Главная / Илм / МАЗДАКИЯ

МАЗДАКИЯ

Маздакия бузургтарин ҳаракати ичтимоии замони Сосониён буд, ки хусусияти ошкори динй дошт.
Ҳаракати Маздак дар соли 494 дар замони хукумронии Кубодшоҳ сар шуд, ки то соли 529 идома ёфт. Дар аввал Маздакия, ҳамчун фирқаи монавия пайдо шуда, ғояҳои демократии ин таълимотро инкишоф дод. Маздакия ба монанди Зардуштия ва Монавия робитаи ду мабдаи қадим – хайру шарро асоси ғояҳои сиёсии худ кабул кард. Мувофики таълимоти Маздак ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд, аз ин сабаб тақсимоти нобаробари сарват беадолати мебошад. Маздак дар таълимоти худ дар бораи барҳам додани нобаробарии иктисодии чамъият, умумй кардани молу мулк ва бекор кардани имтиёзи табақавии ашрофон талаб гузошт. инчунин ӯ пешниҳод карда буд, ки занон аз ҳарамхонаи бойҳо бароварда шаванд, ба одатҳои бисёрзанй хотима дода шавад.
Маздак сабаби мухолифатро дар кину адоват, нобаробарии одамон дар чамъият медонист. Бинобар ин бояд нобаробарй ва кину адоват аз байн бардошта шавад баробарии ичтимой баркарор гардад. Барои барқарор кардани баробарй дар чамъият тамоми сарватҳои моддй бояд чамъиятй бошанд, то ки ҳама аъзоёни чамъият имконияти истифодаи баробари онҳоро пайдо кунанд.
Сарватмандон бо рохи зӯрй сарвати чамъиятро аз зуд карданд. Барои тантанаи адолати ичтимой моликияти сарватмандонро кашида гирифта, аз рӯи адолати байни омма тақсим кардан зарур аст. Моликият мисли обу оташ дастраси умум бошад.
Таълимоти Маздак дар замоне сар шуд, ки давлати Сосониё давраи бухрони шадидро аз сар мегузаронид. Чангҳои пай дар пайе, ки Сосониён бо Ҳайтолиён ва Рум мебурд, иктисодиёти мамлакатро фалач, гардонданд. Хазина холй шуд. Сосониён дар чунин шароит андозҳои давлатиро дучанд зиёд карданд. Зулму истибдоди ашрофон ҳаду канор надошт. Илова аз он хушксолии пай дар пай аҳволи оммаро боз ҳам душвор гардонд. Азбаски Маздак дар таълимоти худ орзую нияти оммаи камбағалонро асос гирифта буд, халки мазлум гурӯҳ- гурӯҳ ба тарафи Маздак гузашт. у ба манфиати халки захматкаш чораҳои зиёд андешид.
Ҳаракати Маздак салтанати ашрофон ва давлатмандони Сосониро ба ларза овард. Бисёре аз бойҳо кушта шуда, кисми дигар фирор карданд.
Дар навбати худ барои мустахкам намудани мавқеи хукумат Қубодшоҳ хукдро пайрави Маздак эълон кард. у бо ин мақсад дошт бо ин васила таъсири заминдорон ва ашрофони форсро суст намояд.
Ашрофону заминдорони Сосонй барои барҳам додани ҳаракати Маздак чора андешиданд. Азбаскй шоҳ Қубод худро тарафдори Маздак эълон кард, аъёну ашроф забон як карда соли 496 Кубодшоҳро аз тахт дурр карда, бародари ӯ Чамаспро ба тахти шоҳй бароварданд.
Кубод аз ҳабс гурехта назди подшохи Ҳайтолиён рафт, ки ба ӯ имдод кунад. Соли 499 Кубод бо ёрии лашкари Ҳайтолиён аз нав ба тахт сохиб шуд.
Баъди мустахкам намудани мавқеи худ, Кубодшоҳ нисбати Маздак сиёсати дигар пеш гирифт. Ба муқобили Маздак ва тарафдорони ӯ суиқасди пинҳонй ооз ёфт. Дар зарфи солҳои 528-529 Маздак ва ҳазорон нафар тарафдорони ӯ ба қатл расонда шуда, кисми дигари онҳо ба пинҳонкорй гузоштанд.
Ҳаракати Маздак оммаи бенавоёнро ба муборизаи зидди тартиботи феодалй даъват менамуд. Ғояҳои (таълимоти) ӯ ба афкори ичтимоию сиёсии мамлакат таъсири калон расонд. Аз ин чиҳат ин ҳаракат характери прогресивй дошт.
Чиҳати дигари ҳаракати Маздак дар он аст, ки манфиати оммаро тарафдорй мекард, лек даъвати ӯ ба чамъияти ибтидой як қадам ба кафо буд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222