Главная / Илм / ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР ВА ИШТИРООК ҲИЗБҲОИ СИЕСИ, ҲАРАКАТҲОИ МАРДУМИ ДАР БАРПО ВА МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВИ ДАР ТОҶИКИСТОН

ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР ВА ИШТИРООК ҲИЗБҲОИ СИЕСИ, ҲАРАКАТҲОИ МАРДУМИ ДАР БАРПО ВА МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВИ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Руссия дар нимаи дуюми соли 1917 вазъият ниҳоят вазнин шуд. Буржуазия қарор дод, ки кушоду равшан амал кунад. 2-июн якчанд вазирон ба истеъфо баромаданд. Буржуазия умед дошт, ки ин тагйиротро барои устувор гардондани ҳокимияти худ истифода барад. Лекин кушишҳои ҳукумати муваққати доир ба эътидол овардани вазъият натича надоданд. Дар мамлакат баҳсу талошҳо барои ҳокимият дар байни ҳизбу созмонҳо шиддат ёфт ва ин ба он оварда расонд, ки фишангҳои ҳокимият фалач шуданд.
Болшевикон вазъияти ба амал омадаи сиёсиро ба назар гирифта қарор доданд, ки бо рохи осоишта ба дасти Шӯроҳо гузаштани ҳокимияти реали мавчуд аст. Барои ҳамин ба Шӯрои намояндагони коргарон такя намуда шиори «Тамоми ҳокимият ба Шӯроҳо» – ро ба миён гузоштанд. Анчани I- Шуроҳои депутатхои коргарон ва аскарон моҳи июни соли 1917 имконият дошт, ки масъалаи ҳокмиятро ба фоидаи советҳо ҳал намояд. Лекин бо муносибати созишкоронаи меншевикон ва эссерҳо, ки дар советҳо аксарият доштанд, аз ин имконият истифода бурда нашуд. Онҳо чунин ақида доштанд, ки масъалаи ҳокимият ваколати мачлиси муассисон мебошанд.
Болшевикон барои ба даст даровардани аксарият дар советҳо фаъолият бурданд, лекин имконияти бо роҳи осоишта ба даст овардани ҳокимият айриимкон гардид. Бо қарори анчани VI сотсиал-демократии коргарии Россия, ки моҳи июл августи соли 1917 баргузор гардид, шиори тамоми ҳокимият ба «Шӯрҳо» муваққатан аз миён бардошта шуд. Ин маънои даст кашидан аз советҳо ҳамчун органҳои давлатиро надошт. Мақсад аз нав интихоб кардани Шуроҳоро дошт.
Съезди VI РСДРП ба вазъият баҳо дода роҳи гузаронидани шӯриши мусаллахонаро пеш гирифт. Дар аксарияти шаҳрҳои саноати Шӯроҳо тарафдори болшевикон буданд. Махсусан, дар Петроград болшевикон Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарҳоро ба дасти худ дароварда ба ҳукумати муваққати фишор оварданд.
25-уми октябри соли 1917, дар Петроград шӯриши мусаллаҳона ооз ёфт. Вақте, ки шӯриш идома дошт, Анчумани дуюми Шӯрои умумирусиягии депутатҳои коргарон ва аскарҳо кушода шуд. То саҳари барвақт муассисаҳои давлати ва нуқтаҳои асосии шаҳри Петроград ба дасти шӯришгарон гузаштанд. Анчани II умумирусияги, ки дар кори он 625 вакил иштирок доштанд, масъалаҳои муҳимтаринро муҳокима намуд.
Дар съезд мурочиатнома ба тамоми шаҳрвандони мамлакат хонда шуд, ки дар он гуфта мешуд: «Ба иродаи аксарияти кулли коргарон, аскарҳо ва дехқонон такя карда, ба алабаи шӯриши коргарон ва гарнизон, ки дар Петроград ба амал омад, такя карда, съезд ҳокимиятро ба дасти худ мегирад».
Меншивикон ва эссерхои рост ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарда, аз толори съезд баромада рафтанд. Эссерҳои чап ба тарафдории ба Шӯроҳо гузаштани ҳокимият овоз доданд. Мекшивикон бошанд ба ҳайати хукумат дохил шуданро рад карданд.
Дар съезд дар бораи сулҳ ва замин декретҳои аввалини ҳокимияти Шӯрави кабул карда шуданд. Дар декретаи сулҳ съезд чанги давомкарда истодаро чиноят хисоб карда ба ҳамаи халкдои мамлакатҳои чангкунанда мурочиат кард, ки фавран барои бастани сулхи умуми ва демократи гуфту шунид сар кунанд.
Дар декрети замин гуфта мешуд, «Моликияти помещики замин фавран бекор карда мешавад. Мулҳои помещикон, заминҳои удели, монастри, калисои бо тамоми ашёю анчом ба ихтиёри комитетхои замин ва советҳои депутатҳои дехдонон мегузаштанд. Заминҳои дехдонони одди мусодира карда намешаванд».
Ҳуқуқи моликияти хусуси будани замин бекор карда шуда, замин ба моликияти давлати умумихалқи табдил меёбад.
Хайати нави комитети ичроияи марказии умумирусияги интихоб гардида – Шӯрои комиссарони халки ташкил карда шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222