Аз хонаводаи ашрофи муфлисшуда буд ва бештари умрро дар мул- ки Луба сар бурд. Зиндагиаш солҳои 551 то 479 пеш аз милод буда- аст. Дар ҷавонӣ мансабдор буд, сипас нахустин мактаби хусусиро дар Чин созмон дод. Андешаҳояш дар китоби «Гуфтугӯҳо ва андешаҳо» гирд омадаанд, ки аз андарзҳо ва суҳбатҳо бо наздикону шогирдон иборатанд.
Ҷанбаи муҳимми таълимоти Конфутсий «жен»-одамият мебошад, ки маҷмӯи муносибатҳои этикиву иҷтимоиро, аз шумори эҳтиром ба гузаштагони худ, ба бузургсолон, бузургон ва шоҳонро дар бар мегирад. Ҳангоме ки таълимоти Конфутсий оини давлатдорӣ гашт, файласуф «муаллими даҳ ҳазор насл» эълон шуд ва ин кеш то соли 1911, оғози инқилоби буржуазии Синхай давом кард. Осораш: «Гуфтугӯҳо ва андешаҳо» ва «Китоби сурудҳо».
Андарзи бузургон
- * *
Оқилон бо дигарон муросо мекунанд, аммо аз паси онон намера- ванд. Аблаҳон аз паси касон мераванд, лек муросо намекунанд.
- * *
Марди хирад монанди ноқус аст; то назананд садо намедиҳад.
- * *
Сахт бо худу нарм бо дигарон бош.
- * *
Гузаштаҳо барои он меомӯхтанд, ки худро комил созанд, имрӯзиҳо барои он меомӯзанд, ки дигаронро ба ҳайрат оранд.
- * *
Дар кишваре, ки адлу инсоф ҳаст, нотарс бигӯ, нотарс бирав, дар кишваре, ки адлу инсоф нест, нотарс бирав, аммо дониста гӯ.
- * *
Бузургӣ он нест, ки ҳеч гоҳ хато накард, бал он аст, ки ҳар бори афтодан боз боло рафт.
- * *
Аблаҳ нолад, ки одамон ӯро нашносанд, хирадманд баръакс.
- * *
Инсондӯстӣ муҳимтар аз обу оташ аст. Ман дидам чи гуна одамон дар обу оташ афтодаву мурданд, вале аз одамдӯстӣ мурдани касеро надидаам.
- * *
Накукор танҳо намемонад, ҳар ҷо равад ҳамсоя меёбад.
- * *
Хатои ягона ва бузург ислоҳ накардани хатои худ аст.
- * *
Бадтарин тарсуӣ он аст, ки бидонӣ чи бояд бикунӣ, аммо накунӣ.
- * *
Агар дороӣ ҷамъ бар дасти як тан шавад, халқ парешон мешавад. Агар дороӣ бар халқ парешон шавад, халқ сарҷамъ мешавад.
- * *
Шамъаке афрӯхтан беҳтар аз торикиро нафрин хондан аст. * * *
Боре Конфутсий зане гирёнро дид ва сабаб пурсид.
Зан гуфт:
- Ҳама пайвандонамро паланг дариду кушт.
Конфутсий ҳайрон шуд:
- Чаро ин ҷоро тарк намекунӣ?
Зан афзуд:
- Ҳокимони дигар ҷоҳо мардумозоранд.
Конфутсий рӯ ба шогирдон кард:
- Дидед, ҳокими сангдил бадтар аз дарранда аст.
* * *
Аз Конфутсий пурсиданд:
- Бемаргӣ ҳаст?
Гуфт:
- Мо ки зиндагиро намедонем, аз куҷо донем марг чист?
Тарҷумаи Юнус Юсуфӣ
Тарчумаи: Аркадий Гайдар