Главная / Илм / КАЛИСОИ ИТТИҲОДИ САН МЯН МУН

КАЛИСОИ ИТТИҲОДИ САН МЯН МУН

Ҷамъияти рӯҳи муқаддас оид ба иттиҳоди насрониёни ҷаҳон соли 1954 дар Куриё (Корея) аз тарафи Сан Мян Мун (тав. 6.01.1920) ташкил Мувофиқи иддаои С. Мун ӯ дар 16-солагӣ ваҳй дарёфта, ки хабар медиҳад, Эсои Масеҳ рисолати наҷотбахши худро натавонистааст иҷро кунад ва ин рисолат ба дигар кас, яъне ба ӯ – С. Мун муҳаввал гардида. С. Мун даъвии нубувват дорад, худ ва дини худро арзандатарин инсон ва адёни муосир медонад. Сухани ӯст:“ Ман пешопеши ҳамаи оламам. Ман, фикр мекунам, ки ман аз ҳама муваффақтарин мубаллиғон ва муқаддасони фиристодаи Худоям.” С. Мун муддаӣ аст, ки бо Яҳёи Таъмидгар ва Эсои Масеҳ мулоқот карда ва таъкид низ мекунад, ки ӯ аз онҳо ҳеҷ камӣ надорад.

sunmyungmoon-070226Мӯҳтавои таълимоти Калисои Иттиҳодро омехтае аз таълимоти ба ном насронӣ ( яъне таълимоте, ки ӯ ба Масеҳ нисбат медиҳад, вале дар асл он масеҳӣ- насронӣ нест), унсурҳое аз зӯҳд (мистика), фалсафа ва унсурҳои харизмавӣ (таълимот оид ба қобилияти фавқулода дар раҳбариву пешвоӣ) ташкил мекунад. Пайравони Мун ақида доранд, ки Библия “ асли ҳақиқат нест, балки китоби дарсӣ аст, ки дар асоси он ҳақиқатро меомӯзанд. Эътибори ҳақиқӣ барои пайравони ин мазҳаб таълифоти Мун ва пеш аз ҳама китоби “Усули Илоҳӣ” ва “ Корбурди Усули Илоҳӣ” доранд. Мувофиқи таълимоти Мун, Худои Ягона падари ҳамаи инсоният (миллатҳо) аст, ки аз вуҷуди Худ дар динҳои яҳудия, насрония, буддоия , ислом ва ғ- ра хабар дода. Акнун вақти бунёди худои зинда берун аз марзи динҳои суннатӣ расидааст.

Як қатор муҳақиққон бар он ақидаанд, ки таълимоти С. Мун унсурҳои суннатии динҳои шарқиро дорад, чунки мӯътақид аст қудрати илоҳӣ асосан аз тариқи ду нерӯ: мардона ва занона, мусбӣ ва манфӣ зуҳур мекунад. Тафсири Мун аз чигунагии нахустгуноҳ назар ба назарияи динҳои сомӣ фарқ мекунад. Мувофиқи ақидаи ӯ Одам ва Ҳаво мебоистанд аз тариқи насли худ Салтанат ё Ҳукумати Илоҳиро дар рӯи Замин барқарор кунанд. Вале Ҳаво ба фиреби Шайтон дода шуда, бо вай даромехт, яъне зино кард, аз он Қобил ба дунё омад. Пас аз он бо Одам хуфт ва Ҳобилро таваллуд кард. Дар натиҷа Одаму Ҳаво ҷисману рӯҳан гунаҳгор шуданд ва нақшаву барномаи Худо вайрон шуд. Онро бояд “Одами сонӣ”- Эсои Масеҳ барқарор мекард. Мун Худо будани Эсои Масеҳро инкор мекунад, вайро Инсоне мешуморад, ки омодааст, то зан гирад ва фарзанд орад вале пеш аз анҷоми ин кор кушта шуд. Мун зарурати зуҳури “Одами сеюм”-ро барои иҷрои барномаи Илоҳӣ наҷоти ҷисмонии инсон, аз тариқи издивоҷ ва эҷоди нажоди инсонҳои бегуноҳ тарғиб мекунад. Зимнан Мун амалан худро он “Инсони Сеюм” мешуморад.

Ин аст, ки тибқи ақидаи Мун таърихи инсоният аз се марҳала ташаккул ёфтааст. Марҳалаи “асри Аҳди Қадим”, “асри Аҳди Ҷадид” ва “асри Аҳди Хотима”. Дар ҳар қарн худованд мувофиқи сатҳи маънавии одамон бо истифода аз пайғамбарон ва масеҳони гуногун аз Худ хабар медиҳад. Марҳалаи аввал ва сонӣ “ҳақиқат”-и худро дар Библия ёфтаанд. Соли 1960 оғози марҳалаи ниҳоӣ- асри “Аҳди Хотимавӣ” мебошад. Мун ақида дорад, ки Эсо калисоро бунёд кард ва дар он ташкилоте (на салтанати Илоҳи)-ро созмон дод. Мақсади “ Калисои Иттиҳод” бунёди он “Салтанати Илоҳӣ” дар рӯи Замин аст. Дар ин роҳ чун монеаи асосӣ, аз нигоҳи ӯ, нажодпарастӣ, ҷангҳо, қашшоқӣ ва дигар фоҷиаҳои иҷтимоӣ мебошад, ва чун дар Калисои Иттиҳод аҳамияти якумдароҷа на ба такомули ахлоқи фардӣ балки ба амалиёти фаъоли иҷтимоӣ дода мешавад, он калисо фаъолияти бузурги соҳибкорӣ низ мебарад. Ин аст, ки калисои Мун дорои корпоратсияҳои истеҳсолоти хӯрокворӣ, моҳидорӣ, истеҳсоли компютерҳо, техникаи тиббӣ мебошад. Ҳазрати Мун истеҳсолотро пайдовари асосие медонад, ки дар рӯи он “Салтанати Илоҳӣ” бунёд мегардад.

Калисои Иттиҳод дар тамоми олам чун як “оила” амал мекунад. Дар он аҳкому маросимҳои зоҳирӣ вуҷуд надорад. Муҳимтарин асл дар таълимоти Мун ин инсонҳоянд, ки ба дигар инсонҳо ғамхорӣ мекунанд. Аъзоёни калисо ба ҷамъияти динӣ пулу дороии худро хайру садақа мекунанд. Мақсади асосии аъзоёни калисо дарёфти “таваллуди нав” ва иштироки фаъол дар бунёди Ҳукумати Илоҳӣ мебошад. “Калисои Иттиҳод”- воқеан ташкилоти хеле инкишофёфта мебошад, ки қодир аст, бо динҳои суннатӣ рақобат кунад. Вай ба ин мартаба ва сатҳ аз ҷамъияти хеле хурд – маросимҳои харизматикӣ, пас аз гузаштан аз ҳама марҳилаҳои ташаккули дастгоҳи калисо расидааст.

Мун бо мақсади бунёди одамони бегуноҳ “маросими издивоҷ”-ро кор кардааст. Баъд аз 2-7 сол зистан дар он ҷамъият, мӯъминон метавонанд барои интихоби ҷуфт муроҷиат кунанд. Худи Мун ҷуфтҳоро интихоб мекунад. Одатан ҷуфтҳо аз нигоҳи нажоду миллат омехта интихоб мешаванд. Пас аз он “Маросими шароб”, ки ҳар ҷуфт коктейлеро, ки дар таркибаш хуни Мун ва зани ӯст менӯшанд. Маросими шароб рамзи номзадист, ки аз чанд рӯз то чанд сол тӯл мекашад. Марҳалаи дуюм маросими ризояту фотиҳа. Он дар иҷтимоъ, одатан, дар варзишгоҳ (стадион) мегузарад, чун ки дар як вақт як чанд ҳазор ҷуфт фотиҳа мешаванд. Баъд аз ин ҷуфтҳо 40-рӯз ҷудо мешаванд – давраи фироқ, танҳо баъд аз ин маросимҳо ҳаёти оилавии онҳо шурӯъ мешавад. Маҳз чунин усули никоҳу издивоҷ , ба ақидаи мунистҳо, метавонад Салтанати Илоҳиро дар замин барқарор кунад.

Ҳамчунин онҳо “Қонуни ҷуброн”-ро тарғиб мекунанд, ки мувофиқи он мӯъминон пеш аз он, ки Худо онҳоро бахшад, ақаллан қисмате аз қарзи гуноҳи худро бояд бипардозанд. Наҷотро аз тариқи рӯзадорӣ, ҷамъоварии маблағ барои калисо, ҷалби аъзоёни нав ба калисо ва дигар корҳо метавонанд, касб кунанд. Ҳамчунин бо усули истифода аз шароити мушкили иқтисодии кишварҳои ақибмонда ва СНГ аз тариқи кӯмакҳои моливу пулӣ, тиббӣ ва ташкили тимҳои варзишӣ ба калисои худ аъзоёни навро ҷалб мекунанд.

Аъзоёни навро бо усули сахти қлассикӣ “шуштушӯи мағзӣ” медиҳанд, онҳоро ба қурбонӣ овардан барои калисои худ, ба канорагирӣ аз оила, дӯстон ва ҳамаи олам водор мекунанд.

Таблиғи таълимоти Мунро на танҳо калисоҳои ӯ, балки чандин ташкилоту созмонҳои мустақил аз он калисо чун: “Тарҳи ваҳдат”, “Юриши салибӣ барои ҷаҳони мутаҳид”, “Инкишофи маорифи нав”, “Фонди байналмилалии фарҳанг”, “Ассотсиатсияи дастҷамъӣ оид ба таҳқиқи усулҳо”, “Фонди байналхалқии маориф”, “Федератсияи оилаҳо барои сулҳ дар ҳама олам” ва ғайра мебаранд.

Бояд гуфт, ки дар ҳама кишварҳо аз ҷумла дар СНГ, аҳли ҷамъият ва намояндагони калисоҳои суннатӣ алайҳи ин калисо ва усулҳои ғайримазҳабии он дар ҷалби аъзоёни нав ва сабаби эҷоди ихтилофҳои нави сотсиалӣ гардидани амалиёти он дар ҷомиаҳои суннатӣ эътирозҳо зиёданд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222