Главная / Гуногун / Исмоилия чист?

Исмоилия чист?

Исмоилия – яке аз бузургтарин фиркаи шиъа мебошад, ки дар асри VIII м. ба вучуд омада, дар таърихи мамолики Шарки Наздик, Шимоли Африо, Эрону Осиёи Миёна накши муассире гузоштааст. Сабаби пайдоиши ин фиркаро сарчашмахо чунин баён кардаанд. Имоми шашуми шиаён имом Ҷаъфари Содиқ  гӯё фарзанди худ Исмоилро, ки вориси ӯ дар имомат буд, аз ин хукук махрум ва аз мартабаи имоми маъзул ва ба чои ӯ фарзанди дигараш Мӯсо ал-Козимро чонишини худ таъйин мекунад. Сабаби чунин тасмим гирифтани имом Ҷаъфари Содиқ ба кавле, ба майхорҳ майли зиёд доштани Исмоил ва ё аз рӯи ахбори дигар, ки ба вокеъият наздиктар аст, пеш аз падараш вафот кардани ӯ будааст.\ 39:154 ва 26:15\ Вале пайравонаш ин тасмими имом Ҷаъфари Содикро эътироф накарданд ва ба хар сурат пас аз ин ходиса низ онхо ба Исмоил вафодор монданд.

ismoilihoДуктур Хасан Иброхим Хасан муаллифи ” Таърихи сиёсии, дини, мадани ва ичтимоии ислом” бо истинод ба Хасан ан- Навбахти мегӯяд, ки пайравони Исмоил марги ӯро пеш аз падараш инкор мекунанд ва ӯро ҷоибгардида мешуморанд ва бовари доранд, ки то охирзамон зинда хохад монд. \ 39:154\ Дар вокеъ, фиркаи исмоилия бо кадом сабабу бахонае аз шиъаи дувоздахимома чудо нашуда бошад, дар амал он заминаи идеологии харакати васеъи сиёсии мухолиф ба хилофати аббосиён буд, ки баъдтар ба нахзати доманадори к а р м а т и я табдил ёфт. Ин шӯриши ҷуломон ва бенавоёни шахрҳ ва гурӯхи васеъи табаКоти миёна буд, ки дар ИроКу Хузистон солхои 868-883 ба вуКӯъ пайваст. Он дар аввал аз тарафи Абдулло ибни Маймун ва баъдан Ҳамдон Қармат рохбарҳ карда мешавад.\ Дар мавриди заминахои иӣтимоию сиёсии пайдоиши ин фирКа ниг.\ 26: 7-13 ва 27: 6– 15\

Хулоса, хар чанд Исмоил соли 760, яъне панӣ сол Кабл аз падараш вафот кард, вале пайравони ӯ боз вафодор монданд ва гуфтанд, ки вай вафот наёфта, балки аз назархо ҷоиб гаштааст ва бори дигар монанди Махдии мунтазир ба олам боз хохад гашт. Ин ба он во дошта буд, ки хатто имом Ҷаъфари СодиК ӣасади мурдаи Исмоилро дар яке аз масӣидхои Мадина ба маърази назари омма гузорад. Баъзе исмоилиён дар пуршӯрии худ он қадар ифрот карданд, ки гуфтанд Исмоил таӣассуми зоти илохист.

Аз лихози назарҳ асли ихтилофи исмоилия ва яКинан далели қотеъи онҳо бар алайхи шиаёни исноашарҳ ӣоиз нашуморидани интисоби имомат аз бародар ба бародар пас аз Хасан ва Хусайн ибн Алҳ мебошад. Онхо интисоби Мӯсои Козимро ба имомат ба ӣои писари Исмоил Мухаммад вайрон кардани шароити имомат мешуморанд. Исмоилиёнро хафтимомия (хафт тан) низ меноманд чун имомати онхо бо имоми хафтум, ки писари Исмоил Мухаммад аст хотима меёбад. Исмоилиёнро ботинҳ низ мехонанд, чун онхо аКида доранд, ки “хар зохире ботин ва хар ояте таъвил дорад”. Ҷайр аз ин исмоилиёнро, чунонки Шаҳристонӣ таъкид карда , дар ИроК қ а р м ат и я ва м а з д а к и я, дар Хуросон т а ъ т и л и я ва м у л х и д и я низ меномидаанд. Вале худашон мо исмоилия мегуянд.\12:168\

Исмоилия ба тадриӣ аз як фирКаи динию сиёсҳ ба як ӣараён ё мактаби илохиётию фалсафҳ табдил меёбад. Дар ташаккули фалсафаи исмоилия таъсири ҷояхои Афлотун (асри 1У пеш а.м.) ва навафлотунҳ (асри 111 м.) аз тариКи насрония ва Арасту дар фалсафаи табииёт (натурфилософия) мушохида карда мешавад. МувофиКи таълимоти исмоилия мабдаи ягонаи хаводиси мутааддиди олам Худо- ” ал-Ҷайбут-Таъоло” мебошад. Вай хеӣ гуна сифат (атрибут) надорад ва барои башар номуайян ва шинохтанашаванда аст. Аз ин рӯ ба ӯ ибодат кардан лозим нест. Дар ин маврид чунон ки мебинем, исмоилия на танхо бо исломи расмҳ, балки бо навафлотуниён ва тасаввуф ихтилоф дорад, чунки инхо имкони робитаи шахсҳ- инфиродиро бо Худо эътироф мекунанд ва ба он боварҳ доранд вале исмоилия имкони харгуна шинохтро раъд мекунад. МувофиКи назарияи исмоилия Худо Зоти Кул дар холати оромҳ (ё сукут)-и абадист. Вай, чунон ки динхои яхудия, насрония ва ислом таълим медиханд, холиКу офаридгори олам нест.

Худо– Зоти Кулл бо иродаи азалии худ Ҷавҳар( субстанця)-и эӣодгар= А К- л и К у л л ро ӣудо мекунад. Ин аввалин судури -Худост. АКли Кулл дорои хамаи сифотест, ки мусалмонон ба Аллоҳ нисбат медиҳанд ва сифати асосии вай илм аст. Ибодатро бояд ба ӯ кард. Вай дорои номхои зиёд аст. АКли Кулл зинаи поёнии судур- Нафси Куллро эӣод кард. Вай ноКис аст ва сифати асосии вай ҳаёт аст. Нафси Кулл бо эҳсоси ноКисии худ майл ба камол мекунад ва аз худ судури тозае мекунад ва Моддаи Аввал=Хаюлоро ӣудо мекунад. Аз Хаюло Замин, сайёрахо, ситораҳо, махлуқоти зинда ба вуӣуд меоянд. Пайдоиши Инсон аз майли Нафси Кулл ба камол вобаста аст.

Хамин тавр исмоилия хафт зинаи судур (эманация): Зоти Кулл, АКли Кулл, Нафси Кулл, Хаюло, Макон, Замон, ва Инсони Коммилро муъайян кардааст. Дар назарияи исмоилия байни АКли Кулл ва Башар ё байни олами акбар ва олами асгар таносуб мусовист. Яъне инъикоси АКли Кулл дар ӣахони маҳсус Инсони Комил мебошад. Хаким Носири Хусрав фармуда: ” Хар чи дар олами хиссҳ мавӣуд аст, он асаре аст, аз он чи дар олами Увло \олами акбар\ мавӣуд аст.” \ 9:87\

Дар таълимоти исмоилия шумораи хафт маКоми хосе дорад. Аз ӣумла ба ҷайр аз хафт зинаи судур, хафт даври нубувватро муКаррар кардаанд. Дар ин маврид низ Хаким Носири Хусрав фармуда: “Хам чунон ки бар осмони дунё хафт нур машхур аст ( Шамсу .1амару Зухайлу Муштарию Мирриху Зӯхра ва Аторуд ) дар осмони дин низ хафт нур машхур аст: Одаму Нӯх ва Иброхиму Мӯсо ва Исову Мухаммад” \9:87\ Даври хафтум бо зухури пайҷамбари бузург ал- йойим (писари Исмоил Мухаммад) анӣом меёбад.

Ақли Кулл дар олами зохир бар пайҷамбарон, ки н о т и К номида шудаанд инъикос меёбад ва хар нотиК дар назди худ ёваре дорад, ки гуфтахои ӯро ба мардум бо рохи таъвил мефахмонад. Вайро чун худ аз пеши худ чизе намегуяд с о м и т (хомӯш) меноманд. Масалан, Мӯсо нотиК буд, бародараш Хорун дар назди ӯ сомит, Эсои Масех нотиК буд ва Бутрус (Пётр) дар назди ӯ сомит ва Мухаммад нотиК ваАлҳ дар назди ӯ сомит буд. Дар фосилахои танаффусе, ки то пайдоиши нотиКи баъдӣ эӣод мешавад Зоти Илохҳ ба имомон ҳулул мекунад ва онхо низ хафт нафарҳ дар хар давраанд.

Чун ин китоб ҷунӣоиши бахси васеъ ва хама фарогирандаи фалсафа ва таълимоти динии исмоилияро надорад, бо хамин мухтасаре, ки аз фалсафаи исмоилия баён шуд суханро кӯтох карда, танхо хаминро хотирнишон карданием, ки таълимоти фалсафию динии исмоилия хело печидаву мушакил аст. Бисёр мухаККиКон бар ин аКидаанд, ки зери пардаи ботингароии исмоилия афкори озодфикрию илходи нихон аст , ки бо таълимоту тасаввуроти динии суннати хеӣ умумияте надорад.

Дар мавриди таърихи сиёсии исмоилия низ тадКиКотхо ва арзёбихои мухталиф зиёданд. Чунон ки дар аввал ишора шуд исмоилия аз тарафи як марди эронҳ бо номи Абдуллох ибни Маймун, ки худро ноиби хозири имоми ҷоиб, яъне Мухаммад Исмоил эълон карда буд, ба маКсади сиёсҳ ба кор гирифта мешавад. Вай ӣамъияти махфие ташкил дода бар он фикр буд, ки хилофати банни аббосро сарнагун карда, худ ба тахти хилофати ислом такя занад. Харчанд ин наКшаи ӯ амалҳ нашуд ва худ маӣбур шуд ба шимоли Шом (Сурияи имрӯз) фирор кунад, вале созмон ва анӣуманхои махфии вай баъд аз вафоташ муваффаК шуданд, ки дар худуди соли 909 м. салтанате дар шимоли АфриКо бо номи хилофати ф о т и- м и я ба вуӣуд оварданд, ки чанд аср ( аз с. 909 то с.1171 ) дар Миср, Тунис ва Шом хукмронҳ кунад. Давлати фотимия хар ойина яке аз бузургтарин давлати шиъаи исмоилия буд.

Яке аз фирқаҳое, ки аз ташкилоти сиррии Абдуллох ибни Маймун ба вуӣуд омад фирКаи қ а р о м а т и я буд. Пешвои онхо яке аз шогирдони Абдулло мавсум ба Хамдон Қармат буд, ки ин фирКа ба номи ӯ маъруф гардид. Ташкилоти махфии ин фирКа дар авохири асри 1Х мелодҳ даст ба кор шуд ва муддате хокимияти мустаКиле дар сохили ҷарбии Халиӣи Форс ба вуӣуд овард ва аз Яман то худуди ИроК дар тахти салтанати онхо Карор гирифт. Ин давлати инКилобҳ, ки гуфта мешавад он баъзе принципхои коммунаро доро буд, тавонист истиКлоли худро бо камоли Кудрат дар баробари хилофати Баҷдод хифз кунад. Хатто дар як хуӣуми худ кароматия шахри Маккаро дар мавсими хаӣӣ фатх карда, ҷорат намуданд ва санги сиёхи муКаддаси хонаи Каъбаро аз ӣояш канда бо худ бурданд ва хамчунин муддати бист сол он санг дар тасарруфи онхо буд то ин ки халифаи фотимии Миср, ки Мунтасир лаКаб дошт ва ӯ низ аз шиаи исмоилия буд аз онхо дархост кард, ки санги муКаддасро ба ӣои худ боз гардонанд.

ФирКаи дигаре ки аз исмоилия баромада д у р у з и я мебошад. Ин фирКа дар асри Х1 аз доираи исмоилияи фотимҳ дар пайравии Мухаммад ибни Исмоили Даразҳ ( ваф.1019) яке аз тарафдорони халифаи фотимҳ ал- Хаким (салтанат аз 996-1021) ба вуӣуд омадааст.Баъзе муаррихони дин Хамза ибн Алиро асосгузори ин фирКа мешуморанд. Вале пайравони ин фирКа худро м у в а х х и д меноманд. Дурузиён ал-Хакимро хамчун имоми хафтум парастиш мекунанд. Даразҳ, ки аз исмоилиёни форс буд ( баъзе ӯро турк гуфтаанд) ба Қохира омада, ба таблиҷи ҷояи худ мепардозад, вале дар он ӣо дастгирҳ пайдо намекунад ва пас аз як вазъгӯие , ки дар масӣиди ӣомеъи Қохира иддаъо мекард , ки дар шахсияти халифа ал-Хаким рӯҳи илохҳ ҳулул кардааст, мавриди таъКиб ва лаънати мусалмонон қарор мегирад ва бо ёрии халифа ал-Хаким ба Сурия мегурезад. Дар ин ӣо ҷояи ин фирКа хамчун идеологияи харакати озодихохии сиёсии мардуми кӯхистони ӣанубии Лубнон хайрхохиву дастгирӣ пайдо мекунад. Пайравони ин фирКа то имрӯз низ дар Лубнон ва Сурия иқомат доранд.

Асоси аКидавии Дурузияро Хамза ибни Алҳ (ваф. баъд аз 1042 ) нихода буд ва онро дар асри ХУ Йамолуддин Танухҳ (1417-1479) такмил намуда аст. Таълимоти космологии онхо ба исмоилия наздикаст, дар он фаКат панӣ зинаи судур аст, хар кадом дар яке аз пешвоёни ин фирКа таӣассум ёфтааст. Масалан, судури аввалро АКл ( ё АКли Кулл) мешуморанд, ки дар Хамза ибни Алҳ таӣассум ёфта; судури дуввум Нафси Кулл аст, ки дар Исмоил ибни Мухаммади Тамимҳ муӣассам шудааст ва ҷ-ра. Таъсири таълимоти зардуштия ва масехия дар ин фирКа хело равшан аст. Он аз ӣумла дар масъалаи боварҳ ба он, ки олам ё хастҳ муносибати мутаКобилаи хайру шар мебошад ва хар асли кайхонҳ асли дигари таззодро ( чун: аКл- шайтон, нафс- нида, нур -зулмат, хикмат- ӣахл)- ро дорад ва боварҳ ба он, ки Худо метавонад дар шакли инсонҳ зоҳир шавад хувайдост. Дурузиён аҳкоми шариатро риъоя намекунан ва дорои зиндагии хело ба худ маҳдуди ба рӯи бегонагон баста доранд. Холо пайравони ин фирКа дар Лубнон, Сурия ,Фаластин ва Кисман Амриқо зиндагҳ мекунанд.

Дар асри Х1 фирКаи дигаре аз исмолия бо номи н и з ор и я ба вуӣуд омад. Ин фирКа инчунин бо номи х а ш ш о ш и я ( ё худ ассосия ) низ маъруф аст. Номи охиринро ин фирКа барои он гирифтааст, ки гӯё онхо Катли хафия ( террор)-ро хамчун усули мубориза бо мухолифон ва душманони худ ба кор бурда, иӣрокунандагони ин хукмро хашиш медодаанд. Асосгзори ин фирКа Хасан ибни Саббохи Химйарҳ буда, номи фирКа бо номи ан-Низор- писари калонҳ, валиахди имом халифи фотимиён ал- Мустансир вобаста аст. Баъди вафоти халифа Мустансир фотимиёни Миср ба ду шоха ӣудо шуданд. Исмоилиёни ИроК, Шом, Хуросон ва Луристон тарафдори имомати писари калонии Мустансир- Низор шуданд ва имомати писари хурдии ӯ Мустаълиро, ки солхои 1090-91 дар натиӣаи зиддиятхои дарборҳ валиахд таъин шуда буд, инкор карданд. Таълимоти низорияро дар Эрон доъии номбурдаи исмоилия Хасани Саббох интишор дод ва тарафдорони зиёде дар Язд, Кирмон ва Табаристону Домҷон пайдо кард. Хулоса баъдан ӯ дар соли 1090 Калъаеро бо номи Аламут дар кӯхистони Албурзи Эрон ба даст оварда, охиста- охиста як давлати нависмоилие барКарор мекунад, ки он аз соли 1090 то соли 1256 давом карда, бо давлати салҷуқиён ва муҷулхо сахт мубориза кардааст.

Таълимоти низория дар аксари маврид бо таълимоти исмоилия монанд аст, ба ӣуз он, ки низория ба тасаввуф таваӣӣӯх намуда, баъзе унсурхои онро дар таълимоти худ дохил кардааст. Низория пайравони худро ба мартабахо ӣудо карда аст. Силсила маротиби низория иборат аст: аз имом, доъии доъиён (доъиюл дуъот), доъии кабир, доъи, рафиК, лосиК, ва фидоҳ. Ду мартабаи охирин танхо зохири таълимоти низорияро медонанд ва ба мартабахои болоҳ тобеъанд. Се мартабаи аввал онхое мебошанд, ки хар кадом ба Кадри манзалати худ аз ботини таълимоти низория огахҳ доранд.

Аксари исмоилиёне , ки то имрӯз омада расидаанд, аз шохаи низория мебошанд. Онхо дар Сурия, Уммон, баъзе махаллоти Эрон ва дар шимоли Афҷонистон зиндагҳ мекунанд. Дар баъзе навохии вилояти Кӯхистони Бадахшон низ пайравони низория ва инчунин н о с и р и я яке аз дигар шохаи исмоилия, ки асосгузори он Носири Хусрави ёубодиёнҳ ба шумор меравад, зиндагҳ мекунанд. Бо хамин суханро дар бораи исмоилия кӯтох намуда, фаКат хаминро хотирнишон карданием, ки ин ӣо мо танхо дар мавриди маъруфтарин фирКахои ислом ва аз ӣумла исмоилия, маълумот додем омӯхтани хамаи фирКахо, шохахо ва ӣараёнхои мазхабҳ, фалсафию сиёсии ислом кори алохидаеро таКозо дорад.\ Муф. ниг. 38\

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222