Главная / Илм / Маросимҳои дини Насронӣ

Маросимҳои дини Насронӣ

Аз маъруфтарин маросимҳои ибодатии насронӣ ҳафт «фарз» ё «асрор» (таинство) номида метавонд. Он ҳафт муқаддасот ё асрор (фарзҳо), ки ҳам православҳо ва ҳам катуликҳо қабул доранд, аз ғусли таъмид (крешение), тадҳин( ашои раббонӣ, (рус.-причащение, лот. -евхаристия), тақдис (священство), тавбаву иқрор (покаяние, исповед), тадҳини майит(миропомазание), никоҳ ва санавбарсӯзӣ (елосвящение) иборатанд. Аз ин ҳафт асрори насронӣ:

neudavsheesya-blagoslovenie_xxl_595

!- ғусли таъмид поксозӣ аз нахустгуноҳи инсон бо роҳи ғусл додани кӯдак дар об (православҳо) ё ба воситаи пошидани об (дар катуликҳо);

  • тадҳин (ба пешонӣ, чашм ва гӯш ва дигир аъзои бадани молидани рӯғани хушбуи зайтун ҳамчун рамзи дарёфти раҳмати илоҳӣ ва пайвастан ба олам ҳангоми ғусли таъмид:
  • ашо( ё ғизо)-и раббонӣ, яъне тановули нон ва май ҳамчун рамзи тан ва хуни Масеҳ:
  • тавбаву иқрор аз тариқи иқрор шудан ба гуноҳон дар ҳузури падари рӯҳонӣ;
  • тақдис, маросими қабули мартабаи рӯҳоният;
  • никоҳ -издивоч яке аз ҳафт асрори насронӣ буда, дар православия ва катуликҳо муқаддас дониста мешавад. Пайвастани зану шавҳар ба воситаи никоҳ амали солеҳи ахлоқию мазҳабӣ буда, ҳомии он худи Худо мебошад. Аз ин рӯ, дар дини насронӣ гусастани никоҳ (талоқ) амали ниҳоят мушкил аст;
  • санавбарсӯзӣ ё тадҳини майит- бо равғани зайтуни муқаддас майит ва ё бемори дами маргро ҷиҳати раҳоӣ бахшидан аз бемориҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ ва ҳамчунин поксозӣ аз гуноҳҳои тавбанакарда муаттар кардан ва хондани дуъо.

Тибқи эътиқоди насрониён дар маросимҳо зоҳирӣ, яъне амалҳои муайяни зоҳири хайру раҳмати сиррию пинҳони илоҳӣ ниҳон аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222