Главная / Илм / ИНЦИИООБ МАДАНИ ДАР ТОҶИКИСТОН

ИНЦИИООБ МАДАНИ ДАР ТОҶИКИСТОН

Инкилоб дар соҳаи маданият як кисми таркибии барномаи сохтмони сотсиализм буд. Ҳокимияти Шӯрави нашҳои азими саноаткунони, истифодаи техникаи нав дар хочагии кишлокро ба наш гирифта, барои амали гардонидани он ба мутахасиссон эхтиёчи калон дошт. Мақсади инкилоби мадани пеш аз ҳама тарбия ва тайёр намудани одамон дар рухияи коммунисти ва маданияти сиёси буд.
Яке аз вазифаҳои аввалиндарачаи инкилоби мадани ин бартараф намудани бесаводи дар байни аҳолии калонсолои чумхури буд. Гарчанде, ки халки точик дорои фарҳанги бои кадима бошад ҳам, вале дар ибтидои асри ХХ кулли мардум аз ин маданият бебаҳра монда буданд. Ба мақсади барҳам додани бесаводии аҳоли соли 1925 дар назди Вазорати маориф Комиссияи таъчили оид ба барҳам додани бесаводи ташкил карда шуд. Ба кори ин комиссия чамъияти «Курсҳои маҳви бесаводи» ёрии амали мерасонид. Соли 1922 дар Москва, дар назди комиссарияти халки оид ба кори миллатҳо комиссияи махсус, таъсис ёфт, ки масъалаи ислоҳоти хат ва ба ҳам наздик кардани халку миллатҳои Шӯравиро барраси намуд. Мохи январи соли 1927 дар Самарқанд кумитаи ислоҳоти алифбои точики таъсис ёфт. Ба ин кумита Нусратулло Махсум, Ҳисор Муҳаммад, Угур Мусави, Айни, Фитрат Қосимов, Қамарзода, Шамсиддинов, Дайлами, Зеҳни дохил мешуданд. Аз соли 1927 расман ба алифбои лотини гузашта шуд. Чори шудани алифбои лотини барои саводомӯзи таъсири калон расонд. Дар баробари ин маърака гузаштан ба алифбои нав бе нуқсон нагузашт. Дар натича адабиёти зиёди нниёгонамон несту нобуд карда шуд.
Аз тарафи дигар алифбои навро дар чомеъа на ҳамаи ашхос ба амри дил қабул карданд. Ба вучуди ин 15 – апрели соли 1928 КИМ ҷумҳури дар бораи расман чори намудани алифбои лотини қарор қабул намуд.
Гузаштан ба алифбои крили қадре осонтар ба амал омад. 21 майи соли 1940 мачлиси Шӯрои Олии Точикистон доир ба табдили алифбои лотини ба крили қарор қабул намуд.
Вазифаи азнавсозии сохтори маорифи халк яке аз самтҳои асосии барномаи сохтмони сотсиализм буд. Мохи декабри соли 1924 Комиссариати маорифи халки Точикистон ташкил дода шуд. Бо кӯшиши Вазорати маориф дар кори таълим пешравии назаррас ба даст дароварда шуд.
Агар соли хониши 1924-1925 дар Точикистон 25-мактаб бо 774-хонанда амал мекард, пас соли таҳсили 1931-1932 микдори мактабҳо ба 1823 ва шумораи хонандагон ба 101905 нафар расид.
Барои тайёр кардани омузгорон дар аввал курсҳои кӯтохмуддати муаллим тайёркуни, омузишгохдои педагоги кушода шуда, соли 1931 дар Душанбе ва Хучанд Донишкадаҳои педагоги таъсис дода шуданд. Дар натичаи ин чорабиниҳо имконият пайдо шуд, ки аввал ба маълумоти ҳатмии ибтидои ва баъд ҳафтсола гузашта шавад.
Бо барпо шудани Ҳокимияти Шурави барои мустахкам намудани базаи модди-техникии идораҳои мадани – равшаннамои диққати калон дода шуд. Дар солҳои 20-30-юм аввалин китобхонаҳо, клубҳо ва чойхонаҳои сурх сохта шуданд. То соли 1937 дар Точикистон 1736 идораҳои гуногуни фарҳанги-маърифати сохта шуданд. Дар сохтори корҳои маърифати дар байни занон клубҳои занон саҳми зиёд доштанд. Соли 1931 аввалин клуби занона дар Хучанд кушода шуд.
Дар Точикистон то инкилоби ягон китобхона набуд. Баъди инкилоб дар тамоми ноҳияҳои чумхури аз ҷумла соли 1933 китобхонаи аввалин ба номи А.Фирдавсй кушода шуда, дар тамоми нохияҳои чумҳури китобхонаҳо амал мекарданд, соли 1935 шумораи умумии онҳо ба 286 адад расид.
Дар баланд бардоштани маданияти сиёси ва маънавии шахрвандон, матбуоти даври саҳми калон дошт.
Аз соли 1925 нашри рузномаи «Бедории точик» шуруъ шуда, дар охири солҳои 30-ум 7 рузномаи ноҳияви ва 6 мачалла чоп мешуданд.
Дар асоси кружокҳои худфаъолияти 7 ноябри соли 1929 аввалин театри касбии точик (ба номи А.Лохути) кушода шуд.
Дар рафти гузаронидани сохтмони мадани дар Точикистон дар баробари муваффакиятҳо камбудиҳои зиёд низ содир гашатанд. Яке аз ин камбудиҳо дар солҳои 20-30- юм муборизаи шадид бар зидди диндорон, нест кардани китобҳое, ки ба хуруфоти араби навишта шуда буданд ба ҳисоб меравад.
Дар ин солҳо ду маротиба ислоҳоти алифбо иваз гардида, аҳолиро аз омӯхтани сарчашмаҳои таърихии хеш то як давраи муайян маҳрум намуда, алоқаи точинро бо халкҳои дигари форсизабон канда кард. Бисёр зиёиён, кормандони ҳизби-давлати бегуноҳ бадара ва ҳабс карда шуданд. Рушанфикроне, ки бо ҳуруфоти араби сару кор доштанд, душмани халк ҳисобида, адабиёти зиёдро нобуд карданд.
Ҳокимияти Шӯрави якбора тамоми шаклҳои пештараи таълим ва мадрасаҳо барҳам дода, зиёиёни инкилоби ба кори маориф чалб накарданд. Маънавиёти мардум коста гашта буд, зеро барои ҳаматарафа ва чукур омӯхтани таъриху фарҳанги халки точик имконият фароҳам оварда нашуд. Омӯхтани таърих ва маданияти халки точик дар дохили таърихи ИЧШС омӯхта мешуд, ки ин басанда набуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222