Главная / Илм / Ислом – Пайдоиш ва таърих

Ислом – Пайдоиш ва таърих

 

Исломсеюмин дини сомӣ (иброҳимӣ) ва охирин дини ҷаҳонӣ аст. Вай дар нимаи аввали асри VII дар нимҷазираи Арибистон, ки арабҳо онро “Ҷазиратулараб” гӯянд ба арсаи вуҷуд омад. Ин дин дар ҳамсоягии минтақае зуҳур кард, ки чорроҳи бархӯрди тамаддуниҳои бузурги таърихӣ буда, нақши арзандае дар тамаддуни ҷаҳонӣ гузошта аст.

таърихи пайдоиши дини ислом
Таърихи пайдоиши дини Ислом

Ин чорроҳро олимони тамаддуншинос чорроҳи Сурия (Шом) номидаанд, ки на танҳо кишвари имрӯзаи Сурия, балки тақрибан тамоми Осиёи Наздик, соҳилҳои Баҳри Миёназамин ва Осиёи Хурдро дар бар мегирад. Ҳарчанд гаҳвораи ислом шаҳрҳои Макка ва Мадина дар гӯшаи дурдасти ин минтақа қарор доштанд, тамоми мӯҳтавои ислом, мазмуну мундариҷаи он, аносири фарҳангиву мазҳабии он аз ваҳдату умумият бо дигар фарҳангҳои аз ин чорроҳ сарчашмагирифта гувоҳӣ медиҳад.

Ин минтақа чорроҳе буд, ки дар он тамаддунҳои бобулӣ, шумериву акодӣ, эронӣ, юнониву румӣ, финикӣ, мисрӣ (қибтӣ) ва ниҳоят сомӣ (арабию яҳудӣ ва ғайра) ба ҳам бархӯрда, аз якдигар мутаассир гардидаанд ва дар заминаи он дар шаҳрҳои марказии ин минтақа тадриҷан, метавон гуфт, як хамирмояи тамаддуни наве ташаккул меёфт, ки баъдан бо пайдоишу шукуфоии ду тамаддуни фаръӣ: тамаддуни насронӣ ва тамаддуни исломӣ неру тозае пайдо карда, шолудаи асосии тамаддуни имрӯзаи башарро поягузорӣ кард. Пайдоиши се дини тавҳидии сомӣ: яҳудия ва насрония ва ислом, ки зодаи ҳамин ҳавзаи тамаддун буда, ҳар се мутаассир аз дини тавҳидии зардуштӣ мебошанд, барои шукуфоии тамаддуни баъдии инсоният аз аҳамияте хосае бархурдоранд ва аз бисёр ҷиҳат ифодакунандаи ваҳдати мабнои фарҳангии инсоният мебошанд.

Аз ин рӯ пайдоиш ва раванди ба дини ҷаҳонӣ ташаккул ёфтани дини исломро бидуни ба назар гирифтани иртиботи он бо ҳавзаи тамаддуни Сурия фаҳмидан мушкил аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222