Шӯрои депутатҳои коргарону аскарон ташкил ёфт. Ба Шӯроҳо асосан коргарони рохи оҳани Осиёи Миёна ва корхонаҳои саноати дохил мешуданд. Роҳбариятро дар Советҳо унсурони эссери ва меншивики ба даст дароварданд. Инро низ бояд кайд кард, ки ба ҳайати Советҳо асосан намояндагони миллатҳои русзабон дохил шуданд.
Дар баробари Шӯроҳо, дар Осиёи Миёна, ташкилотҳои гуногуни демократии таъсис ёфтанд, ки ба онҳо намояндагони меҳнаткашони миллатҳои гуногун шомил шуданд. Дар Самарканд ташкилотҳои иттифоки
мусулмонони мехнаткаш, дар Хучанд «Комитети рохи оҳани коргарон ва дехдонони стансия Хучанд» ва Шӯрои депутатҳои мусулмонон ташкил ёфтанд. Ин ташкилотҳо бо Шуроҳои коргарон аскарҳо алоқаи наздик доштанд. 31 март дар мачлиси якчоя Шӯрои депутатҳои коргарон ва солдатҳои Тошканд, комитети ичроия, намояндагони Шӯрои депутатҳои мусулмонон ва Шӯрои дехдонон дар бораи барҳам додани генерал – губернатори Туркистон карор кабул карда шуд.
Буржуазияи милли, унсурони бою феодали кӯшиш мекарданд, ки болоравии ҳаракати Милли-озодихохии халкдои Осиёи Миёнаро ба зери назорати худ гирифта, онро ба манфиати махдуди синфи истифода баранд. Идеологҳои асосии буржуазияи Милли ба монанди пештара чадидҳо буданд.
Табаддулоти мохи феврали соли 1917-ро чадидҳо ба шодии том истиқбол гирифтанд. Мохи марти соли 1917 дар Тошканд миллатчиёни буржуази ташкилоти худро ба номи «Шурои исломия» таъсис доданд. Дертар намояндагони крелиали-дини аз он чудо шуда, ташкилоти дигарро бо номи «Уламо» таъсис доданд. Ба ин ташкилотҳо собиқ депутатҳои Думаи давлати Муллоабдулвохид Қориев, Мунавваркори Абдурашидов. М.Чукаев, И.Сайфулмулуков роҳбари мекарданд. Бояд қайд кард, ки ин созмонҳо ва пешвоёни онҳо бештар дар зери ғояҳои пантурки буданд. Онҳо ҳиссиёти худшиносии форсизабонҳоро эътироф намекарданд. Худшиносии туркгарои ба бадбинии забону фарҳанги форсҳо табдил ёфт.
Дар тарғиби равияҳои пантуркии ин ташкилотҳо «Турон» ном гурӯҳи буржуазии милли, ки дертар ба «Ташкилоти федералистии Турк» (Турк Адам марказияти) табдил ёфт, роли муайян бозид.
Роҳбарони ин ташкилотҳо худро ҳомиёни дини ислом ва манфиатҳои умумихалки ба калам дода, табақаҳои қафомондаи аҳолиро ба мукобили инкилоб бархезондани мешуданд. Лекин худи чараёни ба синфҳо ва табақаҳо чудошавии аҳоли нишон дод, ки сабабгори ин гуруснаги бойҳою савдогарон мебошанд. Дар байни онҳо ва камбаалон ягон хел манфиатҳои «умуми» вучуд надоранд. Намояндагони «Шурои исломия» тарафдори роҳи
таравдиёти буржуазии Осиёи Миёна буданд. Пайравони «уламо» аз рӯи қонуни шариат амал карда, тарафдори барқарор кардани тартиботҳои феодалии амири буданд. Мақсадҳои ин ташкилотҳо ба халқ маълум гашта, мардум аз онҳо чудо шуд. 9 марти соли 1917 дар майдони марказии Хучанд намоиши якчояи аҳоли ва аскарон барпо гардид. Баъд аз намоиш Совети шаҳри Хучанд ташкил ёфт, ки роҳбарияти инкилобиро ба дасти худ гирифт.
Дар сари дигаргунсозиҳои инкилоби дар кисми Точикистони Шимоли коргарони роҳи оҳан меистоданд. 14 март «Комитети роҳи оҳанчиёни Хучанд» таъсис ёфт. Бо ташаббуси комитет дар кони ангишти Сулукта Совети депутатҳои коргарон таъсис дода шуд. Чунин советҳо дар конҳои «Шуроб», кони нефти «Санто» ташкил дода шуданд. Ташкилотҳои маркази ва маҳали дар роҳи инкишоф додани чараёни муташаккилона ба ҳаракати омма чораҳои амали меандешиданд. 31-март бо қарори муттаҳидаи Совети депутатҳои коргарону солдатҳои Тошканд, комитети ичроия ва намояндагони Совети депутатҳои мусулмону иттифоки дехдонон сохти генерал-губернатори барҳам дода шуд. Ин комёбии бузург буд.
7-апрел бо роҳбарии Щепкин н.н. Комитети Туркистонии ҳукумати мувавдати ташкил дода шуд. Ба ҳайати комитет намояндагони буржуазияи рус ва буржуазияи маҳали дохил шуданд. Сардори комитет ваколати генерал- губернаторро гирифт. Дар маҳалҳо, уезду волостҳо комиссарҳо таъин шуданд, ки ваколати маъмурии маҳали доштанд. Комиссари Ҳукумати мувакқати дар уезди Хучанд прапорщик Тараненко таъин шуд.
17-апрел соли 1917 Комитети Ичроияи Ҳукамти мувавдатии Хучанд дар ҳайати 29 нафар намояндагии буржуазияи рус ва маҳалли ташкил карда шуд. Аз ашрофони маҳали сохибони заводҳои пахтатозакуни ва равғанкаши Муҳаммадрахим Алибоев, Махкамбой Отабоев, Самадчон Муъминов ва дигарон ба ҳайати комитет дохил шуданд. Аз ин чиҳат комитети ичроия манфиати хукумати буржуази ва синфии буржуазияро ҳимоя мекард.
Ҳукумати буржуазии сиёси мустамликавии хукумати подшохиро давом дода, ба халқ, озоди, нон ва замину сулхро надод.
Халкдои Осиёи Миёна ба монанди пештара зулми дутарафаи Милли ва ичтимоиро аз сар мегузаронданд. Инкилоби буржуази-демократи масъалаҳои асоси ва иктисодиро ҳал накард. Аз ин сабаб, мехнаткашони Осиёи Миёна дар атрофи ташкилотҳои сиёси муттахид шуда, барои инкилоби нав тайёри медиданд.
Мехнаткашони Бадахшон хабари аз салтанат дур шудани подшохи Руссияро З-апрели соли 1917 фаҳмиданд. Дар нимаи дуюми мохи апрел Комитети Умумипомирии Ҳукумати мувавдати бо сардории амалдори подшохи Белов ташкил ёфт. Комитет дар волостҳо Шӯрои ичроияи волостҳоро таъсис дод. Ба монанди, ноҳияҳои Маркази дар ин сарзамини куҳистон низ ба комитетҳои волости одамони доро таъин шуда, мехнаткашони камбағал ба он роҳ дода нашуданд.
Ҳимоягарони манфиатҳои мехнаткашон ташкилотҳои инкилоби буданд. Комитети Умумипомирии аскарон ва Комитетҳои постҳои аскарони Помир, мохи апрели соли 1917 бо сардории Воловкин ташкил ёфт. Халки мехнаткаш ба ин ташкилотҳо умеду боварии калон доштанд.
Унсурони ирти чоии маҳали кӯшиш мекарданд, ки бо амири Бухоро созиш кунанд. Лекин комитети солдати ва мехнаткашон ба ин роҳ надоданд. Бо ёрии меҳнаткашон солдатҳо офицерони реаксиониро мачбур карданд, ки Помирро тарк кунанд. Вале сиёсати пештараи мустамликави аз тарафи комитети Ҳукумати мувакдати давом дода мешуд ва халқ дар бенавои ва шшоки умр ба сар мебурд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222