Главная / Илм / Каффорати руза

Каффорати руза

Каффорат чаримаест, ки барои чуброни рузаи фосидшуда муайян
шудааст ва он бо дарназардошти ҳолатҳои молй ва чисмии шахси рӯ-
задор ба се навъ таксим мешавад:
1. Озод кардани як ғулом;
2. Агар ба озод кардани як ғулом кодир набошад, ду моҳ пай дар
пай руза бигирад;
3. Агар кудрати руза гирифтан ҳам надошта бошад, пас ба шаст
мискин барои субҳу шом таом диҳад.
Гар касе касд кард дар хурдан,
Ба наҳору мучомаат кардан.
Шаст мискинро таом бояд дод,
Ё яке банда карданаш озод!.
Ё ду моҳ руза паёпай дор,
То шавй аз ҳаёт бархурдор!.
Каффорати руза вакте бар шахс вочиб мегардад, ки рузаи моҳи
Рамазонро бо яке аз се мамнуоти катъй: хурдан, нушидан ва ҳамбиста-
рй фосид намуда ва дар вай шартҳои зерин фароҳам омада бошанд: 1.
Синну сол ва шароити дигари таклиф дар вай мавчуд бошанд, 2.
рузаи моҳи Рамазонро аз шаб ният карда бошад, 3. пеш аз фосид на-
мудани руза ва ё баъд аз он чизе аз узрҳое, ки ифторро чоиз мегардо-
нанд, ба вучуд наомада бошад, 4. бо икроҳ ва мачбурй набошад, 5. кас-
дан ва бе фаромушй сурат гирифта бошад, 6. хато накарда бошад ва
ҳамчунин дар ҳолати изтирорй карор надошта бошад.
Бинобар ин, кудаки ба балоғат нарасида ва ҳамин тавр болиғе, ки
пас аз дамидани субҳ нияти руза карда бошад, агар рузаашонро фосид
намоянд, бар онҳо каффорате вочиб намегардад. Шахси рузадор агар
сафар намояд ва пас аз он рузаашро бихурад, бар вай каффорате во-
чиб намегардад, зеро сафар аз узрҳои шаръие аст, ки хурдани руза бо
он чоиз мегардад. Ва ё пас аз он ки рузаашро касдан хурд, бемор
шавад ва зан ҳайз бинад, дар ин суратҳо низ бар вай каффорате воҷиб
намегардад, зеро ҳоло барояш шароите пеш омадааст, ки ногузир рӯ-
заашро мехурад.
Ҳамчунин агар рузадореро маҷбуран бихуронанд ва ё бо фа-
ромушй ва ё ба ваҷҳи хато ва ё дар ҳолати изтирорй рузаашро би-
хурад, дар ин ҳолатҳо низ бар вай каффорате воҷиб намегардад. Хато
ин аст, ки масалан, шахсе ба гумони ин ки ҳанӯз субҳ надамидааст, са-
ҳарихуриро идома диҳад ва баъдтар маълум шавад, ки субҳ кайҳо да-
мидааст ва ё дар рузи абрй ба гумони ин ки офтоб нишастааст, ифтор
намояд ва пас аз каме маълум гардад, ки ҳанӯз офтоб нанишастааст. Ё
дар вақти вузу даҳонашро обгардон намояд ва миқдоре об ба ҳалқаш
фуру равад.
Ин корҳо аз вай на қасдан сурат гирифта ва на саҳван – бо фаро-
мушй сар задаанд, зеро дар тамоми ин суратҳо рузааш дар хотираш
буд, вале дар суратҳои аввал дар таъйини дақиқи дамидани субҳ ва ё
нишастани офтоб ба хато роҳ додааст ва дар сурати ахир миқдоре об
ба таври хато ба ҳалқаш фуру рафтааст.
Дар тамоми суратҳои зикршуда, ба ҷуз кудаки ба балоғат нараси-
да, қазо ҳатман бар шахс воҷиб мегардад, вале каффорат надоранд.
Зеро каффорат аз ҷониби шаръ дар сурати камоли ҷиноят дар фосид
намудани руза пешбинй шудааст ва он бо таҳаққуқи шартҳои номбур-
да ба вуҷуд меояд.
Чй тавре мушоҳида мешавад, барои ҷуброни рузаи фосидшуда
дар моҳи Рамазон илова бар қазои он рузе, ки фосид шудааст, дар
маҷмуаи қонунгузории шаръ ҷаримае ҳам бо номи каффорат пешбинй
шудааст, зеро дар ин ҳолат ҳатки ҳурмати моҳи Рамазон – фаризаи ху-
довандй – ва беэҳтиромии ошкоре нисбат ба муқаддасоти Ислом су-
рат гирифтааст. Вале аз он ҷо ки ин чорабинй ба унвони ҷарима ва ба
сурати ҷазое пешбинй шудааст, шариат доираи онро хеле маҳдуд на-
муда, ҳолатҳои воҷиб гардидани онро бо шартҳои амалие вобаста
кардааст, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягй кам ба вуқӯъ меоянд.
Ба ин маъно, ки каффорат вақте бар шахс воҷиб мегардад, ки дар
моҳи Рамазон рузона қасдан бе ҳеҷ гуна узри шаръй ва ё шубҳае аз
вуҷуди узрҳо рузаашро, ки тамоми шартҳои камол дар он таҳаққуқ
ёфта бошанд, бо яке аз се мамнуоти руза: хурдан, нушидан ва ё ҳамбис-
тарй ба таври комил фосид намояд. Аммо агар камоли шаръй дар яке
аз ашёи номбурда мавчуд набошад, масалан, аз шаб нияти руза накар-
да бошад ва ё рӯз ҳанӯз равшан нагашта бошад, яъне шубҳаи бакои
шаб ӯро ба ин кор водошта бошад ва ё пеш ё пас аз фосид намудани
руза яке аз узрҳои шаръй барояш пеш ояд ва ё амали ҳамбистариро
дар чои худ анчом надиҳад ва ё чизеро, ки хурда ва ё нушидааст,
маъмулан аз ашёи хурокй ва маводи доруй набошад, ба монанди фуру
бурдани сангреза, гарду ғубор, пашша ва ғ., дар тамоми ин суратҳо
каффорате бар шахс вочиб намегардад.
Шоёни зикр аст, ки хукми каффорати рузаи мохи Рамазон бо сун-
нати Расули Худо (с) собит шудааст. Ривоят шудааст, ки: «Марде ба
назди ва гуфтг: Эй Расули Худо (с), ҳалок гардидам.
и Рамазон ба занам؛Гуфт: Чй и туро ҳалок сохт? Гуфтг:
.Гуфт не карда о٥؛Фармуд: Оё гуломеро оз дикй
Фармуд: Оё паёпай р а метавонй? Гуфт: Не. Фармуд:
Оё ч е меёбй, ки шаст таом Гуфт: Не. Пас аз он би-
нишас (Дар ин вакт) ба (с) сабади хурмое оварба
Фармуд: Инро бигир ва садака кун. Гуфт: Оё бар фақиртар аз
дам? ба Худо, бар миёни доманае, ки шахри Мадинаро бар
ихотаи гирифтаанд, лхточар ба он аз байти
вучуд надорад. Паёмбар (с) хандид, то он ки дандонуои пешаш намудор
гаштанд, он гоҳ фармуд: Бирав ва о٠нро ба аҳли бидеХ(».  
Вале навъҳои дигари каффоратҳо: каффорати зиҳор, каффорати
катли ба хато, каффорати савгандшиканй ва каффорати катли сайди
Ҳарам дар вакти эҳром бо насси куръонй собит шудаанд. Каффорати
зиҳор бо оятҳои 3 ва 4 сураи Муҷодала, каффорати катли ба хато бо
ояти 92-юми сураи Нисо, каффорати савгандшиканй бо ояти 89-уми
сураи Моида ва каффорати катли сайд бо ояти 95-уми сураи Моида
собит шудааст.
Каффорати рузаи моҳи Рамазон бо суннат собит шуда ва насси
сареҳ дар ин замина танҳо ҳолати муҷомаат ва ҳамбистариро дар бар
мегирад, вале машоихи ҳанафй ҳукми каффорати ифсоди руза ба ва-
силаи хурдан ва нушиданро бо киёс ба он собит намудаанд. Зеро ҳар
се мамнуоти катъии руза: хурдан, нушидан ва ҳамбистарй бо оят му-
айян гардидаанд. Аммо аз он ҷо ки насси каффорати руза танҳо ҳола-
ти ҳамбистариро дар бар мегирад, бузургони шофеъй каффоратро дар
боби ифсоди руза танҳо ба ҳамон мавриди нас(с) маҳдуд дониста ва
дар мавриди ифсоди руза бо хурдану нушидан ҳеҷ гуна каффоратеро
воҷиб нагуфтаанд.
Тафсили баъзе масоили ин боб дар фаслҳои баъдй баён мегардад
ва суратҳои гуногуне дар ин бора зикр мешаванд, вале дар баъзе мав-
ридҳо барои дарки дурусти ин масоил беҳтар аст ба коршиносони со-
ҳа ва донишмандони фиқҳ муроҷиат шавад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222