Главная / Илм / Мактаби машшоия

Мактаби машшоия

Сардафтари фалосифаи машшоия Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқ ал- Киндӣ ва барҷастатарин симои он Шайхурраис Абӯалӣ Ибн Сино(980- 1037) мебошанд. Мактаби машшоияи Шайхурраис Ибни Сино пайрави Арасту /384-322 қ. а.м./ ба шумор меравад ва номи ин мактаб низ аз он ҷиҳат аст, ки Арасту одат доштааст, бо шогирдонаш ҳангоми дар боғ ё гулгашти Академияи Афлотун қадам задан /ки ба арабӣ «машо» ва юнонӣ. репра1ейко§ аст/ дарс ва ақидаҳои худро баён кунад.

ibn-sinoРавиши фалсафии истидлолии машшоъ пайравони зиёде дорад ва яке аз аввалин файласуфи исломии ин мактаб Абӯ Юсуф Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ аз нажоди араб аст. Замоне, ки ӯ ба фалсафа машғӯл шуд, ҳанӯз касе аз миёни муслимин ба фалсафа напардохта буд. Киндӣ аввалин файласуфи исломист, ки дар мубоҳисоти фалсафии худ таолими исломро низ пеши назар доштааст. Яъне ӯ аввалин файласуфест, ки андешаҳои фалсафии Юнонро бо андешаҳои исломӣ созгор сохт. Баъди Киндӣ намояндагони мактаби машшоъия ба тартиб:Абӯнасри Форобӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Мир Домод, Ибни Рушди Андалусӣ, Ибн Боҷаи Андалусӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Мактаби машшоъия дар шахси Шайхурраис ибни Сино мазҳар ва камоли пурраи худро касб кардааст, аз ин рӯ вайро бисёриҳо сардафтари ин мактаб мешуморанд.

Абӯнасри Форобй (870-950)

Ҳаким Абӯнасри Форобӣ яке аз маъруфтарин шахсияти мактаби машшоия буда, бо номи муаллими сонӣ, баъди Арасту, ном бароварда аст. Абӯнасри Форобӣ дар маҳали Фароби соҳили Сирдарё, ҳоло қаламрави кишвари Қазоқистон ба дунё омада аст. Таълимоти аввалияро дар ватанаш ва баъдан дар Димишқу Бағдод мантиқу илоҳиёт ва улуми замонашро фаро мегирад. Форобӣ мисли Суқрот марди хоксору камбизоате буда, хилватнишин ва порсо будааст ва дар ҳаштодсолагӣ дар Ҳалаб-шимоли Сурия вафот кардааст. Гуфтаанд забонҳои зиёде то 70 забон медониста, ҳадди ақал ба форсию туркӣ ва арабию юнонӣ ворид будааст.

Осори вай хеле зиёд (афзун аз 40) ва гуногунсоҳа мебошад. Маъруфтарин осори ӯ иборатанд аз: «Ал-ҷамъ байна раъйил-ҳакимайн», «Эҳсоъ-ул-улум», «Фусус-ил-ҳикам», «Орои аҳли мадинаи фозила», «Ас- сиёсатул-мадания» ва ғ-ра.

Вай шарҳу эзоҳоти зиёде ба осори Арасту ва Афлотун навишта, кӯшиши аз байн бурдани ихтилофоту зиддиятҳо ва оштӣ додани ин ду файласуфи бузургро аз ҷумла дар китоби: «Ал-ҷамъ байна раъйил- ҳакимайн» кардааст. Дар ин кӯшишҳои худ ҳадди ақал ӯ ду масъаларо хуб дарк кардааст, ки бо вуҷуди интиқод аз мусули Афлотун худи Арасту дар баёни сурат ба чунин натиҷае меояд, ки «сувари рӯҳонӣ»е моварои ин олам вуҷуд дорад ва аммо дар масъалаи офаридани олам аз тарафи Худо Арасту бар вуҷуди нахустмуҳаррик, яъне ба вуҷуди ҳамон Худо қоил аст.

Форобӣ аввалин мутафаккирест, ки дар олами ислом даст ба навиштани китоби доиратулмаорифӣ (энсиклопедия) бо номи «Иҳсоулулум» задааст, ки пас аз ӯ даҳҳо чунин китоб навишта шуданд.

Барҷастатарин ҷиҳати фалсафаи Форобӣ мантиқ аст. Вай аз мантиқшиносони машҳури замонаш буда, шарҳи зиёде низ ба осори мантиқии Арасту навиштааст. Вале Форобӣ дар баробари таблиғи фалсафаи юнонӣ дар инкишоф ва такмили он низ кӯшидааст. То чи андоза ворид будани Форобиро ба фалсафаи юнонӣ, умуман ва алахусус дар фаҳмиши фалсафаи Арастуро аз як нақли Ибни Сино метавон дарёфт. Ибни Сино худ нақл мекунад, ки ӯ китоби «Мобаъдуттабиа»-и Арастуро чиҳил бор хонда нафаҳмидааст ва аз фаҳми он маъюс шуда, то замоне, ки дар бозор китобчаеро ба нархи се дирам ба ӯ пешкаш мекунанд, ки он ҳамон «Ағрози китоби Мобаъдутабиа», навиштаи Абунасри Форобӣ буда ва пас аз мутолиаи он барои Ибни Сино фаҳми китоби «Мобаъдуттабиа»-и Арасту муяссар гардида. Ин худ шаҳодат аз он медиҳад, ки Форобӣ чи мақоми бузург ва дониши амиқи фалсафаи Юнонро доштааст. Зимнан худи эътирофи мақоми Форобӣ аз тарафи Ибни Сино низ як далели қотеъ аст, чунки дар сарчашмаҳо Шайхурраисро ҳамчун шахси хӯрдагир ва бадмуомила бо уламои ҳамасраш таъриф кардаанд ва бо шаҳодати ин сарчашмаҳо ӯ ҷуз Абунасри Форобӣ касеро аз файласуфони замонаш эътироф накардааст.

Форобӣ дар ҳастишиносӣ ё фалсафаи вуҷуд ақида дорад, ки ҳар он чӣ ҳаст ё воҷиб-ал-вуҷуд аст ё мумкин-ал-вуҷуд, ҷуз ин ду навъи вуҷуд вуҷуде нест. Воҷиб-ул-вуҷуд он аст, ки вуҷуди ӯро иллате нест, аммо мумкин-ал-вуҷудро иллату сабабе ҳаст. Чун ҳар як мавҷуде иллате дорад ва аммо силсилаи иллат ва маълулро наметавон беохир идома дод, бояд нахуст иллате бошад, ки вуҷуди ӯ аз дигар мавҷуде вобаста набошад ва он воҷиб-ул-вуҷуд аст.

Пайдоиши ҳастӣ дар фалсафаи Форобӣ аз тариқи судур ва фаязон аст, ки дар он таъсири фалсафаи навафлотунӣ ҳувайдост ва мегӯянд дар доираи фалсафаи исломӣ Форобӣ аввалин шуда масъалаи судурро баён кардааст. Худоро инсон аз тариқи офаридаҳои Вай мешиносад. Сурат ва мусули ҳастии ашё аз азал назди Худост ва худо бо тааққул ба зоти хеш Ақли аввалро судур мекунад ва ҳамин Ақли аввал муҳаррики Фалаки Акбар аст. Аз ақли аввал ба тадриҷ даҳ ақли дигар фаязон мекунанд, ки ба тартиби афлоки кайҳонист ва ақли даҳум бо судури фалаки қамар силсилаи афлоки осмонӣ такмил ва сайри олами заминӣ оғоз ва бо зуҳури инсон ки хулосаи олами коинот аст ин ҷараёни такомул ба камоли худ мерасад.

Баҳси ақлҳо дар фалсафаи Форобӣ аз ҷолибтарин ва густардатарин буҳус дар доираи фалсафаи исломӣ мебошад. Вай мисли Арасту аз ақли билқувва, ақли билфеъл, ақли мустафод ва ақли фаъол баҳс мекунад. Форобӣ ақлро тариқи мутлақи расидан ба саодат медонад, ки иборат аз орзуи расидан ба мартабаи ақли фаъол ва баҳраманд шудан аз он аст, ки лозимаи он се навъ амал аст: иродӣ, ақлонӣ ва ҷисмонӣ, ки мутобиқи се навъ фазилат: ахлоқӣ, ақлӣ ва синоъӣ мебошад.

Афкори фалсафии Форобӣ куллан дорои як пайвасти ногусастанист. Байни мобаъдуттабиа (метафизика)и ӯ ва орои иҷтимоию сиёсии ӯ дар «мадинаи фозила»и ормониаш алоқамандии мантиқӣ мавҷуд аст. Хизмати Форобӣ дар сиёсати маданӣ ва коркарди назарияи кишвар- шаҳри ормонӣ ё «мадини фозила» бениҳоят калон аст.

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) Мактаби машшоия дар шахси Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мазҳар ва камоли пурраи худро касб кардааст, аз ин рӯ вайро бисёриҳо сардафтари ин мактаб мешуморанд. Тайхурраис Ибни Сино аз пайравони мактаби Арасту буда, дар такмилу рушди он нақши муассире гузоштааст.

Осори фалсафии Тайхурраис хеле зиёданд, Муҳаммад Рашшод 104 номгӯ аз онҳоро дар китоби худ «Фалсафа аз оғози таърих» ёд кардааст, ки муҳимтарини онҳо: «Китоб-аш-шифо», «Донишнома», «Ан-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Мабдаъ ва маъод», «Ал-ҳикмат-ул-машриқия» ва дар тибб китоби доиратулмаорифии «Ал-қонун» мебошанд.

Тайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино дар тамоми мавзӯоти фалсафӣ: мантиқ, илоҳиёт (метафизика), илми нафс, табииёт, фалакиёт, фалсафаи ишроқ ва ирфон, тадбири манзил ва ғ-ра ба ҷуз илми сиёсат ва давлатдорӣ ақида баён кардааст. Ягона камбудии Тайхурраис дар муқоиса бо Афлотуну Арасту ва Форобӣ он аст, ки дар осори ӯ баҳсҳои «мадинат-ул-фозила», яъне таълимоти сиёсиву давлатдории ормонӣ чун дар ин се нафар нестанд. Иллати сарфи назар кардани ин мавзӯ равшан нест ва таҳқиқи он низ аз ҳавсалаи ин китоб берун аст.

Тайхурраис илоҳиётро мисли Форобӣ аз исботи «Воҷиб-ал-вуҷуд» (он мавҷуде, ки ҳастиаш – вуҷудаш ҳатмӣ, зарурӣ-воҷиб аст) оғоз мекунад. Вай мавҷудотро ба ду қисмат: «Воҷиб-ал- вуҷуд» ва «мумкин- ал-вуҷуд» тақсим мекунад. Вай мегӯяд: «ҳар вуҷуде ё воҷиб аст ё мумкин, агар воҷиб бошад, вуҷуди Воҷиб-ал-вуҷуд дуруст аст ва он матлуби мост ва агар мумкин бошад, мо ошкор мекунем, ки мумкин саранҷоми вуҷудаш ба Воҷиб-ул-вуҷуд мунтаҳӣ мешавад». Мумкин-ал- вуҷуд дар таърифи ӯ чизе аст, ки мӯҳтоҷи як иллати хориҷӣ аст, ки ӯро аз қувва ба феъл дарорад ё эҷод кунад. Воҷиб-ал-вуҷуд ҳамон Худо аст, ки ба зоти Худ мавҷуд аст ва ниёз ба мусаббибе ва ё муваҷҷиде хориҷ аз худ надорад. Ин назария марбут ба масъалаи дарёфти сари занҷири иллату маълул дар ҳастӣ мебошад.

Воҷиб-ал-вуҷуд – Худои фалсафии Шайхурраис мисли Худои адён дорои сифот мебошад, ки онро ӯ ба тафсил баррасӣ карда ва он аз доираи илоҳиёти ислом (агар он эроди Муҳаммад Ғаззолиро ба ӯ дар мавриди огоҳии Худо аз куллиёт ва ҷузъиёт сарфи назар кунем) берун нест. Аммо дар мавриди пайдоиши олам байни тасаввуроти динӣ ва таълимоти фалсафии Тайхурраис тафовут аст. Тайхурраис дар ин маврид мисли Форобӣ оид ба судур (ё халқ, ибдоъ ва инбиҷос-таркиш) баҳс мекунад ва ҳамчунон, ки дар назарияи Форобӣ дидем, аввалин судур Ақли аввал ва сипас ба тартиб даҳ ақли дигар ва «Нафси фалак» судур мешавад. Хулоса, Тайхурраис ҳастиро ба ду қисми таззод: олами афлоки комил ва олами моддаи ноқис тақсим кардааст ва нафси инсони комилро воситаи пайвасти ин ду олам мешуморад.

Дар мавриди модда ва сурат ва интиқоди Афлотун Ибни Сино аз Арасту пайравӣ карда, вале бар хилофи Арасту суратро муқаддам ба ҳаюло медонад ва барои ҷамъи миёни сурат ва модда барои «Воҳибуссувар» – бахшандаи сурат ҷой холӣ мекунад.

Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино дар аввал, дер гоҳе сахт зери таъсири фалсафаи машшоияи юнонӣ буда, дар ривоҷи он хизмати зиёде кардааст, аммо дар марҳалаҳои охири умраш ба коркарди намунае аз фалсафаи шарқӣ-«ҳикмати ишроқ» кӯшидааст, баъдан ин тарҳи ӯро файласуфи дигари эронӣ Суҳравардӣ идома дод.

Мо бақияи нукоти асосии фалсафаи Шайхурраисро аз мавқеи фалсафаи арастуӣ (аз ҷумла назари ӯ дар мавриди таъриф ва табақабандии ҳикмат, ҷавҳар ва араз, ҳаюло ва сурат, ақсоми ҳаракат) дар ҷойҳои лозима, ёдоварӣ хоҳем кард.[1] Инҷо як нигоҳи зудгузаре ба ҳамин ҷиҳати охири таълимоти Шайхурраис хоҳем кард, ки камтар мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқин қарор гирифтааст.[2]

Афкори тозаи Шайхурраис дар «Китоби ҳикмат-ул-машриқия» ва яқинан дар рисолаи «Фи моҳият-ил-ишқ» ифода ёфтааст. Мутаассифона, аз китоби аввал ҷуз чанд бахше боқӣ намондааст, аммо рисола «Дар моҳияти ишқ» то ба мо расида ва метавон аз он то андозае диди тозаи Шайхурраисро наздик ба фалсафаи ишроқия дарёфт.[3]

Дар ин рисола Шайхулраис Ибни Сино ишқро ҷустуҷӯи зебоӣ меномад. Ормонҷӯии инсон ҳамон ҳаракати ишқ аст ба сӯи зебоӣ ва зебоӣ ҳамон камол аст. Дар робита ба ҳамин мавзӯъ ӯ ҳастиро ба се дараҷа ё мартаба қисмат намуда, ки иборатанд аз:

  • он чӣ дар ниҳояти камол аст;
  • он чӣ дар ниҳояти нуқс аст;
  • он чӣ мо байни ин дуст.

Аммо мартабаи сеюми ҳастӣ воқеият надорад, зеро ки он чи ҳаст ё ба зарурат ба камол расида аст ё аз нуқс ба камол меравад. Мувофиқи ин назарияи Ибни Сино ҳама ҳастӣ: чи ҳаюло (вай модда ҳаюлоро ба зани зишт монанд кардааст, ки то зиштии худро бипӯшад ҳамеша мекӯшад аз сурат ҷудо нашавад ва майл ба сурат дорад), чи наботу чи ҳайвону чи инсон, ҳама гурез аз нуқсон ва майли доимии табиӣ ба камол доранд. Вай баъд аз тавзеҳи ин матлаб дар набот ҳайвон ва инсон, майл ба камолро дар асари ин ишқи ғаризии иллати ҳама ҳастӣ мешуморад. Ин ҷо як кӯшиши ба ҳам пайвастани фалсафаи машшоия (Арасту) бо ирфону завқ шудааст ва он аз фалсафаи давраи нави аврупоӣ мавзӯи мақоми ирода дар орои Артур Шопенҳауэрро ба ёд меорад.

Имом Ғаззолӣ Абӯҳомид Муҳаммад (1059-1111) аз барҷастатарин мутакаллимонфайласуфони мазҳабии ислом мебошад, ки чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб шӯҳрат ёфта. Нақши Ғаззолӣ дар таъриху дину фалсафаи ислом ниҳоят бузург аст. Ӯ дар замоне зуҳур кард, ки олами масеҳӣ аз як тараф бо ҷангҳои салибӣ ва аз тарафи дигар ноаён бо роҳи мафкуравӣ аввалин ҳуҷуми доманадори худро, ҷиҳати баҳам пошидани олами ислом шурӯъ карда буд. Дар назди Ғаззолӣ муҳимтарин вазифа меистод, ки он баробар бо кори як сипоҳи азиме дар майдони муҳорибаи ҷангӣ буд ва он иборат аз зарба задан ба истилои фарҳангии олами масеҳӣ аз тариқи ворид кардани фалсафаи юнонимаоб буд. Ӯ ин вазифаро сарбаландона иҷро кард ва зарбаи муҳлике ба пайкараи фалсафаи юнонимашраб ворид намуд, ки дер муддате он натавонист аз ин зарба ба худ ояд.

Ғаззолӣ осори зиёде таълиф намуда, ки миқдори онҳо болиғ ба 500 асар аст. Маъруфтарин китобҳои ӯ: «Эҳё-ал-улум ад-дин» ва мухтасари форсии он «Кимёи саодат», «Ал-мунқиз мин-аз-залол», «Мақосид ал- фалосифа» ва «Таҳофут-ал-фалосифа» мебошанд.

Имом Ғаззолӣ, ки ба мантиқ ва илми калом ошноӣ ва маҳорат дошт дар зарфи камтар аз 3 сол бе устод фалсафаро ҳангоми дар Бағдод таҳсил карданаш фаро гирифт ва дар се китоби охирин ёдшудаи боло назариёти онҳоро баррасии интиқодӣ намуд. Маълум аст, ки интиқоди фалсафа бидуни донистани фалсафа намешавад. Вале, масъала дар сари чигунагии интиқодотанд, оё онҳо бо усули маърифати фалсафианд ё мабнӣ ба усули раддияҳои динӣ? Абӯҳомид Ғаззолӣ назари файласуфонро дар «Таҳофут-ал-фалосифа» дар бист масъала бидъат ва дар се масъала ба куфр маҳкум мекунад.

Аввалан, ӯ файласуфонро ба се даста-гурӯҳ: даҳриён, табииён, илоҳиён тақсим намуда, даҳриёнро бо аҳли зиндиқа (худоношиносон- атеистҳо) баробар карда, ки Худоро инкор мекунанд ва оламро мавҷуд ба нафси хеш медонанд; табииёнро, ки вуҷуди офаридгори ҳакимро қабуд доранд, вале охиратро инкор мекунанд, Ғаззолӣ онҳоро бо вуҷуди имонашон ба Худо, ба қатори аҳли занодиқ баршуморида; илоҳиён аз назари ӯ, онҳое ҳастанд, ки дар қатори онҳо Суқрот, Афлотун ва Арасту ва аз миёни пайрави онҳо Абунасри Форобӣ ва Ибни Сино низ ҳастанд, худ бар зидди даҳриён ва табииён раддияҳо навиштаанд ва аз онҳо безорӣ ҷустаанд. Бо вуҷуди ин, онҳоро низ дар се масъала гумроҳ ва такфир карда. Он се масъала: яке қадимии олам, дигаре рӯҳонӣ будани мукофоти амал дар охират, на ҷисмонӣ ва олим будани Худо ба куллиёт, на ба ҷузъиёт аст.

Ибни Рушд (1126-1198) аз маъруфтарин файласуфони исломии Андалузияи Испания мебошад, ки таъсири амиқе дар афкори фалсафии Шарқу Ғарб гузоштааст. Аз асри ХШ-Х^1 дар Аврупо таҳти таъсири бевоситаи таълимоти Ибни Рушд (Аверроэс) равияи маъруфе дар фалсафа бо номи «аверроизм» ба вуҷуд омада, аксарияти мутафаккирони қабл аз Эҳё ва давраи Эҳё (асри 13 Сигер Брабандский ва Боэтсий Дакийский, а. 14 Жан Жанден, а. 1416 намояндагони мактаби Падуанӣ, Донишгоҳи Болонский, П. Помпанатси, Ҷордано Бруно, Пико делла Мирандола)ро таҳти таъсир дошта аст.

Ибни Рушд дар баробари дифоъ аз фалсафаи машшоия, аввалин шуда кӯшиши таъйини ҳудуд ва доираи мавзӯоти дин ва фалсафаро кардааст, ки он бо номи «ҳақиқати дугона» маъруф аст.[4] Мувофиқи ин назария ноҳақиқати илоҳиётӣ-динӣ метавонад дар фалсафа ҳақиқат бошад ва баръакс, ноҳақиқати фалсафӣ метавонад дар илоҳиёту дин ҳақиқат бошад. То Ибни Рушд дин ва фалсафа ду ҷабҳаи ба ҳам мухолиф ва таззод буд. Файласуфон асосан ақоиди худро танҳо бо истидлолоти ақливу мантиқӣ собит мекарданд, таваҷҷӯҳи камтаре ба маъхазу сарчашмаҳои динӣ доштанд ва мехостанд барои баҳс мазҳабиёнро ба марзи мантиқу ақл кашанд, ки имконнопазир буд. Ибни Рушд ин суннатро вайрон карда, худ ба марзи ҷабҳаи мухолиф (дин) даромад ва дар асоси иқтибос аз оёти Қуръон ва ҳадисҳо, бо истифода аз таъвил собит кард, ки байни дину фалсафа зиддияти оштинопазире нест.

5.7. Мактабҳои фалсафии баъди Ибни Сино

Мактаби ишроқ. Чунон ки қаблан гуфтем ҳанӯз Шайхурраис Ибни Сино фикри бунёди фалсафаи шарқиро карда буд. Ду насл баъд аз ӯ Шайх Шаҳобиддин Сӯҳравардӣ (мақтул 1191) ин фикри ӯро ҷомаи амал пӯшонид.

Мактаби ишроқии Шайх Шаҳобиддин Сӯҳравардӣ пайрави Афлотун \ 427-347 қ.а.м.\ ба шумор мераванд. Тафовути аслӣ ва ҷавҳарии равиши ишроқӣ ва машшоӣ ин аст, ки дар равиши ишроқӣ барои таҳқиқ дар масоили фалсафӣ ва махсусан “ҳикмати илоҳӣ” танҳо истидлол ва тафаккури ақлиро кофӣ намешуморанд балки сулуки қалбӣ ва муҷоҳидоти нафс ва тасфия- поксозии онро низ зарурӣ ва лозим медонанд дар сурате, ки равиши машшоӣ танҳо такя бар истидлол дорад. Албатта, баҳсҳое низ дар мавриди он, ки дар воқеъ байни равиши арастуӣ ва афлотунӣ тафовуте буда ё набуда ҳастанд, ки аз ҳавсалаи ин муқаддима берун аст.

Мактаби ишроқӣ назар ба машшоия доираи маҳдудтаре дорад. Баъд аз Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ аз пайравони ин мактаб Қутбуддини Шерозӣ ёд шудааст.

ҲИКМАТИ МУТАЪОЛИЯ, яке дигар аз мактаби фалсафии исломӣ аст, ки аз тарафи марди эроние бо номи Садр-ул-Мутаолиҳин Шерозӣ (ваф. с.1050 ҳ.қ.) поягузорӣ шуд. Садр-ул-Мутаолиҳин расман фалсафаи худро ҳикмати мутаолия хонд ва бо ҳамин ном машҳур шуд. Калимаи ҳикмати мутаолия аз тарафи Шайхурраис Абӯалӣ Сино низ дар китоби “Ишорот ва танбеҳот” ба кор рафтааст вале Садрулмутаоллиҳин расман фалсафаи худро ҳкмати мутаъолия хонд ва бо ҳамин ном машҳур шуд. Ҳикмати мутаолия аз лиҳози равиш шабеҳи мактаби ишроқист, яъне ба истидлол ва кашфу шуҳуд дар якҷоягӣ эътиқод дорад, вале аз назари усул ва аз назари натиҷагирӣ тафовут дорад. Дар фалсафаи Садрулмутаоллиҳин бисёре аз ихтилофоти байни машшоъ ва ишроқ ё фалсафа ва ирфон, фалсафа ва калом ҳал шудааст, вале бо вуҷуди ин он фалсафаи илтиқотӣ (эклектикӣ) нест, балки як низоми хоси фалсафӣ аст.

Хулосаи равишҳо ва дастовардҳои фалсафаи асрҳои миёна

Дар асрҳои миёна чи дар Шарқи исломӣ ва аксаран дар Ғарби масеҳӣ, масъалаҳои асосии фалсафӣ иборат буданд аз:

  • ба хизматгори илоҳиёт табдил додани фалсафа ва исботи фалсафӣ (онтологӣ, космологӣ ва телеологӣ)-и ҳастии Худо;
  • баҳсҳои қидам ва ё ҳодис будани олам;
  • ягонагии табиат ва Худо – назарияи ваҳдати вучуд;
  • баҳс дар атрофи ҷабр ва ихтиёр, озодӣ ва масъулияти инсон;
  • кӯшиши оштӣ додани дин ва фалсафа ва роҳ кушодан ба илму фалсафа – назарияи ҳақиқати дугона;
  • таносуби ашё ва мафҳуми онҳо: номинализм ва реализм;

[1]   Муфассал дар бораи фалсафаи Ибни Сино ниг.: М.Диноршоев, Фалсафаи замони феодализм. // дар китоби «Очеркҳои таърихи фалсафа» ва ҳамчунин китоби ӯ «Натурфилософия Ибн Сины», Душанбе: Дониш. -1985.

[2]   Ман танҳо дар китоби «Мабонии фалсафа», таълифи дуктур Осифа Осифӣ. 1370. С.220221 баёни назари Ибни Синоро дар асоси ин рисола дидам.

[3]  Абӯалӣ Ибн Сино. Ос. мунт.Ҷ.2. -Душанбе: Ирфон. 1983. -С. 29-44.

[4]   Дар мавриди интиқоди Ибни Рушд аз М. Ғаззолӣ ва дифои фалсафаи машшоия ниг.: М.Диноршоев, Фалсафаи замони феодализм. //дар китоби «Очеркҳои таърихи фалсафа». С.60-64.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222