Главная / Илм / Мафҳум ва моҳияти менеҷменти инноватсионӣ

Мафҳум ва моҳияти менеҷменти инноватсионӣ

Дар адабиёти соҳаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ инноватсия ҳамчун мубаддалшавии тараққиёти афзалиятноки илмӣ-техникӣ дарвоқеъ ба маҳсулот ва технологияи нав маънидод мегардад. Ба масъалаи таҳлили раванди инноватсионӣ дар кишвари мо дар давоми даҳ-понздаҳ соли охир ба таври мустақилона дар чорчӯбаи тадқиқотҳои иқтисодӣ аҳамияти зарурӣ дода намешавад.

Коршиносон ва муҳақиқон тибқи меъёрҳои байналхалқӣ инноватсияро ҳамчун маҳсулоту натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионӣ меҳисобанд, ки дар шакли маҳсулоти нав ё такмилёфтаи ба бозор баровардашуда зоҳир мегардад, ҷараёни нав ё такмилёфтаи технология, ки дар кори амалӣ ё дар бархӯрди тоза нисбат ба ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идоракунӣ истифода мешавад.

ip-1030x472Инноватсияро метавон ҳам дар ҷанбаи инкишофу тағйирёбӣ ва ҳам оморӣ баррасӣ намуд. Дар мавриди дуюм инноватсия, навоварӣ ҳамчун натиҷаи ниҳоии давраи илмию истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва қонеъсозандаи талаботи муайяни инноватсионӣ ифода мегардад.

Таҳия, ҷорӣ сохтан ва истеҳсоли маҳсулоти нав барои корхона ҳамчун воситаи баланд бардоштани рақобатнокӣ ва рафъи вобастагии корхона аз номутобиқи накардани давраҳои ҳаётии маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти муҳим дорад. Дар шароити кунунӣ азнавсози маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати нисбатан суст ҷараён мегирад.

Менеҷменти инноватсиониро бояд ҳамчун яке аз самтҳои идоракунии стратегӣ баррасӣ намуд. Мақсаду ҳадафи он муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-техникӣ ва истеҳсолии корхона дар чунин соҳаҳои таҳия ва ҷорӣ намудани маҳсулоти нав (фаъолияти инноватсионӣ); азнавтаҷҳизонӣ ва такмили маҳсулоти истеҳсолшаванда; рушди минбаъдаи истеҳсоли навъҳои анъанавии маҳсулот; аз истеҳсолот хориҷ намудани маҳсулоти кӯҳна ба ҳисоб меравад.

Менеҷменти инноватсионӣ барои ҷомеаи илмӣ ва доираҳои соҳибкории кишвари мо мафҳуми нисбатан нав ба ҳисоб меравад. Дар айни замон кифоя набудани фаъолияти инноватсионӣ, ки ба тезонидани дигаргунсозиҳои иқтисодӣ бояд мусоидат намояд, эҳсос ва мушоҳида мешавад. Ба ивази як шакл ва усули ифодаи иқтисодӣ шакли дигари он пеш меояд. Бинобар ҳамин, бо фаъолияти инноватсионӣ маҷбуранд қариб ҳамаи ташкилотҳо, ҳамаи субъектҳои бозор, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳо, корхонаҳои соҳаи тиҷоратии хурду миёна, ташкилотҳои тадқиқотӣ, муассисаҳои молиявию қарзӣ ва ғайраҳо машғул шаванд.

Истилоҳи инноватсия ба таври фаъолона дар иқтисодиёти давраи гузариш қарордошта, барои ифодаи хусусияти стратегияи инноватсионӣ ва барои ифодаи як қатор мафҳумҳои ба ҳам монанд аз қабили «фаъолияти инноватсионӣ», «ҷараёни инноватсионӣ», «қарори инноватсионӣ, «менеҷменти инноватсионӣ истифода буда мешуд. Дар адабиёти илмӣ шумораи зиёди нишонаҳои баҳодиҳии навъҳои инноватсия мавҷуд аст. Масалан, аз рӯи мундариҷа ё сохтори дохилӣ инноватсияҳои техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, идоравӣ ва ғайраро аз ҳам ҷудо менамоянд. Чунин нишонаҳо ба мисли миқёси инноватсионӣ (ҷаҳонӣ, маҳаллӣ); ҳудудҳои даври ҳаётӣ (ҷудо кардан ва таҳлили ҳамаи давраю дараҷаҳо ва зердавраҳо), қонунӣ будани раванди ҷорисозӣ ва ғайра аз ҳамдигар фарқ доранд.

Ҳануз чанде қабл, дар адабиётҳои махсус ва ҳуҷҷатҳои расмӣ бештар аз ҳама мафҳумҳои «идораи тараққиёти илмӣ-техникӣ», «ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва техника дар истеҳсолот» ва амсоли онҳо истифода мешуданд, ки барои иқтисоди марказонидашуда хос буд. Дар шароити хоҷагидории бозорӣ, ки дар он ташкилоту корхонаҳои дорои мустақилияти пурраи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фаъолият менамоянд, дар мавриди ҷорӣ намудани чизе сухан ҳам намеравад. Бо чунин як тафовути ҷиддӣ фарқ доштани мазмуну мафҳумҳои алоҳида дар соҳаи менеҷменти инноватсионӣ, ҷараёни инноватсионӣ, рушди инноватсионӣ шарҳ дода мешавад.

Мутобиқи сарчашмаҳо чунин омадааст, ки мафҳуми «ҷорисозӣ» нусхаи тоҷикии калимаи англисии «innovation new development» ба шумор меравад. Тарҷумаи таҳтуллафзии он аз англисӣ маънои «ҷорӣ намудани чизи навтарин»-ро дорад. Таҳти мафҳуми навоварӣ, тартибу низоми нав, анъанаи нав, усули нав, ихтироот, падидаи нав фаҳмида мешавад. Ибораи тоҷикии «ҷорисозӣ» айнан «даровардани навигарӣ», яъне ҷараёни истифодабарӣ аз навигариҳоро ифода месозад.

Дар амал аз лаҳзаҳои қабул гардидани калимаи нав ба худ сифати тоза (нав)-ро гирифта – инноватсионӣ (инноватсия) мешавад. Ҷараёни инноватсионӣ дар бозор ҳамчун раванди тиҷоратикунонӣ (каммертсиализатсия), давраи замони байни пайдоиши таклифи навоварона ва ба инноватсия мубаддал гардидани он бошад, бо номи нави инноватсионӣ қабул шудааст.

Дар зиндагии ҳаррӯза, тибқи ҷоришавиашон ифодаҳои навигарӣ, новатсия, навоварӣ, инноватсия истифода мешаванд, ки онҳо ба ҳам наздиканд. Ҳамчун навигарӣ метавонад тартиби нав, усули нав, ихтироотро ифода намояд. Навоварӣ бо маънои навигарӣ аз лаҳзаи қабули он арзи вуҷуд менамояд, ҳангоми паҳн гардидани навигарӣ он сифати навро ба худ гирифта, ба инноватсия мубаддал мегардад. Ҳаргуна ихтироот, падидаҳои нав, намудҳои хизматрасониҳо ё усули ташкили меҳнат, вақте ки барои тиҷорат паҳнкунонӣ, (коммертсиализатсия) ба сифати нав арзи вуҷуд менамоянд, онҳо мафҳуми инноватсия-ро ифода менамоянд.

Мафҳуми «менеҷмент» дар роҳи идораи самараноки ташкилот маънои маҳорати касбӣ ё ҳатто санъатро дорад. Менеҷмент – ин маҷмӯи меъёрҳо, шаклҳо, усулҳо, роҳҳо ва воситаҳои идораи истеҳсолот ва ҳайати шахсии истеҳсолӣ дар якҷоягӣ истифодабарии комёбиҳои илмиро ифода мекунад.

Омилҳои иқтисодӣ, ташкилию идоравӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию равонӣ, ки ба ҷараёни инноватсионӣ ва ба шаклҳои самараноки ташкили ин ҷараён таъсир мерасонанд, моҳияти менеҷменти инноватсиониро муайян месозанд.

Дар адабиёти илмӣ ва методӣ миқдори кофии нусхаҳои шарҳи менеҷменти инноватсионӣ пешниҳод шудаанд, ки таваҷҷӯҳро ба ин ва ё он ҷанбаи ин раванди мураккаби идора ҷалб менамоянд.

Менеҷменти инноватсионӣ – ин идораи истифодабарии амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-техникӣ ва иқтидори зеҳнӣ (интеллектуалӣ) бо мақсади дарёфти натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионӣ ва қонеъсозии талаботи бозор ба ҳисоб меравад.

Менеҷменти инноватсионӣ – ин иқтисодиёт ва идораи барпосозӣ, азхудкунӣ ва ҷобаҷогузории маҳсулоти нав дар шароити бозор бо мақсади дарёфти ҳарчи зудтари фоида аст.

Менеҷменти инноватсионӣ ин идораи тиҷораткунонии донишҳои нав, таълимот, маҳорат, малака, таҷрибаи истеҳсолӣ ва ташкилӣ (ноу- хау) ба шумор меравад. Ба ҳамин тариқ, менеҷменти инноватсионӣ – ин маҷмӯи меъёрҳо, усулҳо ва шаклҳои идораи фаъолияти инноватсионӣ, раванди инноватсионӣ, имкониятҳои инноватсионии корхона ва ташкилотҳо мебошад.

Пайдоиши менеҷменти инноватсионӣ ҳамчун амри ҳаёти ба шумор меравад. Раванди инноватсионӣ, табдилёбии онҳо ба маҳсулоти нав ва техникаи нав, шаклҳои нави ташкили истеҳсолот ва идора, асоси сатҳи иқтисодӣ баҳисоб меравад.

Равандҳои муосири инноватсионӣ хеле мураккаб аст. Барои иқтисодиёти бозорӣ рақобати ширкатҳои мустақил, алоқамандӣ ба истеҳсоли маҳсулот, мавҷудияти бозори навовариҳои рақобаткунанда хос аст.

Менеҷменти инноватсионӣ – яке аз самтҳои идоракунии стратегӣ ба шумор меравад, ки дар сатҳи баланди роҳбарии корхона амалӣ мегардад. Ҳадафи он муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-технологӣ ва истеҳсолии корхонаҳо дар соҳаҳои зерин ба ҳисоб меравад, истеҳсол ва ҷорӣ намудани маҳсулоти нав; усулҳои истеҳсолот; истифодаи ноу-хау (фаъолияти инноватсионӣ); азнавсозӣ ва такмили маҳсулоти истеҳсолшаванда; рушди минбаъдаи истеҳсоли намудҳои нави анъанавии маҳсулот; аз истеҳсолот берун сохтани маҳсулоти кӯҳна.

Татбиқи усули инноватсионӣ дар корхона ба таври умумӣ инҳоро тақозо мекунад:

  1. тартиб додани нақша ва барномаҳои фаъолияти инноватсионӣ;
  2. мушоҳидаи (ва ё назорати) ҷараёни баровардани маҳсулоти нав ва ҷорӣ намудани он;
  3. баррасии лоиҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти нав;
  4. пешбурди сиёсати ягонаи инноватсионӣ;
  5. ҳамоҳангсозии фаъолият дар воҳидҳои истеҳсолӣ;
  6. таъминоти барномаҳои фаъолияти инноватсионӣ бо захираҳои молиявӣ ва моддӣ;
  7. таъмини фаъолияти инноватсионӣ бо ҳайати шахсии баландихтисос;
  8. ташкили гурӯҳҳои мақсаднок баҳри халли маҷмӯи масъалаҳои инноватсионӣ аз андеша то истеҳсоли маҳсулоти гурӯҳӣ;
  9. таъмини иттилоотии фаъолияти инноватсионӣ.

Таҳлили мафҳумҳои гуногуни менеҷменти инноватсионӣ ба чунин хулоса меорад, ки мазмуни хоси инноватсияро тағйиротҳо ташкил медиҳанд, вазифаи асосии фаъолияти инноватсионӣ бошад, муқаррар намудани тағйиротҳо ва истифодаи натиҷаҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

Мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ, инноватсия ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолиятҳои инноватсионӣ буда, дар маҳсулоти нав ва ё такмилёфта зоҳир мегардад, яъне дар бозор ҷорӣ намудани раванди нав ё такмилёфтаи технологӣ, ки дар фаъолияти амалӣ, ё ин ки дар бархӯрди нав нисбат ба ташкили меҳнат, раванди истеҳсолот ва идора татбиқ мегардад.

Истилоҳоти «инноватсионӣ» ва «равандҳои инноватсионӣ» ба ҳамдигар наздиканд, вале маънои ягона надоранд. Равандҳои инноватсионӣ бо замина, азхудсозӣ ва тарқиби инноватсионӣ алоқаманд аст. Бунёдгузорони инноватсия чунин меъёрҳоро, ба мисли даври ҳаётии маснуот ва самаранокии иқтисодиро роҳнамо қарор медиҳанд. Дар айни замон, стратегияи инноватсионӣ ба он равона шудааст, ки аз рақибон бояд пештар гузашт, навигарие эҷод кард, ки дар як соҳаи муайян нодир эътироф карда шавад.

Ба ҳамин тариқ, бояд қайд кард, ки натиҷаи инноватсия бояд дар якҷоягӣ бо раванди инноватсионӣ баррасӣ намуд. Ба инноватсия се хусусият хос аст:1) навигарии илмӣ-техникӣ; 2) дар истеҳсолот мавриди истифода қарор гирифтан; 3) имконияти хариду фурӯш, тиҷоратикунонии он.

Ҷамбаи тиҷораткунонии инноватсия онро ҳамчун зарурияти иқтисодӣ, ба воситаи талаботи бозор даркшуда, яъне ба воситаи қонеъсозии талаботи инноватсионӣ муайян месозад.

Бинобар ҳамин инноватсияи илмӣ-техникӣ бояд:

  1. дорои навоварӣ бошад;
  2. талаботи бозорро қонеъ гардонад;
  3. ба истеҳсолкунанда фоида биоварад.

Моли дорои хусусияти навро, ки ба истеҳсол ва фурӯши он кӯшиш ба харҷ дода мешавад, одатан моли нав меноманд. Яъне моли нав бояд дорои сифати нав бошад. Такмили оддии маснуоти мавҷуда ба ин дохил намешавад.

Фаъолияти инноватсионӣ, қисми таркибии фаъолияти маркетингии корхонаро ташкил медиҳад, хусусан он ба корхонаҳое тааллуқ дорад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ба илм алоқамандбуда машғуланд.

Дар сиёсати инноватсионӣ аз ҳама муҳим – расидан ба ҳадафи асосии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию нақшакашӣ, муайян намудани мӯҳлати баргузории онҳо, баҳодиҳӣ ба натиҷаҳо бо ҳадафҳои мушаххаси амалӣ, кам кардани мӯҳлати раванди инноватсионӣ, баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолоти самаранок ва ҷорисозии маҳсулоти нав ба шумор мераванд.

Сиёсати дақиқ дар соҳаи эҷоду ихтироъи маҳсулоти нав самти ҷамъоварии иттилоот ва таҳияи таклифҳоро муайян месозад, ки он ба ҷустуҷӯи қотеъонаи имкониятҳои нав барои фаъолияти гурӯҳҳои тадқиқотӣ сабаб мегардад.

Давраҳои асосии раванди инноватсионӣ аз инҳо иборатанд:

Давраи 1. Ба низом даровардани андешаҳои воридшаванда.

Давраи 2. Интихоби андешаҳои муайяншуда ва амалисозии андешаи маҳсулоти нав.

Давраи 3. Таҳлили самаранокии иқтисодии маҳсулоти нав, тартиб додани барномаи маркетингӣ.

Давраи 4. Эҷоди (ихтироъи) маҳсулоти нав.

Давраи 5. Гузаронидани озмоиш дар бозор.

Давраи 6. Қабули қарор дар бораи ҷорӣ намудани маснуоти нав дар истеҳсолот (ба таври фаровон, ба таври гурӯҳӣ) дар асоси барномаи маркетингӣ аз рӯи маҳсулот.

Ба сифати меъёри муҳим дар барномаи маркетингӣ барои маҳсулоти нав баҳри амалӣ намудани мақсадҳои корхона инҳо истифода мешавад:

  • ҳаҷми фурӯши маснуоти нав;
  • тағйирот дар савдои молҳои дигар;
  • баҳодиҳи замони ба даст овардани фоида дар истеҳсоли моли нав.

Агар маснуоту маҳсулоти нав аз нигоҳи технологӣ ба моли истеҳсолшаванда наздик бошад, он имкон медиҳад, ки аз иқтидорҳои мавҷудаи ширкат истифода барад ва ба ҳамин тариқ, самаранокии онҳо баланд бардошта шаванд.

Ихтироъ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани маҳсулоти нав барои корхона ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи рақобатнокӣ ва бартараф намудани вобастагии он аз мутобиқсозии давраҳои ба вуҷудории маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти муайяне дорад. Дар шароити имрӯза азнавсохтан ё таҷдиди маҳсулот ва давраи ба вуҷудомадани маҳсулот босуръат идома дорад.

Барои баҳодиҳии инноватсионӣ он чиз муҳим аст, ки талаботи ҷамъиятӣ ба маҳсулоти истеҳсолӣ ва истифодашаванда тадриҷан тағйир меёбад. Навъҳои нави маҳсулот ба кӯҳнашавии маснуоте, ки то ҳол аз нуқтаи назари техникию иқтисодӣ пешқадам ҳисобида мешуданд, оварда мерасонанд. Тағйирёбии талаботи инноватсионӣ ва тадбирҳои дахлдори амалисозии онро метавон ба истилоҳ даври ҳаётии маҳсулот номид. Даври ба вуҷудомадани маҳсулот тағйироти миқдории талаботро ба маҳсулоти азхудкардашуда ва истеҳсолшаванда ифода менамояд.Азрӯи қоида давраи ноҳамвори ба вуҷудоии маҳсулот тасаввуроти зеринро ба вуҷуд меорад:

  1. ҷорӣ намудани маҳсулот дар соҳаи истеъмолот;
  2. рушди истеҳсолот дар мувофиқат бо талаботи афзоянда;
  3. расидагии маҳсулот;
  4. қонеъсозии талабот;
  5. кам кардани истеъмолот дар зери таъсири баланд бардоштани талабот нисбат ба маҳсулот ва имконияти қонеъ сохтани талабот бо маҳсулоти дигар (дар натиҷаи инноватсионӣ).

Интихоби стратегияи муваффақиятноки фаъолияти инноватсионӣ, ҷузъи таркибии муҳими давраи менеҷменти инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон, стратегияро метавон ҳамчун раванди қабули қарор муайян намуд. Он маҷмӯи амалҳои ба ҳам алоқамандро ифода мекунад, ки он ба таъмини идораи арзи ҳасти кардан, рақобатнокӣ ва иқтидори корхона нигаронида шудааст. Бештари корхонаҳо зарурияти банақшагирии стратегиро эътироф намуда, шароитро барои ба таври самаранок ҷорӣ намудани он фароҳам меоранд. Банақшагирии стратегӣ ду ҳадафи асосиро дар бар мегирад:

  1. Тақсим ва истифодаи самараноки захираҳо;
  2. Мувофиқшавӣ ба муҳити берунӣ.

Ин ҳадафҳо дар якҷоягӣ бо вазифаҳои умумии ташкилот:

  • самтҳои асосии фаъолияти корхона;
  • талабот ба кор дар муҳити беруна (талаботи савдо, муносибат нисбат ба истеъмолкунанда, ҷорӣ намудани алоқаҳои корӣ);
  • маданияти ташкил, анъанаҳои он, фазои кориро ба вуҷуд меоранд.

Ҳангоми интихоби ҳадаф бояд ду ҷамбаро ба назар гирифт- муштарии корхона кист ва кадом эҳтиёҷҳоро он қонеъ карда метавонад. Пас аз муайян намудани мақсади умумӣ давраи дуюми банақшагирии стратегӣ амалӣ мегардад, ки барои мушаххас сохтани мақсад нигаронида шудааст.

Раванди тағйири муҳити беруна ба ташкили фаъолияти корхона ҳамчун таъсири ҳаётан муҳим ба назар мерасад. Иқтисодиёт, сиёсат, бозор, технология, рақобат омилҳои асосии муҳити берунии ташкили идораи лоиҳаи тадқиқотӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар худ қисми таркибии муҳими менеҷменти инноватсиониро ифода менамоянд. Яке аз шаклҳои лоиҳаи инноватсионӣ, лоиҳаҳои тадқиқотӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳти унвони лоиҳаи инноватсионӣ нақшаи тартибдодашудаи тадқиқот ва ихтирооте фаҳмида мешавад, ки барои ҳалли вазифаҳои назариявӣ ва амалии рӯзмарра равона карда шудааст, ки аҳамияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташкилӣ-хоҷагидорӣ ва сиёсӣ доранд. Дар лоиҳаҳои инноватсиоии тадқиқотӣ қарорҳои аз нигоҳи илмӣ  асосноки техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ё технологӣ ифода мегарданд. Дар ин ҷо интихоби самтҳои афзалиятноки тадқиқот ва ихтироъот дар сиёсати илмӣ-техникии давлатӣ нақши муҳимеро бозида метавонанд.

Идораи лоиҳа хусусиятҳои хос ва мураккабиҳои худро дорад. Гурӯҳи корӣ, ки барои татбиқи лоиҳа ташкил карда мешавад, вазифаҳои наверо ҳал мекунад, ки онҳо аз вазифаҳои дар назди воҳидҳои мавҷудаи фаъолияткунанда истода фарқ мекунанд.

Одатан, роҳбарон гурӯҳҳои ҳамоҳангсозандаеро ташкил мекунанд, ки ба вазифаҳои онҳо ҳалли масъалаҳои зерин дохил мешаванд;

  1. муайян намудани ҳадаф;
  2. таъини роҳбарони гурӯҳҳои корӣ;
  3. ташкили гурӯҳҳои корӣ;
  4. вазифагузорӣ;
  5. назорати иҷрои лоиҳа;
  6. қабули қарор дар бораи идома додани кор аз рӯйи лоиҳа;
  7. парокандасозии гурӯҳи корӣ.

Бояд дар назар дошт, ки лоиҳа дар ташкили кор нақши ҳалкунандаро мебозад. Бинобар ин, аз рӯи хусусиятҳои шахсӣ, маҳорат ва ваколатҳояш бояд роҳбарияти гуруҳи ҳамоҳангсозанда дар назди роҳбарони воҳидҳои фаъолияткунанда обрӯю эътибор дошта бошад ва ҳайати шахсиро идора карда тавонад.

Ба воситаи махсуси идораи лоиҳа инҳо дохил мешаванд:

  1. Муайян намудани масъала ва вазифагузорӣ;
  2. Муқаррар намудани марҳилаҳои мобайнӣ.

Дар давраҳои иҷрои лоиҳа қарорҳои мушаххаси зерин бояд қабул карда шаванд:

  1. Қарор доир ба идома додан ва ё саҳеҳсозӣ;
  2. Қарор дар бораи дақиқ сохтани марҳила ё давраи ниҳоӣ;
  3. Қарор оид ба шакли ба поён расонидани давраи ниҳоӣ.

Тақсими лоиҳаҳо ба давраҳо ба кори танзиму ба система даровардани иҷроиши онҳо ва анҷоми мониторинги татбиқи лоиҳа имкон медиҳад.

Идораи тадқиқотҳои илмӣ ва нақшаҳо дар шароити доимо тағйирёбанда сурат мегирад. Он зарурияти такмили ҳамешагии барномаҳои татбиқӣ ва лоиҳаҳои инноватсиониро ба миён меорад. Дар айни замон, дар ҳар лаҳза метавонад мушкилиҳои ғайрианъанавии илмӣ-техникӣ ва ё ташкилӣ ба вуҷуд ояд ва кор боздошта шавад.

Самаранокии татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ дар бозор ошкор мегардад. Он аз он вобаста хоҳад буд, ки ҳангоми муайян намудани мақсад то кадом андоза талаботиинноватсионии бозор ба инобат гирифта шудааст.

Хусусиятҳои асосии ҳолати бозор метавонад дар се андозаи ба ҳам алоқаманди тағйироти бозор-нархи имконпазир, талабот ба самаранокии техникӣ ва вақт ифода гардад.

Натиҷаҳои фаъолияти инновасионӣ дар бозори дохилию хориҷӣ метавонад бо роҳи интиқоли донишҳои илмӣ-техникӣ, малака, таҷриба ва ноу-хау барои расонидани хизматҳои илмӣ-техникӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва технологияи нав ифода гарданд.

Интиқоли технология, метавонад дар бозор сурат гирад. Истеъмолкунандагон барои қонеъ сохтани талаботи инноватсионии хеш, инноватсияи даркории илмӣ-техникиро пайдо мекунанд. Баромад ба бозори технология аз самаранокии фаъолияти инноватсионӣ ва қобили ҳаёт будану рақобатпазирии раванди инноватсионӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222