Главная / Илм / Инкишофи психика дар онтогенез

Инкишофи психика дар онтогенез

Ибораи инкишофи психика ва шуур дар ду маврид истифода бурда меша вад: якум, дар мавриди баёни инкишофи таърихӣ ё таҳаввулоти психика; дуюм дар мавриди ифодаи инкишофи психикии фарди алоҳида. Мавриди аввал, ки филогенез (аз юн. филесулола, намуд ва генезис-баромад, пайдоиш)-и психика низ номида шудааст, дар мавзӯи сеюми ҳамин боби китоб баррасӣ карда мешавад. Ҷараёни инкишофи фардии организмро бошад онтогенез (аз юн. онтос-ҳақиқӣ, аслӣ ва генезис-баромад, пайдоиш) меноманд. Доир ба инкишофи онтогенезии психика ду нуқтаи назари ба ҳам мухолиф вуҷуд дорад, ки бо номи равияҳои биогентикӣ ва сотсиогенетикӣ маъмуланд.

Намояндагони равияи биогенетикӣ чунин мешуморанд, ки дар инкишофи психика ва шахсияти одам асосан омилҳои биологӣ нақш доранд. Ба ақидаи онҳо, раванди инкишофи психикаи одам ҳанӯз пеш аз таваллуди ӯ дар генҳо- ноқилҳои махсуси ахбороти ирсӣ сабт шудаанд ва чӣ гуна хусусиятҳои психикиро соҳиб шудани ӯ, кадом қобилияту маҳоратро аз худ кардани ӯ ва аз ахбороти дар генҳо маҳфузбуда вобаста аст. Ҷонибдорони равияи сотсиогенетикӣ бошад чунин меҳисобанд, ки дар инкишофи психика нақши омилҳои иҷтимоӣ асосист. Онҳо чунин мешуморанд, ки одам танҳо заминаҳои инкишофи психикиро ба мерос мегирад, ҳамагон аз рӯзи таваллуд қобилиятҳои якхелаи биологӣ ва имкониятҳои баробари инкишофро соҳибанд. Чигунагии хусусиятҳои психологӣ ва инкишофи қобилиятҳои фард пурра аз таъсироти муҳит вобаста буда, дар шароити мусоид ҳар як нафар метавонад ба дараҷаи баланди инкишофи психикию ақлонӣ расад. Яке аз намояндагони равияи сотсиогенетикӣ Ҷ. Локк буд, ӯ психикаи кӯдаки навзодро чун газа» (тахтаи хатнависии тоза) баҳо медод, ки онро таҷриба бо нақшҳои худ пур месозад. Мувофиқи таълимоти олим, дар шуур чизе нест, ки тавассути узвҳои ҳис ворид нагардида бошад. Камбудии ҳам биогенетикҳо ва ҳам сотсиогенетикҳо дар он буд, ки ба омилҳои инкишофдиҳандаи психика ва
шахсияти одам баҳои якҷониба медоданд. Илми муосир бо далелҳои қатъӣ исбот мекунад, ки дар инкишофи психика ҳам омилҳои табиӣ ва ҳам омилҳои иҷтимоӣ нақши муассир доранд. Тасаввур кунед, ки кӯдак бо мағзи иллатнок ё узвҳои ҳиссии корноқобил, масалан чашми нобино таваллуд мешавад. Албатта, рушди психикию ақлонии чунин кӯдак маҳдуд аст. Қайд кардан лозим аст, ки кӯдак на танҳо сохторҳои анатомиро ба мерос мегирад, балки як қатор хусусиятҳои психофизиологӣ низ, аз қабили типи системаи асаб ва хусусиятҳои конститутсионалӣ, хусусиятҳои узвҳои ҳис, заминаҳои табиии қобилиятҳо, аз ҷумла қобилиятҳои махсус ва ғайра дар сатҳи табиӣ ба инсон дода шудаанд, ки то андозае самт ва хусусиятҳои инкишофи психикии ӯро муайян мекунанд. Аз ин мебарояд, ки
мо наметавонем нақши омилҳои табиӣ, аз ҷумла ирсиро сарфи назар кунем. Аз ҷониби дигар, инкишофи кӯдакро бе таъсири раванди таълиму тарбия ва дигар таъсироти иҷтимоӣ низ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамин тавр, нуқтаи назари психологияи муосир ба омилҳои асосии инкишофи психикӣ, чуноне, ки мегӯянд, биосотсиогенетикӣ аст. Ин мавқеъро омӯзиши раванди инкишофи психикии дугоникҳои аз як тухмҳуҷайра таваллудшуда асоснок карда метавонад. Агар дугоникҳои дар як ҳуҷайратухм ташаккулёфтаро дар муҳити гуногун тарбия намоем, пас мебинем, ки дар инкишофи психикии онҳо умумият ва фарқиятҳо мавҷуданд. Худ аз худ муайян аст, он хусусиятҳое, ки умумианд, заминаи ирсӣ ва табиӣ доранд ва он хусусиятҳое, ки фарқкунандаанд, дар асоси таъсири муҳит ба вуҷуд омадаанд. Истифодаи амалии методи дугоникҳо нишон дод, ки ҳарду гурӯҳи хусусиятҳо нишондиҳандаҳои муҳими инкишофи психикии фард мебошанд ва барои афзалият додан ба яке аз омилҳои биологию иҷтимоӣ асоси илмӣ вуҷуд надорад.Чунин як баҳси дигар дар атрофии қувваҳои ботинии ҳаракатдиҳандаи инкишофи психикӣ ҷой дошт.

Олими австриягӣ З.Фрейд ба сифати чунин қувваҳо майлҳои бешуурона ва хусусан майлҳои шаҳвониро пешниҳод мекунад, ки аз ҷониби ӯ энергияи либидо номида шудааст.
Ба ақидаи ӯ, маҳз дар раванди кӯшиши қаноатмандсозии майлҳои шаҳвонӣ фаъолии одам ба вуҷуд меояд, ки инкишофи психикии ӯ бо он вобаста аст. Муҳаққиқони зиёде ба ин «хулосаи беадабона» зид баромаданд, аммо самтҳои гуногуни назарияи З.Фрейд исботи худро ёфтаанд. Психологияи муосир бошад талаботҳоро қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи психикӣ мешуморад. Талабот гуно-гунанд: органикӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва ғайра. Қаноатмандсозии як талабот талаботи навро ба вуҷуд меоварад.

Дар раванди қаноатмандсозии талабот инкишофи психикӣ низ ба амал меояд. Психика ва шуури одам дар давоми ҳаёти фардии ӯ аз рӯи қонунияти муайян инкишоф меёбад. Чунин қонунҳои инкишофи психикиро муайян кардаанд:а) қонуни номутаносибинкишофёбии психикӣ; б) қонуни интегратсияи фаъолияти психикӣ; в) қонуни пластикӣ (тағйирёбанда) будани инишофи психикӣ ва ҷуброн шудани ноқисиҳои он аз ҳисоби ташаккули дигар тарафҳои шахсият. Ҳангоми баҳо додан ба инкишофи психикии кӯдак на инкишофи равандҳои алоҳидаи психикӣ, балки воҳиди давраҳои синнусолиро ба назар мегиранд. Муҳим будани чунин нуқтаи назарро психологи рус Л.С.Виготский (1896-1934) дарк карда навиштааст: «синну сол чунин ташкилаи яклухти динамикӣ, чунин сохторест, ки нақш ва аҳамияти ҳар як ҷузъи алоҳидаи инкишофро муайян мекунад».Л.С.Виготский ба сифати ченаки таҳлили инкишофи психикӣ воҳиди давраҳои синнусолиро истифода кард. Ҳамчунин ӯ яке аз аввалинҳо шуда, даврабандии синнусолии инкишофи психикиро пешниҳод намуд. Айни замон дар психологияи синнусолӣ якчанд таснифоти синнусолии инкишофи психика маъмуланд, ба монанди таснифоти психологи америкоӣ Э.Эриксон (1902-1994), психологони рус Д.Б.Элконин (1904-1984), Б.Г.Ананев (1907-1972) ва дигарон.Яке аз маъмултарин даврабандиҳои инкишофи синнусолии психикаро, ки ба психологи рус А.Н.Леонтев (1903-1979) тааллуқ дорад, дида мебароем. А.Н.Леонтев ҳафт марҳалаи инкишофи психикии
кӯдакро ҷудо кардааст: навзодӣ (аз таваллуд то 2 моҳагӣ); синни аввали тифлӣ (аз 2 то 6 моҳагӣ); синни баъдии тифлӣ (аз 6 то 12-14 моҳагӣ); синни барвақти томактабӣ (аз 1 то 3 солагӣ); синни томактабӣ (аз 3 то 7 солагӣ); синни хурди мактабӣ (аз 7 то 11-12 солагӣ); синни наврасӣ ва навҷавонӣ (аз 13-14 то 17-18 солагӣ). Ҳар як давраро аз нигоҳи инкишофи психикӣ тавсиф менамоем.

Барои давраи аввал, яъне синни навзоди узвҳои ҳиссӣ, ҳаракат ва системаи асаби нисбатан инкишофёфта хос аст, ки ҳанӯз дар давраи дохилибатнӣ шакл гирифтаанд. Дар навзод аллакай эҳсоси биноӣ, шунавоӣ, пустӣ, маза ва эҳсоси ҳолати бадан дар фазо, инчунин аксар рефлексҳои содда ташаккул ёфтаанд. Бо вуҷуди он, ки системаи асаб ва қисмҳои он, аз ҷумла қишри мағзи сари навзод ташаккул ёфтаанд, вале аз сабаби инкишофи ҳанӯз номукаммали сохтори микроскопии мағз навзод наметавонад ба таъсироти муҳит аксуламали мувофиқ зоҳир намояд. Ҳаёти кӯдак дар рӯзҳои аввали таваллуд бо ҳаёти дохилибатниаш умумияти зиёд дорад: ҳангоми оромӣ навзод дар ҳолати эмбрионалӣ қарор мегирад; 4/5 ҳиссаи ҳаёташро вай дар хоб мегузаронад. Фаъолии зоҳирии навзод асосан ба қаноатманд кардани талаботи ӯ ба ғизо равона гардидааст. Ҳаракатҳои даст ва ҷойивазкунӣ дар фазо
тақрибан вуҷуд надорад. Аммо бо вуҷуди ин дар ӯ аллакай унсурҳои ибтидоии рафтор ташаккул меёбанд. Идроки биноӣ дар ибтидо умуман мавҷуд нест, кӯдак танҳо ба объектҳои калон ва ё равшан эътино мекунаду халос.Ҳамзамон ташаккули аксуламалҳои мавқеъгирӣ, ба мисли эътино ба садо ва хусусан навозиши модар оғоз меёбад.ӯдак дар синни се-чор ҳафтагӣ каме фаъолтар мешавад. Дар ин давра аксуламали махсус шакл мегирад, ки дар як навъ фаъолшавии кӯдак ҳангоми ҳозир будани одамон ифода меёбад. Ин аксуламалро муҳаққиқон «аксуламали хушҳолӣ» омидаанд. Ин аксуламал нишонаи он аст, ки дар кӯдак идроки предметӣ шакл гирифта истодааст.Ҳамин тавр, тавсифдиҳандаҳои инкишофи психикӣ дар ин марҳала ташаккули сохтори микроскопии мағз,шаклгирии унсурҳои соддаи рафтор ва аксуламали
мавқеъгирӣ ва зуҳуроти «аксуламали хушҳолӣ» мебошанд.Кӯдак дар марҳалаи синни аввали тифлӣ аллакай бо ашёҳо манипулятсияҳо менамояд, протсесси идрок шакл мегирад ва ӯ метавонад ба ашёҳо даст расонида ё онҳоро дошта, дар як вақт нигоҳашро ба онҳо равона кунад. Дар ин давра вай нишастанро меомӯзад ва одамону ашёҳоро мешиносад. Ҳамин тавр хусусияти асоси инкишофи психикӣ дар ин марҳала инкишофи амалҳо бо ёрии ашё ва протсессҳои идроки предметӣ аст. Синни баъдии тифлӣ аз нимаи дуюми соли аввали ҳаёт оғоз меёбад.

Кӯдак дар ин давра амалҳои навро аз худ мекунад, ки муносибати ӯро бо олами иҳотакарда тағйир медиҳанд. Дар ҳафтмоҳагӣ аллакай ҳаракатҳои дастӣ хуб инкишоф ёфтаанд. У метавонад ашёҳоро гирад, ба даҳон барад ё тела диҳад. Ҳамзамон метавонад мустақилона нишинад, ба шикам хобад ё ба пушт ғел занад;вай хазидан, бо ёрии дигарон хестан ва ба ашёҳо овезон шуданро ёд мегирад. Ҳамаи ин ба инкишофи системаи такягоҳу ҳаракат (устухону мушакҳо) мусоидат мекунад, ки дар навбати худ, ба қабули бештари ахборот аз олами иҳотакарда ва боиси инкишофи мустақилияти кӯдак мегарданд. Муносибати кӯдак бо калонсол тадриҷан характери фаъолияти якҷояро мегирад, ки дар раванди он муоширати предметӣ низ амалӣ мешавад.

Масалан, калонсол ашёро ба кӯдак тела медиҳад, кӯдак онро мегирад ё кӯдак ашёро мепартояд ва калонсол онро мегирад. Дар ин давра идроки кӯдак ташаккул ёфта, акнун ӯ ашёҳои алоҳидаро не, балки маҷмӯи онҳоро идрок мекунад. Дар рафти муоширати предметӣ тадриҷан нутқ ва тафаккури содда (тафаккуи предметӣ) шакл мегиранд, нишонаҳои аввалини тақлид ба рафтори калонсол ба вуҷуд меоянд. Ҳамчунин дар ин давра кӯдак роҳгардиро ёд мегирад.

Ҳамин тавр, нуқтаҳои муҳими инкишофи психикӣ дар ин давра инҳоянд: тағйир ёфтани муносибати кӯдак бо олами иҳотакарда дар асоси муоширати предметӣ; зуҳури нишонаҳои нутқ ва тафаккури содда; тақлид ба рафтори калонсол ва омӯхтани роҳгардӣ.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222