Главная / Гуногун / МАРОСИМҲОИ ЯҲУДИЯ (Ҷуҳудҳо)

МАРОСИМҲОИ ЯҲУДИЯ (Ҷуҳудҳо)

Дар китоби дуввуми Таврот ( «Хурӯҷ. 23: 12-17 ) омадааст: «Шаш рӯз корҳоятонро кунед, ва дар рӯзи ҳафтум ором гиред. Се бор дар сол ид кунед. Иди фатирро риоя намо: ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар вакти муайяни моҳи абиб фатир бихӯр, чун ки дар он (моҳ) ту аз Миср берун омадй: назди ман бо дасти холи наоед, (яънекурбонйоредА.Ш.) Иди ҳосили аввалро низ назар кунед… \Хуруҷ. 23:12- 17\

Хамин тавр, маросимҳои асосии Яҳудия ин мукаддас донистани рӯзи шанбе ва ҳеҷ коре накардан дар он, се ид: иди рӯзаи фатир, ба муносибати берун омадан аз асорати Миср; иди ҳосилот ва иди таҳвили сол ё худ иди Иом-кипур.

Табиист, ки бо мурури замон иду маросимҳои яҳудия тагйир ёфта, вобаста ба шароити зиндагии нави онҳо, тагйири моҳият кардаанд. Холо чунин идҳо назди бани Исроил кайд карда мешаванд:

israel-western-wallИди фасҳ (ё фатир) дар рӯзи 14 моҳи аввали мукаддас (Абиб)-охирҳои моҳи март ё аввали моҳи апрел баргузор мешавад. Он ҷашни солгарди таваллуди кавми Исроил дониста мешавад. Дар он муддати як ҳафта нони бенамак (фатир) масраф мекунад. Аз ин рӯ онро (иди фатир) низ меноманд.

Дар рӯзи панҷоҳуми Шобоъут, яъне «Ҷашни ҳафтаҳо» мерасад, онро «Идихамсин» низ мегӯянд. онро ҳамчун шукронаи нузули Таврот дар кӯҳи Тури Сино ҷашн мегиранд.

Иди дигар Рош хатана- иди карнайҳо дар аввали моҳи мукаддас Тишри- сентябрь ё авалҳои октябрь дармерасад. Пас аз 10 рӯзи иди Рош- хатана ( 10 Тишри) иди каффораи «Йаму Кипур» дармерасад.

Ба дунболи ин аз 15 то 22 моҳи мукаддас Тишри-( Сентябр-Октябр) иди Кущей (Шалошей)- ҷамъоварии ҳосилот шурӯъ мешавад.

Чунинанд идҳо ва маросимҳои асосии Яҳудия.

Дини Яҳудия низ дар тӯли замон ба таҳаввул ва ихтилофҳои дохилй мувоҷеҳ гардида, ба фиркаҳо таксим гардидааст, фиркаҳои маъруфи он садукиён, форсиён, кароим, харудиён, эссенҳо мебошанд.

Дар замони ҳозира аз ҷумлаи фирқа ва аҳзоби сиёсӣ маъруфи яҳудия сайхунизм (сионизм) мебошад. Ғояи ташкили як давлати Яҳудӣ дар Фаластин дар оғоз ва сиёсатҳои тавсиаталабии имрӯзаи аз ҳамин фирқаи сайҳунистӣ сарчашма гирифтааст ва мегирад.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222