Яке аз ташкилоти оммавитарини чамъиятии Точикистон Иттифокдои касаба мебошад. Ин ташкилот коргарон ва хизматчиён миллатҳои гуногунро дар соҳахои гуногун муттахид менамуд. Дар Точикистон аввалин ташкилоти ибтидоии Иттифокдои касабаи мохи марти соли 1917 дар стансияи рохи оҳани Хучанд ташкил ёфтанд.
Мохи марти соли 1919 дар шахри Тошканд Анчумани якуми Иттифоки касабаи Ч.МШС Туркистон барпо гардид. Анчуман Ойиннома кабул намуда вазифаҳои ташкилотро муайян кард.
Дар Точикистони Шимоли ва Помир Иттифокдои касаба пештар дар кисми бокимондаи Точикистон бошад баъдтар таъсис ёфтанд.
Мохи апрели соли 1926 дар шахри Душанбе Анчумани якуми Иттифокдои касабаи Умуми Точикистони даъват карда шуд. Дар чумхури комитетҳои маҳали, касаба амал мекарданд, ки 3687 аъзоро аз хисоби батракҳо муттахид мекарданд. Иттифокхои касаба ташкилотхои оммавитарини гайрихизбии чамъияти буданд. Ташкилотҳо дар мустахкм намудани Ҳокимияти Шӯрави, саноатикунони, барпо кардани сохти колхози ва корҳои тарбияви-оммави накши калон бозиданд. Мутаасифона онҳо аз роҳбарияти хизби озод набуданд.
Дар ҷумҳури инчунин дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯрави ташкилотҳои дигари чамъияти ба монанди ташкилоти оммави шӯъбаи занон таъсис ёфтанд. Дар назди ин ташкилот вазифа гузошта шуда буд, ки шуури худшиносии занонро баланд бардошта, онхоро ба ҳаёти чамъияти чалб намояд. Бо ташаббуси ин ташкилот соли 1927 маъракаи «хучум» барои аз байн бурдани фаранчи сар шуд, саҳми ин ташкилот дар озод шудани занон аз ҳуруфотҳои асримиёнаги ва ба мехнати фаъол чалб намудани онҳо хеле калон аст.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …