Баъд аз нузули ваҳй дар зиндагии Паёмбар (с) марҳалаҳои ҷадиде оғоз гардид, ба ин хотир дар аввалин марҳалаи оғози ваҳй шуруъ ба даъвати мардум намуданд. Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)-ро метавон ба ду давра тақсим намуд:
Даъвати пинҳонӣ (махфӣ)
Паёмбар (с) дар ин даврон фақат афродеро, ки мешинохт, ба Ислом даъват намуд. Шуруъи даъват дар миёни қавму қабилаи Паёмбар (с) ба ин хотир буд, ки қавму қабилаи он Ҳазрат (с) мардуми бефарҳанг буданд ва ҷуз бутпарастӣ ва шарик овардан ба Худо ойине надоштанд. Бар бутпарастию хурофапарастии худ исрор варзиданашон ба ин хотир буд, ки падарону ниёгонашонро бар ин ойин ёфта буданд.
Онон чизе аз ахлоқи писандидаи инсонӣ намедонистанд ва бо вуҷуди ин раёсату раҳбарии ҷомеъаи Арабистонро уҳдадор буданд. Бинобар ин, Паёмбар (с) мебоист ибтидои даъваташро ба сурати пинҳонӣ оғоз намояд, то қавми ӯ, ки ба таври ногаҳонӣ ва ба сурати ғайри интизорӣ бо даъвати осмонии Ислом рӯ ба рӯ мегарданд, ошӯб барпо накунанд.
Даврони даъвати пинҳонӣ се сол тӯл кашид. Паёмбар (с) дар ин се сол тарафдороне пайдо карда буд, ки бо ҷону дил аз ӯ посдорӣ ва ҳимоят менамуданд. Паёмбар (с) ибтидои даъвати хешро аз хонаводаи хеш оғоз намуд. Хадиҷа – ҳамсар ва дилсӯзи Паёмбар (с) аввалин касе буд, ки ба ӯ имон овард. Баъд аз он Зайд ибни Ҳориса – ғуломи озодшудаи Паёмбар (с) ва сипас Алӣ ибни Абӯтолиб ба вай имон оварданд.
Касоне, ки аз ҳамон нахуст ба Паёмбар (с) имон оварданд, аз инҳо ибортанд: Хадиҷа, Зайд ибни Ҳориса, Алӣ ибни Абӯтолиб, Абӯбакри Сиддиқ, Усмон ибни Аффон, Зубайр ибни Аввом, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъд ибни Абӯваққос, Талҳа ибни Зубайр, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абӯзарри Ғифорӣ, Саид ибни Зайди Адавӣ, Фотима хоҳари Умари Форуқ, Уммулфазл – ҳамсари Аббос ибни Абдулмутталиб, Абӯсалама Абдуллоҳ ибни Асади Махзумӣ, Холид ибни Саъид, Арқам ибни Абуларқам, Аммор ибни Ёсир, Ёсир, Хаббоб ибни Арат ва ғайра.
Ин ҷамоат, ки дар имон бар дигарон сабқат ва пешӣ гирифтанд, дар таърихи Ислом ба “собиқини аввалин” машҳуранд ва Худо аз ин гурӯҳ дар ҳама ҷо эъломи ризояту хушнудӣ намудаст. Дар ҷилди поёни ин китоб ба хусусиёт ва сифоти ёрону асҳоби Паёмбар (с) бештар хоҳем пардохт.
Дар се соле, ки даъвати Паёмбар (с) пинҳонӣ сурат мегирифт, ӯ ва ёронаш сахтиҳо ва душвориҳои зиёдеро таҳаммул намуданд, ҳатто наметавонистанд ба таври ошкор дар пеши чашмони Қурайш намоз бихонанд ё Қуръон биомӯзанд ва тиловат кунанд. Онҳо барои омӯзиши Қуръону намоз ба кӯҳҳо паноҳ мебурданд ва намозашонро аз қавму қабилаи хеш пинҳон мекарданд.
Дар ин даврон хонаи Арқам ибни Абуларқам низ ҳамчун яке аз марҳалаҳои даъвату таблиғи Ислом интихоб гардид.
Даъвати ошкоро
Баъд аз ин ки дар шаҳри Макка ҷомеъаи кӯчаке аз мусалмонон бар асоси бародарӣ ва ҳамёрӣ ташкил шуд ва ёрону асҳоби Паёмбар (с) порае аз масъулияти эшонро бар дӯш гирифтанд, Худованд он Ҳазрат (с)-ро ба ошкор намудани даъваташ амр кард. Ин даъват бо оёти зер шуруъ шуд:
“Ва ин ки хешавандони наздики хешро бим деҳ”. (Сураи “Шуаро”, ояти 214).
“Ва он чизеро, ки Худованд туро ба он маъмур сохта, барои мардум баён кун ва мардумро ошкоро ба сӯйи он даъват намо ва аз мушрикон рӯй гардон”. (Сураи “Ҳиҷр”, ояти 94).
Бо шуруъи марҳалҳои даъвати ошкоро масъулияти Паёмбар (с) боз ҳам мушкилтар гардид ва мебоист ин даъватро ба гӯши ақвому хешони хеш бирасонад. Паёмбар (с) ибтидо тоифаи банӣ Ҳошимро ба хонаи хеш фаро хонд. Ҳамагӣ омаданд ва шумори онон ба бисту панҷ нафар мерасид. Паёмбар (с) хост сӯҳбат кунад, аммо Абулаҳаб амаки Паёмбар (с) пешдастӣ карду гуфт: “Инҳо ҳама амакзодагони ту ҳастанд, бинобар ин, ин корро канор бигузор ва чизе нагӯ, ки бо ақоиди падарону аҷдоди ту мухолиф бошад, зеро қабилаи ту тобу таҳаммули инро надоранд, ки дар баробари қабилаҳои араб биистанд, ман то кунун касеро надидам, ки бадтар аз он чи ту барои қавму қабилаи худ овардаӣ, биёрад. Расули Худо сукут карданду чизе нагуфтанд.
Он гоҳ Паёмбар (с) бори дигар ононро даъват намуд ва барои онҳо чунин хитобае эрод фармуд:
“Сипос махсуси Худост, ӯро сипос мегӯям, аз ӯ ёрӣ меҷӯям ва бар ӯ имону таваккул кардам. Шаҳодат медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Худои яктову ягона, ки шарику ҳамтое надорад, нест ва ва ман фиристодаи Худо ба сӯйи шумо ва тамоми оламиён ҳастам. Савганд ба Худо, ки ҳамаи шумо хоҳед мурд, ҳамон гуна ки бедор мешавед ва дар баробари он чи мекунед, кайфару подош хоҳед дид”.
Аз миёни ин ҷамъияти даъватшуда ба хонаи Паёмбар (с), Абӯтолиб танҳо касе буд, ки бо гуфтаҳои Паёмбар (с) мувофиқ буд. Абӯтолиб гӯфт: “Мо беш аз ҳад, дӯстдори ҳамроҳи ҳамдастӣ бо ту ҳастем ва аз суханони хайрхоҳонаи ту истиқбол мекунем ва гуфтори туро бовар мекунем! Бинобар ин маъмурияти Илоҳии хешро дунбол кун, ки ба Худо савганд пайваста аз ту ҳифозат ва посбонӣ мекунем”.
Абӯлаҳаб гӯфт: “Ба Худо савганд ин расвоист! Пеш аз он ки дигарон бар сари ӯ бирезанд, шумо худ монеъ шавед”. Аммо Абӯтолиб гуфт: “Ба Худо савганд, то охир аз ӯ пуштибонӣ хоҳам кард”.
Tags Дин Ислом Паёмбар Муҳаммад (с)
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …