Главная / Илм / Истилои ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон аз тарафи Аморати Бухоро

Истилои ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон аз тарафи Аморати Бухоро

Осиёи Миёна ҳамчун кишвари аз сарватҳои зеризамини бой кайҳо боз диққати мамлакатҳои сармоядориро ба худ чалб намуда буд. Дар навбати аввал барои ба мустамликаи худ табдил додани Осиёи Миёна Россияи подшохи ва Англия мубориза мебурданд. Хато султони Туркия ва шохи Эрон тайёр буданд, ки ягон порча замин аз Осиёи Миёна ба даст оранд. Ин давлатҳо аз солҳои 20 – уми асри XIX сар карда ба корҳои дохилии хонигариҳои Осиёи Миёна фаъолона дахолат мекарданд.
Аз миёнаҳои асри XIX дар бозорҳои Осиёи Миёна молҳои англиси дохил шудан гирифтанд, ки ин ба танг карда баровардани молҳои Россия аз ин бозорҳо оварда расонид. Ин тахдиди Англия Россияро мачбур сохт, ки накшаи забти Осиёи Миёнаро кашад. Шикаст хурдани Россия дар чни Қрим солҳои 1853 – 1856 хукумати подшохиро водор месохт, ки забткории Осиёи Миёнаро тезонд. Инчунин дар ин солҳо Россияи подшохи ба рохи таравдиёти сармоядори дохил шуда эхтиёчи зиёд ба ашёи хом дошт. Ин манбаи ашёи хомро Россия дар бозорҳои Осиёи Миёна медид.
Солҳои 1862 – 1863 кушунҳои рус амалиёт чорсуна
гузаронида якчанд истехкмро дар Осиёи Миёна забт намуданд. Баъдтар сентябри соли 1864 аз ду самт: Оренбург ва Авули Ато бо сардории генерал Черняев ба ҳучуми қатъи гузашта, Чимкентро ишгол намуданд. Баъд аз ҳучуми қатъи 17 маи соли 1865 Тошканд, 25 майи ҳамин сол Хучанд ва 18 – уми октябри соли 1866 Чизахро забт намуданд, ки амири Бухоро Музаффар аз он чо гурехт. Соли 1868 бошад байни Россияю хонигарии Қуқанд сулҳнома баста шуд, ки мувофиқи он Қуқанд худро тобеи Россия донист.
Баъдтар қувваҳои рус таҳти фармондеҳии Кауфман ба Самарқанд дохил шуда, 2 – юми майи соли 1868 онро ба даст дароварданд. Кауфман як дастаи худро дар ин чо гузошта, ҳучумашро бар зидди амири Бухоро ба тарафи Зирабуллоқ давом дод. Дар ин лаҳзаҳо дар Самарканд таҳти роҳбарии писари амир Музаффар Абдумалик шуриш сар зад. Кауфман аз сар задании шуриши умуми тарсида ба Самарқанд баргашта шуришро пахш кард. Пас аз ин воқеаҳо қушунҳои рус Катақургонро Ургутро ишол намуда. Ба суи Бухоро раҳсипор гардиданд.
23 июли соли 1868 байни Россияи подшоҳи ва Бухоро сулҳ баста шуд. Мувофиқи шартҳои сулхнома тамоми ноҳияҳои аз тарафи кушуни Россия ишол шуда – Хучанд, Уротеппа, Панчакент, Самарқанд, Қатакургон то Зирабулоқ ба ихтиёри Россия гузаштанд. Акнун вай бо давлатҳои хоричи мустақилона муносибат карда наметавонистанд. Бухоро ба хукумати подшохи 500 ҳазор сумм товони чн дод. Савдогарони рус дар Бухоро озодона савдо мекарданд ва сохтани дуконҳои савдо ҳуқуқ пайдо карданд. Ҳукумати амир вазифадор буд, ки бехатари ва озодона амал кардани намояндагони Россияро таъмин намоянд.
Баъд аз ба даст даровардани Бухоро қушунҳои рус бар зидди хонигарии Хева ҳучум карда, онро маҷбур карданд, ки 12 августи соли 1873 бо Россия сулҳ банданд.
Ҳукумати подшоҳи барои идора кардани қисмати ишолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятҳои Сирдарё ва ҳафтруд генерал – губернатории Туркистонро таъсис намуд. Дар сари он генерал – адютант подшохи К. П.Кауфман қарор гирифт. Вай ҳақ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатии барпо намояд, чанг эълон намояд, сулҳ бандад ва монанди инҳо.
Баъд аз байн бурдани истиқлолияти давлати хонии Куканд 19 феврали соли 1876 хоки ба номи вилояти Фарона ба ҳайати кишвари Туркистон дохил карда шуд.
Амири Бухоро Музаффар имкониятҳои худро аз даст дода буд ва дар чустучу ба даст овардани манфиатҳои нав буд. Дар ин лаҳза амир амалиётҳои чангии худро дар қисмати чануби шарқии Осиёи Миёна давом медод. «Амир Музаффар дар ин ноҳияҳо қувваи зиёди худро чамъ намуда, дар охири соли 1866 аввали соли 1867 ба бойсун ва Деҳнав ҳуҷум кард. Дар муқобили у дастаҳои ихтиёрии мулкҳои маҳали ниммустақил бо сардории беки Ҳиссор қарор гирифта буданд.» То истило шуданашон бекигариҳои Бухорои Шарқи худро мулкҳои мустақил ва ниммустақили феодали медонистанд.
Ҳукумати подшоҳии Россия хост ба амири Бухоро ба тарзи чуброн барои қисмати вилоятҳои аз даст додааш дар истило намудани бекигариҳои бухорои Шарқи аз ҷумла ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва марказии Точиистон ёри расонд.
Аз тирамоҳи соли 1868 сар карда амир лашкари яккачини худро ба ноҳияхои Чанубу Шарқии Точикистон (Бухорои Шарки) фиристод. Чангҳои аввалин дар атрофии бекигарии Байсун ба вучуд омаданд. Баъд аз задухурди наонқадар калон беки Байсун гурехта, бекигари ба дасти одамони амир афтод. Дар ин вақт феодалони қисмати Чанубу шарқии Точикистон бо сардории беки Ҳиссор Шодмон, беки Деҳнав Абдулкарим – додҳо ва бо ёрии беки Кулобу Балчувон Сарихон кувваҳои худро дар атрофии Ҳиссор мутаммарказ намуданд. Табақаи хукмрони нохиҳои чанубу шаркии Точикистон хостанд ҳаракати кушуни амири Бухороро ба маркази ҳокимиятиҳои худ роҳ надиҳанд.
Дар аввал ин бекҳо мақсади ташкил кардани дастаҳои махсусе буданд, ки аз писари амир Музаффар Абдул – Малик, ки зидди амали падри худ яъне ба асири ифтихории Россия табдил додани аморат буд. Аз сабаби он, ки хукумати подшохи аз бакои аморат ва дар сари он истодани амир Музаффар манфиатдор буд, хохиш музаффар дар бораи ба у ёри расонидан бечуну чаро ичро намуд. Бо розигии генерал – губернатории Туркистон сардори округи ҳарбии Зарафшон генерал Абрамов бо кушуни худ ба Бухоро омада ба амир ёрии худро расонд. Ҳамин тариқ Абдул – Малик шикаст хурда фирор намуд.
Амир писари дуюми худро Абдул – Малик тураро беки Қарши таъин намуда тамоми кушунҳои худро ба ин чо овард, ки сардори онро Якуббек – кушубеки ба ухда дошт.
Задухурдҳо дар атрофии бекигарии Ҳиссор сар шуд. Тупхонаҳои хурду тараф ҳам заиф буд. Ҳиссориҳо ҳамаги 4 туп доштанд, ки 2 чуяни ва 2 миси буданд. Дар онҳо аслиҳаҳои оташфишон ба миқдори лозими набуд. Бинобар ин дастаҳо аксар вакт ба чанги тан ба тан мегузаштанд. Кушуни Бухоро дар натичаи ҳарбу зарба сахт, хусусан дар мавқеи Амоксой хисориҳоро акиб нишонда, дар қалъаи Дехнав ба муҳосира гирифт. Сипас шабохун зада калъаро ишол намуданд. Сарбозони амир ба қатли оммаи даштангез шӯруъ карда, ҳар каси ба дастонаш афтодаро нобуд сохтанд.
Ба чанде аз Ҳиссорихо ва иттифокчиёни онҳо муяссар гардид, ки ба тарафи Қаротегин, Дарвоз ва Кулоб гурехта, чон ба саломат баранд. Аз он чумла беки Ҳиссор Абдулкаримдодхоҳ ба Кулоб паноҳ бурд. Аммо беки он чо Сарахони сиёсатмадор ӯро бо чанд нафари дигар дастгир намуд, ба амир супорид. Сарахон ният дошт, ки ба ин васила таввачи ҳукумати подшоҳиро ба худ ҷалб мекунад ва беки Кулобро дар дасти худ доронад.
Вале ҳаракати сарбозони амир ба тарафи Шарқ ҳамоно давом мекард. Беки нави Деҳнав Улугбек ба кумаки ӯ шитофт. Онҳо якчоя дар авали соли 1869 аҳолии маҳалиро барои муковимат намудан дар муқобили кушунҳои амири Бухоро даъват карданд. Азбаски Сарихон дар байни мардум шиори машҳури мубориза зидди андозҳои чори кардаи амир вачъ мекард ба зери байрақи у боз сафи ихтиёрони сершумор чамъ омаданд.
Амири Бухоро ва наздикону сипоҳиёнашон ба набардҳои нав дакиқона ва бо тамоми кувва тайёр медиданд, аз чумла бо сардории Якуббек кушуни махсус ташкил дода шуд. Якуббек дастаҳои амалан наозмударо ва силоҳи дуруст надоштани Шерободро, ки Остонакулби сардори мекард акиб гирифта, аз Сурхандарё гузашт. Тамоми сарзамини Ҳиссорро ба харобазор табдил дода, сипас роҳи Балчувону Кулобро пеш гирифт. Ҳар як ҳамлаи сарбозони Бухоро ба орату шаҳру деҳот ва катли мардуми бегуноҳ тамом мешуд.
Дар як худи Ҳиссор 5 ҳазор касс ба қатл расонида шуд.
Амалдороне, ки аз тарафи амир Музаффар дар вазифаҳои баланд дар ин минтақаҳо ба сари мансаб меомаданд бо зулму истибдод дар байни мардуми тухми кинаву адоватро мекоштанд. Дар минтақаҳое, ки аморат онҳоро забт карда буд, ки дар байни узбекон сари ҳар чанд вакт норозигиҳо ба вучуд меомаданд. Дар байни мардуми Балчувон, Кулоб ва Кургонтеппа Сарихон, ки ба Афғонистон фирор карда буд, шуҳрати калонеро соҳиб гардида буд. Вай барои ба сари ҳокимият баргаштанаш ва пеш кардани бухориён аз Кулобу Балчувон лаҳзаҳои мусоидро дарёфтани мешуд.
Зиёда аз2 ҳазор ошубгарон калъаи Балҷувонро муҳосира намуданд. Абдулкарим тарсида ба Ҳиссор гурехту Ошубгарон калъаи бекро гирифта дохили он гардиданд. Молу мулки бекро ва амалдоронро мусодира намуданд. «Абдулкарим аз беки Кулобу Ҳиссор ба воситаи мактуб ёри пурсид, то ин ки дар пахши ин ошуб ба вай ёри расонд. Беки кулобу Ҳиссор ба вай як гуруҳ фиристоданд ва дар пахши ин шуриш ба Абдулкарим мусоидат намуданд. Баъди задухурдҳо як кисми иштироккунандагони шуриш ба тарафи Дарвоз, ки тобеъи ҳеҷ хонигарию аморат набуданд, гурехтанд. Куиунҳои Ҳисору Кулоб як қисми шуришгаронро дастгир намуда ба қатл расониданд. Баъд аз ин Абдулкарим ба Балҷувон баргашт.
Сарбозони амир касеро амон надода, ҳатто аҳолии шаҳру кишлокҳои муқобилат накардаро ҳам несту нобуд мекарданд. Аз мулкҳои истило шуда, бо номи “амонпули” хироҷ ҳам меситонданд. маблаги аз ҳад зиёде, ки ба ин роҳ ба даст омада буд, барои афзудани сарвати саркардаҳои феодалии Бухоро сарф гардида, қисми зиёди он ба амир фиристода шуд.
Баъд аз задухурдҳо, бахори соли 1869 бекигариҳои Ҳисору Кулоб ва води Вахш аз тарафи қушуни амири Бухоро бо сардории Якуббек кушбеги шикаст хурданд, ки дар ин кор саҳми ҳукумати подшоҳии рус низ буд. Дар охири соли 1869 аморати Бухоро мавқеъи худро дар кисмати бекигариҳои ҳамвор- Ҳисор, Кулобу Балҷувон мустаҳкам намуд.
Хабари забт намудани ноҳияҳои ҷанубу шаркии Тоҷикистон аз тарафи амири Бухоро ба Хева расид. Дар моҳи январи соли 1870 сафири Бухоро ба Хева омад.
Дар айни ҳол аморати Бухоро амалиёти истилоҳкоронаи худро дар кисмати ҷанубу шарқии Осиёи Миёна идома медод. Акнун навбати зарба задан ба Дарвозу Қаротегин расида буд. Ин мулкҳо дар ин вакт таҳти нуфузи давлати хонии Қуқанд воқеъ гардида буданд.
“Раҳимшо аз задухурдҳо дохили истифода бурда, ҳокимияти Қаротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавқеъи худ бо амир чоплуси карда ҳаргоҳ тобеъияти худро ба аморати Бухоро эътироф менамуд”.
Ин ҳолат боиси ба вучуд омадани боз як ихтилофи байни Бухорову Қуқанд гардид. Ҳарчанд хукумати он вақтаи Куқанд Худоёрхонро амири Бухоро Музаффархон ба тахт нишонда буд, муносибати ин ду давлати Осиёи Миёна беш аз пеш тезутунд шуда, ошкоро ранги душманонона мегирифт. Дар сарҳади Қаротегин задухурдҳои сахт ба амал омада дар онҳо қувваҳои аскарии аморати Бухоро ва давлати хонии Қуқанд иштирок намуданд. Бо вучуди ин вазъият назар ба 10-15 солипеш аз ин як андоза дигар гардида буд. Пештар чангҳои байни Бухорою Қуқанд солҳои дароз давом мекард. Аммо ҳоло дар солҳои 60-ум ва ибтидои соли 70-уми асри XIX дар Осиёи Миёна Россияи подшохии сохибихтиёр гардида, Бухорову Куқанд ба валлади он табдил ёфта буданд. Ҳар як чангу чидолу байни аморат ва давлати хони ба эътибори империяи Россия зарар мерасонид. Илова бар ин, доираҳои ҳукумронии Петербарг ва Тошкент, ки Туркистонро ба тахти назорат ва тасарруфи худ дароварда буданд, ба инкишофи робитаҳои тичоративу иктисодии байни вилоятҳои хонии ин сарзамин аз руи манфиатдории худ тавачуҳ зохир менамуданд. Ба ин ваҷҳ вақти, ки дар аввали соли 1870 дар Қаротегин миёни сарбозони Бухорову Куқанд задухурд ба амал омад, генерал-губернатори Туркистон Кауфман мачбур шуд ба амир мурочиат намояд ва уро огоҳ кунад, ки аз чанги зидди давлати хонии Қуқанд даст кашад.
Соли 1875 хони Қуқанд бо фармони генерал-губернатори Туркистон аз Қаротегин даст кашид.
Вазъият як муддат ба ороми ру овард. Ҳокими Қаротегин Саид Муҳаммаддиншо ҳаракат мекард, ки истиқлолияти мулки худро таъмин намояд, вале ин майли у мавриди писанди маъмурияти Туркистон қарор нагирифт.
Ҳукумати подшохи бо мақсади мустахкм кардани мавқеъи худ дар маҳалҳои роҳи Помир ва аз ҷиҳати маънавию сиёси расонидан ба водии Олай экспедиция фиристод. Дар охири июл ва августи соли 1876 генерал Скобелев, ки нахустин губернатори ҳарби Фарона таъин шуда буд, дар сари як дастаи калон, ки ба ҳайати он ғайр аз ҳарбиён, донишмандони чугрофия, табиатшиноси ва нуҷум (Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Бонидоров ва гайрахо ) дохил мешуданд ба самти кухдоманҳои Помир раҳсипор гардиданд.
Ин экспедитция мебоист таъкид мекард, ки хукумати подшохи идомадиҳандаи ҳаки хонии Қуқанд ба нохиҳои куҳистони Помир мебошад. Ғайр аз ин вай ба ҳокими ниммустакили мулки феодали Қаротегин Саид Муҳаммаддиншо бояд хотирнишон менамуд, ки қаламравии у барои аскарони Россия комилан дастрас аст. Дере нагузашта Саид Муҳаммаддиншо барои “гарданкашиаш” аз ҳокимият махрум гардид ва ба чои у Рахимшо, ки то ин вакт дар Бухоро мезист ва хукумати подшохи ба садоқаташ бовари дошт, гузошта шуд.
Дар нимаи дуввуми солҳои 70-ум амири Бухоро ба тарафи Қаротегин кушунҳои худро фиристод. Баъди муваффакиятҳое, ки дар натиҷаи походхои Дехнав, Ҳиссор, Кулоб кушуни амир Музаффар ба даст овард мамнун гардида, тирамоҳи соли 1877 таҳти сарварии Худойназар- додхоҳ ба тарафи Қаротегин хуҷум овард. Дар натича худи ҳамин сол ( 1877 ) Қаротегинро пурра тобеъи худ
гардониданд. Раҳимхон бо фиреб дар Бухоро кушта шуд, ба чои вай Худоназар атолик беки Қаротегин мешавад.
Ҳамин тариқ Қаротегинро ба катори мулкҳои худ дохил намуда амир барои ба даст овардани яке аз бекигариҳое, ки то ҳол худро мустакил мешуморид, яъне Дарвоз ҳуҷум кардани шуд. Агар мулкҳои душворраси ғарби кухистони Помирро назар нагирем Дарвоз охирин мулки сохили рости дарёи Панч, ба шумор мурафт.
Бо супориши генерал-губернатори Туркистон ба қувваҳои чарби равона сохт, вале хаёли ба тези забт кардани Дарвоз хом баромад.
Вале ин хиёнат иродаи мардуми Дарвозро шикаста натавонист. Онҳо ба муқобили истилогарон мардонавор чангида, аввал як дастаи начандон калони бухоригиҳоро, баъд қушуни якунимҳазораро, ки бо туп мусаллаҳ буда, бо сардории Худойназар додхоҳ ба суи онҳо ҳаракат мукард, торумор намуданд. Дар ин Худойназар додхоҳ ва чанде аз саркардаҳои у ярадор шуданд. Қисми зиёди аскарони ба ин самт фиристодаи амир нобуд гардиданд.
Муқовимати қаҳрамононаи мардуми ватанпарварии Дарвоз ҳамаи ноҳияҳои аз тарафи аморати Бухоро истило шудаи чанубу шарқии Осиёи Миёнаро ба чунбиш овард. Амир Музаффар бо мақсади пешгири намудани шуришҳои умуми фавран дар ибтидои соли 1878 ба ин маҳалҳо қувваи зиёди аскари фиристод, ҳатто худи амир нияти шахсан ба он сардори карданро дошт. Ин қувваи аскари дар навоҳиҳои Кулоб, Балчувон ва Қаротегин чой гирифт, як дастаи сершумор ба қалъаи Ғарм низ гузошта шуд, то ки бо расидани баҳорон ва аз барф тоза шудани ағбаҳо ба Дарвоз ҳамла намояд.
Барои истило намудани Дарвоз аз аморат бо сардории Муллодавлатдодхоҳ қувваи зиёди ҳарби фиристода шуд, ки он ба қувваҳои Худойназар-додхоҳ муттаҳид карда шуд. Баҳори соли 1879 ҳучум ба Дарвоз сар шуд.
Худойназар-додхоҳ аз руи нақша амал намуда, мудофиакунони Дарвозро ба ақибнишини мачбур сохт ва қалъаи хеле мустаҳкам Кафтархонаро ба муҳосира гирифт. Бухориҳо дар чангҳои сахт талафоти зиёде дода, ниҳоят Кафтархонаро ишгол намуданд ва пас аз он ба карияи асоси Дарвоз Қалъаи-хумб ва водии Ванч, равона шуда, он чойҳоро ҳам забт намуданд. Муқобилияти дарвозиҳорро барҳам зада миригарии Дарвозро шикаст дода, муборизаи
асоратнописандонаи мардуми ин диёр бо ҳамин қатъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фуру нишондани муқовимати сокинони баъзе маҳаллаҳои Дарвоз боз ба харч, додани чаҳду кушишҳои пур аз заҳмату ранч, лозим омад.
Ба Худойназар-додхоҳ муяссар нагардид, ки роҳбарони муқовимати воқеаҳои Дарвоз-писарон ва бародарони Сирочиддинро дастгир намояд. Онҳо бо ҳамроҳии наздиконашон, ки қариб 100 нафарро ташкил медоданд, ба воситаҳои Шнон ба водии Фарғона ба Уч-Курон гурехтанд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аҳолии водии Ванч, ба муқобили истилогарон бебокона мубориза мебурданд. Онҳо дар қалъаи дастнораси Рошорв ба камин нишаста, ба душман зарбаҳои сахт мерасониданд. Фақат пас аз он, ки озуқа ва муҳимоти қалъанишинон ба охир расид ва ҳамчунин саркардаҳои феодали ба амир фурухта шуда ба таслим қарор доданд, Рошорв дарвозаи худро ба бухориҳо боз кард. Аксари чанговарони муҳофизитчиён куҳистон ба таслим сар нафароварда, бо роҳҳои махфи ба соҳили чапи дарёи Панч, ба Афонистон гузаштанд. Сарбозони амир ҳам бо нияти дастгир кардани онҳо ба он суи дарё гузашта дар канори чанубии он мавқеъ гирифтанд. Ба ин сабаб он маҳалҳое, ки сарбозони амир дар он суи дарё қарор гирифта буданд,”Дарвози паси Панч,” номида шуд.
Ҳукумати амири муқовимати Дарвозиҳоро комилан бартараф карда, заминҳои онҳоро ба қаламрави худ даровард ва Раҳмонбекқулро ҳоким таъин кард. Табиати озодиҳои ва истиқлолталаби аҳолии маҳалиро ба эътибор гирифта, дар ихтиёри ҳоким дастаи сершумори сарбозон, ки шумораи онҳо ба 1300-1500 мерасид гузошта шуд.
Ин сарзамин ишголкардаи аморат, ки акнун номи “Бухорои Шарқи”-ро гирифт. Дар давоми чангҳои истилокорона чунон зарар дид, ки то дер гоҳ ба худ омада натавонист.
Чунин манзараи ҳуснангезро дар бисёр шаҳру деҳаҳо дидан мумкин буд. Шаҳру деҳаҳое, ки баъди чангу чидолҳои солим мондабуданд ва усули фалокатбори идораи хукумати феодалии аморати Бухоро ба таназзули ру оварда, ҳамрохи сокинонашон курбони ҳамлаҳои харобкоронаи ҳокимони харису вичдонфуруш ва торочгариҳои амлакдорону чамъкунандагони хироч, гардиданд.
Баъди истилои нохияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон тамоми вазнинии сохти давлатдории кухни аморат ба души мардуми қашоқу камбағали кухистони Каротегин Дарвоз афтид.
Хулоса, Бухорои Шарки аз чиҳати омодаги ба муқовимат, вахдат ва таҷхизоти модди ҳануз ба дарачаи лозими қувват пайдо накарда буданд. Феодалону намояндагони табақаи болои бошад, мисли одати ҳамешагии худ, барои нигоҳ доштани мавкуьҳои имтиёзнокашон дар айнисахтии мубориза ба тарафи истилогарон гузашта, ба кори умум хиёнат мекарданд. Ғаразҳои синфии онҳо нисбат ба эҳсосоти миллию ватандустиашон кавитар буд. Ҳукуматдорони амир ин заифии бекҳоро истифода бурда, онҳоро ба тарафи худ моил сохтанд. Ҳамчунин тарафдори ва дастгирие, ки аморати Бухоро аз империяи Россия медид дар барори истилокориҳои он аз аҳамият холи набуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222