Ман дар солҳои 1312 ҳиҷрӣ (1894 мелодӣ), ки талабаи мадрасаҳои Бухоро ба шумор мерафтам, бе бошишгоҳ, мондам ва дар Бухоро, ки тақрибан сад дар мадрасаи калон ва қариб ҳамин қадар мадрасаи хурд дошт, барои ман ҳуҷраи қобили истиқомате ба зудӣ ёфт нашуд. Зеро, ҳарчанд ҳамаи мадрасаҳои Бухоро расман вақф буда, хариду фуруши онҳо аз руйи шариат раво набошад ҳам, дар замонҳои охир бо фатвои3 уламои дин, ки дар масъалаҳои динӣ хилаҳои шаръиро ба кор мебурданд, ҳамаи ҳуҷраҳои мадрасаҳо ба тарзи хариду фуруш мулки хусусӣ шуда ба дасти одамони пулдор афтода буд ва талабаҳои фақир дар ҷойи истиқомат ёфтан ба душвориҳо меафтоданд.
Дар ҳамон рӯзҳое, ки ман дар ҷустуҷӯйи ҳуҷра будам, яке аз дустонам бо роҳи маслиҳат ба ман гуфт:
- «Қориишкамба» ном як кас ҳаст, ки чанд дар ҳуҷраи зархарид4 дорад, агар аз вай пурсӣ, шояд яке аз ҳуҷраҳояшро ба ту ба орият[*] бидиҳад.
Бо шунидани ин маслиҳати он дустам диққати ман аз ҳуҷра додан ё надодани он одам зиёдатар ба номи ӯ кашида шуд.
- «Қориишкамба»?
Дар ҳакқиқат ҳам, ин ном хеле ғалатй буд. Ман медонистам, ки халтаи меъдаи ҳайвонотро, ки дар он ҷо хуроки хурдашуда ҷамъ мешавад, «ишкамба» меноманд. Аммо «ишкамба» номида шудани одамро дар умри худ нахустин бор шунида истода будам ва «сабаб чй бошад, ки одамро «ишкамба» номидаанд?» гуён дар дили худ тааҷҷуб мекардам ва ин тааҷҷубамро ба он дустам изҳор намуда аз вай эзоҳ пурсидам.
- Номи аслии он одам Қорй Исмат аст, – гуфт дустам дар ҷавоб, – лекин ишками он кас калон аст, шояд ба ҳамин муносибат бошад, дар вақтҳои аввал баъзе касон ӯро «Қорӣ Исмати ишкам» гуфтаанд ва баъзе ширинкорон «Қорӣ Исмати ишкамба» хитоб намудаанд ва рафта-рафта калимаи «Исмат»-ро партофта «Қориишкамба» гуфтаанду мондаанд ва чунонки мегуянд, «лақаб равшантар аз ном аст», номи аслии он шахс аз забонҳо афтода дар байни мардум бо унвони «Қориишкамба» шуҳрат ёфтааст.
- Бояд аз касе, ки мардум ба ӯ лакаби «Ишкамба»-ро сазовор дидаанд, умеди хайре карда нашавад, – гуфтам ман ба дустам. – Бо вуҷуди ин, ту ӯро ба ман шиносо карда мон! Чй зарар дорад, «шавад обӣ, нашавад лалмӣ» гуён ман аз вай ҳуҷра мепурсам. Агар ӯ ба ман ҳуҷра надиҳад ҳам, ман чй гуна будани «Ишкамба-одам»-ро дида мемонам. Худи ҳамин барои ман як фоида аст.
- Худам шахсан бо вай шинос нестам, ки туро шиносо кунам, – гуфт он дустам, – фақат кй будани ӯро медонам ва метавонам, ки дар яке аз кӯчаҳо ӯро ба ту нишон диҳам ва баъд аз он худат роҳ ёфта, бо ӯ шинос шуда, аз вай ҳуҷра мепурсӣ.
Ман ба ин таклифи дустам розй шудам ва ба воситаи ӯ дар пайи ёфта, дида, шинохтани Қориишкамба афто- дам…
Филми Марди судхур
Рузе аз рӯзҳо бо он дустам дар лаби ҳавзи Девонбегии шаҳри Бухоро, ки ягона сайронгоҳи он шахр буд, саёҳат карда мегаштем, ки ӯ якбора ба ҳаяҷон омада:
- Ана, Қориишкамба ҳамин одам аст! – гуён касеро, ки ба як сартарошхона медаромад, ба ман нишон дод.
Ман танҳо пушти он одамро дида мондам ва чигу-нагии симою сураташро муайян карда натавонистам ва дар пеши худ қарор додам, ки то муйсари худро тарошо-нида баромадани он одам дар ҳамон ҷоҳо истода шаклу шамоилашро тамоман шинохта мегирам ва агар рост ояд, бо ӯ шинос шуда, аз вай ҳуҷра мепурсам.
Аммо дустам дар ин кор ба ман ҳамроҳӣ накард ва кореро сабаб нишон дода, аз ман ҷудо шуда рафт ва ман рафта ба лаби суфачаи сартарошхонае, ки Қориишкамба он ҷо даромада буд, нишастам ва бе он ки ба ӯ фаҳмонам, сару сурат ва тамоми киёфаи ӯро аз назар гузаронидам.
ӯ як одами миёнақади фарбеҳи ишкамкалони гар- данкӯтоҳ буда, ғафсии гардан ва пуррагии сару руяш ҳам аз ғафсии шикамаш кариб фарк надошт, агар риши кало- ни ғулии монанди алафи гандадарав ба ҳам печидаашро, ки тамоми руяшро фуру гирифта буд, тарошида ме- партофтанд, сару тани ин одам дар як ҷо ба ишкамбаи холи карданашудаи шутур монанди пайдо мекард, ғояташ ин ки ин аз вай калонтар буд, монанди ҷуссаи шутури ба дарди хориш гирифторгардидаи муяш рехтаги сурхчатоб менамуд.
Баъд аз дидани ин гуна шаклу шамоили ин одам дар дили ман гузашт: шояд мардум на аз ҷиҳати калонии ши- камаш, балки аз ҷиҳати он ки баъд аз тарошидани ришаш тамоми баданаш ба як шикамбаи калон монанди пайдо мекард, ба ӯ ин лакабро муносиб дида бошанд.
Дуруст аст, ки шиками ин одам аз шикамҳои одамо- ни оди аз ҳад зиёд калон буд, лекин ғафсии дигар ҷойҳои баданаш, ҳатто гардану руяш ҳам, ба дараҷае буд, ки он шиками калон дар пеши онҳо номаълум ва оди шуда ме- монд. Бинобар ин, дар сабаби лақаби ин одам фикри охи- рии нависандаи ин сатрҳо ба ҳақиқат наздик менамуд.
Навбати муйсаргирй ба Кориишкамба расид ва сартарош покуи5 худро санг зада истода ба ӯ:
- Ба болои сандалича марҳамат кунед! – гуфт.
Қориишкамба, аз ҷиҳати вазнинии баданаш ё ба са- баби ягон беморй, аз ҷояш базур бархост ва дасторашро аз сар гирифта хост, ки вайро ба сари мехи лунгиовезии сартарош монад. Аммо сартарош ба ин кор роҳ надод ва чолокона теғу сангро ба рафчаи пеши оина гузошта дудас- та дасторро аз дасти Қориишкамба гирифта истода:
- Саллаи шумо кариб панҷсер6 вазн дорад ва агар ба сари мех мемондед, мех мешикаст ва лунгиҳои ман ба за- мин ғалтида чиркин мешуданд, – гуфт бо оҳанги ҳазломез.
Дар ҳақиқат саллаи Кориишкамба бисёр калон буда, аз дастори ҳар гуна муллоҳои саллакалон ду баробар меомад, бо вуҷуди ин, вай он кадар вазн надошт, ки мехи лунгиовезиро шиканад. Шояд бар мехи лунгиовезй ба гу- зоштани он салла роҳ надодани сартарош барои он бошад, ки вай бисёр чиркин буд ва ба болои лунгиҳои муйсаргирй истодани он саллаи чиркин сабаби нафрати муйсаргирони дигар мешуд.
- Хайрият, ки ба хотири лунгиҳоятон дастори маро нигаҳдорй кардед, – гуфт Кориишкамба, – вагарна бо ши- кастани мех дар катори лунгиҳои шумо саллаи ман ҳам ба замин афтода ба хок меҷӯлид, ки барои шуста тоза кардани он панҷ мисқол7 собун сарф шуда, ба ман зарари калон ме- расид.
- Дастори шумо ба сабаби ба замин афтодан аз хок ҳеҷ зарар намедид, – гуфт сартарош, – магар дер боз руйи тағораи ҷомашӯйиро надида будааст, ки аз хоки замини дукони ман чиркинтар менамояд.
Ҳақиқатан ҳам аз печҳои дастори Кориишкамба гӯё, ки дар вай дастмолҳои дегшуиро печонда баста бошад, тасма-тасма чиркҳои равғанолуд намоён буд.
– Ин гуна дастори калонро ҳар ҳафта як бор ба тағораи ҷомашуйй андохта шустан мумкин нест, – гуфт
Қориишкамба, – дар он сурат хонаи собун месухт.
– Чаро дасторро хурдтар намекунед, ки ҳам дока камтар раваду ҳам шустанаш осонтар шуда, собун камтар сарф шавад? – гуён сартарош пурсид.
– Ин саллаи ман дастори «ертишгиру[†] туйхур» аст! – гуфт Қориишкамба дар чавоб, – вакте ки бо ин дастор ба сари дафни мурдае ҳозир мешавам, ба ҳар кас як газ ер- тиш диҳанд, ба ман ду газ медиҳанд ва инчунин дар тӯйҳо ҳам табаки сергушту равғани палав ба пеши ман меояд…
Сартарош чор даҳан гап зада, як бор покуро ба санг зада, охир теғро мувофики табъаш тез кард ва лунгиро ба гардани Кориишкамба баста истода ба сухан давом намуд:
– Албатта, касе, ки шуморо намешиносад, на ба чаноза хабар мекунад ва на ба тӯй, аммо он касоне, ки шуморо мешиносанд ва ба ҷанозаю туяшон хабар меку- нанд, хоҳ дасторатон калон бошад, хоҳ хурд, ба шумо он муомиларо мекунанд, ки шуморо ба он муносиб медо- нанд. Ба фикри ман, барои ин барзиёд сарф кардани дока бефоидааст.
– Шумо сода будед, бародар! – гуфт Қориишкамба ба сартарош, агар ман ба ертиши мурдаҳое, ки ба ҷанозаи онҳо маро хабар мекунанд, каноат карда мегаштам, пас пули муйсарро аз куҷо ёфта ба шумо медодам? Ман ҳар рӯз намози пешинро дар хонакохи Девонбеи мехонам ва ба он ҷо ҳар мурдаеро, ки барои чанозахонй оварда бошанд, хоҳ шинос бошад, хоҳ бегона, баъд аз хондани чаноза ба сари кабраш меравам ва ба кадри насиба ертиш гирифта мегардам.
– Шумо ба муйсаргири пули бисёр сарф намекунед, ки барои ин дар ташвиш афтед, – гуфт сартарош, – ҳар кас дар як ҳафта ё даҳ рӯз муйсар гирад, шумо дар ду моҳ як бор муйсар мегиред ва музди дастро ҳам баробари нимаи музди дигарон дода мегурезед.
Ман аз ин сухани сартарош огоҳӣ ёфта, ба сари Қориишкамба бо диккат назар андохта дидам, ки дар ҳақиқат муйсараш монанди зиндониёни даври амири ба- ланд расида, то пешони ва буни гарданаш фуромадаги бу- да, торҳои муйсараш бо торҳои ришаш монанди тору пу- ди дар дастгоҳи бофандаги бофташуда ба ҳам печида бу- данд ва бар хилофи сарҳои оди дар теппаи сараш ба кадри кафи даст як ҷойи бемуй ҳам менамуд.
Қориишкамба аз сухани охирини сартарош қадре ба ғазаб омада ва сари худро аз зери дасти ӯ, ки тар карда молиш медод, ба қафо кашид ва чашми худро ба чашми ӯ духта истода гуфт:
- Ман хоҳ дар як ҳафта як бор муйсар гирам, хоҳ дар ду моҳ, ин кори ман аст ва ба шумо ҳеҷ дахл надорад. Муйсари ман хоҳ баланд бошад, хоҳ паст, шумо як бор теғ меронед ва барои муйсари баланд ду бор теғ намеронед, ки хизмати барзиёд карда бошед. Агар ман ба шумо нис- бат ба дигарон камтар музд медода бошам, шумо ба шикоят кардан ҳақ надоред, зеро худатон дида истодаед, ки нимаи сари ман бемуй аст ва шумо ба он ҷо ҳеҷ теғ намеронед, бинобар ин, дар вакти музд гирифтан ҳамин нуктаро ба назар гирифтанатон лозим аст.
Бояд барои паст кардани оташи ғазаби Кориишкам- ба бошад:
- Ман ҳазл кардам, – гуфт сартарош нармона, – ва- гарна музди хизмати маро хоҳ кам диҳед, хоҳ зиёд диҳед, ман аз шумо миннатдор шуда мегирам ва пули шуморо табаррук9 медонам…
Сартарош сари Қориишкамбаро тарошида шуд ва лунгиро аз гардани ӯ кушода гирифта, ба куттии муйсар- дон афшонда, хост, ки дубора ба гардани ӯ бандад, то ки дубора тар карда чиркҳои таги муйсарро тарошида гирад, аммо Қориишкамба ба ин кор роҳ надод:
– Дубора тарошидан лозим нест, – гуфт ӯ – муйла- бамро кӯтоҳ кунед, кифоя аст, вакти барзиёд надорам.
– Магар ба ягон ҷаноза нигаронед? – гуфта пурсид сартарош.
– Не! – гуфт Қориишкамба, – агар ҷанозае вохурад, дар ҳамин ҷо – дар саҳни хонакоҳ дар соати дувоздаҳ во- мехурад, – ва ба соати девории сартарошхона нигоҳ кар- да, илова намуд, – ҳоло соат даҳ аст.
– Пас, чи гуна кори зарур доред? – сартарош пурсид ва ҳазломезона боз суол дод. – Магар ба ягон тӯй ногуфт рафтан мехоҳед?
– Ҳамин вакт вакти чойнушии чоштгохии ходимони бонк аст. Агар дер монам, аз чойи серканди ройгон махрум мешавам…
Ман аз ҳамаи ин гуфтугузорҳо чизе нафахмида дар ҳайрат будам ва дар дили худ фикр мекардам: «Агар ин одам чанд ҳуҷраи зархарид дошта бошад, пас чаро зинда- гонии худро, ҳатто пули муйсарашро ба болои ертиши мурдагон мондааст, ки ин кори гадоёни бекасуи аст, на пешаи одами сарватманди чандҳучрадор? Агар ин одам дар ҳақиқат гадои бекасуи бошад, ӯро ба бонк ва ходи- мони бонк чи муносибат аст, ки ба сари чойи чоштгохии онҳо расида рафтан мехоҳад? Дигар он ки чаро дусти ман маро барои ҳуҷра умедвор карда, ба пеши ин гадои бекасу- кӯй фиристод ё ин ки ӯ маро бози додан мехост?..» Ва боз дар худ меандешидам: «Агар дустам маро бози додан хос- та бошад ҳам, зарар надорад, чунки ин одам одами бисёр аҷиб менамояд, ин одамро шинохтан ва ҳамаи кирдору гуфторҳои ӯро омухтан барои ман, ки табиатан кунҷков вокеъ шудаам, аз ҳуҷра ёфтан ҳам бехтар аст. Дар ҳар ҳол ман ин одамро то охир таъқиб ва дунболагири хоҳам намуд. Ҳуҷра надоштани ӯ ё ба ман ҳуҷра надоданаш ба ин кори ман монеъ нахоҳад шуд. Ҳар чи бошад, масъалаи ҳуҷра барои ба даст даровардани ин мақсад ба ман як ва- сила ва баҳона хоҳад шуд…»
Қориишкамба бо кӯтоҳ кардани муйлабаш ҳатто ба кушода гирифтани лунгй мунтазир нашуда, аз ҷояш ҷаста бархост ва то аз гарданаш гирифтани лунгй дасторашро аз суфача гирифта, ба сари худ гузошта, шитобкорона аз дукони сартарош баромад.
- Қориамак, пули муйсар чй шуд? – гуён сартарош аз пушташ овоз дод.
Қориишкамба бе он ки аз роҳаш бозистад ва сараш- ро ба тарафи сартарош гардонад:
- Дар оянда пули ду муйсарро якҷоя медиҳам, – гуён бо кадамҳои калон-калон дар як дакика аз пеши сарта- рошхона дур шуд ва дар он ҷо маро муяссар нашуд, ки масъалаи ҳуҷраро дар пеши ӯ монам ва ба ин муносибат бо ӯ шахсан шиносо шавам.
Баъд аз баромада рафтани Қориишкамба аз лаби ҳавзи Девонбегй ман ҳам аз он ҷо рафтам ва бо умеди дар ягон ҷойи дигар рост овардани ӯ ҳамон рӯз то бегоҳй рас- таву бозорҳоро сарсариёна гаштам, аммо ба дидани ӯ комёб нагардидам.
III
Фардои он рузе, ки ман Қориишкамбаро дар сарта- рошхона дидам, пагоҳонй дар пайи ёфта дида шинос шу- дан бо ӯ ба ча баромадам: аввал лаби ҳавзи Девонбеги- ро гардиш карда баромадам ва аз он ҷо ба растаи баззо- зй10, ки аз ҷануби хонакоҳ ва ҳавзи Девонбегй аз шарк ба ғарб мерафт, гузашта он ҷоро ҳам то сесу бо диккат аз назар гузаронидам. Чун аз он ҷоҳо матлаби худро наёф- там, ба растаи чинифурушй, ки аз охири растаи баззозй сар шуда аз ҷануб ба шимол мерафт, гузаштам.
Дар растаи чинифурушй, ҳанӯз даҳ кадам дур нараф- та, ба ногоҳ дидам, ки Қориишкамба ба сари дукони як чи- нифуруш пойҳои худро ба замин овезон карда, бар лаби суфачаи пеши он дукон нишастааст ва ман ҳам кадре дур- тар аз он дар он тарафи раста, ки мукобили ҷойи нишасти ӯ ба шумор мерафт, бар суфачаи як дукони дарбаста ни- шастам ва монанди гурбае, ки мушро мепояд, бе он ки ба худи ӯ фаҳмонам, ҳаракатҳояшро дар зери назари диккат гирифтам.
Қориишкамба бо чинифуруш чой менушид. Дар ҳамин вакт як нонфуруш, ки ба сараш як сабад ва ба дас- таш як сабади дигар пури нон буд, «гарм, дастсуз, обаш равған, ордаш шакар, нахурда намонед, ки дар ҳасрат ме- монед!…» гуён аз раста гузаштан гирифт.
Кориишкамба нонфурушро ҷеғ зада ба пеши худ оварда, аз сабади руйи дасти он ду нонро чудо карда ги- рифта бе он ки нархи онро пурсад ва бо нонфуруш савдо кунад, онҳоро ба руйи бодбезак, ки бо вай магасонро ронда нишаста буд, гузошт ва гӯё, ки пули нонҳоро медо- да бошад, дасташро ба ҷайбаш бурда, баъд аз кадре кофтуков кардани кисааш дасташро холй бароварда дар ҳолате, ки нонҳоро шикаста барои хурдан омода мекард, ба чинифуруш:
- Бародар, пули майдаам набудааст, марҳамат карда шумо пули нонҳоро диҳед! – гуён худ ба нонхурй сар кард.
Чинифуруш як ба нон ва як ба Қориишкамба бо тааччуб нигоҳ карда, окибат аз нонфуруш нархи нонҳояш- ро пурсида, паси сари худро хорон-хорон аз ғалладон пул бароварду ба нонфуруш дода ӯро гусел кард. Аммо Кори- ишкамба на ба чинифуруш нигоҳ мекард ва на ба нонфу- рӯш, ӯ ду чашми худро бар руйи бодбезак, ба нонҳои ши- каста духта истода, бурдаҳои нонро дукат ва секат карда ба лунҷи худ меандохт.
Чинифуруш дид, ки ӯ нахурад ҳам, аз он нонҳо ягон бурда боки нахоҳад монд ва ҳарчанд Қориишкамба ӯро ба нонхурй таклиф накарда бошад ҳам, як лукма нонро ба даҳон андохта як пиёла чоеро, ки дар пешаш буд, ба ншидан сар кард. Чинифуруш пиёлаи чойро ҳанӯз холй накарда Қориишкамба даҳони худро аз нон чунон пур кард, ки акнун на нонро хойида метавонист ва на ҳарф за- да ва ӯ дар ҳамин ҳолат, аз тарси он, ки чинифуруш нони бокимондаро хурда намонад, як дасти худро ба бурдаи охирини нон, ки ба руйи бодбезак буд, гузошта, бо дасти дигараш ба чинифуруш ишора кард, ки зудтар пиёларо холи карда ба ӯ чой кашида диҳад, то ки вай нонҳои нимхоидаи дар лунш бударо бо ёрмандии чой фуру бурда тавонад.
Чинифуруш чойи нимсардшудаи пиёларо ба зуди нушида, ба он пиёла чой рехта, ба Қориишкамба дода, бо табассуми истехомез нонхури ва чойнушии ӯро тамошо карда истод.
Қориишкамба пиёларо ба даст гирифта, аз ҷиҳати гармии чой пуф-пуфкунон кам-кам нушида, даҳони худро кадре аз нон холи кард ва бо дасти дигараш, ки ҳанӯз бар руйи нон буд, бурдаи охиринро бардошта, ба даҳон ан- дохту он бурдаро ҳанӯз тамом нахойида ва фуру набурда, пиёларо бо чойи бокимондааш ба замин гузошта, худ аз ҷой бархоста ба пеш равон шуд ва ман ҳам аз дунболи ӯ ба ҳаракат даромадам…
Қориишкамба ҳанӯз бист қадам роҳ нарафта дар наз- ди сарои сандук дар пеши дукони як сандукфуруш нишаст ва ман, ки аз дунболи ӯ мерафтам ва дар рӯ ба руйи дуко- ни сандукфуруш чойи муносибе наёфтам, ночор аз он ҷо гузашта, ба дуртар рафта нишастам.
Дар вакти гузаштанам аз пеши дукони сандукфуруш бо гушаи чашми худ дидам, ки сохиби дукон дар дарунта- ри дукони худ нишаста ва чути хисобро монанди деворча рост гузошта ва дар паси вай кадом як чизи хурданиро монда, аз назари рохгузарон пинҳон карда мехурд. Аммо чашми тезбини зоғмонанди Қориишкамба он чизи хурда- ниро дида, ба он ҷо нишастааст, ки фавран ба як пахлу ёзида ва дасти худро ба паси чут ёзонда, дар хурдани он чизи «пинҳон кардашуда» ба сохиби дукон шарик шуд.
Азбаски ҷойи нишасти ман аз ҷойи нишасти Қори- ишкамба дур буд, дар байни ӯ ва сандукфуруш чй гуфтугузор шуданро шунида натавонистам. Аммо гумон мекунам, ки дар байни онҳо гуфтушуниди барзиёд бояд нашуда бошад ва ҳамон вакте ки Қориишкамба ба сари дукони он одам нишаст, бояд ба хурдани он чиз сарф шуда бошад, чунки бо тамом шудани он чизи хурданй, ки ин аз чутро аз миён бардошта ба як сӯ гузоштани сохиби дукон маълум мешуд, Қориишкамба ҳам зуд аз ҷо бар- хоста ба роҳ даромад.
* * *
Қориишкамба ба як растачаи танги болопушида, ки аз ғарб ба шарк дар байни растаи чинифурушй ва атторй воқеъ гардида тимча номида мешуд ва дар он ҷо токияву шохй мефурухтанд, даромад ва ман ҳам аз роҳ баргашта аз дунболи ӯ ба тимча даромада, чолокона кадам гузошта, ба вай расида гирифтам.
Қориишкамба дар тимча дар пеши дукони як тоқия- фуруш рост истода аз вай:
- Тияҳои маро фурухтед? – гуфта пурсид.
Ин суоли Қориишкамба тааччуби маро аз аввала зи- ёдтар кард, чунки шахси монанди гадоён аз мурдаҳои но- шинос ертишгиранда, ба тӯйҳои нохонда рафта палав- хуранда ва дар айни замон ошнои наздики ходимони бонк ҳоло дар пеши ман токиядӯз ё ин ки тоқияҷаллоб шуда баромада буд. Бинобар ин, ҳаваси ман ба шунидани гуфтугузори ӯ бо токияфуруш зиёд шуда, ман ҳам дар он ҷо, дар пахлуи ӯ, аммо кадре пасттар аз ӯ рост истодам.
- Не, ҳанӯз нафурухтаам! – тоқияфурӯш ба Корииш- камба чавоб дод.
– Бояд фурухта бошед, – гуфт Қориишкамба ба чаво- би тоқияфурӯш изҳори нобоварй карда, – лекин бояд ме- хоста бошед, ки пули онҳоро рузе чанд дар хариду фуру- ши худ кор фармуда, чаллонда,11 ба манфиати худ фоидаи барзиёд ёбед!
– Кориамак, шумо аҷаб одами нобовар мебошед, – гуён тоқияфуруш якруя шуда пуштнокй хам шуд ва ба зе- ри пардае, ки дар пеши рафчаҳои дукон кашида шуда буд, даст дароварда, аз он ҷо як даста тоқияи дарун ба дарун гузошташударо баровард ва дар пеши назари Қорииш- камба гузошта, аз вай пурсид:
– Магар ҳаминҳо тоқияҳои шумо нестанд?
Баъд аз он ки Қориишкамба аз они худаш будани он тоқияҳоро тасдиқ кард, тоқияфуруш дастаи тоқияҳоро қадре ба тарафи ӯ тела дода илова намуд:
– Бардоред, инҳоро гирифта баред! Маро тоқати он нест, ки ҳам ба шумо хизмат кунам ва ҳам туҳмат шуна- вам.
Қориишкамба шуридани тоқияфурушро дида, ба узрий даромад:
– Аввал ман сухани шуморо ва то ҳол ба фуруш нарафтани тоқияҳоро бовар карда будам, лекин ҳазл кар- да будам, вале шумо ҳазлро ҷиддй дониста ба ғазаб ома- дед.
– Ман чаро ба ғазаб омада бошам, ман ин гуна ҳазлҳои ҷиддинамои шуморо акнун нашунавидаам, – гуфт тоқияфуруш дар ҳолате ки аз шуриш фуромада буд.
Қориишкамба паст шудани оташи ғазаби тоқияфурушро дида, аз ӯ бо чоплусй ва хушомадий аз роҳи дигар фоида бурдан хоста гуфт:
– Ҳазлро ба як тараф монем, ҷиддй мегуям, ки ман ҳамин рӯз ба пул эхтиёҷи зиёд дорам, чй мешавад, ки ҳоҷатбарорй карда пули ҳамин тоқияҳоро, ҳеҷ набошад нимаашро, ҳамин рӯз ба ман пешакй диҳед! Илоҳй сало- мат бошед! Дар ҳаққи фарзандонатон ҳам дуо мекунам.
– Ин суханатон ҳазл бошад ҳам, дуруст нею аз таги дил бошад ҳам! – гуфт тоқияфурӯш бо оҳанги ҷиддй.
– Чаро? – тааҷҷубкунон пурсид Қориишкамба.
– Охир, шумо аз ман хоҳиш карда будед, ки тоқияҳотонро ба харидорҳои беруна бо нархи яккафурушй – бо нархи баланд фурухта диҳам. Албатта, дар фуруши дона-дона ва бо нархи баланд инҳо ба зудй фуруш намеша- ванд ва дер мемонанд. Дар ин сурат ман як қисми сармояи худро ба моли шумо банд карда монам, аз куҷо пайдою па- сандоз мекунам, хароҷоти рузгорамро ва иҷораи дуконро аз кучо ёфта мегирам ва ба ҳар сад тангаи қарзе, ки аз шу- мо дорам, бо кадом роҳ даромад карда, ҳар моҳ дувуним танга фоида медиҳам…
Тоқияфурӯш қадре сокит монда ва нафасашро рост гирифта илова намуд:
– Биёед, шумо қарзатонро, ки ба гардани ман ҳаст, як моҳ бефоида, ба сифати қарзи ҳасана монед ё ин ки тоқияҳотонро бо нархи яклухтфурушй (бо нархе, ки во- фурушон12 аз дузандагон мехаранд) баҳо карда диҳед, дар он вақт ман ҳамаи пули тоқияҳотонро якҷоя нақд ба шумо медиҳам. Чй гуфтед, розй ҳастед?
- Не, ин кор ба ман баробар намеояд ва дар он вақт ман қариб чоряки пули тоқияҳоро аз даст медиҳам, – гуён Кориишкамба рафтан хост.
- Наравед, нишинед! Аз болои пули тоқияҳотон ба шумо як чойник чой дам карда диҳам, – гуфт тоқияфурӯш.
- Не, лозим нест, саломат бошед! Ман ҳозир ба бонк рафта чой меншам, – гуфт Қориишкамба ва ба оҳанги шухй илова намуд: – ба ҷойе, ки аз болои пули тоқияҳои ман муҳайё мешуда бошад, на дандони шумо меғутад ва на дандони ман.
Вақте ки Кориишкамба рафтагор шуда аз пеши ду- кон ба роҳ даромад, ба ман, ки дар қафотари ӯ истода бу- дам, чашми тоқияфуруш афтода:
- Ба шумо чй даркор? – гуфта пурсид.
- Ба ман тоқия даркор, – гуфтам дар ҷавоби ӯ сухани дигаре наёфта.
Қориишкамба бо шунидани ин ҷавоби ман аз роҳаш бозгашта, ба тоқияфурӯш рӯ оварда: – Ба ин кас аз тоқияҳои ман нишон диҳед! Шояд ягонтаашро дар пеши назари худ фурӯшонда пули накд карда гирам. Ба Худо, ки ба пул эхтиёҷам зиёд аст.
Тияфурӯш дастаи тоқияҳои Қориишкамбаро ба дасти ман дода:
- Яке аз инҳоро хоста гиред! – гуфт.
Ман, ки дар ҳақиқат токия намехаридам, токияҳоро бепарвоёна аз назар гузаронда яке аз онҳоро ба токияфурӯш нишон дода:
- Ҳамин чанд пул? – гуфта нарх пурсидам.
- Панҷ танга! – гуфт токияфурӯш.
- Ду танга, – гуфтам ман дастаи токияҳоро ба фурӯшанда гардонда дода истода ва дар дили худ «агар фурӯшанда розй шавад, бо чй баҳона ин байъро мегардо- нам» гуфта меандешидам ва баҳонаи маъкуле наёфта, аз бими шармандагии оянда аз сару рӯям арак мерехт.
- Инсоф кунед, додар! – гуфт Қориишкамба ба ман нигоҳ карда, – охир масолеҳе, ки ба ҳар кадоми онҳо сарф шудааст, аз чор танга зиёдтар меистад, ба болои ин музди дӯхт ҳам ҳаст. Хуб, биёед, зиёдатии кимати масолехро ва музди дӯхтро ба шумо гузашт кунем. Шумо чор танга диҳед! Ман ба ин суханони Қориишкамба чизе нагуфта ва гӯё, ки сухани ӯро ношунида бошам, худро ба нофахмй задам.
Фурӯшандаи тачрибакор, ки чиддй ё булҳавас буда- ни харидорро аз чашмони ӯ мефахмид, харидори бардурӯғ будани маро пай бурда, дастаи токияҳоро аз дасти ман гирифта, дар зери парда ба рафча монда истода ба Қори- ишкамба:
- Кориамак, беҳуда хомтамаъ нашавед, ин кас токия намехаранд! – гуфт.
Қориишкамба аз харидории ман умедашро канда ба рох, даромад ва ман ҳам аз дунболи ӯ…
***
Қориишкамба аз даҳанаи тарафи растаи аттории тимча13 баромада ба пеши дукони як аттор истод ва ман ҳам аз паси ӯ рафта, бо тачрибае, ки аз сари дукони токияфуруш гирифта будам, худро харидор сохта, дар паҳлуи ӯ рост истодам.
Корй баъд аз салом додан ба соҳиби дукон:
- Ба ҳисоби аберааш як хурок гулканд14 марҳамат ку- нед! – гуфт.
Аттор табассумкунон сарпуши як тоси мисинро, ки дар пешаш истода буд, кушода, аз даруни вай бо белчаи оҳанин чормағз барин гулканд канда гирифта ба тарафи Корй дароз кард.
Қориишкамба белчаро аз дасти аттор гирифта аз нуги вай гулқандро бо дандонаш канда гирифт ва дар ҳо- лате ки гулқандро мехоид, белчаро ба аттор гардонда до- да истода:
- Аберааш бисёр хурд будааст, ба буни дандонҳоям банд шуда монда, чизе аз вай ба дарун надаромад.
- Дуконам танг аст, мол аз сармояам кам, ба болои ин бештарин молҳои ман «кас махару кас маёб»15, бинобар ин савдо ҳам кам мешавад ва дар ин гуна аҳвол аберааш ба зудй калон намешавад ва ба воя намерасад.
- Хуб, ба ҳисоби аберааш нею барои Худо боз як белча гулканд диҳед, ки меъдаам хунук шуда рафта аз иштиҳо мондаам. Дуо мекунам: Илоҳй туйи фарзандона- тонро бинед!
- Хайрият, ки меъдаатон хунук шуда аз иштиҳо мон- да будаед, вагарна тамоми дунёро нахоида фуру мебурдед! – гуфт аттор бо оҳанги нимшухию нимҷиддй ва белчаро аз дасти ӯ гирифта ба вай боз як белча гулканд дод.
Аттор шояд маро ҳамроҳи Қориишкамба гумон кар- да бошад, ки ба ман чизе нагуфт ва аз ман чизе напурсид. Аммо Қориишкамба, ки ба ман аз вакти дар пеши дукони аттор дар паҳлуяш истоданам сар карда шубҳаомезона нигоҳ мекард, дар вакти гулканди дуюмро хойида исто- данаш боз ба ман як нигоҳи тези кунҷковона карда:
- Додар! Шумо магар ба ман кор доред? – гуфта пур- сид.
Ман ба ҷойи он ки дар ҷавоби ӯ «бале, ба шумо кор дорам» гуям ва барои изҳори матлаби худ аз вай ҷойи хилват талаб кунам ва агар ӯ максади маро шунидан хо- ҳад, масъалаи ҳучраро ба пеши ӯ монам, ҷавоберо, ки дар суоли «ба шумо чи даркор?» гуфтани аттор тайёр карда монда будам, ба ӯ дода:
- Ба ман мурч даркор! – гуфтам.
Албатта, ин ҷавоби ман ба суоли Қорӣ бисёр бему- носибат афтод ва медидам, ки ӯ маро масхара дошта зери лаб механдид ва ман аз ғояти саросемаги даст ба ҷайб за- дам, то ки қадре пул бароварда, мурче харида аз он вар- таи шармандаги зудтар гурезам. Аммо аз бадии толеам ҳамон вакт дар кисаам ягон пул ҳам набудааст, аз ин ҳол сурх шуда, сафед шуда ва дар зери обу араки ҳиҷолат монда, ба аттор нигоҳ карда:
- Ҳоло пулам набудааст. Ман рафта пул оварда баъд аз мурчатон мехарам, – гуён аз сари дукони ӯ дур шудам ва дар вакти аз пеши дукони аттор рафта истоданам чаш- мам ба Қориишкамба афтод: ӯ ба аттор нигоҳ карда лаби зеринашро бар руйи лаби болоияш кашид ва бо сараш ба тарафи ман ишора карда, намедонам, дар хусуси ман чи чизро ба ӯ фаҳмондан мехост.
шинос шудан бо вай фурсатҷуйй карда наметавонистам.
Ба ман ин бисёр алам мекард, ки ин ҳама нобарории кор аз бетадбирии худам рӯй дода буд, агар ман дар ҷавоби «Додар, шумо ба ман кор доред?» гуфтани Қори- ишкамба «Бале, ба шумо кор дорам!» мегуфтам ва илова менамудам, ки «барои арз кардани муддаоям ба шумо як ҷойи хилват даркор аст», он ҳама таъкиб кардани ман ӯро ба назари ӯ табий менамуд ва, албатта, ӯ маро ба гӯшае бурда матлабамро мепурсид ва ман масъалаи ҳучраро ба миён меовардам. Дар он сурат агар ҳуҷра ба даст надаро- яд ҳам, шиносой ба даст медаромад ва дар оянда рохи омухтани ахволи ин одами аҷиб, ки диккати табиати кунҷкови маро ба тарафи худ сахт кашида буд, ба ман ку- шода мегардид ва ин барои ман аз ҳуҷра ҳам мухимтар буд.
Акнун пушаймонй суд надошт ва «афсусу дареғ» фо- ида намебахшид, чунки тир аз камон бархато ҷаста ва мурғи матлаб аз дом раста буд.
Бо ҳамаи ин дилам намехост аз шиносо шудан бо ин одам ва омухтани ӯ умедамро тамом канам ва барои ёф- тани рохи умедворй фикр мекардам, оқибат дар хаёлам чораи зеринро маъкул намудам: «Бо пурсуков унвон ва нишони хонаи ӯро меёбам ва дар як вакти муносиб рост ба хонааш ба пеши ӯ меравам, дар назди ӯ дурӯғ будани токияхарй ва мурчхариамро руйирост икрор мекунам ва аз дунболагириам мақсади аслй ҳуҷраталабй буданро ба ӯ мефахмонам ва бо ҳамин аз шармандагие, ки дар пеши ӯ ба ман рӯй дод, тамоман халосй меёбам ва дар ҳамин зимн рохи шиносой ва омузиш ҳам кушода мешавад…»
Он шабро бо фикру хаёл бедор гузаронидам ва дар вакти саҳар бо ёфтани чораи охирин кадре осуда шуда хо- бам бурд.
IV
Рузи дигар ман бо умеди ёфтани хонаи Кориишкам- ба ба ча баромадам ва Чорсуи шаҳри Бухороро гардиш карда, бо растаи чойфурушй, ки аз тарафи шимоли хо- нақоҳи Девонбегй дар байни мадрасаи Кӯкалтош16 ва масҷиди Мағоқ17 кашида шуда буд, раҳсипор гардидам.
Дар миёнаҷои растаи чойфурушй дар тарафи ҷануби ча, дар рӯ ба руйи пасчаи бозори ангишт «Чнат- маконй» ном як сарой бино ёфта буд. Дар ду паҳлуи да- ромадгоҳи ин сарой, берун аз дарвозааш ду суфачаи ба- ланд воқеъ шуда буд. Бар руйи яке аз ин суфачаҳо Рахими Қанд18 ном як кас лаълии кандфурушиашро дар пеши худ ниҳода менишаст. Суфачаи дигари ин сарой холй буда, ман гоҳ-гоҳ ба руйи вай нишаста, бо кандфуруши мазкур суҳбат мекардам. Чунки вай як одами бисёр аҷиб буда, су- ханҳояш бағоят завқовар буданд ва гӯш кардани хикоя ва саргузаштҳои вай маро бисёр хуш меомад.
Чун дар ин ҷо номи Рахими Қанд зикр ёфт, лозим аст, ки бар болои баёни аҳволи ӯ кадре истода гузарам, то ки хонандагонро бо ин одам, каме ҳам бошад, шиносо ку- нам.
Таваллудгохи ин одам дар деҳаи Фоики тумани Шофиркоми Бухоро буда, дар шахри Бухоро нашъунамо ва касбу камол ёфта, мусикиро омухтааст ва ӯ аз асбобҳои мусикй танбур менавохт, аммо суруд намехонд. Ин одам табиатан бисёр бечора буда, аз молу ашёи дунёй ҳам чизе надошт ва бисёр факирона зиндагонй мекард.
ӯ дар пешаи худ маҳорати бисёр баланд надошт ва ба болои ин монанди баъзе мусикичиёни он замон маҷлисоро, суханвар, ширинкор ва хушомади ҳам набуд. Бинобар ин, ӯро одамони сарватманд дар тӯйҳо ва мехмондориҳои пуртантанаи худ даъват намекарданд. Азбаски харидораш кам ва бозораш касод буд, ҳар кас ӯро барои базме даъват кунад, дар як шаб ба ду танга музд, ки баробари 30 тин аст, розй мешуд.
Азбаски нархи танбурнавозии ӯ назар ба навозанда ва хонандагони дигар хеле арзон буд, муллобачагон – та- лабагони мадраса дар иҷтимоона – дар базмҳои ҷамъиятй ва шабнишиниҳои худ бештар ҳамин одамро даъват карда мебурданд. Ман ҳам бо ин кас дар ҳамин гуна иҷтимоо- наҳо шинос шуда будам.
Го муллобачагон дар базмҳо ва шабнишиниҳои худ ин одами бечораи беозорро бисёр озор мерасонданд ва ба ӯ шухиҳои вашёнаи азобовар мекарданд. Чунон- чи, боре шарикдарсони ман, ки аз сад нафар зиёда буданд, барои сар кардани дарси нав аз байни худ 1500 танга ҷамъ карда, 1400 тангаи ин маблағро дар дарсхонаи устоди худ бо номи ифтитоҳона19 сарф намуданд ва бо сад тангаи боқимонда хостанд, ки иҷтимоона ташкил диҳанд ва дар он шабнишинй танбурнавозеро даъват намоянд.
Шарикон дар он маҷлис маблағи мазкурро сарф намуда барои худ ва мехмонони худ зиёфати миёнаҳоло- нае тартиб доданд ва танбурнавози ин шабнишинй Рахими Кнд буд ва вазифаи ғазалхонии ин базмро суруд- хонони ҳаваскор, ки бо истилохи мадраса онҳоро «савтй» мегуфтанд ва онҳо аз байни талабагон ба тарзи худомузй расида баромада буданд, адо мекарданд.
Базм сар шуд, Рахими Кнд танбурнавозй мекард ва талабагони ҳаваскор суруд мехонданд. Азбаски дар байни шарикон хушовозон бисёр буданд ва онҳо бо навбат мувофиқи нағмае, ки Рахими Кнд менавохт, ғазалхонй мекарданд, он қадар монда намешуданд. Аммо Рахими Кнд, ки ягона навозанда буд ва то нимаи шаб беист ва бе дамгирй танбурнавозй кард, дигар ёрои ба тор нохун за- данаш намонд ва вакте ки ӯро боз ба навохтан водор кар- дан хостанд:
- Агар кушетон ҳам дигар наменавозам, – гуфт бо оҳанги катъй.
- Ҳоло ҳамин тавр аст? – гуфт Амини Муш ном яке аз талабагон, ки аз сурудхонон буд.
- Ҳамин тавр аст, дигар наменавозам! – гуён матлаби худро такрор ва таъкид кард Раҳими Қанд.
- Шарикон, хезед, «хармурд» мекунем! – гуфта Ами- ни Муш ба аҳли маҷлис хитоб кард ва худ рафта Раҳими Қандро ба руйи хона ғелонда пахш кард ва чанд нафар талабагони авбош рафта ба Амини Муш ёрӣ дода, ба ӯ ҳамроҳӣ карданд: онҳо танбурнавозро зер карда мушт- кӯбӣ кардан гирифтанд.
Раҳими Қанди бечора аввал «оҳу вой!» гуён фарёд мекашид ва баъд аз он ба гиряву зорӣ даромад ва окибат боз навохтанро ба гардан гирифта аз ин зарбу лати ваҳшиёна раҳоӣ ёфт.
Раҳими Қанд баъд аз «хармурд» бо чашми гирён ва панҷаҳои ларзон боз кадре торҳои танбурро «тинг-тинг» кунонид, аммо ин садо аз садои танбур зиёдатар ба ғинго- си магасе, ки дар торҳои тортанак дармондааст, монанд буд…
Дар ин вакт оши охирини зиёфат, ки палав буд, тай- ёр шуд ва табакҳои таом дар пеши меҳмонон ва шарикон катор шуданд. Раҳими Кнд ҳам бе рухсати касе аз тан- бурнавозии маҷбурӣ халосӣ ёфт, чунки шарикон хурдани палавро аз шунидани танбур муҳимтар медо- нистанд.
Вакте ки маҷлиси зиёфат ба поён расида аҳли маҷлис пароканда мешуданд, ташкилкунандагони ин шабнишинӣ ба Раҳими Кнд ду танга барои музди хизматаш, якта нон ва як коса ош ҳам барои бурдан ба бачагонаш ба тарзи инъом доданд.
Раҳими Кнд аз ин инъоми талабагон, ки ҳеҷ ба он нигарон набуд, бисёр хурсанд шуда:
- Илоҳӣ ҳамаатон мударрис шавед, муфтӣ шавед, аълам шавед, охун шавед, раис шавед, козӣ шавед ва козикалон20 шавед!… – гуён дуо кард.
- Барои ба ин мансабҳо расидани ҳамаи моён, – гуфт яке аз талабагон, – бояд ҳамаи козиён, раисон ва дигар муллоёни мансабдори имруза ё бимиранд ва ё бекор ша- ванд. Агар ин дуои туро, ки дар ҳаққи муллоҳои мансаб- дори имруза дар ҳақиқат дуои бад аст, онҳо шунаванд, ту- ро «хармурд» карда мекушанд.
- Майлашон, – гуфт Раҳими Қанд дар ҳолате ки ла- бонаш бар хилофи одати муқаррариаш ба табассум моил шуда буданд, – агар баъд аз «хармурд» кардан якто нон ва як коса ош диҳанд, кушанд ҳам зарар надорад.
***
Зиндагонии Раҳими Кнд хеле танг буд: албатта, бо ду танга даромад, ки вай ҳам ҳар рӯз ба даст намедаро- мад, бо якто нон ва як коса ош, ки онҳо ҳам ба тарзи тасо- дуфи аз тӯйҳо ва зиёфатҳои калон дар ҳафтаҳо ва моҳҳо ба тарзи «инъом» меомаданд, як оиларо сер кардан мум- кин набуд. Агар ӯ ба пешаи дигаре машғули кардан хоҳад, ҳунари дигаре надошт ва барои харидуфуруш сармоя надошт. Ночор ӯ қандфурушии дастакиро барои худ да- ромади иловаги қарор дода буд, ки ҳамаи сармояаш дар ин кор қадре қанд, конфет ва обидандон21 буд, ки ҳамагӣ аз панч танга зиёдтар қимат надоштанд.
Кндро шикаста майда карда, ба ҳар кадоми лундаҳои калонтараш ду пул22 ва ба резатараш як пул баҳо монда, ба як тарафи лаъли мечид ва ба тарафи дига- ри лаъли канфетҳои арзонбаҳо ва обидандонҳоро, ки аз лойшакар сохта мешуданд, рехта, ба ҳар кадоми онҳо ҳам якпули ё дупули нарх мемонд ва ҳамин лаълии «оростаи худ»-ро ҳар пагоҳ бардошта омада, ба руйи суфаи саройи Чннатманй менишаст ва ба толибонаш мефурухт ва харидорони ӯ бештарин бачагони чагард буданд.
Мардуми Бухоро ҳамин касби Раҳими танбуриро ба назар гирифта ва ба номи ӯ калимаи «Қанд»-ро илова карда, ӯро «Раҳими Қанд» мегуфтанд.
Ман гоҳо аз «молҳои тиҷораии Раҳим ба ду пул қанд ё канфет харида, ба даҳон андохта, бар суфачаи ди- гар макида менишастам. Ин хариди ман аз ҷиҳати эҳтиёҷам ба ширини набуда, балки барои шунидани суха- нони ба мазоки ман аз канд ҳам гуворотари ӯ буд. Чунки ӯ бо ин хариди ночизи ман хурсанд шуда, ба сухан медаро- мад.
Ҳиоҳои Рахими Қанд бештар аз саргузашт ва ёддоштҳои худаш, аз ахволи худаш ва аз дида ё шуни- даҳояш буд. Дар ин ҷо бояд ҳаминро ҳам кайд кунам, ки Раҳими Кнд баъзан чизҳои ба хаёлаш омадаро ҳам мо- нанди он, ки худ карда бошад ё дида бошад, бо боварии тамом хикоя мекард ва ширинтарини гуфтаҳои ӯ ҳам ҳамин гуна ҳиоҳои афсонамонандаш ба шумор мераф- танд.
Аз чизҳое, ки аз Рахими Кнд шунидам, ду порча ба ёдам мондааст ва ман мехоҳам ҳамон порчаҳоро дар ин ҷо накл намоям.
Рузе Рахими Қанд аз бетамизиҳои замона ва аз санъатношиносиҳои мардум шикоят карда гуфт:
- Агар дар мардум тамиз мебуд ва санъатро меши- нохтанд, ҳунармандро аз беҳунар фарк карда метавонис- танд ва кадри ҳунармандонро медонистанд, ба созандагони дигар он муомила ва ба ман ин муомиларо намекарданд, яъне дигаронро ба осмон бардошта, маро ба замин намеза- данд ва ҳол он ки аксари ин ҳофизон ва навозандагон шогирдони беустод буда, таълимнадида ва монанди алафи бегонаи дар гулзор руида дар замини санъат худруй мебо- шанд. Аммо ахмакфиребиро хуб медонанд ва дар пеши мардумони бетамиз худситои карда хуб пул мекашанд ва ман, ки ба чандин устоди забардаст чандин сол хизмат карда ин ҳунарро ба даст даровардаам, ба хурдан нон надораму ба пӯшидан танбон.23
Рахими Қанд баъд аз ин мукаддима барои исботи ҳунармандии худ ва забардастии устодони худ «ёддошти зерини худро накл кард:
- Ман, – гуфт ӯ, – ба Насруллоҳбойи дегфуруш, ки
мардум номи ӯро кӯтоҳ карда «Насруллоҳи Дег» мегуфтанд ва дар шашмакомдони ягонаи даврон буд, даҳ сол ба тарзи шогирди хизмат кардаам. Баъд аз он ки ман дар пеши ӯ шашмакомро об карда хурдам, маро ҳамрохи худ ба мехмониҳо бурдан гирифт.
Рахими Кнд аз он мехмониҳо, ки ҳамрохи устоди худ рафтааст, якеро мухимтар ва сазовори кайд шумурда, ба тарзи зерин накл кард:
- Устодам Насруллоҳи Дег як шаб маро ба чорбоғи домоди козикалон, ки дар деҳаи Хитоён буд, ҳамрохи худ гирифта бурд.
Дар он ҷо хонанда ва навозандагони дигар ҳам бу- данд, ки ҳамаи созҳоро ҷӯр карда ва ҳамаи сурудхонон ҳамовоз шуда, то нимаи шаб навохтанд ва хонданд. Баъд аз таоми нимишаби, ки ҳамаи мехмонон ва созандагон ба ҳар тараф пароканда шуда хобиданд, устоди ман ба сохиби боғ гуфт:
- Агар хоста бошед ва рухсат диҳед, худам бо шогирдам як базми хосагии алохида карда медиҳам.
Албатта, домоди козикалон бо хурсанди рози шуд ва Насруллоҳбой торҳои танбурро ба ҳавои «Наво» соз кар- данро фармуд. Танбурро соз кардам, устод дойраро ба даст гирифта усул нигоҳ дошта мехонд ва ман менавох- там. Як вакт ду булбул парвозкунон омада ба болои шохи дарахте, ки мо дар зери вай базм мекардем, нишастанд. Булбулон баъд аз кадре ором истода ба нағмасароии мо гӯш додан мувофики ҳавое, ки мо менавохтем, ба чаҳчахнй даромаданд.
Аз ин кори булбулон устоди ман зиёда ба шавк ома- да, гӯё, ки бо онҳо баҳс мабаҳс мехонда бошад, нолаҳои фалакпеч баровардан гирифт ва ман ҳам бо нохунҳои обдори худ торҳои танбурро дилхарошона меларзондам, шунавандагон аз нағмаҳои ҷонгудози ман гӯё, ки ба рагу пайи онҳо нохун зада истода бошам, дар тапиш ва ҷӯшу хуруш омаданд…
Рахими Кнд дар охири ин ёддошти худ гуфт.
- Окибат булбулон аз мо мағлуб гардида хомуш монданд ва баъд аз кадре хомуш истодан онҳо тамоман беҳушу беихтиёр шуда худро аз шохи дарахт ба суйи мо андохтанд, яке аз онҳо омада ба гушаки танбури ман ни- шаст ва дигаре – ба гардиши дойраи Насруллоҳбой. Ин ҳолро дида шунавандагон ба ҷӯшу хуруш омаданд ва са- дои таҳсину офарини онҳо ба осмон расид ва бо ҳамин базм ҳам тамом шуд.
Дурӯғ будани ин гуна «саргузашт»-ҳои Раҳими Қанд равшан бошад ҳам, ман ба ӯ аз ин хусус лаб намекушодам, балки худро чунон нишон медодам, ки гӯё ҳамаи он су- ханҳоро бовар кардаам. Чунки агар ӯ ба ин гуна ҳиоҳои худ андак нобоварии маро пай мебурд, бисёр мешурид, на танҳо мешурид, ҳатто бими он буд, ки ошноии худро аз ман бурида, дигар ба ман ин гуна хикояҳоро накл наку- над. Ва ҳол он ки шунидани ин гуна ҳиоҳои ӯ ба ман бисёр завк медод. Ман, хусусан, аз ин ҷиҳат завк мекар- дам, ки ӯ ёддоштҳои худро бо камоли ҷиддият ва бовари накл мекард ва ба бовар кардани ман ҳам акидаи ӯ комил буд.
бам намебарад.
Хулоса, Раҳими Қанд дар болои каҳрамонии ҳамин Азизуллоҳи дурӯғгӯй ба ман гуфт:
- Азизуллоҳ дар катори навкарони галаботури25 амир дар ҷанги куҳистон ба тарафи ҳисориён ва кулобиён ҳуҷум овардааст ва дар този асп ба ҳар шамшер задан даҳ- дувоздаҳ касро калам карда мепартофтааст. Рузе дар вакти гармии ҷанг аспи ӯ дартоз аз байни ду дарахти тут, ки ба ҳам наздик руйида шохҳояшон ба ҳам печида буда- анд, гузаштааст ва дар вакти гузаштани асп аз байни да- рахтон сари Азизуллоҳ дар шохҳои дарахтон банд шуда гарданаш канда шуда мондааст. Аммо ӯ чолокона сари аспро пас гардонда омада, каллаи худро аз шохҳои дарахт ҷудо карда ба ҷойи худаш гузоштааст, азбаски хунаш ҳанӯз сард нашуда будааст, сараш монанди аввала ба та- нааш часпида мондааст ва ӯ ҳам гӯё ки ба вай ҳеҷ вокеа рӯй надода бошад, мисли пештара ба ҷанг давом карда- аст.
Ман аз шунидани ин ҳикоя хеле завк гирифта ва аз камоли хурсандй хусусияти табиати Раҳими Қандро аз хо- тир бароварда ба ӯ гуфтам:
- Хайрият, ки Азизуллоҳ саросема шуда каллаи худ- ро ба танааш чаппа нагузоштааст, вагарна чашмони ӯ ба кафои ӯ ҷойгир шуда, дар зиндагй бисёр душвориҳо ме- кашид.
Раҳими Кнд аз ин гуфтаҳои ман нисбат ба ҳикояи худ нобориро бӯй бурда якбора ба шӯр омада гуфт:
- у кӯр набуд ва беакл ҳам набуд, ки чй гуна ба тана гузоштани каллаи худро надонад!
Ман узрҳо гуфта, боварии худро ба ҳикояи ӯ исбот карда, шубҳаи ӯро нисбат ба худам тамом аз дилаш баро- вардам. Бо вуҷуди ин, ӯ чанд гоҳ ин гуна ҳикояҳоро ба ман накл накард.
V
Ман ба растаи чойфурушй раҳсипор гардида, то пе- ши саройи Чнатмаконй расидам. Дар он ҷо Раҳими Кнд лаълии «хушбор»-и худро дар пешаш монда, ба руйи 35
суфачаи муқаррариаш нишаста буд, ман аз ӯ ба ду пул як дона обидандон харида ба даҳонам андохта, ба суфачаи дигари сарой нишастам.
Имруз мақсади асосии ман ёфтани ча, гузар ва
ҳавлии Қориишкамба буда, ҳамаи фикру ҳавосам ба ин мақсад банд буд, бинобар ин, барои ба сухан даровардани Рахими Қанд ва хикоя гуёндани вай кушише накарда, дар фикр фуру рафта будам…
Ман ҳанӯз обидандони дар даҳон гирифтаамро ма- кида тамом карда набудам, ки Қориишкамба аз тарафи шарки раста – аз тарафи мадрасаи Кукалтош намоён гар- дид. Ман барои пурра ва пухта дидани руйи ӯ чашмамро ба ӯ духтам. Чун ӯ наздиктар расида назараш ба ман афтод, чашмонашро аз ман наканда омадан гирифт. Ман аз нигоҳҳои тези маънидори ӯ дар ҳаққи худам «ин дурӯғгӯйи дируза!» гуфтани ӯро пай бурдам, бинобар ин шарм дошта чашмамро аз вай канда, худро ба нодонй за- дам, лекин бо гушаи чашм ҳаракатҳои ӯро таъкиб мекар- дам.
у рост ба пеши суфачаи Рахими Қанд омада, аз қанди майда ва обидандонҳои ӯ якдонагй гирифта ба даҳонаш зад ва аз конфет ҳам як дона гирифта, дар ҳолате ки қоғази вайро чудо мекард, ба рош давом намуд.
Рахими Қанд бо рангҳои канда ва лабҳои ларзон:
- Кориамак, шухй накунед! Ман одами бечораи аёл- манд мебошам, пули қанду конфету обидандонро дода ра- вед! – гуфт бо оҳанги зорй.
Қориишкамба бе он ки қадами пешпартофтаашро пас гузорад ё ин ки аз рош бозистад:
- Курнамакй накун! Дируза ошро аз ёдат набарор! Дар ягон мавриди дигар боз ба ту нафъ расонда ҷойи ин моли ночизонаатро чанд-чанд карда пур мекунам, – гуён ба рош давом намуд.
Рахими Кнд зери лаб ғур-ғуркунон «искит26, мур- данй!..» гуён ӯро дашном медод.
- Ин кас кист!- гуфта ман аз Раҳими Қанд пурсидам, гӯё ки ӯро ҳеҷ намешинохта бошам.
- Як ҳиндуи салланок, як судхури гузаро, як хасиси чирки дандонхур! – гуфт Раҳим дар ҷавоб.
- Магар ӯ дируз шуморо зиёфат карда буд, ки «кӯр- намаки накун, дируза ошро аз ёдат набарор!» гуён ба шу- мо миннат кард?
- Оши ӯро то ҳол занаш ҳам нахурдааст, – гуфт Раҳими Кнд, – ҳикояти «оши дируза» ин тарика аст, – гуён ӯ ҳикояти зеринро накл намуд:
- Дируз маро як машкоб ба туяш хабар карда буд. Ман дар он ҷо дар рӯи суфа ба болои кат нишаста танбур менавохтам. Як вакт дар катори меҳмонон ин одам ҳам ба хона даромад ва ҳамроҳи онҳо ба меҳмонхона даромада ош хурда баромад. Баъд аз таом меҳмонони дигар рафтанд, аммо ин одам бар руйи кат баромада, ба соҳиби хона чой фармуда, дар паҳлуи ман чой нушида нишаст. Чанд гурӯҳ меҳмонони дигар ҳам омада ош хурда рафтанд. Вакте ки меҳмони кариб ба поён расид, ӯ ба ка- соне, ки дар он тӯй хизмат мекарданд:
- Ба ин кас ҳам ош биёретон, охир! – гуфт маро ни- шон дода, – ҳамроҳи дасти ин кас шикамашон ҳам танбур навохта истодааст. Оши ин кас сергушту серравғантар шавад.
Як табак оши палав оварданд. Дар ҳакикат сергушту серравған буд. Аммо даҳяки он ош ҳам насиби ман нашуд: бо вуҷуди ин ки ӯ аз меҳмонхона дар катори меҳмонон ош хурда баромада буд, ин ошро бо иштиҳои аввала хурдан ги- рифт. ӯ то як лукма хурдани ман ду-се лукма мехурд ва чунонки шикамбандаҳо мекунанд, ҳар лукмаро «дугуштаи оринҷшор» карда, яъне дар ҳар лукма ду лунда гуштро ҳам- роҳ карда ва равғанашро то оринҷи худ шоронда, мегирифт.
Баъд аз таом ман хостам, ки боз танбур навозам ва ба ҳамин максад гушакҳои танбурро тофта торҳоро соз кардан гирифтам, аммо ӯ даҳонашро ба гӯши ман наздик оварда пичирросзанон:
- Биё акнун танбурнавозиро бас кун! Омадурафти мехмонҳо ҳам тамом шуд, – гуфт ва илова намуд, – ман аз ин тӯй ба ту як табак ош гирифта медиҳам, ба ҳамин шарт, ки нимаашро ба ман медихи Рози ҳастӣ?
- Дуруст, ман рози! – гуфтам ба ӯ.
- Ин тавр бошад, аз сохиби тӯй рухсат пурс!
- Акнун иҷозат диҳед! – гуфтам ман ба сохиби тӯй танбурамро ба чилдаш андохта истода.
Сохиби тӯй ду танга пулро бо якто нон ва як каф кандалот оварда ба пешам гузошт. Ман тангаро ба ҷайби худ андохта, нон ва кандалотро дар руймолчаи худ бастан гирифтам. Дар ҳамин вакт ин одам ба сохиби тӯй маро нишон дода:
- Ин кас одами аёлманд мебошанд. Ба ин кас як та- бак оши сергушту равған кашед, ба руяш якто нони тафтон пӯшонда диҳед! Мавриде вокеъ шавад, ин кас ба шумо боз хизмат мекунанд, – гуфт.
Сохиби и сухани ӯро кабул намуда ошро тайёр карда овард. у пеш даромад ва ман танбуру табаки ошро бардошта аз ҳавлӣ баромадам. Сохиби тӯй моро гусел карда истода ба ман:
- Оварда додани табакро аз хотир фаромуш накунед! – гуфт. Ҳамин ки мо аз туйхона чанд кадам дур шудем, ӯ ба ман:
- Ҳавлии ман дар сари рохи ту мебошад, аввал он ҷо меравем. Баъд аз он, ки ман аз ош ҳаққи худро гирифтам, ту табакро бо бокимондаи ош бардошта ба хонаат ме- рави! – гуфт.
Ман рози шудам. Мо бисёр кӯчаву пасчаҳоро бу- рида гузашта, окибат ба ҳавлии ӯ расидем. Маълум шуд, ки ҳавлии ӯ нисбат ба ҳавлии ман аз туйхона дуртар буда- аст…
Ман, ки ҷӯёи дар куҷо будани ҳавлии Қориишкамба будам, фурсатро аз даст надода ва сухани Рахими Кндро
бурида:
- Ҳавлии ӯ дар кадом гузар ва дар кадом ча буда-
аст? – гуфта пурсидам.
Дар гузари Кемухтгарон27, дар охири он пасчаи пешбаста аст, ки вай дар пушти саройи кафшу маҳси- фурушй вокеъ шудааст, – гуён Раҳими Кнд ба пурсиши ман ҷавоб дода, боз ҳикояти худро давом кунонид: – Вакте ки ба дари ҳавлиаш расидем, ӯ барои гирифтани ҳиссаи худ табаки ошро аз дасти ман гирифта ба ҳавлии дарунаш бурд ва баъд аз чанд дақиқа табаки руяш ку- шодаро бароварда ба ман дод. Нону гӯшти ошро тамоман рабудааст, аз ош ҳам тахминан ҳаштяк мондааст ва равғани ошро то чакраи охиринаш чаконда гирифтааст, – гуён Раҳими Қанд ҳикояи худро тамом кард ва дар охир илова намуд: – Ин одам бой бошад ҳам, бисёр чашмгурус- на будааст, барои ситондани ягон чиз аз ҳеҷ кор ибо ҳам намекунаду ор ҳам, бо вуҷуди ин, чашмаш сер намешавад.
Ман дар ҷавоби ӯ гуфтам:
- Ҳарчанд Саъдии Шерозй гуфтааст, ки «…чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр», ман мегуям, ки «чашми танги дунёдорро на каноат пур кунад, на хоки гӯр».
Баъди ин сухан ман зуд аз суфача бархостам, зеро нишонаи ҳавлии Қориишкамба, ки максади асосии онрузаам буд, аз ғайри чашмдошти ман аз он суҳбат ба даст даромада буд. Акнун мебоист ман ба зудй ба хонаи ӯ мерафтам.
[*] Орият – чизеро ба касе барои истифодаи муваққатй додан аст. Дар истилоҳи мадрасаҳои Бухоро талабагонеро, ки дар ҳуҷраи касони дигар зиндагӣ мекарданд, «ориятнишин» мегуфтанд.
[†] Ертиш – порчаи суф ва ё чит, ки дар вақтҳои пеш дар ҳангоми дафни мурда ба тарзи садақа ба касоне, ки ба сари қабр чамъ омадаанд, дода мешуд.
Шакли пурраи китобро аз ин линк борбардори намоед >>>Margi-sudxur
Скачать безплатно! книгу Ростовщика (Марги Судхур – марди хакки мардумонро мехурда)