Барои ба ин ё он рафтор,
амал ё фаъолияти муайян баҳо додан, маром ва сабабҳои
водоркунандаи онҳоро донистан зарур аст. Фаъолии шахс
бо талаботҳои ӯ зич алоқаманд аст. Талабот асоси пайдо-
иши маромҳост. Агар маромҳо қонеъ гардонидани тала-
боти муайяни ягон фаъолияти инсонро дар бар гирад, он
гоҳ онҳо ҳамчун зуҳуроти конкретии талаботи шахс ба-
ромад мекунанд. Маром гуфта, қувваи ботинии шахсро
меноманд, ки ӯро барои қонеъ гардонидани ин ё он тала-
боташ водор мекунад.
Ба пӯстлохи майнаи сар роҳ ёфтани ин ё он баран-
гезандаҳои ҳиссӣ,
пурзӯр ё заиф шудани онҳо аз ҳолати маромҳо воба-
ста аст. Самаранокии
ангезаҳои беруна на фақат аз сифатҳои воқеии он,
балки аз ҳолати маромҳои организм низ вобаста мебошад.
Масалан, организми сер ба таоми аз ҳама хушлаззату ҷаз-
зобтарин ҳам эътибор намедиҳад.
Мароми рафтор ҳамеша саршори ҳиссиёту эмот-
сияҳо мебошад. Он чизе, ки мо ба сӯяш сайъю талош ме-
варзем, моро ба ҳаяҷон меоварад. Дар ин маврид баъзе
ҳиссиётҳо вазифаи дурнамоиро иҷро мекунанд- онҳо муа-
йянсозандаи талабот, аҳамиятнокии гурӯҳи муайяни объ-
ектҳо мебошанд ва дигарон бошанд, бо муайянкунии
аҳамиятнокии шароитҳои алоҳидае алоқаманданд, ки ба
даст овардани объекти талаботро таъмин менамоянд.
Эмотсияҳо «муайянкунандаи» бевосита аҳамиятнокӣ,
муфидият ё зарарнокии ин ё он ҳодиса маҳсуб ёфта, қув-
ваи организмро барои таъсири дутарафаи фард бо объ-
ектҳо сафарбар менамояд.
Маромҳои рафтори одам моҳиятан аз ҳолатҳои ма-
ромҳои рафтори ҳайвонот бо он фарқ мекунад, ки он бо
системаи дуюми сигналӣ ба низом дароварда мешаванд.
Дар баробари маромнҳо бо талаботҳо алоқамандан, зеро
талабот асоси пайдоиши маромҳост.
Ба маромҳои рафтори одам дохил мешаванд: шавқу
ҳавасҳо, хоҳишҳо, кӯшишҳо, азму ниятҳо, рағбатҳо,
майлҳо ва мақсадгузорӣ.
Шавқу ҳавас – ин муносибати ҳиссии инсонро ба
объектҳое ифода мекунад, ки бо талаботҳои устувори
одам алоқаманданд. Шавқу ҳавас ба объекте равона ме-
шавад, ки он барои шахс аҳамияти баланд дорад.
Чуноне, ки К.А. Гелтветсий гуфтааст: «Агар олами
ҷисмонӣ тобеи қонуни ҳаракат бошад, он гоҳолами
рӯҳонӣ (маънавӣ) на ба андозаи камтар тобеъ ба қонуни
шавқу ҳавасҳост. Шавқу ҳавас дар рӯи замин соҳири
муқтадирест, ки дар пеши назари ҳама мавҷудот намуди
ҳар як ашёро тағйир медиҳад».
Шавқу ҳавас мароми рафтори одам аст, ки бо тала-
ботҳои ташаккулёфта муайян карда мешавад. Шавқу
ҳавасҳо дар асоси талабот ба амал меоянд, вале як чиз не-
станд. Агар талабот зарурат ба ягон фаъолиятро ифода
кунад, он гоҳ шавқу ҳавас таваҷҷӯҳи шахсро ба ягон
фаъолият ифода менамояд. Шавқу ҳавас дар сурати усту-
вор гардиданашон ба талабот мубаддал мегардад.
Гарчанде ки шавқу ҳавасҳо бо талабот робитаи бево-
сита дошта бошанд ҳам, вале онҳо баъзан дарку фаҳмида
намешаванд. Вобаста бо воситаҳои ба даст овардани
мақсад шавқу ҳавасҳои бевосита ва бавоситаро аз ҳам
фарқ мекунанд.
Шавқу ҳавас чун ҳолати психикӣ ба ҳадди беш ба
протсессҳои рӯҳӣ таъсир карда, онҳоро фаъол мегардо-
над. Вобаста ба талаботҳои шахс шавқу ҳавасҳоро аз рӯйи
мазмун ба моддӣ ва маънавӣ, аз рӯи васегӣ ба маҳдуд ва
гуногунтарафа ва аз рӯи устуворӣ ба кӯтоҳмуддат ва усту-
вор ҷудо мекунанд.
Қонеъгардонии шавқу ҳавасҳо онҳоро хомӯш нагар-
донида, балки системаи бисёрсоҳаи шавқу ҳавасҳоро боз
ҳам ташаккул медиҳад.
Шавқу ҳавасҳо ба сифати асосии рафтори шахс ба-
ромад карда, механизми асосии психологии рафтор шуда
мемонад. Шавқу ҳавасҳо на танҳо одамро ба фаъолият
намудан ҳавасманд мекунанд, балки худашон низ дар ин
фаъолият ташаккул меёбанд.
Васегӣ ва амиқии шавқу ҳавасҳои одам пурарзишии
комили зиндагии ӯро муайян мекунанд. Шавқу ҳавасҳои
шахси рафтори зиддииҷтимоӣ дошта чун қоида, бо
маҳдудият, равияи худпарастона, тамаъҷӯию манфиатпа-
растӣ доштанаш фарқ мекунанд.
Тавсифи шахс дар худ доираи муайяни шавқу
ҳавасҳои ӯро дар бар мегирад. Шавқу ҳавасҳои шахс бо
хоҳиш, рағбат ва майлҳои ӯ зич алоқаманд мебошад.
Хоҳиш – ин маромест, ки дар он талабот барои
қонеъгардиаш ба ашёи мушаххас равона шудааст. Хоҳиш
марҳилаи муайяни ташаккули талаботро ифода намуда,
дорои мақсад ва нақшаи амал аст. Ҳанӯз Эпикур
хоҳишҳои одамиро ба се гурӯҳ ҷудо карда буд: 1)
хоҳишҳои табиӣ ва зарурӣ (хоҳиши ғизохӯрӣ, нӯшидан,
хоб кардан, истироҳат намудан ва ғ.); 2) хоҳишҳои табиӣ,
вале нозарур (масалан, хоҳишҳои шаҳвонӣ); 3) хоҳишҳои
на табиию на зарурӣ.
Номгуи гуруҳи сеюм бепоён аст ва онҳо: хоҳишҳои
алоқаманд бо шуҳратпарастИ, ҳокимиятхоҳИ, сарварию
бартариятҷӯИ бар болои дигар одамон ва ғайра. Аммо ду
гуруҳи аввали хоҳишҳои одамИ низ бенуқсон нестанд –
онҳо метавонанд ба ҳадди ифрот расанд, аз ҳад зиёд ша-
дид гарданд ва аз сарҳади қонеъгардонии худ берун баро-
янд.
Хоҳиш бо саъю кушиш, яъне бо ҷозибаи баланди
эмотсионалИ ба объекти хоҳиш тавсиф дода мешавад.
Рағбат – сайъю кушиши изтироболудаи устувор ба
объекти муайяне аст, ки талабот ба он аз болои тала-
ботҳои боқимонда бартарИ пайдо карда, ба тамоми
фаъолияти ҳаётии одам самти мувофиқ мебахшад.
Рағбат соҳаи эмотсионалИ ва иродавиро бо ҳам мут-
таҳид намуда, вобаста аз арзиши он чизе, ки одам ба суяш
сайъю талош дорад, мусбат ва манфИ шуда метавонад.
Аксарияти рағбатҳои манфИ (рағбат ба пулу мол, ба
бозиҳои саргармкунанда ва ғ.) боиси завол ёфтани шахс
мегарданд ва дар аксар маврид заминаи рафторҳои ҷиноИ
мешаванд.
Рағбатҳои мусбат неруҳои одамро барои ноил шудан
ба мақсадҳои аз лиҳози иҷтимоИ аҳамиятнок (масалан,
рағбат ба санъат, илм, намудҳои ҷудогонаи фаъолияти
меҳнатИ ва ғ.) сафарбар мекунанд. «Тамоман нобуд шуда-
ни рағбатҳо (агар ин имконпазир бошад), боиси ба таври
пурра кундзеҳну тираақл гардидани шахс мегардад ва ҳар
қадаре, ки шахс гирифтори чунин ҳолат бошад, у ҳамон
қадар беғаразу холис аст».
Майл – ин ҷозибаест, ки ба гуруҳи муайяни объектҳо
равона шудааст. Майлҳо метавонанд табиИ бошанд ва дар
шароитҳои иҷтимоИ ташаккул ёбанд.
Майлҳои табиИ на ҳама вақт фаҳмида мешаванд.
Онҳо бо протсессҳои органикИ алоқаманд буда, фақат ба
андозаи андак аз ҷониби шуур идора карда мешаванд.
«Майл барои қонеъгардонидани талаботи худ назди ақл
(менталитет) масъалагузорИ мекунад ва онро чун дастгоҳи
корӣ истифода мебарад. Ба тафаккур фишор оварда, он-
робарои дарёфти тарзҳои қонеъгардонии талаботи худ
ҷалб менамояд ва то мавриди ба даст овардани натиҷаи
дилхоҳ барои дар самти муайян кор кардан, маҷбур месо-
зад».
Дар радифи майлҳои ғаризавӣ ва органикӣ вобаста
ба пурзӯршавии нерӯи онҳо пайдарпайии зерин муайян
гардидааст: 1) майли шиносшавӣ (аксуламалҳои тах-
минӣ); 2) майли ҷинсӣ; 3) майли бартараф кардани гурус-
нагӣ; 4) майли шикастани ташнагӣ.
Майли одам бо сабаби хусусияти иҷтимоӣ дошта-
нашон аз ғаризаҳои ҳайвонот фарқ мекунад. Одам ҳар
қадар амиқан иҷтимоӣ гардад, майлҳои ӯ ҳамон қадар ба
низом медароянд. Заиф шудани психика, вайроншавиҳои
рӯҳӣ ба пурқувват гаштани ангезаҳои инстиктӣ мебарад.
Масалан, дар олами ҷинояткорӣ шахсони майлҳои худса-
ронаи шаҳвонӣ дошта аксариятро ташкил мекунанд, ки бо
тарзҳои ҷинояткорию хушунат талаботҳои шаҳвонии худ-
ро қонеь мегардонанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии шуури одами инкишофёф-
та он аст, ӯ қобилияти аз миёни майлҳои худаш интихоби
оқилона карда метавонад. Барои ин фард бояд болотар аз
майли худ қарор гирифта, дар канор истад ва аз байни
онҳо якеро интихоб кунад. Ин интихоб тавассути ар-
зишҳои шахс амалӣ гардонида мешавад.
Мароми одам бошуурона ва зершуурӣ мешавад. Ма-
роми бошуурона бо азму ниятҳои шахс робитаи зич до-
рад. Азм – ин қарори бошуурона қабулкардаи шахс барои
ноил шудан ба мақсади муайян буда, восита ва тарзҳои
амал амал карданро дар бар мегирад..
Азм аз водоркунӣ ба амал кардан ва банақшадаро-
рии бошууронаи амал иборат аст.. Азмҳо ба мисли тала-
бот дорои Хусусиятҳои ҳаракатбахш – қувва, бошидатӣ ва
ғ. мебошанд. Азмҳо рафтори одамро ташкил карда, озо-
дии амалиёти ӯро таъмин мекунанд ва чун амали бошуу-
ронаи рафтор баромад менамоянд. Асоси бошууронагии
азмро маром ташкил медиҳад.
Маром маънои водоркунӣ ва барангезишро дорад.
Бояд қайд кард, ки, на ҳар водоркунӣ маром шуда мета-
вонад. Масалан, рафтор метавонад туфайли ҳиссиёт ва
мақсадгузорӣ содир шавад, вале мааром шуда наметаво-
над. Баъзе барангезандаҳо фаҳмидашавандаанд, вале,
баъзеашон бошанд фаҳмида намешаванд. Маром – ин во-
доркунии фаҳмидашуда буда, барои ноил шудан ба
мақсадҳои мушаххас равона карда мешавад.
Фаъолияти одам одатан тавассути якчанд маром су-
рат мегирад. Дар ин маврид маромҳо хусусияти пешба-
рандаро пайдо мекунанд.
Маромҳои пешбаранда ба фаъолият, объектҳо ва
шароитҳои он маъно мебахшанд.
Тамоми оператсияҳои камфаҳмидашуда беихтиёр дар
асоси мақсадгузориҳо (баъзан онро иштибоҳан «ма-
ромҳои бешуурона» шарҳ медиҳанд) содир мегарданд.
Мақсадгузорӣ – ҳолати омодабоши шахс ба тарзи муайяни
рафтор дар вазъиятҳои муайян мебошад. Мақсадгузорӣ
асоси доимӣ ва устувори рафтори одам мебошад.
Ду намуди мақсадногузориро фарқ мекунанд: умумӣ
ва дифференсиалӣ. Мақсадгузории умумӣ дар нисбати
гурӯҳҳои калони ҳодисаҳо ва мақсадгузории дифференси-
алӣ дар нисбати объектҳои алоҳида ба вуҷуд меояд.
Ҳамин тариқ, механизми водоркунию мақсадофари-
ни рафтори одам аз маҷмӯи омилҳои шахсии ба ҳам
алоқаманд-равияи шахс, талаботи ӯ иборат мебошад, ки
ба онҳо шавқу ҳавасҳо, хоҳишҳо, кӯшишҳо, рағбатҳо,
азмҳо, майлҳо ва мақсадгузориҳои зершуурӣ дохил ме-
шаванд.
Маромҳои рафтори одам, ки дар худ равияи умумии
шахсро дар бар мегирад, қисмати бошууронаи амалҳои
иродавӣ ва рафтори мақсадноки ӯро ташкил медиҳанд.