Ҳар як инсон ҳамчун субъекти
муносибатҳои иҷтимоӣ дар тӯли
ҳаёт вобаста ба хусусиятҳои хоси
муҳити зисти худ психология ва рафтори ба худ хосро до-
ро мешавад. Ӯ дар ин давом бо атрофиён дар робита
шуда, бо ҳамин моҳияти иҷтимоии худро нишон медиҳад.
Ҳар гуна ҷамъият дорои сохти мураккаби иҷтимоӣ буда,
аз гурӯҳҳои бешумору гуногуни иҷтимоии одамон иборат
аст. Одамон вобаста ба нишонаю аломатҳои гуногуни
иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд: касбу кор,
синну сол, ҷинсият, мансубияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ
ва ғайра. Одамон бо гуногунии хусусиятҳои психологӣ ва
иҷтимоии худ шомили гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мегар-
данд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар омӯзиши гурӯҳҳои
иҷтимоӣ на танҳо диққати сотсиологҳо, балки таваҷҷӯҳи
психологонро низ ба худ ҷалб намудааст.
Гурӯҳ-ин умумияти одамон буда, дар асоси ало-
матҳои муайян чун қаробат ва амиқии муносибатҳо, му-
носибати шахс ба меъёрҳои гурӯҳ, мансубиятҳои иҷтимоӣ
ё синфӣ, сохт, дараҷаи тараққиёт, шарти ташкилёбӣ ва
ғайра тавсиф дода мешавад.
Аз байни гурӯҳҳои зиёди дар ҷамъият мавҷудбуда
гурӯҳҳои хурд ва калонро фарқ кардан мумкин аст.
Гурӯҳҳои калон гуфта, гурӯҳҳоеро меноманд, ки намо-
яндагони онҳо дар миқёси тамоми ҷомеа аз рӯи умумияти
расмию ғайрирасмӣ кору фаъолият менамоянд. Аъзоёни
гурӯҳҳои калон метавонанд вобаста ба нишонаю ало-
матҳои гуногуни иҷтимоию-оморӣ аз ҳамдигар фарқ ку-
нанд. Одамони ба гурӯҳҳои калон шомилбуда метавонанд
бо ҳамдигар шахсан шинос набошанд, вале онҳо на танҳо
аз рӯи аломатҳои иҷтимоӣ, балки аз рӯи умумияти
меъёрҳо (шавқу ҳавас, майлу рағбат, рафтор, психология,
маданият, расму оинҳо ва афкори ҷамъиятӣ) аз ҳамдигар
фарқ мекунанд. Масалан, шавқу ҳавас, майлу рағбат, пси-
хология ва рафтори ҷавонон аз шавқу ҳавас, майлу
рағбат, психология ва рафтори кӯҳансолон фарқ мекунад;
шавқу ҳавас, психология ва рафтори табақаҳои болоии
ҷамъият – соҳибдавлатон аз шавқу ҳавас, психология ва
рафтори намояндагони табақаҳои поёнии ҷамъият низ
фарқ мекунад.
Гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ ба одамон таъсири муа-
йян мерасонанд, вале дар муқоиса бо таъсири гурӯҳҳои
дигар, он нисбатан суст буда, якзайл нест(ҳамон як гурӯҳи
калони иҷтимоӣ ба одамони гуногун таъсири ҳархела ра-
сонида метавонад). Сабаб он аст, ки аввалан худи ин
гурӯҳҳо яклухту том нестанд ва онҳо аз микрогурӯҳҳои
гуногун таркиб ёфтаанд. Сониян, таъсири гурӯҳҳои калон
ба одамон на бевосита, балки бавосита, яъне тавассути
шахсоне сурат мегирад, ки бо одамони мазкур робита до-
ранд.
Ҳамин тариқ, зарурияти боз ҳам амиқтар ва
ҳамаҷониба омӯхтани масъалаи он ки ҷамъият ба шахс чӣ
гуна таъсир мерасонад, дарки он ки шахс чӣ тавр дар дои-
раи атрофиён ҳамчун шахсият ташаккул ва тараққӣ ме-
ёбад, масъалаи омӯзиши сохти гурӯҳҳои хурдро ба миён
меоварад.
Гурӯҳи хурд – ин иттиҳоди шумораи начандон зиёди
одамоне (аз 2-3 то 30-40 нафар) буда, ҳамдигарро шахсан
мешиносанд ва бо ҳамдигар робитаи бевоситаи доимии
шахсӣ ва корӣ доранд. Аъзоёни гурӯҳҳои хурд назар ба
аъзоёни гурӯҳҳои калон дида, умумияти бештари психо-
логию рафторӣ доранд. Аъзоёни гурӯҳҳои хурд аз рӯи қо-
ида, мақсад, шавқу завқ ва майлу рағбати дар фаъолияти
онҳо зоҳиршаванда дорои арзиш, нуқтаи назар ва муно-
сибатҳои умумӣ мебошанд. Байни онҳо муносибатҳои гу-
ногуни шахсӣ, корӣ, расмӣ, ғайрирасмӣ, ратсионалӣ,
эмотсионалӣ барқарор карда мешаванд.
Шахс муддати зиёди умри худро дар ҳайати
гурӯҳҳои хурди гуногун сипарӣ менамояд. Мисоли
гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ, ки дар тараққиёти онҳо қариб
ҳамаи одамон саҳм мегузоранд, инҳоянд: оила, гурӯҳи
ҳамсолон, гурӯҳҳои таълимӣ, коллективҳои хурди
меҳнатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, дастаҳои варзишӣ, шумораи на-
чандон зиёди одамони шавқу ҳавас ва майлу рағбати уму-
мидошта ва ғайра.
Мувофиқи тадқиқотҳои тахминии олимон, одам қа-
риб 90%-и умри худро дар доираи аъзоёни гурӯҳҳои хурд
мегузаронад. Дар заминаи ин андеша ба чунин хулосаҳо
омадан мумкин аст:
- одам – мавҷудест, ки асосан тарзи ҳаёти гурӯҳӣ ё
коллективиро аз сар мегузаронад; - тасири бештаре, ки ба одамон расонида мешавад,
тавассути гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ сурат мегирад; - барои дарки моҳияти одам ҳамчун шахс, иштирок
ва фаъолияти ӯро дар гурӯҳҳои хурд мушоҳида кардан ло-
зим аст.
Дар ин замина, зарурати аз рӯи хусусиятҳои муайян
ҷудокунии гурӯҳҳои хурд ба миён меояд. Гурӯҳҳои хурдро
бо усулҳои гуногун тафриқанамоӣ мекунанд. Одатан чу-
нин ҷудонамоии гурӯҳҳои хурд ба намудҳо маълум аст:
микрогурӯҳҳо ва гурӯҳҳои ҳаҷман калон, референтӣ ва
индифферентӣ, табиӣ ва лабораторӣ, расмӣ ва ғайрирас-
мӣ, сустинкишофёфта ва хубинкишофёфта, интерактивӣ
ва ғайра.
Микрогурӯҳ гуфта, гурӯҳи аз ҳама хурди 2-3 – нафа-
раро меноманд. Оила, 2-3 нафар дӯстони наздик, 2-3
нафар шахси дар як корхона ҳамҷоя фаъолияткунанда ва
ғ. мисоли ин гуна гурӯҳҳо шуда метавонад. Ҳарчанд шу-
мораи микрогурӯҳҳо дар муқоиса бо гурӯҳҳои ҳаҷман ка-
лон начандон зиёд бошанд ҳам, онҳо нисбатан паҳншуда-
тар мебошанд, зеро ҳар гуна муносибати миёни гурӯҳҳои
дигар мавҷудбуда, аз муносибатҳои микрогурӯҳӣ оғоз ме-
ёбад. Яъне, ҳар гуна маҷмӯи мураккаби муносибатҳои
байниҳамдигарии гурӯҳҳои аз чор нафар зиёдро ба муно-
сибатҳои одитарини ду се нафара тақсим кардан мумкин
аст.
Дар ин замина тадқиқи муносибатҳои одамон дар
микрогурӯҳҳо моҳияти хоса пайдо мекунад, зеро нозукию
мураккабии ин муносибатҳо асосан дар дараҷаи микро-
гурӯҳҳо зоҳир мешавад. Муносибатҳои байниҳамдигарӣ
дар гурӯҳҳои дигар бошад, аз маҷмӯи муносибатҳои му-
раккабу ба ҳам пайвасти байниҳамдигарӣ иборат мебо-
шад. Ин муносибатҳоро ба таври зерин тасвир кардан
мумкин аст:
Дар расми мазкур, аз тарафи чап муносибти ду
микрогурӯҳи алоҳидаи дунафара ва сенафара, аз тарафи
рост бошад, муносибати гурӯҳи 5 – нафара тасвир шуда-
аст. Ба осонӣ дидан мумкин аст, ки муносибати бай-
ниҳамдигарии гурӯҳи 5 – нафара аз муносибатҳои дугони-
ки зиёди байниҳамдигарии ҳамаи аъзоёни гурӯҳ иборат
аст.
Илова бар ин, сабаби дигари ба омӯзиши чунин
гӯрӯҳҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардани олимон дар он аст,
ки муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни ин гурӯҳҳо
одатан хело наздик, маҳрамона ё баръакс, хело тезу тунд
шуда метавонанд. Барои ошкор кардани омилҳои асосӣ
маҳз ҳамин намуди муносибатҳои гурӯҳҳоро омӯхтан
мувофиқи мақсад аст.
Гурӯҳи референтӣ- гурӯҳи намунавӣ буда, барои
аъзоёни нави он аҳамияти хосаи мусбат пайдо мекунад.
Ин аҳамият дар шаклҳои зерин инъикос меёбад:
- гурӯҳи референтӣ барои аъзоёни вай диққатҷалбку-
нанда аст, онҳо аз мансуб буданашон ба ин гурӯҳ хело иф-
тихор доранд. Агар айни замон аъзои он набошанд, он
гоҳбо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд, ки дар оянда
аъзои комилҳуқуқи он гарданд; - мақсад, арзиш ва меъёри рафтор аз ҷониби ҳамаи
аъзоёни гурӯҳ эътироф ва қабул карда шуда, ҳамчун
мақсад, арзиш ва меъёрҳои шахсии онҳо фаҳмида меша-
вад; - ҳангоми ба мушкилие дучор шудан, аъзоёни гурӯҳ
дар ҳамбастагӣ бо назардошт ва дастгирии фикру
ақидаҳои ҳамдигар онро ҳаллу фасл менамоянд;
– ин намуди гурӯҳ дар муқоиса бо намудҳои дигар,
дар ташаккули шахсияти инсон нақши муҳим мебозад.
Доираи дӯстони наздик, оила, коллективҳои меҳнатӣ
ва ғ. мисоли ин гуна гурӯҳҳоянд.
Гурӯҳи индифферентӣ гуфта, гурӯҳеро меноманд, ки
он барои шахси муайян ҳеҷгуна аҳамият надорад. Ӯ барои
аъзои он шудан саъю кӯшиш намекунад, фикру ақидаи
аъзоёни ин гурӯҳ барои ӯ на он қадар муҳим буда, таъсири
хоса намерасонад.
Гурӯҳи табиӣ умумияти одамоне мебошад, ки дар ҳа-
ёти воқеӣ мавҷуданд ва таври табиӣ ташаккул меёбанд.
Аксарияти гурӯҳҳои хурди дар ҷамъият мавҷудбуда,
гурӯҳҳои ба таври табиӣ ташкилшуда мебошанд.
Гурӯҳҳои лабораторӣ гурӯҳҳое мебошанд, ки барои
гузаронидани ин ё он тадқиқоти илмӣ гирд оварда шуда,
танҳо дар шароити лабораторӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Пас аз анҷом ёфтани тадқиқот ин намуди гурӯҳҳо паро-
канда мегарданд.
Гурӯҳҳои расмӣ дорои асоси ҳуқуқӣ буда, зимни
оиннома, рӯйхати штатии кормандон ва дигар ҳуҷҷатҳои
расмӣ ташаккул меёбад. Оила, гурӯҳҳои таълимии мак-
табҳои миёнаю олӣ ва ғ. мисоли гурӯҳҳои расмӣ шуда ме-
тавонанд. Гурӯҳҳои ғайрирасмӣ тасодуфӣ буда, ҳеҷ гуна
асоси ҳуқуқӣ надоранд ва дар заминаи шавқу ҳавас, равия,
таваҷҷӯҳ ва қаробати фикру андешаҳҳои умумӣ шакл
мегиранд. Ин гурӯҳ дорои оиннома ва ҳуҷҷатҳои расмӣ
намебошад. Доираи одамони барои ягон навъи бозӣ ҷамъ
шуда, шахсони ношиноси дар як мавзеъ ба шикор
машғулбуда, навбат дар назди дӯкони нонфурӯшӣ ва
ғайра мисоли гурӯҳҳои ғайрирасмӣ мебошанд.
Гурӯҳи конактивӣ гурӯҳе мебошад, ки аъзоёни он
байни худ дар муносибат нестанд ва ҳар як нафар худ ба
худ фаъолият менамояд. Натиҷаи фаъолияти онҳо аз рӯи
ҷамъи саҳми гузоштаи ҳама баррасӣ шуда, аз муносибати
шахсӣ ё кории ташкилёфта вобаста нест. Гурӯҳи интерак-
тивӣ гуфта гурӯҳеро меноманд, ки аъзоёни он бо ҳамдигар
дар анҷом додани фаъолияте байни худ дар муносибати
фаъолона мебошанд. Натиҷаи фаъолияти ҳар як нафар
дар алоҳидагӣ ва гурӯҳ дар якҷоягӣ, моҳиятан аз муноси-
батҳои таркибёфтаи байниҳамдигарии аъзоёни гурӯҳ во-
баста аст. Гурӯҳи таълимии донишҷӯён мисоли гурӯҳҳои
конактивӣ ва дастаи баскетболбозон ё футболбозон мисо-
ли гурӯҳҳои интерактивӣ шуда метавонад.
Гурӯҳҳои суст инкишофёфта гуфта, гурӯҳҳоеро дар
назар доранд, ки дар он сохти муайяни дохилигурӯҳӣ
мавҷуд нест, нақш ва ӯҳдадориҳои аъзоёни гурӯҳ дуруст
тақсим нашудааст, муносибатҳои байниҳамдигарии шах-
сию корӣ бояду шояд, ташкил нашудааст, дараҷаи мут-
таҳидии аъзоёни гурӯҳ паст аст, байни аъзоёни гурӯҳ ҳам-
дигарнофаҳмӣ ва низоъҳои ба фаъолияти самаранок халал
расонанда зуд-зуд рӯй дода меистанд.
Гурӯҳҳои дараҷаи инкишофашон баланд бо мута-
шаккилӣ, муттаҳидӣ, тақсими дурусти ӯҳдадориҳо, муно-
сибатҳои солими корию шахсии байниҳамдигарӣ, баҳам-
таъсиррасонии мувофиқ, натиҷагириҳои баланди фаъоли-
яти якҷоя ва ғайра аз гурӯҳҳои дигар фарқ мекунад. Ин
намуди гурӯҳро ба таври дигар коллектив ва мувофиқи
ананаҳои психологияи иҷтимоии мамлакатҳои ғарб, маса-
лан, ШМА даста меноманд.
Коллектив ҳамчун гурӯҳи дараҷаи инкишофаш ба-
ланд бо чунин хусусиятҳо тавсиф дода мешавад: бо-
масъулиятӣ, коллективизм, муттаҳидӣ, дастрас будан, му-
ташаккилӣ, ҳамкорӣ ва маълумотнокӣ тавсиф дода меша-
вад.
Бомасъулиятӣ гуфта, иҷрои боинсофонаи вазифаҳои
ба ӯҳда гирифтаи аъзоёни коллективро ҳангоми иҷрои
фаъолияти умумӣ меноманд. Бомасъулиятӣ дар он зоҳир
мешавад, ки ӯҳдадориҳо аз ҷониби аъзоёни коллектив бе
ҳеҷгуна водоркунӣ ва назорат софдилона иҷро карда ме-
шавад. Гурӯҳ ҳамон вақт коллектив номида мешавад, ки
агар аксарияти аъзоёнаш ҳангоми иҷрои фаъолияти дил-
хоҳ бомасъулиятии баландро эҳсос намояд.
Коллективизм – ин кӯшиши аъзоёни гурӯҳро баҳри
ҳаллу фасли мушкилӣ ва масъалаҳои ҳалталаби гурӯҳ бо
дарназардошти манфиатҳои ҳамаи аъзоёни он ифода ме-
намояд. Ин гуна фаҳмиш ба фаҳмиши индивидуализм –
тарзи рафторе, ки дар он шахс манфиатҳои худро аз ман-
фиатҳои ҷамъият болотар мемонад, зид аст.
Муттаҳидӣ – ин ягонагии психологии дохилигурӯҳӣ
буда, бо мақсад, баҳогузорӣ, ақида, муносибат ва ҳама гу-
на амалҳои умумии барои гурӯҳ пурқимат зоҳиршаванда
тавсиф дода мешавад. Воқеан, барои он ки гурӯҳ коллек-
тиви инкишофёфта номида шавад, шарт нест, ки аъзоёни
вай дар ҳамаи ҳолатҳо муттаҳид бошанд. Муҳим он аст,
ки дар мавридҳои дар ҳақиқат ҳалталаб ва тақдирсоз
аъзоёни гурӯҳ ҳамфикру ҳаммаслак буда, аъзоёни ҳамфи-
кру ҳамбастаи олиро инъикос намоянд.
Гурӯҳи кушода гуфта, чунин гурӯҳеро меноманд, ки
вай аз назари психологӣ барои ҳамагуна муоширату му-
носибат ва баҳамтаъсиррасониҳо бо гурӯҳҳои дигар ку-
шода аст. Барои ба ҳайати хеш қабул кардани дилхоҳ
аъзои гурӯҳи дигар доимо тайёр аст. Гурӯҳи кушода бо
аъзоёни худ ва аъзоёни гурӯҳҳои дигари иҷтимоӣ муноси-
бати якхела дошта, онҳоро ба аъзои «худӣ» ва аъзои «бе-
гона» ҷудо намекунад, байни онҳо фарқияте намегузорад
ва барои фаъолияти аъзоёни худ шароити махсус муҳайё
намесозад.
Ҳамкорӣ – мафҳумест, ки муносибатҳои шахсии
аъзоёни гурӯҳро тавсиф медиҳад. Аъзоёни гурӯҳ дар
мавриде ҳамкор номида мешаванд, ки агар бе ягон ду-
шворӣ бо ҳам созиш намуда, кӯшиш намоянд, ки байни
худ муносибатҳои хуби шахсӣ барқарор намоянд. Ҳам-
корӣ дар муошират ва бо ҳам раду бадал намудани
маълумот ифода меёбад. Дар ҷараёни он ҳеҷ гуна ихтилоф
рӯй намедиҳад ва агар рӯй диҳад ҳам, зуд ва бо осонӣ бар-
тараф карда мешавад.
Муташаккилӣ – тавсифдиҳандаи муносибатҳои ко-
рии аъзоёни гурӯҳ мебошад. Гурӯҳи муташаккил гуфта,
гурӯҳеро меноманд, ки дар он вазифаҳо миёни аъзоёни
гурӯҳ аниқу равшан тақсим кардашуда, ҳар як нафар
мавқеӣ худро хело хуб медонад ва бо маҳорати баланд
ҳангоми иҷрои фаъолияти умумӣ ба дигарон кӯмак мера-
сонад. Ҳамчунин гурӯҳе, ки дар шароити фавқулода бо
зуддӣ аз ӯҳдаи тақсими байниҳамдигарии вазифаҳо, ба
шароити зарурӣ мутобиқ шудан ва иҷрои супориши гузо-
шташуда мебарояд, гурӯҳи муташаккил номида мешавад.
Маълумотнокӣ гуфта, дар бораи якдигар маълумот
доштани аъзоёни гурӯҳро меноманд. Яъне, ҳар як аъзои
гурӯҳ бояд дар бораи дигарон ва гурӯҳи худ маълумоти
саҳеҳу кофӣ дошта боша два вазъи дохилигурӯҳиро низ
дарк кунанду донанд.
Ҳамаи ин таҳлилҳои кардашуда тавсифи назари-
явии коллектив ба ҳисоб меравад. Дар амалия ҳангоми
арзёбӣ кардани гурӯҳ ҳамчун коллектив, саволҳои зиёде
ба миён меоянд. Ин саволҳо бо сабабҳои бо тарзҳои гуно-
гун омӯхтану тавсиф намудани коллектив, мавҷуд набуда-
ни меъёрҳои аниқе, ки бо истифода аз онҳо имконияти
аниқ баҳо додан ба дараҷаи тараққиёти гурӯҳ ҳамчун кол-
лектив имконпазир бошад, ба миён меоянд. Ба ҳамаи ин
нигоҳ накарда, бо истифода аз меъёрҳои зикршуда ё му-
носибатҳо дараҷаи тараққиёти гурӯҳро ҳамчун коллектив
амалан муайян кардан мумкин аст.