Ислом имрӯз яке аз се дини бонуфуз мебошад. Пайравони ислом дар ҷаҳон мувофиқи гузориши созмонҳои исломӣ имрӯз зиёда аз як миллиард нафарро ташкил медиҳанд ва дар 126 кишвар сукунат доранд. Аз ҷумла дар зиёда аз 40 кишвар мусалмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақалияти бонуфузро ташкил медиҳанд. Мусалмонон имрӯз минтақаи васеъеро дар қитъаҳои: Осиёву Африқо ( Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқои Шимолию Тропикӣ ва ғ-ра) ишғол кардаанд. Ақалиятҳои исломӣ дар Қитъаҳои Амрико ва Аврупо, дар баъзе ҷойҳо таърихан муқимӣ ( чун Албания, Булғористон ва Югословӣ) ва дар баъзеи дигар чун тозамуқими- эмигронт зиндагӣ мекунанд. Як қатор мамлакатҳо номи ҷумҳурии исломиро доранд. Масалан: Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумхурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ғ-ра) ва дар ҳудуди 28 давлат исломро ҳамчун дини расмӣ дар Қонунҳои асосии худ эътироф кардаанд. Ислом имрӯз баъд аз пароканда шудани системаи сутсиолистӣ ва камэътибор гардидани идеолужии коммунистӣ яке аз ду мафкураи бонуфузи ҷахонӣ дар муқобили мафкураи насронӣ ва идеулужии истеъмории Амрико мебошад.
Нақши иҷтимоию сиёсии ислом дар сад соли охир дар кишварҳои Осиёву Африқо як ранг набудааст. Дар марҳалаи аввал пас аз шикасти паё-паи мамлакатҳои исломӣ дар муқобили фишору зарбаҳои ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғарбӣ мусалмонон ба тадриҷ аз хоби ғафлати Куруни вустоҳ бедор шуда, ба вазъияти ақибмондагии иқтисодиву сиёсӣ ва илмию техникии худ огоҳ гардиданд. Ҳамзамон бо дарки ин вазъият гурӯҳе аз таҳсилкардаҳо, ҳавонон ва равшанфикрони тараққихоҳи ин кишварҳо дар паи ҷустуӯӯи сабабу иллати ин ақибмондагӣ ва ҷахолат афтоданд. Дар натиҷа гурӯҳе ба хулосае омаданд, ки иллат дар хусусияти шахшудагӣ ва таҷйирнопазирии дини ислом аст, гурӯҳи дигаре сабаби ақибмондагиро дар дур ва бегонагардидани мусалмонон аз исломи асил- аз усулҳои дини Муҳаммад, ба тақлиду хурофот, бидъатҳо, ва ба ҷаҳолат олуда гардидани он диданд. Вобаста ба ҳамин ҳанӯз дар нимаи асри Х1Х ду навъ муносибат ба ислом ва ду навъ нусхаи дармон ва ду тамоюли раҳоиҷӯӣ аз ин ҳолати ақибмондагӣ ва ҷаҳолат ба миён омад.
Тамоюли аввал роҳи халосиро дар дунявӣ (секуляриза) кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, яъне аз зери таъсир ва ҳокимияти дин берун кашидани муносибатхои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданию фархангӣ ва аксаран тақлиди кӯр – кӯрона ба Ғасб ва ҷалб кардани шарқиён медиданд. Ин гурӯҳ дар тадқиқотҳои охири ҷомиъашиносони ин кишвархо” ғарбзада” номида шудаанд. Баракс тамоюли дуюм, бо вуҷуди дар назари аввал кӯҳнапараст ва суннатгаро будан, иллатро на дар ислом балки дар мусалмонон, шакли диндорӣ ва шуури динии онҳо медид, ба қавли шоир: ” Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост” мегуфтанд. Ва аз ин рӯ роҳи халосиро дар ислоҳи шуури динии мусалмонон ва шинохти дурусти ислом ва сарчашмаҳои он ва инчунин зинда кардани анъанаи пешқадами гузаштаи олами ислом медиданд. Онҳо нақши исломро дар мубориза бо мустамликадорӣ ва истеъмори ҷайби хуб дарк намуда, барои сафарбарӣ ва таӣдиди маӣду ифтихор ва шӯхрати фаромушшудаи мусалмонон аз гузаштаи илму фарханг ва Кудрати сиёсии халКхои мусалмон ёд мекарданд. Ин гурӯх бо номи муслихин – ислохотчиёни (реформаторон)-и ислом дар адабиёти илмӣ машхуранд. Ислохгарон шахсиятхои маъруф, мутафаккирони номии олами исломанд, ки то имрӯз дар атрофи осори онхо тахКиКот ва бахсу баррасихои илмҳ идома дорад ва онхо дар таърихи навини кишвархои исломҳ, дар рохи ба даст овардани истиКлолияти миллҳ, озодҳ аз зери юҷу султаи мустамликадорҳ ва пешрафти иӣтимоию фархангии ва илмии ин кишвархо наКши бенихоят бузург доранд.
Аввалин байраКбардорони н а х з а т и и с л о х ( ё т а ӣ д и д и ф и к р ию д и н ҳ ) аллома Сайид Йамолуддин Афҷонҳ (1839-1897), устод Мухаммад Абдоҳ мисрҳ (1834-1905), Абдуррахмон КавоКибии мисрҳ (1849-1902), Рашид Ризо ва Ахмад Амини мисрҳ ва аллома Мухаммад ИКболи Лохурии покистонҳ (1877-1938) буданд, ки ӣихати бедории мусалмонон, эхёи маӣду ифтихори фаромушшудаи онҳо, софкорӣ ва поксозии шуури динии онҳо аз хурофотҳои афюнӣ ва шиносонидани исломи асили муҳаммадӣ иқдомҳои фаровоне карданд.
Аз боби мисол Сайид Ҷамолуддин бо таваҷҷӯҳ ба вазъи онрӯзаи мусалмонон, ки гузаштаи пурифтихори сиёсӣ ва илмию фарҳангии худро аз даст дода, ба ҷахолату хурофотҳо фурӯ рафта буданд, чунин фармуда: ” Агар мо хоҳем исломро ба ғарбиён муъаррафӣ кунем, пеш аз ҳама бояд иқрор шавем, ки мо мусалмон нестем..” Манзури Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ он буд, ки ончиро ки мо ба унвони ислом парастиш мекунем, исломи асил нест ва он мусалмоние, ки мо дорем мусалмонӣ нест. Дар бораи ҳар мафкураву дин инсон аз рӯи вазъу ҳолати иҷтимоию сиёсӣ ва мақоми пайравони вай дар ҷомиъаи ҷахҳонӣ баҳо медиҳад, дар сурате, ки кишварҳои исломӣ ҳама дар асорати мустамликавӣ ва ҷаҳлу ақибмондагӣ буданд, барои ғарбӣ таърифи ислом метавонист бо писханди ” Ранг бину хол пурс” тамом шавад.
Наҳзати ислоҳ, дар охири асри XIX на танҳо дар Мисру Эрону Ҳиндустон, балки дар Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Чун дар ҳама кишвархои исломӣ равшанфикрӣ ва маорифпарварии асил бо ислохи мазҳабӣ тавъам ва боҳам будаанд. Омили пайдоиши наҳзати исломи мазхабӣ ва маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ низ мисли дигар кишварҳои исломӣ бархӯрд бо Ғарб, шикаст дар муқобили мустамликадорӣ ва эҳсоси ақибмондагӣ ва асорат буд. Зери таъсири наҳзатҳои исломии кишварҳои ҳамсоя ва бархурди бевосита бо маданият ва дастовардҳои иқтисодиву техникии Руссияи подшоҳӣ, мутафаккирон ва равшанфикрони Осиёи Марказӣ, алалхусус маркази илмию фарҳангии онрӯзаи ин минтақа Бухоро, дар осори худ зарурати таҷдиди фикру андешаи динӣ, масълаи рӯ овардан ба илму маърифат ва ислоҳи сохтори сиёсиро ба миён гузоштанд.
Аз маъруфтарин реформаторон- муслиҳони ин давра Абумансур Ҳусравӣ ва Мулло Шаҳобуддин ибн Баҳоуддин (Марҷонӣ) ки ҳарду аз тоторҳои клон буда, дар Бухоро таҳсилу фаъолият кардаанд ва ҳамчунин Мулло Фозили Ғиждувонӣ, Мулло Ғойибои Хуҷандӣ, Мулло Худойбердии Бойсуниро метавон ном бурд. Инҳо аз аввалин шахсиятхои ислоҳталаб ва бедору огаҳе буданд, ки барои афкори пешқадами равшанфикрӣ ва ислоҳталабии худ мавриди таъқиби амирони манғития қарор гирифта баъзе фирор ва баъзе муҳокима шуданд. Вале қуллаи баланди афкори равшанфикрӣ ва таҷдидхоҳиро чи дар умури таълиму тарбия , чи дар умури сиёсӣ ва чи дар шуури динии мо дар осори гаронмояи Аҳмади Дониш, алалхусус дар рисолаи “Наводир–ул–вақоеъ”– и ӯ пайдо мекунем. Ба дунболи Аҳмади Дониш шогирдони ӯ чун Садриддин Айнӣ, Абдураъуф Фитрат ва ӣ адибон андешаҳои зиёде дар мавриди таҷдиди шуури динӣ, танқиди шакли диндорӣ ва ҷаҳлу ҳурофоти аморати Бухоро баён карда, даст ба иқдомоти амалию инқилобҳ низ заданд.
Охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ наҳзати таҷдиди фикрӣ –динӣ ба ду шоха ҷудо мешавад: яке модернизм, ки кӯшиши ба шароит ва мафҳумҳои нав мувофиқу мост кардани ислом ва ҷустуҷӯ мафҳумҳои илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии навро дар қуръону хадисҳо дошт, дигаре шохаи эҳёи (бунёдгароӣ) исломи асил, ки мавқеъи воКеъии равшанфикрон буд. Метавон гуфт то солҳои 70–уми асри ХХ мавқеъ ва дасти гурӯҳи аввал боло буд, ҳарчанд таъсири бевоситаи осору таълимоти реформаторони номбурда, ҳамеша вуҷуд дошт. Модернизм ҳамчун идеолужии буржуазияи маҳаллии кишварҳои Шарқӣ исломӣ дар ин марҳила ҳадди аксари кӯшишро мекард, то исломро ба аҳдофи сиёсиву иқтисодии худ мувофиқ созад. Вале аз солҳои 70–ум ба баъд буржуазия мавқеъ ва нақши собиқи худро дар кишварҳои исломӣ аз даст дод ва бар ивази он дар саҳнаи таърих табақоти поёнии ҷомиъа, мустазъафин ва майдабуржуа баромаданд ва аз нав шиъорҳои эҳёи исломи муҳаммадӣ, озодӣ ва истиқлоли воқеӣ, худшиносӣ ва таҷдиди шуури мазҳабӣ ба миён омаданд. Яке аз муҳимтарин хусусияти давраи нав афзудани нақши сиёсии ислом дар наҳзатҳои миллию озодихохӣ буд. Агар дар давраи инқилобхои буржуази ислом ҳамчун яке аз воситаҳо ва яке аз унсурҳои идеоложияи буржуазӣ ба кор рафта бошад, дар ин давра идеоложияи исломӣ ба қувваи асосии пешбаранда табдил меёбад. Қуллаи олии ин наҳзати нав Инқилоби Исломии Эрон буд, ки бо сарварии Оятуллоҳ Узмо Хумайнӣ ба ғалаба ноил гардида, ба пойгоҳи империализми ҷаҳонӣ дар минтақа зарбаи корие зад. Пас аз Инқилоби Исломии Эрон як қатор ҳодисаҳои сиёсие рух доданд, ки далолат ба фаъол гардидани омилҳо ва Қувваҳои сиёсии исломӣ дар минтақа мекарданд аз ҷумла: ишғоли Масҷидул– Ҳаром дар Макка аз тарафи Қувваҳои мухолифи режими Саудӣ, кушта шудани президенти Ҷумҷурии Арабии Миср Анвар Содот дар октябри соли 1981 аз тарафи гурӯҳи ҳамлаи созмони ” Ихвонул муслимин”: ” ал-Ииход” ё “ат-Такфир вал-хиҷра”, рӯ ба афзоиш ниҳодани амалиёти гурӯҳҳои мухолиф дар Тунис ва Алҷазоир, нақши мубориз ва фаъоли созмони “Амал” ва”Ҳизбуллоҳ” ба муқобили Исроил дар Лубнон ва ниҳоят ҷалабаи Қувваҳои муҷоҳидини исломӣ дар ҷанги Афғонистон бар артиши номдори Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ.
Хулоса, хусусияти асосии исломи муъосир афзудани нақши сиёсӣ ва идеолужии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Охири асри ХХ, асри аз нав ба саҳнаи сиёсӣ баромадани ислом, рӯ ба афзоиш ниҳодани омӯзишу таҳқиқот дар атрофи мавзӯҳои “Ислом ва сиёсат”, ” Ислом ва иқтисодиёт”, “Иомиъаи тавҳидии исломҳ”, “Давлати исломҳ” ва ҷайра буд.
Афзудани наКши ӣахонии исломро инчунин аз рӯ афзудани созмонхои ӣахонҳ ва байналмилалии исломҳ дарёфтан мумкин аст. Имрӯз созмонхои зерини байналмилалии исломҳ амал мекунанд: 1– СОЗМОНИ КОНФрОНСИ ИСЛОМӢ ( ба арабҳ.-Муназзамат-ул муътамарал-исломи)- ин созмони байни давлатии кишварҳои Осиёву Африқо соли 1969 ташкил шуда, 44 давлат ва Созмони озодибахши Фаластинро дар бар мегирад. Органи олии ин созмон конфронси сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад;
2– Анҷумани Олами Исломӣ (Муътамарал-Оламал- Исломия)- ин созмон соли 1926 дар Макка ташкил шуда, дар 67 кишвар намояндагӣ дорад. Ин созмон мақоми созмони ғайри ҳуқаматии машваратӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва мақоми нозирро дар Созмони Конфронси Исломӣ дорад;
3- Лигаи Олами Исломӣ (Робитатул-Олам ал-Исломҳ)- соли1962 дар Макка
ташкил ёфта, созмони ғайри ҳукуматии байналхалкии исломӣ мебошад.
Дар шароити ҳозира ҷайр аз ин се созмони мӯътабаре, ки ёд шуд боз чандин созмону ташкилотҳои байнидавлатӣ, минтақавии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву илмӣ, маданию фарҳангӣ ва ғайра амал мекунанд. Масалан: Банки имронии исломӣ, Мухобироти байналхалқии исломӣ, Созмони исломӣ оид ба таълим ва маданият, Маҳкама(Суд)-и адолати исломӣ ва ҷайра мавҷуданд. Дар як худи кишварҳои арабӣ зиёда аз 130 ташкилоту созмонҳои маҳаллӣ, аҳзоби сиёсии исломӣ ва ғайра амал мекунанд.
Хулоса, дар шароити ҳозира, бо вуҷуди ҳанӯз ҳам ба сатҳи имрӯзаи пешрафти илмию техникӣ нарасидани аксари кишварҳои исломӣ, ислом яке аз динҳо ва идеолужиҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои исломӣ дорои имконоти азими иқтисодӣ ва захираҳои табиӣ мебошанд. Иахиши иқтисодию иҷтимоии як қатор кишварҳои исломӣ чун: Амороти Арабии Муттахида, Давлати Арабистон Саъудӣ, Қувайт, Эрон далолат бар он мекунанд, ки аз лихози илмию фарҳангӣ ва хатто технулужӣ, кишварҳои исломӣ имкони расидан ба сатҳи имрӯзаи ҷаҳониро низ доранд.
Инак фасли дини исломро низ ин ҷо хотима мебахшем ва умедворем, ки шинсоӣ бо маъорифи исломӣ як олами тозаеро барои ҷавонони мо боз карда, дар шинохти таърих, фарҳанг, адабиёту забон, фалсафаю ҳуқуқи гузашта онҳоро мадад ва омили ташаккули ҳиссу ҷурури созандаи миллӣ, итминон ба нафс, истиқомат дар бахсу муҷодилаҳо гардад.