«Раббано заламно анфусано ва ин лам тағфир лано ва тарҳамно ланакунанна мина-л-хосирин».
«Эй Парвардигори мо, бар хеш ситам кардем; ва агар моро наомурзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта, аз зиёнкорон бошем!».
Ин ҳамон дуоест, ки Худованд ба ҳазрати Одам (а) талқин карда буд ва ба воситаи ин дуо Одаму Ҳавво (а) мавриди мағфирату раҳмати илоҳӣ қарор гирифтанд.
«Раббиғфир варҳам ва Анта Хайру-р-роҳимин».
«Эй Парвардигори ман, биомурзу бибахшой; ва Ту Беҳтарини бахшояндагонӣ».
«Раббано ло туохизно ин насино ав ахтаъно; Раббано ва ло таҳмил ъалайно исран камо ҳамалтаҳу ъалаллазина мин қаблино; Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳӣ; ваъфу ъанно вағфир лано варҳамно; Анта Мавлоно фансурно ъала-л-қавми-л-кофирин».
«Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кунем, ё хато кунем, моро (ба уқубат) магир. Эй Парвардигори мо, бар мо бори гарон манеҳ, чунонки онро бар касоне ниҳодӣ, ки пеш аз мо буданд! Эй Парвардигори мо, ва бар мо он чиро манеҳ, ки моро бар он тавон нест. Ва аз мо дар гузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой, Туӣ Худованди мо, пас, моро бар гурӯҳи кофирон пирӯзӣ деҳ!».
«Раббано фағфир лано зунубано ва каффир ъанно саййиотино ва таваффано маъа-л-аброр».
«Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биомурз ва аз мо бадиҳоямонро дур кун ва моро бо некӯкорон бимирон».
«Анта Валийюно фағфир лано варҳамно ва Анта Хайру-л-ғофирин».
«Ту корсози мо ҳастӣ, пас, моро биомурз ва бар мо меҳрубонӣ кун; Ва Ту Беҳтарини омурзандагонӣ!».
Ба сабаби нофармонӣ ва ҳаракатҳои беҷое, ки чанд нафар аз қавми Мӯсо (а) мекунанд, Худованд ҳамаи қавмро ба имтиҳони сахт дучор мекунад. Ин як гӯшае аз ҳаёти ҳазрати Мӯсо (а) аст, ки барои мағфирати қавмаш дуо карда буд.
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …