Главная / Илм / Маҳалли таваллуд ва вафоти Имом Аҳмад (р)

Маҳалли таваллуд ва вафоти Имом Аҳмад (р)

Имом Аҳмад (р) дар моҳи Рабиъул-аввали соли 164-уми ҳиҷрии қамарӣ дар Бағдод ба дунё омадааст. Дар синни cесолагӣ падарашро аз даст дод ва модараш сарпарастии вайро ба уҳда гирифт. Ҳангоме ки навҷавоне беш набуд, дар маҷлисҳои дарси Абўюсуфи Қозӣ ҳузур пайдо мекард. Пас дар синни 16-солагӣ ба ҳадис руй овард. Вай барои шунидани ҳадис ба мусофират пардохт ва дар ин мусофиратҳо мавриди таҷлил ва эҳтироми уламо ва устодони худ воқеъ мешуд ва тавонист бар асари ин мусофиратҳо аҳодиси зиёдеро ҷамъоварӣ карда, китоби «Ал-муснад»-ро, ки шомили наздик ба чиҳил ҳазор ҳадис мебошад, таълиф кунад.
Ибни Касир мегўяд: «Имом Шофеъӣ дар сафари дувуми худ ба Бағдод дар соли 190-уми ҳиҷрии қамарӣ ба Имом Аҳмад, ки дар он вақт сию чанд сол дошт ва бо ў дар сафар буд, мегўяд: «Эй Абўабдуллоҳ, ҳангоме ки ҳадисе дар назди ту саҳеҳ бошад, ба ман ҳам иттилоъ бидеҳ, ҳол ин ҳадис ҳадисе бошад, ки аҳли Ҳиҷоз онро нақл мекунанд, ё аҳли Шом ё аҳли Ироқ ё аҳли Яман».
Ин сухани Имом Шофеъӣ далолат бар эҳтироми Шофеъӣ нисбат ба Имом Аҳмад ва маконати илмии вай дорад, ки Имом Шофеъӣ бар асоси саҳеҳ ё заиф будани ҳадисе аз назари Имом Аҳмад фатво бидиҳад. Ин эҳтиром ва маконате аст, ки Имом Аҳмад дар байни уламо дошта ва шуҳрату овозаи ў дар оғози ҷавониаш дар офоқи исломӣ печида буд».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222