Яке аз истеҳсолотҳои тарақи кардаи нимаи дуюми асри XIX истеҳсолоти бофандаги ба шумор мерафт. Бофандаги дар тамоми ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон пахн гардида буд. Дар марказҳои бекигари нисбат ба дигир маҳалҳо маҳсулоти хушсифати бофандаги истеҳсол мекард. Дар байни шахрҳои Бухорои Шарки дар ин соҳа чои махсусро шаҳри Қараоғ ишгол мекард. Алочае, ки дар Қараоғ истеҳсол мекарданд на танҳо дар бекигарии Ҳиссор, балки дар тамоми аморати Бухоро машҳур гардида буд.
Ғайр аз матоҳои абрешими бофандагони Ҳиссор матоҳои пахтагин истеҳсол мекарданд. Марказҳои асосии истеҳсолоти бофандаги Қабодиён. Кулоб, Ғарм, Қалъаи-хумб ба шумор мерафтанд. Дар нохияҳои номбар шуда асосан косибону бофандагон матоъҳои дағали пахтагину ниҳоят вазнин умр ба сар мебурданд. Аз саҳар то бегоҳ дар паси дастгохи оддии бофандаги кор карда, музди мехнати ночизе ба даст меоварданд. Якруза кори онхо 10 тинҳо ташкил мекард.
Кулолгари, ки яке аз қадимтарин ҳунарҳои халки точик мебошад, баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон васеъ пахн гардида буд. Кулолгарон пеш аз ҳама маҳсулоте тайёр мекарданд, ки барои рузгор зарур буд. Ҳунари кулолгари асосан дар Қаротегину Ҳиссор, Дарвоз ва Балчувон инкишоф ёфта буд.
Кулолгари аксаран ба таври мероси аз насл ба насл мегузашт. Дар бисёр маҳалҳои ин нохияҳо касаба ё худ иттиҳодияи ҳунармандон вучуд дошт, ки маҳсулотҳои гуногун истеҳсол менамуданд. Аҳолии маҳали бекигариҳои Ҳиссору Қаротегин ва Кулобу Дарвоз ба ғайр аз истеҳсолоти кулолгари боз ба чубкоркуни, заргари, чармгари ном бароварда буданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …