Главная / Илм / Маъод чист ва маънои он дар Дин

Маъод чист ва маънои он дар Дин

(Растохез-ҳаёти пас аз марг)

М А Ъ О Д ( аз кал.- арабӣ -ъода- бозгашт, баргашт) эътиқод ба намирандагии рӯҳ, ҳаёти дубораи баъдимаргӣ, охират ва растохез яке аз усули эътикодии динҳои қабл аз исломӣ, алалхусус динҳои сомӣ ва зардуштия мебошад. Дар ислом низ ин таълимот мақоми хосе дорад ва он яке аз таълимотхои аслии он аст. Дар Қуръон рӯзи охират, растохез бо чандин муродиф: «явмулмаод», «явмулҳисоб», «явмулқиёма», явмуддин», «явмулҳасрата», «ал-охират» «ал-ғошия», «а-қориа» «ал- ҳоқа», «ас-соъа» зикр ва чигунагии вуқӯъи он баён шудааст. Огоҳӣ ва ихтор аз рӯзи ҳисобу доваӣ, саҳнаҳои азоби дӯзах ва наъимоти ҷаннат, ки инсонҳоро баъд аз гузаштан аз додгоҳ ва пули Сирот вобаста ба подоши амал интизор аст, хело рангин тасвир шудаанд. Алалхусус сураҳои аввали маккӣ моломол аз чунин оятҳо (оятҳои эсхаталогӣ)-и тасвиркунандаи саҳнаҳои роҳату азоби ҷаннату дӯзах мебошанд. Дар онҳо такрор ба такрор мушрикон ва кофиронро аз азобҳои ҷаҳаннам ва оташи дӯзах огоҳ намуда, ба солеҳон ва мӯъминон аз неъматҳои ҷаннат мужда медиҳанд.[1]

Мувофиқи тасаввури умум дар ислом аломати наздик шудани қиёмат асосан иборат аз ривоҷи фасоди ахлоқӣ, фаромуш шудани фароизи динӣ ва ғайра мебошад. Дар ибтидо тибқи таълимоти исломӣ, ки ба таълимоти дини насронӣ шабоҳат дорад, Даҷҷол- махлуқи номаълуме зуҳур мекунад ва пас аз он Маҳдӣ меояд ва салтанати даҷҷолро аз байн мебарад ва муддате адолату динро пойдор мегардонад. Яке аз нишонаҳои охирзамон карной ё «сури Исрофил» аст, баъд аз он ҳама мурдагон аз нав зинда хоҳанд шуд ва дар пои маҳкамаи илоҳӣ иҷтимоъ хоҳанд кард, то номаи аъмоли ҳар якеро хонда, тибқи он қазоват карда шавад ва ғайра.

Ҳеҷ китоби муқаддаси дигар, он чунон ки дар Қуръон таваҷҷӯҳ ба масъалаи маъод шуда, нашудааст. Дар он зиёда аз 1400 оят метавон пайдо кард, ки аз маъод баҳс кардаанд. Баҳси маъод дар ислом хеле доманадор аст. Он ҳадди ақал шомили масоили зер мебошад: – масъалаи марг ва зиндагӣ; – чигунагии ҳаёти дубора; масъалаи ҷисмонӣ ё рӯҳони будани он; – масъалаи чигунагии доварӣ ва подоши амал дар охират; – масъалаи ҳолати дӯзаху ҷаннат, абади будани мусалмони муртакиби гуноҳ шуда, дар он ё муваққати будани муҷозот, гузашта аз ин оё мӯъмини муртақиби гуноҳи кабира шуда ба дӯзах меравад ё аслан мӯъмину мусалмон, сарфи назар аз гуноҳ дӯзахӣ нест?. Аз нигоҳи фалсафӣ масъалаи марг ва ҳаёт аз кӯҳантарин, пурихтилофтарин ва муъаммоангезтарин масоили умдаи динист. Натиҷаи чунин ҷустуҷӯйҳо, ҳайратзадагӣ, мубоҳисот ва шакку шубҳа дар мавриди маънию мақсади назарияи динии масъалаи ҳаёт ва марг аст. Намунаи он рубоиёти оламшумули ҳаким Умари Хайём шуда метавонад. Аз ҷумла ӯ мефармояд:

Ҳар чанд ки рӯю мӯи зебост маро,

Чун лола рӯху чу сарв болост маро,

Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,

Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.

Ё худ

Як қатра об буду ба дарё шуд,

Як зарра хок бо замин як ҷо шуд

Омад шудани ту андар ин олам чист ?

Омад магасе падиду нопайдо шуд.

Дар ин ду рубоӣ муҳимтарин масъалаи инсоншиносӣ ё худшиносии инсон, ҳадафи офариниш ва мақсади зиндагии инсон мавриди суол аст. Дар ин олами нопайдоканори кайҳон нақшу мақоми инсони кучаку оҷиз чист? Мақсад аз офаридан ва боз куштан низ маълум нест, аз ин рӯ шоир мегуяд:

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,

Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш

Ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф,

Месозаду боз бар замин мезанадаш.

Оё дар офариниш, зиндагӣ ва марги инсон маънӣ, ҳадаф ва мақсаде ҳаст ё ҳеҷ маъние нест, ҳама барабас аст? Ба ин саволҳо инсоният ҳамеша ҷавоб меҷустааст. Табиист, ки адён аз ҷумла ислом низ ба ин саволи меҳварии таърихи худшиносии инсон ҷавоб додаанд. Ин динҳо будаанд, ки инсониятро аз яъсу навмедӣ, барабас шуморидани зиндагӣ боз доштаанд. Дар сарчашмаҳои ислом масъалаи маъод, масъалаи марг ва зиндагӣ, маъниву мақсади ҳаёт васеъ мавриди баҳс қарор гирифта аст. Ин масъалаҳо хамчунин дар доираи фалсафаи исломӣ, ирфону тасаввуф низ мавриди баҳсу мубоҳисоти густарда будааст. Нигоҳи фарҳанги исломӣ ба марг асосан орӣ аз яъсу навмедӣ ва тарсу фоҷиъа аст. Ҳарчанд дар масоили фаръии маъод ислом бо динҳои қабл аз худ баъзе умумиятҳо дорад, вале дар масъалаи фалсафаи ҳаёт ва марг ислом аз хусусияти хосе бархурдор аст,ки дар динхои дигар ё нестанд ё хадди аКал ба ин равшани баён нашудаанд.

Нахуст, он ки Қуръон хело возеҳ ва ошкоро таъкид мекунад, ки офариниши инсон ва зиндагии вай барабас, беҳуда ва беҳадаф нест. Қуръон фармудааст: ” Оё пиндоштаед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва бозгашти шумо ба сӯи мо нест?” ( Қ. 23:115 ) Худи ба миён гузоштани масъалаи ҳаёт ва марг ва ҳалли некбинонаи он яке аз дастовардҳои муҳими ислом дар тамаддуни башарист. Тибқи фалсафаи Қуръон олам ва инсон барабас офарида нашудааст ва Худо- офаридгори марг ва ҳаёт аз ин тариқ “Шумо бандагонро меозмояд, то кадомнекӯтаред”. (Қ.67:2)Ин олам аз назари Қуръон арсаи озмоиш ва шинохти ҳақиқат, марҳиллае аз мароҳили дузиннаи ҳаёт на анҷоми он аст. Инсонҳоро ҳаёти ҷовидонии беҳтару волотар аз ин ҳаёт, яъне ҳамон ҳаёти ҷовидонаи охират-маъод интизор аст. Мақоми волои инсон дар Қуръон ҳамин аст, ки ӯ барои ҳаёти ҷовидона офарида шудааст ва он ҳаётест, ки бар ивази талошу кӯшиши ӯ ба даст меояд ва он подоши амал аст. Мо дар “Исломшиносӣ” дар ин маврид ва масоили қаблан зикршуда муфассалтар баҳсу баррасӣ кардаем, ҳоло дар ниҳояти ин фасл боз ба як масъала, ки ба асли таълимоти ислом тааллуқ дорад ва дуввумин асл аз усули дини ислом аст таваҷҷӯҳи хонандагонро ҷалб кардан мехоҳам ва он адли илоҳист.

[1] Аксари муҳаққиқонро ақида бар он аст, ки саҳнаи растохез,ҷаннат ва дӯзах иқтибос аз зардуштия мебошад. Ба ақидаи банда ин иқтибосҳо мустақим набуда, аз тариқи дини яҳудия, ки ин унсурҳо ба он дар замони асорати 70-солаи Бобул ворид гардида ва аз он ба китоби насрониён “Аҳди ҷадид” интиқол ёфта аст, дохил гардидаанд ё чунон ки уламои дин мешуморанд ин китобҳо дорои як сарчашма мебошанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222