Барои ба даст овардани инкишофи мақсадноки ташкилот стратегияи инноватсионӣ кор карда баромада мешавад, ки вай амали сохтани идоракунии мақсадноки инноватсияро, яъне ташаккули мақсади инноватсионӣро талаб менамояд.
Ба ҳайси мақсадҳои инноватсионӣ метавонад дорои чунин талаботҳо бошанд:
- ба вуҷуд овардани маҳсулоти нави рақобатпазир;
- омодасозии хизматрасонии навин;
- гузаштан ба технологияи нав, шаклҳои нави захираҳо, низоми нави идоракуни, шаклҳои нави ташкилию сохтори;
- ғайра.
Ҳангоми тавсияҳои ҳадафҳои инноватсионӣ ва стратегияи он фарқиятҳои кулли бояд ба эътибор гирифта шаванд. Якум, ҳадафҳо ҳамчун самти рушд муайян карда мешаванд. Дуюм, онҳо ҳамчун самти ҳаракат (самтҳои истифодаи захираҳо) аз рӯи тарзи омодагию истифодабарии захираҳо. Аммо мақсад ва стратегияи ҳадафҳои инноватсионӣ бо занҷираи ягонаи мантиқи алоқаманд мебошанд. Аз ин рӯй стратегия ин воситаи ба даст овардани мақсадҳо дар сатҳи баланди идоракуни мебошад. Амали гардонидани стратегияҳо ифодаи аниқро ҳамчун мақсад тақозо менамояд.
Дар бисёре аз мавридҳо тавсияти хубу аниқи мақсадҳо ҷавобгӯи талаботҳои зерин мебошад:
- аз шакли номуайяни феъл, ки иҷроиши амалро ифода менамояд шурӯъ мешавад (коркард) «беҳтар намудан», «кам кардан», «баланд бардоштан», «расонидан» ва ғайра;
- талаботи натиҷаҳои ниҳоӣ аз нигоҳи сифат ва шумораи ифода ва имконияти санҷиши миқдори нишондиҳандаҳои тасдиқкунанда комёбиҳои мақсаднокро мушаххас менамояд. («кам намудани хароҷот» барои нигоҳдории дастгоҳи идоракунӣ то 20% назар ба пешниҳоди пештарабуда). Ибораи сифатӣ («хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи иҷроия») ва ибораи миқдориро (20% кам кардан то муҳлати…) истифода карда метавонад;
- муҳлати барои расидан ба ҳадафҳои муайян «дар охири соли равон», «дар таърихи муайянкардаи барнома», «то 28 феврали соли равон»;
- миқдори зиёдтарини хароҷоти имконпазир, маҳдудият захираҳои ҷудошаванда («барои амалисозии барнома на камтар «воҳиди пулӣ», «бо қувваи худи», «дар чаҳорчубаи буҷаи мавҷуда»);
- шарт мондан, танҳо «вақте, ки» ва «чи бояд кард» муфассал баён накарда «чаро» ва «чи тавр» ин бояд анҷом дода шавад;
- ба сифати қарори идораи тасдиқгардида ва дар шакли хаттӣ дар ягон ҳуҷҷат қайд гардида то ба шахси иҷрокунанда расонида шуд.
Масалан, мақсади инноватсионӣ тасвияти аниқи зеринро дорад: истеҳсоли молҳои истеъмолӣ дар муддати 4-моҳ аз рӯи лоиҳаи тасдиқгардида ва мутобиқи сметаи хароҷотро ба технологияи нави пайвандкунӣ гузаронидан.
Қоидаҳои тартиботи «дарахти мақсад»:
- Дар ҳар сатҳ «дарахти мақсад» маҷмӯи зермақсадҳо барои расидан ба ҳадафҳои олӣ зарур мебошад.
- Аз ҳам ҷудо намудани мақсадҳо ба зермақсадҳо дар ҳар яке аз сатҳои «дарахти мақсад» бо як нишонаи ҷудокунӣ (қоидаи таснифгарӣ) бурда мешавад.
- Ҳар як зермақсади ҷудошаванда (ҳамчун натиҷаи мобайнӣ) бояд ба фаъолияти субъектҳои ҷудогонаи ташкилию мустақил муносибат дошта бошад.
- Вобаста аз таъмини «дарахти мақсад» талаб карда мешавад, ки дар кадом сатҳи сохторӣ ҷудо намудани мақсадҳоро ба охир расонад: ташкилкунӣ, тақсимкунӣ, иҷрокунӣ. «Дарахти мақсад» то сатҳе созмон дода мешавад, ки дар онҳо шахси масъули иҷрокунанда ба ташкил намудани чорабиниҳо, барномаҳо ҷиҳати ба дастовардани ҳадафҳо шурӯъ менамояд, аниқ карда шудааст.
Сатҳи ҷудокунии таркибии мақсадҳои инноватсионӣ барои ба вуҷуд овардани маҳсули нав аз инҳо иборат аст:
- ташаккули ҳадафҳои мақсаднок (асосӣ);
- зермақсадҳо аз рӯи давраи ҳаёти силсилавии маҳсулот: (маркетинги стратегӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ- лоиҳакашӣ, истеҳсол, фурӯш, хизматрасонии истеъмолкунандагон);
- дар ҳар як давра мутобиқшавии корхона ба раванди инноватсионӣ аз нуқтаи назари ташкилу тайёр намудани захираҳо, идоракунӣ, технологияҳо, сохтори ташкилӣ;
- аз рӯи ташкили сохтории мушкилҳо зермақсадҳои ҷудогона бо унсурҳои (масалан, аз рӯи захираҳо, зермақсадҳо оиди захираҳои меҳнатӣ, моддӣ-тезникӣ, иттилоотӣ, молиявӣ) муқаррар карда мешаванд.
Сатҳи аз ҳам ҷудо намудани мақсадҳои инноватсионӣи гузариш ба технологияи нав аз чунин ҳадафҳо иборат мебошад:
- ташкилёбии мақсадҳои асосӣ;
- муқаррар намудани зермақсадҳо аз рӯи силсилаи ҳаётии давраи технологияи инноватсионӣ (бадасторӣ, омодасозӣ (мутобиқшавӣ) амалисозӣ).
Баҳисобгирии ҳадафу манфиатҳои «дарахти мақсад» бо ёрии назарияи ҷадвалҳо гузаронида мешавад. Дар раванди олӣ кардани мақсадҳои инноватсионӣ пеш аз ҳама ду нишондиҳанда ба ҳисоб гирифта мешавад:
- зариби (коэффисиенти) нисбии муҳим будани зермақсад (то кадом андоза зермақсади мазкур барои мақсадҳои боло муҳим мебошад)-В
- зариби (коэффисиенти) манфиатнокии дутарафаи (коэффисиенти мутлақи аҳамиятнок, яъне то чӣ андоза зермақсад барои мақсадҳои асосӣ муҳим мебошад)-Р
Зариби (коэффисиенти) нисбии аҳамиятноки ҳар яке аз зермақсадҳо аз тарафи тартибдиҳандагони «дарахти мақсад» бо назардошти саҳми он танҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои дар боло гузошташуда муқаррар мегардад. Шарти ноилшавӣ ба мақсади асосӣ ин амалишавии ҳамаи зермақсадҳо, яъне ҷамъи андозаи зарибҳои (коэффисиентҳои) нисбии муҳим будани онҳо мебошад.