Главная / Илм / Инноватсия дар низоми рушди иқтисодӣ ва таснифоти он

Инноватсия дар низоми рушди иқтисодӣ ва таснифоти он

Натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ маҳсулоти зеҳнӣ мебошад. Маҳсулоти (моликияти) зеҳнӣ натиҷаи фаъолияти соҳаи истеҳсолоти маънавӣ буда, барои қонеъгардонии талаботҳои (дар шакли молӣ ва ё ғайримолӣ) истеъмолкунандагон таъин шудааст.

Дар адабиётҳои ватанӣ ва хориҷӣ мафҳумҳои гуногун ба монанди «навоварӣ», «навигарӣ», «инноватсия» ва «навҷорисозӣ» вомехӯранд. Дар баъзе ҳолатҳо ин мафҳумҳо ҳамчун синонимҳо истифода бурда мешаванд, аммо байни онҳо фарқиятҳои муайян вуҷуд доранд. «Навоварӣ» чизи нави муайянро тавсиф медиҳад ва ба ҳамин маъно ба мафҳуми «ихтироот» наздик аст. «Навигарӣ» -чун натиҷаи мушаххаси азхудкунии техника ва технологияҳои нав, усулҳои беҳтаркунии ташкил ва идоракунӣ мебошад. «Инноватсия» бошад натиҷаи азхудкунии (истифодабарӣ) амалӣ ё илмӣ-техникии навигариро мефаҳмонад.

innivation_idea

Мафҳуми «инноватсия» бо мазмуни худ ба истилоҳи «навоварӣ», ки ҳамчун раванди мукаммали тараққикунандаи тавлид, ҷорӣ, паҳн ва  истифода кардани навигарӣ, ки ба рушд ва болоравии самаранокии фаъолияти инноватсионӣ мусоидат мекунад, фаҳмида мешавад. Инчунин, инноватсияро ҳамчун объекти дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ ё ихтироъ ба даст овардашуда арзёбӣ мекунанд. Инноватсия-натиҷа, дастоварде, мебошад, ки аз ҳаммонандони пешина сифатан фарқ дошта, дар истеҳсолот бомувафаққият ҷорӣ шуда фоида оварда истодааст.

Истилоҳи «инноватсия» дар иқтисодиёти давраи гузариш барои ифодаи хусусияти инноватсионӣ ва барои ифодаи як қатор мафҳумҳои ба ҳам монанд, аз қабили «фаъолияти инноватсионӣ», «менеҷменти инноватсионӣ» ва ғайра истифода мегардад.

Мутобиқи сарчашмаҳои илмӣ чунин омадааст, ки мафҳуми «ҷорисозӣ» нусхаи  тоҷикии калимаи  англисии “inovation new dewelopment”«ба шумор меравад. Тарҷумаи таҳтуллафзии он аз англисӣ маънои «ҷорӣ намудани чизи нав»-ро дорад. Таҳти мафҳуми навоварӣ тартиб ё низоми нав, анъанаи нав, усули нав, ихтироот, падидаи нав фаҳмида мешавад. Ибораи тоҷикии «ҷорисозӣ» айнан «даровардани навигарӣ», яъне ҷараёни истифодабарӣ аз навигариҳоро ифода мекунад.

Дар фаъолияти иқтисодии корхона, тибқи ҷоришавиашон ифодаҳои навигарӣ, навоварӣ, инноватсия истифода мешаванд, ки онҳо ба ҳама маълуманд. Ҳамчунин навигарӣ метавонад тартиби нав, усули нав, ихтироотро ифода намояд. Навоварӣ ба маънои навигарӣ аз лаҳзаи қабули он арзи вуҷуд менамояд, ҳангоми паҳн гардидани навигарӣ он сифати навро ба худ гирифта, ба инноватсия мубаддал мегардад. Ҳар гуна ихтироот, падидаҳои нав, намудҳои хизматрасонӣ ё усули ташкили меҳнат, вақте, ки барои тиҷорат-паҳнкунонӣ (комерсиализатсия) ба сифати нав арзи вуҷуд менамоянд, мафҳуми «инноватсия»-ро ифода менамоянд.

Мафҳуми «навоварӣ» аз мафҳуми «техникаи нав» васеътар аст, чунки мафҳуми техникаи нав танҳо олоти меҳнат, маводҳои нав ва ғайраро, ки дар истеҳсолот умуман истифода мешаванд, дар бар 16

мегирад. Навоварӣ бошад бо маҳсулот ё хизмати нав, тарзи истеҳсоли он, навигарӣ ва ҳамагуна такомул, ки сарфаи хароҷотро таъмин менамояд, арзёбӣ карда мешавад.

Ба ҳамин тариқ, баҳодиҳии рушди инноватсионӣ нишон медиҳад, ки танҳо муносибати маҷмӯӣ ба тағйирдиҳии сохтории низоми миллии инноватсионӣ ва таҳияи стратегияи рушди инноватсионӣ бо назардошти талаботи воқеияти давраи гузариш имконият медиҳад, ки душвориҳо дар роҳи рушди инноватсионии иқтисодии мамлакат бартараф карда шаванд.

Мафҳумҳои «пешравӣ» ва «рушд» аз нуқтаи назари таърих он қадар барвақт не, танҳо дар асри XVII пайдо шудаанд. Тағйироти куллӣ дар фаҳмиши рушд дар натиҷаи корҳои Ч.Дарвин ба вуқӯъ пайвастаанд.

Рушд – ин ҷараёни ҳама гуна тағйиротҳоест, ки дар заминаи воқеият ба амал меояд ва арзи вуҷуд менамояд. Ҳар кадоме аз се ҷараёни рушд-пешраванда, қафораванда ва таназзулёбанда – ҳамчун тамоюлоти гуногун зоҳир меёбанд. Бинобар ин тадқиқоти ҷараёнҳои мушаххаси рушд муайян намудани тамоюли бартаридоштаро дар давраи муайяни вақту фазо тақозо мекунад.

Истилоҳи «рушд» ба пешравӣ шабоҳат дорад ва категорияи фалсафӣ дониста мешавад, яъне пешравӣ ин категорияи соҳаи ахлоқ аст.

Рушди илмию техникӣ мафҳумест, ки ҷараёнҳои ба ҳамдигар алоқаманд ва вобастабудаи рушди илм, татбиқи дастовардҳои он, инчунин такмили истеҳсолот ва соҳаи хизматрасонӣ дар заминаи истифодаи дастовардҳои илму техникаро дар бар мегирад; он аз ҷараёни рушди тадриҷии илм, техника, истеҳсолот ва соҳаи истеъмолот иборат мебошад.

Давраи «илм-техника – истеҳсолот» дар шакли мавҷмонанд амал мекунад, яъне дар сатҳи ҷамъият тавлиди насли нави техникаю технологияро дар заминаи кашфиётҳои илмӣ (низоми донишҳои нав) ва 17

тағйироти сазовори ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ татбиқ менамояд. Ҳар як андешаи мушаххас, кашфиёти илмӣ дар маҳсулоти нав, техника, технология, хизматрасонӣ ифодаи моддии худро ёфта, дар маҷмӯъ мазмуни категорияи «раванди инноватсионӣ»-ро ташкил мекунад. Дар ҷараёни пайдоиш ва паҳн шудани инноватсия нақши асосиро табақаи соҳибкорон мебозад. Вазифаи асосии соҳибкорон аз он иборат аст, ки онҳо ба татбиқи «муваффақиятҳои (комбинатсияҳои) нав», шаклҳои нави истифодаи замин, меҳнат ва сармоя мусоидат мекунанд.

Й.Шумпетер 5 ҳолатҳоеро зикр намудааст, ки дар онҳо мафҳуми «комбинатсияҳои нав» пурра шарҳу тафсир ёфтаанд,

  • омода сохтани неъматҳои нави ҳанӯз ба истеъмолкунандагон номаълум, ё худ ташкили сифатан нави ин ё он неъмат;
  • ҷорӣ намудани усули нави ҳанӯз номаълуми истеҳсолот ба соҳаи саноат, ки асоси онро ба таври ҳатмӣ кашфиёти илмии нав ташкил мекунад ва он метавонад, ки тарзи нави истифодаи тиҷорати моли дахлдорро ифода намояд;
  • азхудкунии бозори нави фурӯш, чунин бозоре, ки ба он то ҳол соҳаи мазкури саноат ҳанӯз чизе пешниҳод накардааст;
  • соҳиб шудан ба манбаи нави ашёи хом ё маҳсулоти нимтайёр, новобаста аз он ки ин манбаъ қаблан вуҷуд дошт ё худ дастнорас буд, ё онро ҳанӯз ташкил намудан зарур аст;
  • гузаронидану азнавташкилкунии таъмини вазъияти инҳисорӣ (монополӣ) ё шикасти вазъи инҳисории корхонаҳои дигар.

Ҳамин тариқ, аз тадқиқоти Й. Шумпетер хусусияти техникӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ доштани инноватсияро ҷудо намудан зарур аст.

Ф.Валента дар китоби худ «Фаъолии эҷодӣ – инноватсионӣ – самара»(1969) «инноватсияро»-ро ҳамчун тағйирот дар      сохтори пештараи организми истеҳсолӣ, яъне ба ҳолати нав гузаштани сохтори дохилии онро маънидод месозад. Ба ақидаи Б.Санто,  раванди инноватсионӣ    – ин чунин раванди ҷамъиятӣ-техникӣ-иқтисодие мебошад, ки он таввассути истифодаи амалии ғояҳо, ихтироот ба ташкили маснуоту технологияҳои сифатан беҳтар оварда мерасонад.

Л.С.Бляхман нишон медиҳад, ки «навоварӣ ин такмили истеҳсолот, бо дар бар гирифтани ҳамаи унсурҳои он мебошад; олоти меҳнат, предмети меҳнат, қувваи корӣ, маҳсули меҳнат, инчунин усулҳои муттаҳидсозии ин унсурҳо – технологияи истеҳсолот, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, идораи истеҳсолот дар асоси моддикунонии донишҳои илмӣ ва ҳоказо, яъне навоварӣ натиҷаи тараққиёти илмию техникӣ ё илмию истеҳсолӣ мебошад».

Ф.Никсон қайд мекунад, ки «инноватсия – ин маҷмӯи тадбирҳои техникӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мебошад, ки ба пайдо шудани маҳсулоти нави саноатии беҳтар дар бозор ва истифодаи тиҷорати технологияҳо ва таҷҳизоти наву бехтари истеҳсолӣ мусоидат мекунад».

Э.Менсфилд инноватсияро ҳамчун ҷараёни истифодаи ихтироот баррасӣ карда, дар онҳо 5 давраро ҷудо мекунад:

  • Тадқиқотҳои амалӣ;
  • Омода намудани маҳсулоти нав;
  • Ташкили ҳамшабеҳ (прототип) ё худ истеҳсолоти таҷрибавӣ;
  • Ихтироъ кардани таҷҳизот, омода намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ ва биноҳо;
  • Оғози истеҳсолот ва ба бозор «баровардани маҳсулоти нав».

Бо назардошти равандҳои инноватсионӣ таснифоти инноватсия сурат мегирад. Вобаста ба нишондиҳандаҳои технологӣ инноватсияҳоро ба ду гурӯҳ:-маҳсулотӣ ва ҷараёнӣ тақсим мекунанд.

Аз руйи навъҳояшон навовариҳои барои бозор пешбинишаванда ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

  • навовариҳои ҷаҳонӣ;
  • навовариҳои миллӣ;
  • навовариҳои минтақавӣ;
  • навовариҳои ҷузъӣ.

Аз нуқтаи назари аслияти тағйирот навъҳои зерини инноватсияро ҷудо мекунанд:

  • инноватсияи аслӣ (таҷассумёфта-органикӣ);
  • инноватсияи таҷассумнаёфта;
  • инноватсияи стратегӣ;
  • инноватсияи ҷорӣ.

Таснифи инноватсияҳо, ки аз тарафи К. Пэвитт, У. Уолкер ва А. Улманн пешниҳод шудааст, чунин аст:

  • ҳамчун инноватсияҳои ба истифодаи донишҳои илмии бунёдӣ асосёфта, ки натиҷаи он дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ба таври васеъ истифода мешавад;
  • ҳамчун инноватсияҳои бо истифода аз донишҳои техникии аллакай мавҷудбудаи бароҳмондашуда, инчунин инноватсияҳои дар соҳаи маҳдуд истифода шаванда;
  • ҳамчун инноватсияҳои ба донишҳои илмии бунёдӣ такякунанда, вале соҳаи истифодаи ниҳоят маҳдуддошта;
  • ҳамчун инноватсияҳои ба мувофиқаоварандаи навъҳои гуногуни донишҳои аллакай мавҷудбуда дар як маҳсулот;
  • ҳамчун инноватсияҳои аз нигоҳи тахникӣ мураккаб, ки ҳамчун натиҷаи манфии барномаи озоди тадқиқотӣ пайдо шудааст.

А.И.Пригожин таснифи нисбатан мукаммалу ҳаматарафаи инноватсияро пешниҳод кардааст, ки инҳоро дар бар мегирад:

  • Аз рӯи дахолат ба:
  • ягона;
  • диффузӣ;
  • Аз рӯи мавқеъ дар давраи истеҳсолӣ ба:
  • ашёи хом;
  • таъминкунанда (вобастакунанда);
  • маҳсулотӣ;
  • Аз рӯи қобили қабул будан ба:
  • ивазкунанда;
  • инкоркунанда;
  • баргардонанда;
  • кушоянда;
  • ретрошиносӣ;
  • Аз рӯи фарогирии ҳиссаи пешбинишудаи бозор ба:
  • маҳдудӣ;
  • системавӣ;
  • стратегӣ;
  • Аз рӯи иқтидори инноватсионӣ ва дараҷаи навгонӣ ба:
  • куллӣ;
  • комбинаторӣ;
  • такмилдиҳанда.

Дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи ҷаҳонии баҳодиҳӣ ба навовариҳо аз рӯи дараҷаи омодагӣ барои истифодабарӣ дар таҷрибаи хоҷагидорӣ ҳамаи инноватсияҳои мавҷударо ба панҷ гурӯҳи зерин тақсим намудан мумкин аст:

  1. тадқиқоти бунёдӣ ва густаришӣ;
  2. тадқиқоти амалӣ;
  3. корҳои таҷрибавию лоиҳакашӣ;
  4. инноватсияҳои азхудшаванда;
  5. инноватсияҳои азхудшуда.

Дар асоси таснифоти аз рӯи дараҷаи омодагӣ барои татбиқ, марҳилаи давраи арзи вуҷуд намудан гузошта шудааст, ки ин ба сармоягузорӣ таъсир мерасонад.

Ҳар қадаре, ки дараҷаи омодагии инноватсия ва татбиқ пасттар бошад, ҳамон қадар хавфи маблағгузории онҳо бештар аст. Ҳамин тавр, ҳавасмандии корхонаҳо барои маблағгузорӣ ба чунин лоиҳаҳо низ камтар мегардад. Сохторҳои азими тиҷоратӣ татбиқи инноватсияҳои дорои дараҷаи олии аҳамияти ба гурӯҳи 3-5 дахлдоштаро афзалтар меҳисобанд. Одатан, гурӯҳи якум аз тарафи давлат ва фондҳои махсуси давлатӣ, гурӯҳи дуюм аз тарафи фондҳои мубтакирӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Таҷрибаи ҷаҳонии рушди инноватсионӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ яке аз намудҳои дар таснифоти боло овардашудаи инноватсия наметавонад дар алоҳидагӣ хусусияти марказӣ, муҳим ва беҳтаринро дошта бошад. Ҳар яке аз онҳо аз рӯи моҳияти худ танҳо тарафҳои муайяни инноватсияро ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ шарҳу тавсиф ва маънидод карда, дар баробари ин барои дарки он ҳамчун ҷараён мусоидат мекунад. Яъне ҳамаи онҳо муҳиманд. Таснифоти мазкур ба ҳамдигар мухолиф набуда, аз ин ё он ҷиҳат якдигарро мукаммал мегардонанд. Дар маркази диққати муҳаққиқон мушкилиҳои гуногуни менеҷменти инноватсионӣ ҷой гирифтаанд, ва онҳо кӯшидаанд, ки назарияи ягонаи ҷараёни инноватсияҳо, хусусан аз ибтидо то интиҳо (ҷамъоварии ғояҳо – корҳои амалӣ – истеҳсолот – истифодаро) ба вуҷуд оваранд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222