Главная / Илм / Маросимҳои ҳиндуия

Маросимҳои ҳиндуия

Дар давраи ведоӣ маросимҳои ибодатӣ ориёни ҳинд бисёр содда будааст ва ҳанӯз ҳеҷ гуна маъбад ва маҳалли хосе барои ибодат надоштаанд. Маросимҳои ибодат дар фазои кушоду марғузорҳо баргузор мегардид. Меҳробе барои худоён месохтанд ва худоёнро ба базми маросимӣ даъват ва навъҳои гуногуни хӯрок: шир, равған, ғаллотро дар назди он меҳроб гузошта, қурбонӣ кардани ҳайвонҳо, алалхусус ҳайвонҳои хонагӣ назди ҳиндувон маъмул набудааст.

brahma

Монизм дар муносибати Браҳмо ва нафси нотиқа, ки дар упанишадҳо Атман таъбир шудааст, равшантар мушоҳида мешавад. Мобайни Браҳмо ва Атман як ҳувияти муштарак ва ваҳдати комил вуҷуд дорад. Тибқи ин назарияи упанишадҳо нафсу рӯҳи инсонӣ ё худ рӯҳи фардии ҳар инсон ва рӯҳи кайҳонӣ, (ки Параматман- «Ҷони ҷаҳон» низ гӯянд) дар ягонагию ваҳдатанд аз ҳам ҷудоӣ надоранд. Дар «Упанишадҳо» ин маънӣ бо ибораи санскритӣ инчунин – «Тот твам асӣ-Та1 Каш ам» – «Ту Ӯйӣ» баён шудааст. Ин ваҳдатро «Браҳма Атман» номидаанд.
Ҳамон тавре ки дар тасаввуфи исломӣ ҳама падидаҳои олами шуҳудро дар як маврид ба ҳубобҳои болои уқёнус ва дар мавриди дигар ба ях ташбеҳ додаанд, дар «Упанишадҳо» сурати зоҳирии ашёро ба ғилоф ташбеҳ додаанд, чун ин ғилоф бардошта шавад, БраҳмаАтмон (нафси куллии илоҳӣ) бо сифати покиву таҳорати маҳз боқӣ хоҳад монд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222