Луқмони Ҳаким

«Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст».

(Аз халқ,)

Дар офаридаҳои халқ, сарчашмаҳои илмию таърихӣ ва адабӣ симои номварони таърихӣ, воқеӣ ва хаёлӣ дучор меоянд, ки эшон бо амали хайр ё шарр шуҳрат ёфта, то рӯзгори муосир расидаанд.

Чунончи, Нушервони Одил, Бузургмеҳр Намруд, Шаддод, Яъқуб, Юсуф, Нуҳ, Искандар, Корун, Ҳотами Той ва амсоли инҳо. Дар зимни қиёфаҳо қиссаҳои хаёлии аз тасвироти ирфонӣ бо обу ранги бадеӣ низ холӣ нест. Симои онҳо вобастаи шароиту талаби давру замонҳо маънидод шудаанд.

imagesЯке аз чунин ашхоси дар адабиёти хаттию шифоҳии ҷомеа машҳур Луқмони Ҳаким буда, ки шахсияташ то ҳанӯз норушан мондааст. Дар эҷоди халқ ҳикоёту ривоёти бешумор ба Луқмони Ҳаким мансуб дониста шудаанд. Уро табиби ҳозиқ, носеҳу хирадманд меноманд.

Доктори илми тиб Ю. Нуралиев, номзадҳои илми филология А. Девонакулов ва А. Боғбон аз шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким бо мақолаи илмии ҳамкорона дарак дода буданд.[1]

Мардум роҷеъ ба шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким – фарди қабл аз мелод, тасаввуроти аниқу равшан надошта, Абӯалӣ ибни Сино ва ҳамчунин, баъзе файласуфони Юнони қадимро ба Луқмони Ҳаким нисбат медиҳанд.

Алиакбари Деҳхудо аз шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким ва шонздаҳ, нафар Луқмони дигар, ки ҳар яке олим, шоир, ҳаким, ҷомеашинос будаанд, аз сарчашмаҳои илмию адабӣ ва таърихӣ ҳуҷҷату далелҳои гувоҳидиҳанда ҷамъ ва шахси таърихи будани Луқмони Ҳакимро ошкор намудааст.[2]

Симои Луқмони Ҳаким ҳамчун шахс дар осори илмию таърихӣ ва адабию гуфторҳои халқии Арабу Аҷам интишор ёфта, қабл аз мелод то ин замон ворид гардидааст. Алалхусус, Алиакбари Деҳхудо дар асари машҳураш «Луғатнома» оварда: «Луқмон – номи марди ҳаким, ки бино ба ривояти исломи аслаш «ҳабашӣ» буда, дар рузгори Довуд пайғамбар мезистааст ва дар «Қуръон» зикри вай омадааст». Ҳабашӣ будани Луқмонро Саъди фармудааст:

Шунидам, ки Луқмон сияҳфом буд,

На танпарвару нозукандом буд.

Ба замми ин Алиакбари Деҳхудо дар зимни маълумот оид ба Луқмон аз осори бузургони адабиёт гуфтаҳои назмию насри овардааст:

Куҷост Осаф бини Бархиёву ку Луқмон?

Куҷост Хоҷа Абузарчамеҳри некахтар?

Носири Хусрав

Ояд ба дилам, к-аз Худо эмин аст,

Бар ҳикмати Луқмону мулкати Ҷам.

Носири Хусрав

Аз кавлу феъл зину лигомаш ниҳам,

Афсори ӯ зи ҳикмати Луқмон кунам.

Носири Хусрав

Мулки имомат сӯе гусист, ки урост,

Мулки Сулаймону илму ҳиқмати Луқмон.

Носири Хусрав

Эй, бор худой, ҳама зуррияти1 одам,

Бо мулки Сулаймониву бо хикмати Луқмон.

Носири Хусрав

Эй ҳуҷҷати илму хикмати Луқмон,

Бигзор ба лафзи хуб хисонй[3] [4].

Носири Хусрав

Агар аз хонаву аз акл чудо мондам,

Чуфт гаштастам бо хикмати Луқмони.

Носири Хусрав

Накунам боварй, к-ахкоми Хуросон ин аст,

Гарчи сад Хурмузу Луқмон ба Хуросон бинам.

Ҳоқонӣ

Воҳиди Идриси олам бувад Луқмони ҷаҳон, аммо,

Чу марг омад, чӣ судаш дошт идрисиву луқмонй.

Ҳоқонй

Луқмонро гуфтанд:

  • Адаб аз кй омухтӣ?

Гуфт:

  • Аз беадабон: ҳар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.

Саъдии Шерозӣ

Луқмонро гуфтанд:

  • Ҳикмат аз кй омухтӣ?

Гуфт:

  • Аз нобиноён, ки то ҷоеро набинанд, напарвосанд,[5] кадам наниҳанд.

Саъдии Шерозй

Луқмони Ҳаким андар он кофила буд, яке аз он корвониён гуфт:

  • Магар инонро насиҳате кунӣ…?

Гуфт:

  • Дареғ бошад калимаи ҳикмат бо эшон гуфтан.

Саъдии Шерозӣ

Баҳри луқма гашт, луқмонӣ гар ӯ?

Вақти луқмонист, эй луқма бар ӯ.

Мавлавӣ

В-аз қаттоми1 луқма луқмонй шавад, Толиби ишкори[6] [7] пинҳонй шавад.

Мавлавй

Дар «Ҳабиб-ус-сияр» оид ба шахсияти Луқмони Ҳаким ҳикояти ирфонӣ оварда шудааст.

Сохиби «Маҷмаъ-ут-таворих ва-л-қисас» оид ба Луқмон чунин маълумот меоварад:

«Чун дувоздаҳ сол аз мамлакати Довуд бирафт, Худои таоло Луқмонро ҳикмат дод ва сй сол бо Довуд буд. Рӯзе дар пеши ӯ рафт. Довуд зиреҳ ҳамекард ба дасти хеш ва оҳан Довудро чун мум нарм буд. Луқмон донист, ки чй мекунад ва он чист? Ва аз ҳикмат воҷиб надид сухан пурсидан ва хомуш буд, то тамом карду дар Луқмон пӯшид, то бубинад.

Луқмон гуфт:

«Ҳозо ҷайидун лил ҳарбй».[8] Ва ин сухан Луқмон он вақт гуфт, ки яъне хомушй ҳикматест ва камтар ба кор доранд.

Мавлавй дар «Маснавй» ҳамин ҳикоятро бо назм овардаву гуфта:

Рафт Луқмон суи Довуд аз сафо,

Дид, к-ӯ мекард з-оҳан ҳалқаҳо…

Ба ин маъни ишораи Саъди:

Чу Луқмон дид, к-андар дасти Довуд,

Ҳаме оҳан ба муъҷиз мум гардад.

Напурсидаш: Чи месози? Чу донист,

Ки бе пурсиданаш маълум гардад.

Носири Хусрав гуяд:

Суйи ӯй ои, агар надидасти

Мулки Довуду ҳикмати Луқмон.

«…Муҳаммад Муин (муаллифи «Фарҳанги форси») менависад:

«Довуд – подшоҳи Исроил (ҳудуди солҳои 1010-970- уми қабл аз мелод) ҷонишини Шоул шуд ва бар фаластиниён ғалаба ва Байтулмукаддасро таъсис кард». Ин маълумоти Муҳаммад Муин далолат мекунад бар он, ки замони зиндагии Луқмони Ҳаким ба солҳои ҳазоруми пеш аз солшумории мо рост меояд…»[9]

Ҳамдуллохи Муставфи дар «Таърихи гузида» гуяд:

«Луқмон алайхиссалом ба кавли баъзе муаррихон амзодаи Иброҳими Халил аст ва ба кавле ғуломи сиёҳ (ҳабашӣ) ва баъзе ӯро пайғамбар шуморанд. Номи ӯ сареҳан дар «Куръон» омадааст, аммо ба ҳикмат мансуб аст. Идомаи гуфтор бо ҳикояти аз воқеият дур тасвир ёфта, дар зер бархе аз ҳикматҳои Луқмон бо наср намуна оварда шудааст, ки ба ин маъни Рашиди Ватвот ишора фармудааст:

Туро дар назм лубатҳои Озар,

Туро дар наср ҳикматҳои Луқмон.

Муаллифи «Таърихи гузида» гуфтори Луқмонро меорад: «…чаҳорсад ҳазор калима дар ҳикмат чамъ кардам ва ҷаҳор аз он баргузидам, ду бибояд донист ва ёд дошт ва ду фаромуш бояд кард: бади, ки мардум ба ту кунанд ва неи ки ту ба мардум куни, фаромуш бояд кард, Ҳақ ва маргро ёд бояд дошт.

Аҳмақ агарчи соҳибҷамол бошад, бо ӯ суҳбат набояд дошт, ки шамшер чи хубрухсор аст, зишткирдор аст.

Суҳбати олим мурдаи ҷоҳилро зинда гардонад, чунон ки борон замини пажмурдаро.

Ҳама боре кашидам, гаронтар аз қарзу дайн1 надидам ва ҳама лаззате чашидам, хуштар аз офият надидам. Ва зиёнкортар айбе – айби худ надидан аст.

Доно чун чароғ аст, Ҳар ки бар ӯ бигзарад, аз ӯ нур баргирад.

Ҳар киро гуфтору кирдор мувофиқ набошад, ақли вай ӯро накуҳиш кунад.

Ҳар ки саволе кунад, ки сазовори он набошад, ё беҳангом бувад, ё аз лаиме чизе хоҳад, ба мурод нарасад.

Хушхӯӣ хеши бегонагон бошад ва бадгуй бегонаи хешон.

Аз ӯ пурсиданд:

  • Чист, ки фоидаи он ҳамаро расад?

Гуфт:

  • Нестии бадон.

Дар «Таърих-ул-ҳукамо» низ аз шахсияти Луқмони Ҳаким ишора рафтааст.

«Луқмони Ҳаким марде буд сиёҳчеҳра ва аз аҳли ҳабаша. Дар замони туфулият ба доми раққият[10] [11] мубтало шуда ва ба қайди асорат гирифтор гардида…»

Чй маънй дорад ин ҳолат, ки гуфтй:

Зинда шуд Юнус,

Чй ҳикмат бошад ин маънй, ки гуфтй:

Банда шуд Луқмон.

Носири Хусрав

«Мавлои1 ӯ шахсе буд аз тоифаи бани Исроил ва маъруф ба суйи ахлоқу ҳаракоти ноҳинҷор. Ғолиби авқот бо ӯ сахтӣ кардӣ ва ба корҳои саъб[12] [13] амр фармудӣ. Луқмон таҳаммули бори гарон кардй ва ба ахлоқи зишту ҳарақоти ношоист ӯ тан дардодй…»

Деҳхудо дар зимни ин маълумот ҳикояти аҷибе оварда. Аз руйи ин ақлу хирад Луқмон аз бандагӣ озод гардида, чунончи, Носири Хисрав гуфта:

Обод ба ақл гашт гардун,

В-озод ба ақл гашт Луқмон.

Алиакбари Деххудо овардааст:

АЛҲИКОЯТ

Як рӯз чамъе аз асҳоби ҳазрати Довуд назди ӯ буданд ва аз калимоту ақволи[14] ҳазраташ истифода мебурданд. Сухан ҳар чизе дар миён буд ва ҳамагон сухан гуфтанд. Чу Луқмон, ки суқут ихтиёр карда буд.

Довуд гуфт:

  • Эй Луқмон, чаро чизе намеий ва бо дигарон дар сухан гуфтан анбоз[15] нашавӣ?

Луқмон гуфт:

  • Хайре нест дар сукут, магар тафаккур дар амри маод.1 Марди бодиёнат чун тааммул кунад, сакинаву2 виқор[16] [17] [18] бар ӯ муставлй[19] шавад… Ва чун қаноат варзад, аз мардум бениёз гардад. Ва чун розй шавад, ба ризои Ҳақ эхтимомаш[20] ба умури[21] дунё суст гардад. Ҳар ки аз худ муҳаббати дунё халъ[22] кард, аз офату шар наҷот ёфт. Чун тарки шаҳват кард, дар идоди[23] мардумони озод даромад. Ва чун танҳой ихтиёр кард, аз ҳузну[24] андух, маҳфуз монад. Ва чун ҳасад аз худ дур сохт, муҳаббати мардум дар бораи худ бияфзуд ва чун эърози[25] [26] умури фонй кард, ақли ӯ бияфзуд. Ва чун басир11 ба оқибат шавад, аз пушаймонй эмин шавад…

Довуд фармуд:

  • Тасдиқи сухани ту кунам, эй Луқмон!

Рузе Довуд ба Луқмон гуфт:

  • Акнун, ки пир шудай, аз ақли ту чй миқдор боқист?

(Луқмон) гуфт:

  • Он қадр, ки нигоҳ намекунам, дар чизе, ки кофй нест ба ҳоли ман ва такаллуф[27] намесозам дар таҳсили он чизе, ки мухтоҷ ба он нестам.

Луқмон сохиби мавоизи ҳасана ва андарзҳои ҳакимона аст ва дар ғолиб мавриди мухотаби вай писари ӯст.

Хирадро ба имону хикмат бипарвар, Ки фарзанди худро чунин гуфт Луқмон.

Носири Хусрав

Аз он носеҳ дар …кутуби «Ахбор ва сайри мастур» мазкур аст ва аз он ҷумла фармуд:

  • Эй писараки ман, мулзамсабр бош дар сахти. ва мучоҳада1 кун ба ҳавои нафс ва бидон, ки шарофату шафкат ва зувд сабр аст…

Ба ин маъни:

Ганчи сабр ихтиёри Луқмон аст,

Ҳар киро сабр нест, хикмат нест.

Саъди

  • Эй писараки ман, бар ту бод иқбол, ба аъмоли хайру ичтиноб аз аъмоли шар. Чи амали хайр хомушкунандаи шар аст. Он кас, ки гуяд, шар боиси хомушии шар аст, дурӯғ гуфта, зеро ки агар оташе пахлуи оташи дигаре бияфрузанд, бар иштиоли[28] [29] он афзуда шавад. Пас он чи шарро хомуш кунад, аъмоли хайр аст, ҳамон гуна ки хомушкунандаи оташ об аст…

Бар мусиботу номулоимотии дунё сабр пеша кун ва аз муҳосабаи[30] нафс ғафлат маварз. Қабл аз он ки ҳисоби туро бикшоянд, рохи хато аз савоб бишнос, то аз лағзиш масун[31] мони.

  • Эй писараки ман, талаб кун хикматро, мутаваччех.[32] соз нафси худро ба суйи он ҳар замон, ки чомеи хикмат шави, чашми басирати ту равшани гирад, ахлоки ту неку шавад. Ва бидон, ки хикмат бидуни тадбир ва тафаккур ба манзалаи матоест, ки дар дасти хозини[33] ӯ набошад ва ё гусфанде, ки дар марбизи[34] худ дохил нагардад. Ва дар ин ҳол ҳар соат дар маҳалли офат аст ва дар маърази1 ҳалокат.

Бидон, ки изҳоркунандаи ҳикмат забон аст. То метавони, онро ҳифз кун, зеро ҳар гоҳ фосид гардад, забони ту табоҳ шавад… Пас, ҳар ки молики забони хеш гашт, мавкеи сухан гуфтан донад ва дар ҳузури ноаҳл такаллум[35] [36] накунад. Ва агар сафеҳе[37] аз ӯ талаби ҳикмат кунад, сукут ихтиёр кунад. Пас забон калиди хайр ва шар аст. Ва сухан магу, магар дар кори хайр ҳамчунон ки муҳр бар ганҷинаи тиллову нукраи худ мезани. Хушо, ба ҳоли он ки ба дунё мағрур нагардид ва фиреби он нахурд…

Акл бидуни адаб чун дарахти бебор аст ва акл макрун[38] ба адаб ҳамчун дарахти мевадор…

***

Вафот ва қабри Луқмон. Олими машҳури асри VIII Иброҳими Адҳами Балхи оид ба фавт ва оромгоҳи Луқмони Ҳаким гуфтааст:

«Қабри Луқмон миёни масҷиди Рамаллоҳ[39] ва бозори имруз аст. Илова бар кабри Луқмон кубури ҳафтод нафар аз анбиёи[40] уззом,[41] ки баъд аз Луқмон вафот кардаанд, он ҷост. Чиҳати он ки бани Исроил анбиёро аз назди худ ихроҷ[42] ва даври Рамаллоҳ маҳсур[43] карданд ва дар он ҷо буданд, то ҳамагӣ аз гуруснаги ҳалок шуданд».

Дар «Канз-ул-ҳикмат» – тарчумаи «Нузҳат-ул-арвоҳ» оид ба фавти Луқмони Ҳаким хикояте оварда шудааст, ки аз шахсияти ӯ шаҳодат медиҳад:

«Овардаанд, ки рузе Луқмон бо писари хеш дар арш нишаста буд, ҳамин ки осори марг бар ӯ зоҳир шуд, ба гиря оғозид.

Писар гуфт:

  • Эй падар, гиряи ту аз хавфи марг аст, ё ҳирси дунё?

Гуфт:

  • Ҳеч кадом. Гиряи ман барои он аст, ки пеши худ биёбони ҳавлноку ақиботи1 тулонӣ ва бори гарон мебинам. Бо надоштани зоду[44] [45] роҳила[46] ва надонам, ки ин бори гарон аз душам бардоранд, ё бо он ба суйи ҷаҳаннам раҳсипор гардам».

Аз Луқмони Ҳаким рисолае дар ҳикмат ва тиб боқӣ мондааст.

САД ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ БАР ФАРЗАНДИ АРҶМАНД

[1] Рузномаи «Маориф ва маданият», 9-уми феврали соли 1978.

[2] Алиакбари Деҳхудо, «Луғатнома», XXI, Теҳрон 1334 хуршеди, саҳ. 254 – 260 (Китобхонаи миллии ба номи Фирдавси, таҳти № 7647).

[3] Зуррият – насл, авлод.

[4] Ҳисонй – зебо.

[5] Парвосидан – даст-даст кардан.

[6] Каттом – тезии шаҳват, сернафс,

[7] Ишкор – шакли дигари шикор.

[8] Хозо чайидун лил ҳарбй – ин чиз барои чанг хуб аст.

[9] Рузномаи «Маориф ва маданият», 9-уми феврали соли 1978.

[10] Дайн – қарзи бомуҳлат.

[11] Раққият – ғуломӣ, бандагй.

[12] Мавло – хӯчаин, соҳиб.

[13] Саъб – душвор, мушкил.

[14] Аквол – чамъи кавл.

[15] Анбоз – шарик, ҳамроҳ.

[16] Маод – бозгашт, мачозан охират.

[17] Сакина – осудагй.

[18] Виқор – рафтору кирдор.

[19] Муставли – ғолиб.

[20] Эҳтимом – ҳиммат, ғамхорй.

[21] Умур – амр.

[22] Халъ – дур кардан

[23] Идод – дар шумори… дар қатори…

[24] Ҳузн – ғам, ғусса.

[25] Эъроз – ҳазар, эътироз.

[26] Басир – хабардор, огоҳ

[27] Такаллуф – кӯшиш, заҳмат

[28] Мучоҳада – чанг, мубориза.

[29] Иштиол – шуъла.

[30] Муҳосаба – ҳисоб.

[31] Масун – эмин, амон

[32] Мутаваччеҳ – равон.

[33] Хозин – хазинадор.

[34] Марбиз – чой, макон.

[35] Маъраз – дучор.

[36] Такаллум – сухандон, гапзанй.

[37] Сафеҳ – аҳмак, аблаҳ, нодон.

[38] Макрун – пайваста.

[39] Рамла – номи ноҳияе дар Фаластин.

[40] Анбиё – пайғамбарон.

[41] Уззом – бузург.

[42] Ихроч – хорич, дур ва берун.

[43] Маҳсур – иҳота.

[44] Акибот – душворгузар.

[45] Зод – тӯшаи роҳ.

[46] Роҳила – маркаб, саворй.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222