Главная / Илм / Мавқеи Намоз ҳамчун ибодат дар Ислом

Мавқеи Намоз ҳамчун ибодат дар Ислом

Ибодат дар ислом асосан рукнҳои дуввум, сеюм ва панҷуми аркони онро ташкил мекунад.Он иборат аз панҷ вақт намоз гузоштан дар тӯли як шабонарӯз, дар моҳи рамазон 30 рӯз рӯза доштан ва анҷом додани ҳаҷҷи “Хонаи Худо” яъне зиёрати Каъба мебошад. Охирин вобаста аз имконияти молӣ ва шароит аст. Фалсафаи ибодат дар ислом ҳанӯз ба тарзи бояду шояд таҳқиқу баррасӣ нашудааст. Танҳо аз илоҳиёти исломӣ чунин бармеояд, ки парвардигор аз он, яъне ибодати мӯъмин бениёз аст, чун аз он ҳеҷ суду зиёне надорад, суду зиён аз анҷом додан ё надодани он ба инсон мерасад. Ибодат пеш аз ҳама изҳори бандагӣ ва фурутанӣ ва зикру ситоиши Пқарвардигор аст.

namozДар ташаккули низоми ибодати ислом, ба ақидаи исломшиносон, таъсири динҳи то исломӣ зиёданд. Дар аввал Муҳаммад (с) баъзе ибодати динҳои насронӣ ва яҳудиро риоя кардааст. Масалан, дар солҳои якӯм ва дуюми ҳиҷрат Муҳаммад (с) ва уммати ӯ рӯзаи яҳудиён ва насрониёнро мегирифтанд ва инчунин ҳангоми намоз рӯй ба сӯи Байтулмуқаддас (Иерусалим) мекарданд.

Чунон, ки баъзе шарқшиносон иддао доранд дар аввал Муҳаммад(с) чандон равшан худро асосгузори дини нав намешуморад, вай дар аввал гумон мекардааст, ки як муслиҳ- навоваре дар дини насронҳ ё яҳудӣ мебошад. Далели ин, ба қавли онҳо, баъзе гуфтаҳои худи ӯ мебошанд. Масалан, ишора ба он ҳадисе кардаанд, ки дар он омада: “Инни ҷиъту лаакмалту дийникум” -Ман омадам, то ки дини шуморо такмил кунам”. Ҳамчунин дар ташаккули ибодатҳои исломӣ, масалан, дар намози панҷвақта вуҷуди таъсири бевоситаи дини зардуштияро низ таъкид кардаанд.

Ҳарчанд ислом дар илоҳиёт ба сатҳи фалсафаи ноб-ғояи соф таҷридии Худо, ки наздик ба “идеяи мутлақ”,”рӯҳи абсолютӣ”-и Ҳегел, расида бошад ҳам,дар соҳаи ибодат тамоми хусусиёти динҳои (пешина)-ро ҳифз кардааст. Муҳаммад(с) чунон ки дар Қуръон омадааст дар аввалҳои ба Мадина омаданаш мегӯяд: “Ва лиллоҳи ал машриқу вал-магрибу фа-айна мо туваллу фасаму ваҷхул-лоҳа инн- Аллаҳа восиъун алимун” “Машриқ ва Магриб (ҳарду) мулки Худост, пас ба ҳар тарафе, ки рӯй кунед, ба сӯи Худо рӯй овардед, Худо ба ҳама муҳит (ва ба ҳар чиз) доност”. Ин маънои онро дорад, ки мӯъмин ба ҳар сӯй, ки нигарад рӯ ба Худо дорад, ба ибораи дигар, қиблаи мӯъмин ҳамон аст.

Вале баъдан мебинем, ки заруриятҳои сиёсӣ ва суннатҳои қавмии арабӣ бар Муҳаммад (с) боло мегиранд ва ӯ ҳангоми намоз рӯ ба тарафи Каъба (шаҳри Макка) карданро талаб мекунад. Каъбаро, ки қабл аз ислом бутхонаи мушрикон буда “бейтил” хонаи худо ном дошт «Байбуоллоҳ» номидан ва таърихи бунёди онро ба рисолати ҳазрати Иброҳим пайвастанд. Ҳатто асоситарин васанро, ки бутпарастон “ҳаҷар-ул-асвад”- санги сиёҳ меномиданд, дар он ҳамчун шаъойир- мазҳри парастиш нигоҳ медорад. Ин гузашт ба бутпарастӣ буд ё онро зарурият ва хусусияти парастиши динӣ ва фишори анъана такозо мекард? Ба ҷавоби ин савол метавон ҳаминро гуфт, ки ин гузашт аз тақозои хусусияти худи дин аст. Чунки барои парастиш ва ибодати динӣ пеш аз ҳама объекти аниқ, мазҳари мушаххаси айнӣ зарур аст ва яке аз тафовутҳои асосии дин аз идеализми фалсафӣ низ дар ҳамин аст. Оё ин зиддияти ҷддие байни таълимот оид ба Худои ягонаи дар ҳама ҷо ҳозиру нозир, ки мақому нишеманаш аршу курсӣ мебошад ва вуҷуди тасаввуроти омиёнаи бутпарастӣ хонаи Худо “байтил” нест?

Дар Қуръон (сураи ал- Ҳаӣӣ, ояти 32,36)ин зиддият: парастиши санги сиёҳ ва зиёрати Каъбаро бо баёни он, ки ин ҳама шаъоир (яъне маросими парастиш)и худоянд ҳал карда мешаванд. Ин буд ки Паёмбар хонаи Каъбаро ҳамчунин хонаи Худо (ибодатгоҳе), ки онро Иброҳим (Халилуллоҳ дӯстдошта, муҳиби Худо)бино карда тавзеҳ дода, ҳамчун қиблаи мусалмононро асоснок намуд.

Чунон ки зикр шуд, дар шариати ислом мақому мавқеи ибодат ва аз ҷумла мақому мавқеъи намоз хело баланд аст. Дар Қуръон ҳар ҷо ки ибодатҳоро зикр намуда, намозро муқаддам овардааст. Чунончи мефармояд: “Ақимуссалота ва уътуаз-закота”(,1. сураи 2:43) Дар ҳадис Паёамбари ислом(с) фармуда:”Ас-салоту ъимоду- д-дин ва мин ақомаҳо фа-қад ақома дини фа ман таракаҳо фа-қад ҳадама дина”- “Намоз сутуни дин аст ва ҳар кас онро ба по дорад, динро ба по дорад ва ҳар кас онро тарк кунад динро тарк кардааст.”

Пас намоз (ба арабӣ.ас салот) нахустин маросими ибодатии ислом аст. Бинои ислом, чунон ки гуфтем бар панҷ рукн устувор аст. Намоз дар бинои ислом рукни дуввум ва асосӣ ба шумор меравад. Дар мавриди фалсафаи намоз уламои ислом бисёр навиштаанд. Он пеш аз ҳама иқрор ба бандагӣ ва ҳамду сипосгузории инсон нисбат ба холиқ ба парвардигори худ аст. Намоз аз нигохи фалсафаи дин воситаи асосии барқарории иртиботи диндор ба худост, ки дар он ҳар шахс арзу ниёзи худро ба Худо баён мекунад. Вале дар намози ислом дар худи дохили он масъалаи хосту тақозои ин ё он ниёзу эҳтиёӣ ва дархосте ҷуз дар охири намоз, нест, балки танҳо ситоишу ҳамди парвардигор ва хониши ин ё он сураи Қуръон мебошад.

Аз назари маънавию равонӣ (психологӣ) намоз роҳи хело муҳими таскини рӯҳию равонӣ, яъне тазкияву тасфияи нафс ва поксозии маънавию ахлоқӣ, эҳсоси ҳузури Худованд нозири гайбӣ ва масъулият дар назди ӯст.

Тибқи аҳкоми шариати ислом тамоми корҳое, ки шахси балиг (мард аз 14 солагӣ, зан аз 9 солагӣ) бояд адо кунад ё накунад ба ҳашт қисматанд: фарз, воҷиб, суннат, мустаҳаб, мубоҳ, ҳаром, макрӯҳ, муфсид. Фарзу воҷиб ва суннати таъкидшуда (муаккида) аз навъи корҳое ҳастанд, ки кардани онҳ савоб аст ва бе узр тарк кардани онҳо гуноҳ буда, дар қёмат маврди пурсиш ва муохизаву муҷозот мебошад. Масалан, нахондани намози панҷвақта ё бе таҳорат хондан, риоя накардани фарзу суннатҳои намоз аз ҳамин қабиланд. Мустаҳаб ва мубоҳ корҳое ҳастанд, ки кардани онҳо савоб аст, накарданаш гуноҳ нест ва кардан ё накардани мубоҳ дар шариат баробар аст. Масалан, аз ҳисоби моли худ харидан ва пӯшидани ҷомаи зебову фохир. Аммо дониста кардани корҳои ҳаром ва муфсид ва ҳалол шуморидани онҳо куфр аст ва сазовори азоб аст. Накардани макруҳ савоб аст ва кардани он бими азобро дорад.

Намоз ва муқаддамоти он дастуру муқаррароти зиёде дорад, ки баёни ҳамаи он дар ин ҷо ба ҷуз як маълумоти мухтасар имконнопазир аст. Дар мавриди вақту ракат (миқдор)-и намоз ба ҷадвали зерин нигаред.

Фарзҳо ё шартҳои асосии беруни намоз инҳо мебошанд: 1. Поку бо таҳорат будан,

  • пок будани сару либоси намозгузор, 3-пок будани ҷойнамоз, 4-пӯшида будани бадан (аврат), 5-рӯй ба қибла овардан, 6-дар вақти худ хондани намоз, 7-ният кардани намози мехондагӣ, 8-такбири таҳрим яъне гуфтани “Аллоҳу акбар” ё “Аллоҳу аъзам”.

Нақшаи вақт ва теъдоди ракатҳо

вақти намоз суннати қабл аз фарз фар

з

суннат и баъди фарз нофи

ла

шум ора и уму м
1 Фаҷр (бомдод) аз дамидани субҳи содиқ то баромадани Офтоб 2 муаккида 2 4
2 Зӯҳр (пешин)- аз гузашти Офтоб аз мизон то расидани сояи асли ҳар чизе ба дучанди худаш. 4

муаккида

4 2 муакида 10
3 Аср- аз итмоми вақти намози пешин то фурӯ рафтани Офтоб 4 ҷайри муаккида 4 8
4 Мағриб (шом)- аз фурӯ рафтани Офтоб то пинҳон шудани сурхии он. 3 2 муаккида 2 7
5 Ишоъ (хуфтан) аз пинҳон шу дани сурхии паси Офтоб то дамидани субҳ 4 ғайри муаккида 4 2 муакк ида 3 витри воҷиб 4 (2 ракат пеш аз витр

2 баъд

17
Ҷумъа 4

муаккида

2 4

муаккида

10

Фарзҳои дохили намоз панҷто мебошанд: 1-қиём- рост истодан, 2-қироат- хондани як ояти дароз ё се ояти кӯтоҳ, 3-дар ҳар ракат як бор рукӯъ (хам шудан), 4- дар ҳар ракат ду бор саҷда, 5-каъадаи охир ва хондани дуои “Аттаҳиёт”.

Дар дохили намоз мӯъмин танҳо ситоиш ва фурӯтани, рукӯъ ва суҷуду ниёиш мекунад. Аз ҷумла мундариҷаи онро хондани сураи “Фотиҳа”, ки хулосаи Қуръон ба шумор меравад ва оятҳои кӯтоҳ, гуфтани такбир-“Аллоҳу акбар” ташкил медиҳад. Дуо ва дархост дар охири намоз аст. Намоз бо даъват ба он “азон” оғоз мешавад.

Рӯза ( сиём)-и моҳи Рамазон яке аз аркони дигари бинои ислом аст. Дар Қуръон сураи 2, ояти 183-185 доштани рӯза дар моҳи Рамазон, ки дар он Қуръон (ва тибқи ривоятҳо ҳамаи китобҳои осмони) нозил шудааст муқаррар карда мешавад. Рӯза давоми сӣ рӯз аз субҳ то шом, байни ин ду вақт, ки риштаи сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонанд чизе нахӯрдан ва наошомидан мебошад. Ба ғайри рӯзаи фарзи моҳи Рамазон метавонад диндор рӯзаҳои фарзӣ ғайри муайян ва воҷиби дигарро дорад. Рӯза низ муқаррарот ва муҳаррамоти худро дорад. Барои шикастани рӯза каффора (ҷарима) муайян карда шудааст. \ Муфассалтар ниг.: Намози комил, мураттиб.Х.Р. Мазоҳирӣ, Душанбе 1991 ва Заруриёти дин. Таҳ.М. Бобоназар, Душанбе:.”Исм” 1991.\

Пас аз сипарӣ шудани моҳи Рамазон дар охири рӯза ба рӯзадорон додани садақаи фитри рӯза ба шахсони камбағалу муҳтоҷ фармуда шудааст. Рӯзаи моҳи Рамазон бо “Иди Фитр” (Рамазон) хотима меёбад.

Қуръон дар мавриди чи гуна ҷашн гирифтани ин ид чизе намегӯяд. Дар Тоҷикистон ва бисёре аз ноҳияҳои Осиёи Миёна ин ид аз ёдоварии мурдаҳо, фотеҳахонӣ дар хонаи таъзиядор, ки ҳанӯз солашон нагузаштааст, худоӣ ба арвоҳи онҳо оғоз мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказӣ одати идгардак ба хонаи ёру дӯстон, ҳамсояҳо ва шиносҳо маъмул аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222