Главная / Илм / Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Психологияи ҳаётӣ ҳанӯз аз афкори психологии одамони қадим сарчашма гирифта,
давра ба давра ташаккул ёфтааст ва самтҳои гуногуни инкишофи он дар марҳалаи муайян ба тадқиқоти илмӣ бархурда, заминаҳои психологияи илмиро ба вуҷуд овардааст. Раванди таҳаввулоти донишҳои психологӣ таърихи ниҳоят дурудароз дошта, якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Марҳалаи якуми инкишофи донишҳои психологӣ афкори мутафаккирони дунёи қадим ва асрҳои миёна дар бораи «рӯҳ» мебошад. Дар замони қадим одамон ҳамагуна ҳодисаҳои психикиро бо фаъолияти рӯҳ алоқаманд до-
ниста, худи рӯҳро ба монанди як сояи шаффофи ҷисм, як мавҷудоти новобаста аз ҷисм вуҷуддошта тасаввур мекарданд. Тасаввурот дар бораи рӯҳ талаботи маърифатии одамони он замонро нисбати дарки ҳодисаҳои «пурасрор», аз қабили хобу хоббинӣ, иллюзия, галлютсинатсияҳо (таваҳҳумот) ва ғайра қаноатманд менамуд аз ин рӯ дар ҳама тамаддунҳои замони бостон атрофи ин мафҳум фикру ақидаҳо ташаккул меёфтанд. Табиат ва моҳияти рӯҳ аз ҷониби мутафаккирони замони қадим ба таври гуногун шарҳ дода мешуд. Илми муосир нуқтаҳои асосии ин афкорро дар зери мафҳумҳои гилозоизм ва анимизм гурӯҳбандӣ менамояд. Мафҳуми гилозоизм (аз юн. гилос-модда, ашё ва зоо-ҳаёт) таълимоти фалсафиеро ифода мекунад, ки асоси онро тасаввурот дар бораи ҳаёт ҳамчун хусусияти умумии ашё ташкил
медиҳад. Мувофиқи ин таълимот рӯҳ чун вазн, шакл ва ҳаҷм хосияти ҳамагуна ашё мебошад ва ин аст, ки тамоми ашё зандааст.Дар зери мафҳуми анимизм (аз рим. анима-ҷон) дар илми муосир тасаввуротеро мефаҳманд, ки мувофиқи он ҳар як ашёи алоҳида рӯҳи худро дорад, ки новобаста аз он мавҷуд аст. Рӯҳ дар тасаввуроти анимистӣ мавҷуди махсус буда, ҳамроҳи ҷисм ё ҷудо аз он вуҷуд дошта метавонад.Дар афкори мутафаккирони асрҳои миёна таълимот дар бораи рӯҳ бо каме тағйироти миқдорӣ боқӣ монданд. Акнун рӯҳ танҳо хоси мавҷудоти зинда дониста шуда, кӯшишҳои аввалини басистемадарории донишҳо ва омӯзиши таҷрибавӣ ба вуҷуд омаданд. Маҳз дар ин давра мафҳуми «психология» ба майдони илм омад, ки дар ибтидо маънои «илм дар бораи рӯҳро дошт. Муаллифони он пешниҳод менамуданд, ки психология бояд рӯҳ ва механизмҳои фаъолияти онро омӯзад, вале на дар он замон ва на минбаъд роҳу воситаҳои омӯзиши объективии рӯҳ (тавре, ки онро дар замони қадим тасаввур мекарданд) пайдо карда нашуд. Ҳамин тавр таълимот дар бораи рӯҳ ҳамчун предмети психология то ибтидои асри XVIII арзи вуҷуд дошт ва ҳамагон онро эътироф мекарданд. Таълимот дар бораи рӯҳ зинаи аввали инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология буд.Зинаи навбатӣ аз тафриқагузории худи ҳодисаҳои психикӣ ба вуҷуд омад. Ҷои рӯҳро дар афкори фалсафӣпсихологӣ ҳодисаҳое ишғол намуданд, ки ба мо шиносанд ва мо ҳангоми ба фаъолияти рӯҳии худ назар кардан, ба онҳо «дучор» мешавем. Ин ҳодисаҳо фикрҳои мо,
хоҳишҳо, ҳиссиёт, хотирот ва дигар падидаҳои олами рӯҳии мо мебошанд, ки ба ҳар кас аз таҷрибаи шахсӣ маълуманд. Мафҳуме, ки тамоми ин зуҳуротро ба таври умумӣ ифода карда метавонад, мафҳуми «шуур» аст ва ҳамин тавр таълимот дар бораи шуур ҳамчун предмети психология ба вуҷуд омад. Файласуфи англис Ҷон Локк (1632-1704) асосгузори ин ақида ҳисобида мешавад, аммо муаллифи мафҳум Рене Декарт (1596-1650) мебошад. Ҳарду олим дар зери мафҳуми «шуур» тамоми ҳодисоти психикии аз ҷониби одам идрокшавандаро мефаҳмиданд. «Шуур – ин аз ҷониби одам идрок намудани ҳамаи он
чизест, ки дар олами рӯҳии ӯ ба амал меоянд», гуфта мешавад дар таълимоти Ҷон Локк. Минбаъд таълимот дар бораи шуур дар доираи назарияи фалсафии маърифат – гносеология, психологияи эм-
пирикӣ ва психологияи ассотсиативӣ ташаккул ёфтанд. Пайравони ин таълимот шуурро ҳамчун предмети омӯзиши психологӣ шинохта, ба сифати усули тадқиқи он методи интроспексия (аз лот. тюгозрюеге – ба ботин нигаристан)- ро пешниҳод намуданд, ки маъноаш худмушоҳида аст. Ба ақидаи онҳо, «ҳодисаҳои рӯҳӣ субъективӣ буда, ба омӯзиши объективӣ дастнорасанд ва аз ин рӯ худмушоҳида ягона роҳи ҷамъ овардани далелу бурҳон доир ба ҳақиқату моҳияти олами рӯҳӣ ва шуур мебошад». Мафҳуми шуур тадриҷан дар илм мавқеи уставор касб кард. Он ҳамчун қобилияти танҳо ба одам хосбудаи мушоҳида намудан аз болои зуҳуроти оламии рӯҳии худ дар таълимоти мухталифи динӣ низ истифода бурда мешуд. Аммо ноустуворӣ ва ноқисии таълимот дар бораи шуур низ ба зудӣ ошкор шудан гирифтанд. Ҳанӯз ҳамзамони муалифони ин таълимот Лейбнитс (1646-1716) ба танқиди он бархоста гуфта буд: «боварӣ ба он, ки оламирӯҳӣ танҳо аз далелҳои идроки аз ҷониби шуур фаҳмидашаванда иборат аст, бузургтарин манбаи гумроҳист». У пешниҳод кард, ки олами рӯҳӣ, яъне психика танҳо аз ҳодисаҳои шуур иборат нест, балки дар он падидаҳое низ вуҷуд доранд, ки берун аз шуури мо ҷараён мегиранд ва олим барои ифодаи онҳо мафҳуми бешууриро истифода намуд. Дертар таносуби шуур ва бешуурӣ низ ошкор гардида, маҷозан ба айсберг – кӯҳи яхин ташбеҳ дода мешуд,ки қисми зиёдаш дар зери баҳр пинҳон буда танҳо ҳиссаи каме дидашавандааст. Албатта, илме, ки танҳо ба омӯзи-
ши чунин ҳиссаи ками зуҳуроти олами рӯҳии мо машғул аст, наметавонист қонеъкунанда бошад.
Ақидаҳои интроспективӣ низ ба танқиди шадид рӯбарӯ гардиданд. Қайд карда шуд, ки истифодаи интроспексия ҳамчун методи ҷаъоварии маълумоти илмӣ номумкин аст, зеро натиҷаҳои аз он бадастомада маълумоти субъективӣ мебошанд. Гоҳо ҳатто чунин маълумотро ба даст овардан низ номумкин аст. Масалан, ҷараёни фикрҳо худ ҳодисаи психикист ва психология бояд механизҳои амали фикриро омӯзад, вале иҷрои ин кор тавассути худмушоҳида ғайриимкон аст, зеро одам наметавонад, ки дар як вақт фикр карда истода, боз мушоҳида намояд, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо фикр карда истодааст.Бо вуҷуди ҳамаи ин, шуур ҳамчун предмети психология мавқеи худро то охири асри XIX устувор нигоҳ дошт.Танҳо дар ин давра дастовардҳои илм ва хусусан илмҳои биологӣ нуқтаи назарро ба ин масъала тамоман дигар намуданд. Дар нимаи дуюми асри XIX тадқиқоти зиёди физиологӣ анҷом дода шуданд, ки ба омӯзиши механизмҳои рафтори ҳайвонот равона гардида буданд. Дар зери таъсири таълимоти таҳаввулотии Дарвин, ки махсусан дар ин давра эътирофи умумиилмӣ касб карда буд, физиологҳо натиҷаҳои аз таҷриба бо ҳайвонот бадастовардаи худро хоси одам низ ҳисобиданд. Ҳамин тавр мафҳуми нав «рафтор» ба миён омад, ки тасаввуротро дар бораи предмети психология ба таври радикалӣ тағйир дод. Таълимот дар бораи рафтор зинаи сеюми инкишофи тасаввурот дар бораи предмети психология буд. Ҷонибдорони ин таълимот худро бихевиорист меномиданд, ки аз калимаи англисии бармеояд. Ақидаҳои пайравони бихевиоризмро дар шакли схематикии содда чунин баён намудан мумкин аст: «ҳодисоти дар олами
рӯҳӣ баамалоянда ба омӯзиши объективӣ дастнорасанд, ва психология бояд натиҷаи ба таҷрибаи илмӣ дастраси ин ҳодисот, яъне рафторро омӯзад. Таҳлили рафтор имконияти баҳои объективӣ додан ба зуҳуроти олами рӯҳиро фароҳам меоварад, зеро рафтор инъикоси берунии олами ботинист». Албатта, дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳамааш комилан дуруст аст. Маҳз ҳамин таассурот буд, ки
афкори бихевиористӣ бо суръати баланд паҳн гашта, ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Ин вазъиятро муҳаққиқи америкоӣ Е.Боринг дуруст баҳо дода, чунин қайд кардааст: «ақидаҳои бихевиористӣ доираҳои илмии он замонро чунон тасхир карда буданд, ки ба зудӣ тамоми психологҳо бихевиорист гаштанд, вале онҳо чунон гуногунақида буданд, ки ягон бихевиорист бо дигараш розӣ шудан намехост».Бо мурури вақт ноустувор будани мафҳуми рафтор низ дар маснади предмети илми психология ошкор гардиданд. Аввалин эътироз ба ақидаҳои рафторгароёнаи бихевиористон ин буд, ки бихевиоризмро «психологияи бе психика» номиданд, зеро бихевиоризми ибтидоӣ рафторро аксуламали бевосита ба ангезаҳои беруна дониста, на танҳо нақши психика ва шуурро дар танзими он рад мекард, балки онҳоро ҳамчун мафҳуми илмӣ инкор менамуд. Минбаъд низ рафтор ҳамчун предмети психология ба танқиди ҷиддӣ дучор омад. Масалан, олими рус П.Я.Галперин (1902-1988) беасос будани даъвои бихевиористонро дар ду самт дида мебарояд. Аввалан, ҳарчанд,ки рафтор ҳодисаи объективист, вале муҳтавои психологии он чун унсурҳои шуур барои бақайдгирии объективӣ дастнорасанд. Баъдан ба ақидаи олим бихевиористон омӯзиши рафторро бе зуҳуроти шуур мақсади хеш қарор дода, ба интихоби ҷиддӣ рубарӯ омаданд: ё ба омӯзиши
механизмҳои физиологии рафтор шуғл варзида тасдиқ кардан, ки ҳеҷ гуна психология вуҷуд надорад ва танҳо физиологияи рафтор мавҷуд аст; ё омӯзиши механизмҳои рафторро берун аз физиология ба роҳ мондан, яъне бо тадқиқи таносуби ангезандаҳо ва аксуламалҳо қаноатманд шудан. Бихевиористон роҳи дуюмро интихоб карданд, вале душвориҳои дигар пеш омад. Иштироки механизмҳои физиологиро дар амалишавии рафтор сарфи назар кардан чандон кори саҳлу осон набуд. Дертар тадқиқотҳо дар самти омӯзиши сохтори психологии шахс, психологияи фаъолият, мақсадгузорӣ, маромнокӣ, танзими шууронаи рафтор ва ғайра натиҷаҳоеро ба бор оварданд, ки барои исботи ноустувории таълимот дар бораи рафтор ҳамчун предмети илми психология далелҳои кофӣ буданд. Ҳамин тавр, мафҳумҳои рӯҳ, шуур ва рафтор ифодакунандаи таҳаввулоти предмети психология мебошанд. Ин таълимот бо вуҷуди моҳиятан хато буданашон барои илми психология аҳамияти таърихӣ доранд, зеро маҳз дар доираи онҳо ҷустуҷӯи ҳақиқати психика сурат гирифта, пояҳои устувори илми муосири психология ба вуҷуд омадаанд. Инро низ фаромӯш кардан лозим нест, ки илми муосир мафҳумҳои рӯҳ, шуур ва рафторро танҳо чун предме-
ти психология инкор мекунад, ва худи мафҳумҳо бошанд дар шаклу мазмуни нав унсурҳои муҳими системаи донишҳои психологӣ мебошанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222