Главная / Илм / Механизм ва қонунҳои фаъолияти олии асаб

Механизм ва қонунҳои фаъолияти олии асаб

Фаъолияти олии асаб аз

фаъолияти воҳиди сохторӣ

ва функсионалии он, яъне
нейрон ибтидо мегирад. Функсияи нейрон аз интиқоли
импулсҳои асабӣ иборат аст. Импулсҳои асабӣ ё ҳаяҷони
асабӣ шакли махсуси ҷараёни сусти биоэлектрикӣ мебо-
шад, ки дар ҳудуди организм ба сифати ноқили ахбор
хидмат мекунад. Нейрон доимо захираи муайяни барқӣ
дорад, ки он дар ҳолати оромии организм ба 50 милли-
волт (мВ) баробар буда, потенсиали мембранӣ номида
мешавад. Дар ҳолати ҳаяҷон қувваи барқии ядрои нейрон
ба канори он майл карда, дар натиҷа таносуби потенсиали
барқии ядро ва мембрана тағйир меёбад. Дар ин замина
қувваи электрикие ҳосил мешавад, ки ба 110 мВ баробар
буда, қобил аст ҳар гуна амали узвҳои организмро фаъол
гардонад.

Ҳамагуна таъсироти муҳит (механикӣ, кимёвӣ, фи-
зикӣ ва ғ.) дар ретсепторҳо шакл дигар карда, ба импул-
сҳои асабӣ мубаддал мегарданд ва маҳз дар ҳамин шакл аз
узвҳои канорӣ ба системаи марказии асаб ва аз онҷо ба
эфекторҳо расонида мешаванд. Импулсҳои асабӣ гӯё «за-
бони» умумии робитаи тамоми сохторҳои системаи асаб
мебошанд. Суръати ҳаракати импулсҳои асабӣ аз типи
нахҳои асабӣ ва шакли ахбор вобастагӣ дорад. Масалан,
нахҳои асабии интиқолдиҳандаи дард онро бо суръати 1 –
30 м дар як сония мегузаронанд. Дар нахҳои асабии ҳара-
катдиҳанда бошанд суръати импулсҳои асабӣ ба 60 то 120
м дар як сония баробар аст.

Импулсҳои асабие, ки дар нейронҳо ҳосил мешаванд,
асоси энергетикии фаъолияти олии асабро таъмин мена-
моянд. Системаи асаб дар ҳолати ҳаяҷони доимӣ қарор
дошта наметавонад ва аз ин рӯ ҳаяҷон дар фаъолияти
олии асаб раванди ягона набуда, раванди баръакси он –
боздорӣ низ мавҷуд аст. Ҳамин тавр ду раванди асабӣ:
ҳаяҷон ва боздориро фарқ мекунанд. Бо навбат ҳамдигарро
иваз намудани ин равандҳо муътадилӣ ва таносуби
функсияҳои олии асабро нигоҳ медорад. Агар раванди
ҳаяҷон вуҷуд намедошт, фаъолияти системаи асаб умуман
имконнопазир мебуд, ва агар раванди боздорӣ намебуд он
гоҳ ҳуҷайраҳои асабӣ дар зери таъсири ҳаяҷони пурқувват
нобуд мешуданд.

Ҷоришавии равандҳои асабӣ ба чунин қонунҳои асо-
сии фаъолияти олии асаб тобеъ аст:

Қонуни иррадиатсия (паҳншавӣ) ва консентратсия
(ҷамъшавӣ)
, ки мувофиқи он ҳаяҷони дар натиҷаи таъсири
ягон ангезанда ба вуҷудомада дар як қитъа наистода, дар
минтақаҳои гуногуни қишри мағзи сар паҳн мешавад (ир-
радиатсия). Масалан, одам аз мусиқӣ ба ваҷд омада, сар
ва андомашро меҷунбонад ва пой мекӯбад, яъне ҳаяҷон
аввал дар маркази дарки мусиқӣ ба вуҷуд омада, сипас ба
минтақаҳои ҳаракатӣ паҳн шуд. Ҳамзамон дар ҳудуди
маркази ҳаяҷон раванди боздорӣ ба амал омада, ҳаяҷонро
маҳдуд менамояд ва мутамарказ мекунад (консентратсия).
Худи раванди боздорӣ низ аввал паҳн ва баъд ҷамъ меша-
вад.

Қонуни индуксияи байниҳами. Мувофиқи ин қонун,
агар дар ягон минтақаи қишри мағзи сар ҳаяҷон ба вуҷуд
ояд, он гоҳ дар минтақаи ҳамсоя раванди боздори фаъол
мегардад (индуксияи манфи) ва ё баракс, агар дар як
қитъаи қишр боздори ба амал ояд, онгоҳ дар минтақаи
ҳамсоя ҳаяҷон авҷ мегирад (индуксияи мусби). Масалан,
кӯдак пеш аз хоб инҷиқИ мекунад ва мегиряд. Ин ҳодиса-
ро чунин шарҳ додан мумкин аст, ки боздории дар марка-
зи хоб ба вуҷудомада дар
ҳаяҷонро фаъол менамояд.

Ҳаяҷон ва боздо-
риро дар қишри ним-
куррҳои мағзи сар фор-
матсияи ретикуляри ба
танзим медарорад. Он
дар қисми тана ё кундаи
мағзи сар ҷойгир буда,
бо ангушти хурди панҷа
баробар аст. Дар ин
қитъа миқдори калони
ҳуҷайраҳои асабии до-
рои шохаҳои дароз ҷамъ
омадаанд, ки маҷмӯи
онҳо шабакаи зичи
ҳуҷайравиро ба вуҷуд
овардааст. Худи номи
ин сохтори асаби низ аз
инҷост, ки маънояш ташкилаи шабакави мебошад. Фор-
матсияи ретикуляри як навъ манбаи энергия барои
сохторҳои қишрии мағз аст. Он импулсҳои асабии аз
узвҳои канори ояндаро коркард намуда, ба қишр мефири-
стад. Функсияи форматсияи ретикуляриро дар мисоли зе-
рин дидан мумкин аст. Тасаввур мекунем, ки шахсе занги
муҳими телефониро интизор аст, вале худаш аз телефон
дур, масалан дар ошхона қарор дорад. Дар атроф садои
сӯҳбати ҳамсояҳо, аз тиреза садои кӯча ва мошинҳо ба
гӯш мерасад. Бо вуҷуди он ки ҳамаи ин садоҳо бо роҳҳои
асабии хос то ба марказҳои шунавоии мағз рафта мера-
санд, одам ба онҳо эътибор намедиҳад, зеро ин таъсирот
пеш аз ба марказҳои мувофиқ расидан тавассути формат-
сияи ретикулярӣ мегузаранд. Аз ин сохтор ба воситаи
роҳҳои ғайрихос ба марказҳои шунавоӣ импулсҳои асабие
фиристода мешаванд, ки таъсири боздоранда доранд. Ин
таъсирот ҳассосии мағзро нисбати садоҳои ғайриасосӣ
паст мегардонад. Ва ана садои занги телефон. Бо вуҷуди
он ки садо ниҳоят паст буда, аниқ нест, ки аз телефон аст ё
аз ҷои дигар, мағз зуд ба он аксуламал зоҳир мекунад.
Одам ба тарафи садо нигоҳ мекунад, ба сӯи он қадам
мегузорад ва ғайра. Чаро на садои баланди кӯча, балки
садои ниҳоят паст ва базӯр шунидашавандаи телефон
ҳаяҷонро ба вуҷуд меоварад? Зеро дар ин ҳолат формат-
сияи ретикулярӣ тавассути роҳҳои ғайрихос импулсҳои
мувофиқ фиристода ҳассосии мағзрро афзоиш медиҳад.

Аз хулосаи дар боло овардашуда пай бурдан мумкин
аст, ки ахбороти аз узвҳои ҳис ба мағз дохилшаванда дар
қишр таҳлил карда мешаванд. Фаъолияти таҳлилии мағз
имконият медиҳад, ки масалан, мо калимаҳои «шир» ва
«риш»- ро аз ҳамдигар фарқ кунем, ҳарчанд, ки таркиби
овозии онҳо якхела аст. Протсеси таҳлили ахбор ҳанӯз аз
ретсептор оғоз шуда, зина ба зина то марказҳои қишрӣ
идома меёбад. Паиҳам шакл, зудӣ, қувва, мазмун ва дигар
хусусиятҳои таъсирот таҳлил карда мешавад. Маҳз тавас-
сути чунин таҳлили ҳамаҷониба мо метавонем «паҳлӯҳои»
сухан ва нозукиҳои баёнро дарк намоем. Таҳлил таъсири
ангезанда бо амали таркиб алоқаманд аст, ахборот дар
сохторҳои асабӣ на танҳо таҳлил, балки таркибро низ аз

сар мегузаронанд. Маҳз тавассути ама-
ли таркиб аз таъсироти пароканда об-
разҳои томи ашё ва ҳодисаҳо ба вуҷуд
меоянд, ки дарки пурраи вазъияти
олами атрофро таъмин мекунанд.
Фаъолияти таҳлилӣ – таркибии мағзи
сар бо кори анализаторҳо алоқаманд аст. Муаллифи ин
истилоҳ олими И. П. Павлов (1849-1936) мебошад. Анали-
затор
гуфта, олим системаи нисбатан мустақили органи-
киро мефаҳмид, ки коркарди махсуси ахбороти аз ҷониби
узви алоҳидаи ҳис қабулшударо дар тамоми дараҷаҳои он
таъмин менамояд. Ҳамин тавр, анализатор чунин даст-
гоҳи асабиест, ки таҳлили амиқи бо таркиб алоқаманди
таъсироти муҳитро ба амал мебарорад. Анализатор аз се
қисм иборат аст: 1) қисми қабулкунанда – ретсептор; 2)
қисми гузаронанда – нахҳои асабии марказшитоб ва 3)
қисми марказӣ – соҳаи мувофиқи қишр.

Таҳлил ва таркиби таъсирот, ки дар анализатор
анҷом дода мешавад, дар қишри мағзи сар доғи
лағжандаи ҳаяҷонро ба вуҷуд меоварад.

Саҳми бузургро дар фаҳмиши он, ки кори мағзи сар
ва фаъолияти олии асаб бо зуҳуроти психикӣ ва рафтор чӣ
гуна алоқаманд аст, физиологи рус И. М. Сеченов (1829-
1905) гузоштааст. Ӯ соли 1863 рисолаи «Рефлексҳои мағзи
сар» – ро ба чоп расонид, ки минбаъд заминаи
тадқиқотҳои зиёд дар самти омӯзиши механизмҳои
фаъолияти олии асаб гардид. Дертар И. П. Павлов
ақидаҳои И. М. Сеченовро инкишоф дода, механизми
шакл гирифтони рафтори навро дар ҳайвонот кашф кард,
ки бо номи «рефлексҳои шартӣ» машҳур аст.

Мафҳуми «рефлекс» аз замони Рене Декарт (1596-
1650) ҳамчун ҷавоби организм ба ангезанда маълум аст,
вале асоси илмии он, ҳамчунин механизми ҳосилшавии
рефлексҳои алоқаманд бо тағйироти шароитҳои зист ва
муҳити ҳаётии мавҷудотро кашф карда, олим бо ҳамин ба
пайдоиши илми нав – физиологияи фаъолияти олии асаб
замина гузошт. Павлов дар таҷрибаҳои худ бо сагҳо
ошкор сохт, ки ҳангоми ба таври мутавозӣ (паралелӣ) ва
такрорӣ пешниҳод намудани ангезаи барои сагҳо
беаҳамият ва ангезаи аҳамиятнок, он ба ангезаи беаҳами-
ят низ амали ҷавобии ба ангезаи аҳамиятнок хосбударо
зоҳир менамояд. Ҳосилшавии чунин рафтор ҳам дар ҳай-
вонот ва ҳам дар инсон ба мавҷудияти шарту шароити
муайян (дар мисоли додашуда пешниҳоди паралелии ан-
гезаҳои аҳамиятнок ва беаҳамият) вобаста аст, аз ин рӯ
олим ин гуна аксуламалро «рефлексхои шартӣ» номида,
асоси физиологии онро ҳамчун пайдошавии алоқаҳои
муваққатии асабӣ шарҳ дод. Ба сифати мафҳуми мухолиф,
олим мафҳуми «рефлексҳои гайришартӣ» ро пешниҳод
намуд, ки дар зери он аксуламалҳои дар сатҳи модарзодӣ
шакл гирифтаи организмро мефаҳмид. Вақте ки одам ли-
муро чашида дидааст ва хусусиятҳои маззаи онро медо-
над, ҳангоми аз дур дидани он низ дар коми худ туршӣ
эҳсос мекунад, шахсе, ки бехабар хӯроки вайроншударо
истеъмол карда, дилбеҳузурӣ эҳсос кардааст, дар навбати
дигар танҳо дидани он хоҳиши қай карданро ба вуҷуд
меоварад. Ин мисолҳо намунаи рефлексҳои шартӣ мебо-
шанд. Ҳангоми равшании баланд нимпӯш кардани чаш-
мон, атсазанӣ ҳангоми ба роҳи нафас афтидани ҷисми бе-
гона, ҷудо шудани ашк дар ҳолати мудати зиёд кушода
нигоҳ доштани чашмон ва монанди инҳо мисолҳои ре-
флексҳои ғайришартанд.

Роҳе, ки ҳангоми амали рефлексҳо бо он ҳаяҷони
асабӣ мегузарад, камонаки рефлекторӣ номида шудааст,
зеро тасвири схематикии он шакли камон ё қавсро дорад.

Схемаи камонаки рефлектории нисбатан содда чунин
аст: нахи асабии марказшитоб таъсироти аз ҷониби рет-
септор кабулшуда ва ба импулси асабӣ табдилдодашударо
ба марказҳои рефлектории СМА мебарад, ки он дар ин ҷо
таҳлил шуда ҷавоб ба ангезанда ҳосил мешавад. Ҷавоби
ҳосилшударо нахҳои асабии марказгурез ба эффекторҳо –
узвҳои ҳаракатӣ мебаранд. Ҳамин тавр ҳаяҷон аз узвҳои
канорӣ ба марказ ва аз он ҷой боз ба периферия барме-
гардад, вале на ба узвҳои қабулкунанда, яъне он на давра,
балки камонро ҳосил мекунад. Камонаки рефлекторӣ
амали ҳам рефлексҳои шартӣ ва ҳам ғайришартиро шарҳ
медиҳад. Аммо агар роҳи гузариши ҳаяҷон ҳангоми ре-
флексҳои ғайришартӣ дар сатҳи модарзодӣ шаклгирад,
пас ҳангоми рефлексҳои шартӣ он алоқаҳои асабии дар
асоси таъсири такрории ангезанда бавуҷудомада аст.

Алоқаҳои асабӣ дар асоси такрори бисёркарата шакл
гирифта, мустаҳкам мегарданд. Робитаи байниҳамии ин
алоқаҳо, ки системаи онҳоро ташкил медиҳад ҳамчунин
дар асоси такрор устувор мешавад ва асоси рафтори ода-
тии одамро ташкил медиҳанд. Чунин системаи алоқаҳои
муваққатии шартиро, ки асоси он тақсимоти устувори
марказҳои ҳаяҷон ва боздорӣ дар қишри мағзи сар мебо-
шад, И. П. Павлов стереотипи динамикӣ номидааст.

И. П. Павлов фаъолияти шартӣ – рефлектории қишр-
ро фаъолияти сигналии мағз номид. Зеро фаъолкунандаи
ин фаъолият ангезаҳое мебошанд, ки ба сифати сигналҳо
хизмат мекунанд. Ангезаҳое, ки аз мухити атроф ба узвҳои
ҳиссии одам таъсир мерасонанд, сигналҳои дараҷаи якум ё
системаи сигналии якум номида шуданд. Он барои одам ва
аксари ҳайвонот умумӣ аст. Дар баробари ин ангезаҳо,
нутқ низ барои одам ба сифати сигнали хабаррасонанда
баромад карда метавонад ва нутқ аз ҷониби олим ҳамчун
сигнали дараҷаи дуюм ё системаи сигналии дуюм баҳо до-
да шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222