Таърихи ин вокеа ба бисёр шаҳрҳо пахн шуда буд. Дар шахри Тӯс Фирдавсй ном дехкони* чавоне мезист. у ба ҷамъоварии киссаву ривоятҳое, ки халк дар бораи фарзандони каҳрамони худ эҷод карда буд, машғул мегардид. Киссаву ривоятҳоро навишта мегирифт, афсонаҳои кадимиро ҷамъ меовард ва онҳоро ба назм медаровард. Як вақтҳо ба ин кор Дакикй ном шоири дигаре камар баста буд. Аммо Дакикй вафот кард ва маснавии нотамоми ӯро Фирдавсй ба асари худ дохил намуд.
«Ин достон аз хусуси корнамоиҳои наҷиби аҷдодамон накл хоҳад кард, – орзу менамуд Фирдавсй. – Дар бораи каҳрамонони халкй ва ҷанговарони хайрхоҳу часури он хикоя хоҳад кард». Фирдавсй ба хотири ин достон аз бахри тамоми корҳои хоҷагй баромад. Амлоки ӯ шуразор гашта, баъдтар тамоман аз байн рафт. Омили бочу хироҷ ӯро ҳатто аз андоздихй озод намуд. «Бигзор нависад», – карор дод омил.
Ва, дар ҳакикат, Фирдавсй навишт. у даҳ сол, бист сол, сй сол пайиҳам навишт. Дар оғози
Дар замони Фирдавси заминдорони калонро деҳкон меномиданд. достоннависӣ ҷавон набошад ҳам, ҳоло пир шудааст – ана, ӯ шастсола шуд. Фирдавсй ният дошт, ки достони бузургро ба ягон ҳокими азиме бахшида, соҳиби инъомоти зиёде мегардад ва ба ивази он инъомот ба зодгоҳаш об мебарорад.
Одамони соҳибмаълумот дар тамоми шаҳрҳо бесаброна мунтазири достон буданд. Достон «Шохнома» номида мешуд. Мардум аз қироати порчаҳои достони ҳанӯз нотамом ҳаловат мебардоштанд. Фирдавсй ниҳоят асарашро ба анҷом расонд. Вале дар ин вакт аллакай амири кабир дар Бухоро набуд. Чойи ӯро ҳокими дигари ашаддй – Султон Маҳмуди Ғазнавй гирифта буд.
Маҳмуди Ғазнавй марзу бумҳои беканореро тахти тасарруф дароварда, ҳудуди давлати Сомониёнро ба он ҳамроҳ намуд ва худ ба маснади султонй нишаст. Шахри Ғазнаро пойтахти худ қарор дод.
Дар карибй, дар доманаи кӯҳҳо мамлакати бойтарини кора – Ҳиндустон доман густарда буд. Султон карор дод, ки бар зидди ин мамлакат ҷанг эълон кунад. Ва барои рӯйпӯш намудани мақсадҳои ғоратгарона султон ин ҷанги худро муқаддас, яъне ғазавот эълон намуд. у ҳамаро, ихтиёриёни сарзаминҳои ҳамсояро, барои ҳамроҳшавй ба ғазавот даъват менамуд. Ва ихтиёриёни дар дил нияти ҷангу ғоратдошта, ҳатто аз Хоразм, ба назди ӯ меомаданд. Лашкари Султон Маҳмуд лашкари муктадиртарини Машрикзамин буд. Ҳатто ба ҳайати он филҳои ҷангй дохил мешуданд. Чноварони кавму кабилаҳои мухталиф ва соҳиби забонҳои гуногун бо ҷидду ҷаҳд омехта карда мешуданд, то рӯзе тасодуфан иттиҳод баставу сар набардоранд.
Ғуломон дар Ғазна аз ҳама арзонтарин буданд. Ҳатто гулдонҳои нодири ҳиндй дар кӯчаҳои он ҷой паҳну парешон мехобиданд. Чноварон аз Ҳиндустон моломоли ҷавоҳирот бармегаштанд.
Халифаи Бағдод, ки Султон Маҳмуд тобеи вай буд, ба зердасти худ меҳру муҳаббати тамоме дошт. Султон ба халифа номаҳо навишта, ваъда медод, ки тамоми кофирон, ҳамчунин шиъёну муътазилиён ва намояндагони шуъбаҳои дигари аз дин баргашаро кир мекунад. Ин ваъдаҳо хушку холи набуданд. у бо чунон чидду ҷаҳд онҳоро кир менамуд, ки ҳатто барои ба хок супурдани ҷасади бадбахтон фурсат намеёфтанд. Ба ҳар ойина, вай ягона ҳокими калоне буд, ки барои додани маблағи бештаре кудрату имконият дошт ва маҳз аз ҳамин сабаб Фирдавси достонашро гирифта ба ҳузури ӯ рафт.
Маҳмуд достонро чанд рӯз мутолиа кард. Асари нобиаи «Шоҳнома» маъкулаш нашуд, зеро дар достон афкори даҳриёна хеле зиёд буданд. Ва ба ҳамин сабаб Султон барои Фирдавси маблағи ночизе роҳӣ намуд.
Тангаҳои фиристодаи ӯро Фирдавси ба ҳаммом бурда, дар он ҷой шароб нӯшид ва боқимондаро баробар миёни ҳаммомбон, шарбатфуруш ва саворае, ки инъомро оварда буд, тақсим кард.
Султон худи ҳамон рӯз аз ин вокеа хабардор шуд. у фармон дод, ки шоири муйсафедро пайдо карда, зери пойи филон андозанд. Вале шоир паноҳанда шуд. Уро дар бисёр шаҳру деҳаҳо ҷустуҷӯ намуданд, аммо пайдо карда натавонистанд. Ба ҷойи шоир ҳаҷвияе пайдо шуд, ки Фирдавси онро ба султон равона карда буд. Ҳаҷвия оҳиста-оҳиста аз даҳон ба даҳон мегузашт:
Аз он гуфтам ин байтхои баланд,
Ки то шох, гирад аз ин кор панд.
К-аз ин пас бидонад: чи бошад сухан,
Бияндешад аз панди пири кухан!
Дигар шоиронро наёзорад ӯй,
Хамон хурмати худ нигаҳ дорад ӯй!
Ки шоир чу ранҷад, бигуяд ҳиҷо, Бимонад хиҷо то киёмат баҷо! –
чунин сатрҳо дошт он ҳаҷвия.
Ин таърих интиҳои худро дорад. Бист сол аз он мегузарад. Ҳусайн дар ин муддат аллакай вазири дарбори ҳокими Ҳамадон – Шамсуддавла мегардад. Ва дар хамон солҳо мефаҳмад, ки суханвари нобиа Фирдавси ба зодгоҳаш – шаҳри Тӯс омадааст, то дар он ҷой хок шавад. Дар он замон абёти маснави дар миёни ҳар як зореву сипохи машҳуру маъруф гардида буданд. Ҳатто худи Султон Маҳмуд маҷбур мешавад, ки ба тариқи ҳадя корвони пур аз ҷавоҳиротро барои шоири солхурда фиристад. Аммо дар ҳамон соате, ки корвон аз яке дарвозаҳои шаҳри Тӯс ворид мешавад, тобути Фирдавсиро аз дарвозаи дигар мебароранд.
Чанд маротиба фиристодагони Султон Маҳмуд барои Ҳусайн дари ҳавлии онҳоро куфтанд. Ҳар дафъа ҷавоби онҳоро додари Ҳусайн мегардонд.
-Султони муаззами моён одами баот соҳибмаърифатанд, – мегуфтанд савораҳо. – Дар вақтҳои холи аз юришҳо он кас ҳатто дар боби илоҳиёт китоб менависанд. Хирадмандии эшон дар ин соҳа ба ҳама аён аст.
-Бародарам машғули кор, ӯ банд аст, – чавоб медод Маҳмуд. «Шурбахтам, ки маро ҳамноми султон кардаанд», – меандешид ӯ.
-Султони моён олимон, шоирон ва меъморон, ҳамчунин, фуқаҳо, қонуншиносу мунаҷҷимонро ба гирди худ ҷамъ меоварад. Султони моён савганд хурдааст, ки тамоми кофирон ва шиъёну даҳриёнро қир мекунад. «Кош ки Ҳусайн ба дасти султон наафтад! – фикр мекард Маҳмуд, дар навбати худ ба тарафи саворагон табассуми боадабона намуда. – Вагарна – ё марг ё зиндон».
-Барои чй бародари ту ба хидмати султон намегузарад? – ӯро ба гап медароварданд савораҳо. – Охир, султон ӯро бо меҳру муҳаббат сарафроз мегардонад. Саховати султон нисбат ба онҳое, ки мақсаду нияти ӯро мефаҳманд, беҳадду канор аст!
«Ҳусайн م гоҳ мақсаду нияти ӯро пай бурда наметавонад. у ҳамон даҳриандеша ва шиии комилест, ки шумо беху бунёдашро канданй ҳастед», – меандешид Маҳмуд.
-Вале он касеро, ки аз меҳру муҳаббати султон канорачуй мекунад, тамоми умри дароз ҷазои сахту вазнин насиб хоҳад шуд, – мегуфтанд саворагон.
«Оҳо! – фикр кард Маҳмуд. – Набошад, аз Бухоро баромада рафтани Ҳусайн лозим меомадааст».