Главная / Гуногун / ҚИСМИ АВВАЛ АМАКИ РАҲИМ

ҚИСМИ АВВАЛ АМАКИ РАҲИМ

Амаки Раҳим дар бистари беморӣ, ки ҳамсараш ҳафтае кабл барои ӯ густурда буд, худро роҳат ҳис намекард. Бо овози паст менолид. Дастҳояш хушку ногиро, кафҳояш рег вор дурушт, пойҳояш беҳаракат, ларзону нимҷон, чашмо- наш аз ҳарорати баланду дард суп – сурху берӯҳ шуда бу- данд. Ба лабони хушку аз ҳарорати баланди таб кафидаву парсингбастааш холаи Майсара- ҳамсараш бо пахта об ме- чаконд. Забонаш тарошаеро мемонд, ки гаҳи чакидани об шӯр буд ё талх. Гоҳе хунук мехӯрду гоҳе оташ мегирифт. Яқин ҳарораташ баланд буд. Сараш бо рӯймоли гулд ӯзӣ маҳкам бастагӣ, кӯрпаи ҷилдаш аз шустани зиёд ранг- паридаро гоҳ то таки манаҳаш мекашиду гоҳ бо пойҳои бе- мадораш аз болояш дур меандохт. Бо хоҳиши бемор ба бу- хорӣ холаи Майсара тез – тез тапак мемонду оташ ме- афрӯхт, то ҳарорати хонаро як навъ нигоҳ дорад, аммо баъди фурсате амаки Раҳим бетоқат шуда хоҳиш мекард, ки дару тирезаро кушоянд. Баробари кушодани тиреза пардаи сафеде, ки дар он акси ду кабӯтар гулдӯзӣ шуда буд, алвонҷ мехӯрду парандаҳо гӯиё ба парвоз медаромаданд. Ин лаҳзаҳо амаки Раҳим ҳам мехост, ки чун ин парда ва чун он кабӯтарон парвоз кунад, аммо дар ин лаҳза ӯ палангеро ме- монд, ки аз ҳамҷинсонаш дур афтода, вопасин рӯзҳои умрашро дар танҳоӣ мегузаронад. Вуҷудаш месӯхт. Об ме- хост.
Чашмонашро пӯшид. Хоҳараш Сабоҳат кӯзаи оби чаш- ма дар даст, куртаи нави сап – сафед дар бар, рӯймоли шоли калон дар сар аз пайроҳаи кӯҳӣ гузашта, , хиромон сӯи ба- родар меомад. Кӯзаро аз дасти хоҳараш гирифту ба ҷои ба лаб бурдан болои сар бардошт. Оби чашма чун оби ҳаёт ба ҷисму ҷони амаки Раҳим ҳаловат бахшид. Чашмонашро кушод. Аз он кӯзаи оби ҳаётбахш ва хоҳари нозукандомаш дараке набуду сару танашро арақи шӯр тар карда. Лабҳояш ро лесид. Таъми шӯриро ҳис кард.
Амаки Раҳим ду моҳ боз худро бад ҳис мекард, як ҳафтаи бистари будан кори худро карда буд. Лоғар гар- дидаву рангу рӯяш парида, нури чашмонаш гум шуда. Маъюсу ғамгин сар аз болин намебардошт. Нолиши сӯзонаш қалби атрофиёнро реш – реш месохт.
Он рӯз ба аёдати амаки Раҳим хоҳараш Сабоҳат омада буд. Чун ҳарвақта ду соат дар назди бародар нишасту майли рафтан кард.
– Сабоҷон, як шабак бо ман бимон. Ба ту гуфтаниҳои зиёд дорам. Охир, дар хона келин дорӣ, рӯзгорат осуда аст, – хоҳиш кард амаки Раҳим.
– Акаҷон, сад бор шукр, ки шуморо дидаму вақтам хуш шуд. Медонед – ку, язнаатон одами бадҷаҳл, омада маро дар хона набинад, хонавода ҳама дар бало мемонанд. Ху- до хоҳад, баъди ду – се рӯз боз меоям.
– Хайр, хоҳари ҷон, аз паси хонаву дарат шав, дидорҳо то қиёмат, – гуфт амаки Раҳим чашмонашро пӯшида.
Сабоҳат саросема ба ҳавлӣ баромаду оҳи пурдард ка- шида, бо нӯги рӯймоли калонаш ашки чашмонашро тоза карда, бо овози ларзону чашмони гирён ба янгааш – Майсара гила намуд:
– Янгаҷон, чӣ кор кунам? Бародарам хоҳиш кард, ки шаб монам. Наметавонам. Дилам об шуд. Худо гирад кисмати бадамро, ки як умр дастнигари марди гандадаҳан будам…
– Хоҳари ҷон, бисёр дилатро хун накун. Иншоаллоҳ, бародарат бақувват аст, аз Худои худ умед дорам. Раҳми фарзандонамро хӯрда, падарашонро дар пешониамон меғунҷонад. Ман бе падарашон бо чор бача чӣ кор меку- нам? – гуфта, Сабоҳатро ба оғӯш кашиду домони гиряро сар дод Майсара. Маълум буд, ки ба гуфтаҳояш бовар надошт. Ҳар ду зани ғамзада чун борони навбаҳор гири- станду гиристанд…
Амаки Раҳим дар вопасин нафасҳояш ҳаёташро саҳи- фагардон намуда, беҳтарин лаҳзаҳои рӯзгорашро пеши рӯ овардан мехост. Чашмонашро пӯшид. Давраи ҷавониаш- ро ба ёд оварданӣ шуд: муяссараш нагашт. Боз оташ ги- рифт, гарм шуд. Хост ҳамсарашро ҷеғ занад, ки тирезаро кушояд: овозаш набаромад. Холаи Майсара аз пушти меҳмон барои гусел баромада буд.
Мӯйсафед зӯр зада, ҷуссаашро аз бистар раҳо кардан хост, то дақиқае бишинад. Натавонист. Ба атроф нигоҳ кард: асояш, ки чанд рӯзи охир ба он даст нарасонда буд, дар назди бистараш меистод. Бо дастони ларзон онро ги- рифта, бо тамоми неру онро ба шишаи тиреза нею ба тах- таи он гузошта тела дод. Тиреза калон кушода шуд. Насими форам вориди хона гашт. Мӯйсафед нафаси чуқур кашид. Холаи Майсара шитобон ба хона даромада хитоб кард:
– Чӣ гап шуд, муйсафед!? Тарсидам…
– Очаш, натарс. Дилам танг шуд, тирезаро кушодам, метавонӣ онро бипӯшӣ. Хунук хӯрдам. Рав, аз пайи корат шав! Ман ҳам кор дорам… – гуфту чашмонашро пушид.
Аз ду бари руяш ашк мешорид. Чун навори филм ҳаёташ оҳиста аз пеши назар гузашт: Кудакии у ба солҳои пеш аз ҷанги Олмон рост омада буд. Дар он ҷанг аз ҳар хона як – ду нафарӣ қурбон шудаанд. Падари Раҳим низ охирҳои со- ли 1944 – ум аз тири душман кушта шуд, хатти сиёҳ хонаи онҳоро сиёҳтар аз шаби тор намуд. Оҳу нолаи модар ва се хоҳараш дили уро реш мекард. Саломатии модар ва хоҳаронаш ҳам хуб набуд. Аз сардӣ ва гуруснагӣ азоб ме- кашиданд. Модар бо умед насиҳаташ мекарду ҳамзамон васият:
– Бачаҷонам, акнун ту ягона марди хонаӣ. Баъди сари ман хоҳаронатро танҳо намон…
Баъди як ҳафта аз олам чашм пушид, модар.
Хоҳаронашро ба Хонаи кудакон супориданду уро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Гарчанде дар комиссариа- ти ҳарбӣ фаҳмонданд, ки Раҳим сардори оила аст, беҳуда баромад. Чони қадбаланд ки буд, уро ба хизмати баҳрӣ фиристоданд. Се сол хидмат кард. Соли аввал аз надони- стани забони руси азоб кашид, сипас ҳамааш хуб шуд.
Баъди адои хидмат аз пайи ёфтани хоҳаронаш шуд. Ду хоҳари хурдаш аз касалии домана фавтида, хоҳари ка- лонӣ – Сабоҳат мактабро хатм мекард. Онҳо бо оҳу нолаи сӯзон ҳамдигарро ба оғӯш кашида, аз тақдиру қисмати бадашон ашк рехтанд. Лаънат ба ҷангу ҷангҷӯён гуфтанд. у дар колхоз кор карда, хоҳарашро бо обрӯ ба шавҳар баровард. Сабоҳат дар оилаи серфарзанде аз деҳаи ҳам- соя келин шуд. Ду сол фарзанд наёфт. Хусуру хушдома- наш одамони ҷоҳил буданд. Дар ду – се моҳ як маротиба иҷозати хонаи бародар омадан дошт. Баъди ду соат ба хонааш бармегашт. Бародар бошад, мехост хоҳарашро тез – тез бинад. Ҳар гоҳе хабаргирӣ равад, қошу қавоқи хусуру хушдомани ӯро сахт гирифта медид. Боре, ба хоҳараш, хонаи ӯ омада буд,гуфт:
Сабоҳатҷон, хоҳари азизам, ба хонаи хуб наафтидаӣ. Биё, ҷудо шав. Худам рӯзатро бо шоҳӣ мегузаронам.
Акаҷон, аз ҳаёти ман дар ташвиш мабош. Ҳамааш хуб мешавад. Ҳама дағалии хонавода аз бефарзандии ман аст. Худо хоҳад, ба наздики модар мешавам…
Аз шунидани ин хушхабар бародар хурсанд шуда, тӯҳфаҳои бисёр хариду хоҳарашро худаш ба хонаи шавҳар бурд…
Раҳим ҳам баъди чанд ҳафта хонадор шуд, бо тӯю та- мошо ва ҳаваси зиёд. Баъди панҷ соли хонадори аз бефар- занди чудо шуданд. Бори дувум ҳам фарзанд наёфт. Бори севум ба зани шавҳармурдаи кудакдор издивоҷ кард. Ба ҳавлиаш по гузоштани Майсара ва Мурод хайру сафо овард.
Лабони парсингбастааш майли табассум карданд.
Паю қадами Майсара ва Мурод ҳаёти ӯро тағйир дод. Писари якум, дувум ва севум. пайи ҳам ба олам ома- данд.
– Оҳ, фалак, оҳ, фалаки бешафқат! – нолиш кард мӯй- сафед. – Фалаки бевафо, нагузоштӣ, ки фарзандонамро хононам, тӯю тамошо дода, хонадор кунам, роҳати онҳоро бинам. Охир, мурдан намегурезад – ку! Омадани марг бебозгашт аст. Афсӯс…
Амаки Раҳим холаи Майсараро наздаш хонда хоҳиш кард:
– Очаш, ҳамсояамон Тошалиро даъват кун.
– Тинҷӣ аст, муйсафед? Ба амаки Тошалӣ чӣ кор доред?
– Очаш, гапро зиёд накуну фирист бачаҳоро ба хонаи Тошалӣ. Аз ӯ як чизро пурсидан мехоҳам.
Баъди чанде Тошалӣ давида ба ҳавлӣ даромаду:
– Ҳамсояҷон, чӣ шуд!? – азбаски аҳли деҳа аз бемории амаки Раҳим хабар доштанд, изтиробашро пинҳон накарда пурсид.
Майсара китф дарҳам кашида посух гардонид:
– Намедонам, назди амакатон дароед.
Мӯйсафед аз омадани Тошалӣ хурсанд шуд. Онҳо дар танҳоӣ суҳбат карданд. Баъди ним соат Тошалӣ бо амаки Раҳим хайрухуш намуда, ба ҳавлӣ баромаду табассуми рамздоре кард.
– Ҳамсояҷон, мӯйсафед чӣ гап доштааст? – пурсид Майсара нӯги рӯймолашро зери дандон карда.
– Хоҳарам, рости гап, мақсади амаки Раҳимро нафаҳми- дам. Ӯ чӣ тавр пайванд кардани олу ва гелосро пурсид. Гуфт, ки насиб бошад, баҳорон якчанд дарахтро пайванд хоҳад кард. Иншоаллоҳ, бемории мӯйсафед рӯ ба беҳбуд овардааст, модоме ки баҳорон нияти пайванд кардани да- рахтонро дорад, – гуфт Тошалӣ ва бо табассуми малеҳ бо хонавода хайрухуш карда, аз ҳавлӣ баромад.
Оби ҷӯйборе, ки аз шафати ҳавлӣ мегузашт, имрӯз хеле лой буд. Одатан, рӯзҳое, ки борони сел меборид, об чунин ранг мегирифт, аммо имрӯз борон наборидааст.Чаро об лой аст? Аз вазидани насими сабук баргҳои хазони зарду сурхшудаи дарахтони ҳавлӣ ва боғчаи назди хона шибир – шибиркунон алвонҷ хӯрда, гӯиё рақскунон ба рӯи ҳавлӣ ме- рехтанд. Аз шаб боз бетоқатӣ ва уллоси саги Хайбари гӯшбуридаи чӯпонӣ ба дили хонавода сиёҳӣ мекорид. Саги чашмонаш обраву ғамолуда гирди сутуни долон чарх меза- ду дуздида – дуздида сӯи тирезаи пастаки хонаи хоби амаки Раҳим нигоҳ мекард. Мегӯянд, ки саги вафодор аз пешома- ди нохуш пештар аз дигар махлукоти хона огоҳ мешавад.
– Очаш, Муродҷонро ба наздам бихон, – дастур дод амаки Раҳим.
Холаи Майсара хомушона лаб газида, ба ҳавлӣ баромад. Сояи ҳарос дилашро сиёҳ карда буд. Муродро, ки ба тоза кардани оғил машғул буд, ба назди падараш хонд. Як сар гови дӯшо, гӯсола ва ду гӯсфанду се буз сарвати ин оила ба ҳисоб мерафт. Холаи Майсара ҳар рӯз панҷ – шаш литр шир дӯшида, як литрашро барои хонавода истифода мекар- ду дигарашро фурӯхта, сарфи камбуди рузгор менамуд.
Мурод молхонаро тоза рӯфту намаксанги калонеро аз як гӯшаи оғил кашолакунон ба назди охури гов овард. Гови қашқаи пешонасафед забонашро бароварда, ба лесидани намак оғозид. Аз тирезачаи хурдакаки оғил поруи ғункар- даашро ба берун партофту барои тапак дар як ҷо ҷамъ кард ва дастонашро шуста, либосҳояшро афшонду мӯзаҳои кер- зашро, ки махсус дар кори саҳро ва оғил мепӯшид, дар зери долон аз по кашида, як сӯ гузошту ба хона даромад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222