Главная / Ҷамъият / МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ – КИТОБИ ДАРСӢ

МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ – КИТОБИ ДАРСӢ

Иқтисоди инноватсионӣ ё иқтисодиёте, ки ба донишҳо асос ёфтааст тадриҷан ҷои иқтисодиёти саноатиро ишғол менамояд, ки аслан ба истифодаи захираҳои табиӣ асос ёфтааст. Хусусиятҳои баъдисаноатии пешравии аксари мамлакатҳо дар мадди аввал гузоштани вазифаҳои таъминсозии мутобиқшавии тезиси низоми умумииқтисодӣ буда, қобилияти инноватсионии корхона ва ташкилотҳои, ҷавобгӯи замона мебошад, дар назар дорад. Ҳамаи кишварҳое, ки аллакай бисёр вазифаҳои баланд бардоштани самаранокии маблағгузориро дар инкишофи «сармоя»-и инсонӣ ҳал намудаанд, заруратро ба миён овард, то ки роҳҳои нави ҳалли масъаларо пайдо намоянд.

management-bigИлми имрӯзаи иқтисодӣ вусъат бахшидани қобилияти менеҷментро ҳамчун аз навсозии маҳсулот, ташкили бозорҳои нави ояндадор, донистани имкониятҳои нави тиҷорат ва ташкилу такмилдиҳии корхонаҳо барои дарёфти суди иқтисодӣ, механизми асосии таъминкунандаи боустувори рақобатнок  дар шароити иқтисоди инноватсионӣ тақозо менамояд.

Айни замон дар бораи гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ зарурати амалӣ гардонидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тақозо менамояд. Таъсиси низоми инноватсионӣ, пойгоҳи техникию технологии фаъолияти инноватсионӣ раванди беҳад мураккаб ва дарозмуддат мебошад ва аввалан ба нерӯи кадрӣ вобаста аст. Аз ин рӯ яке аз ҷузъҳои асосии фаъолияти инноватсионӣ тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия ва такмилу баланд бардоштани ихтисоси онҳо дар самти такмили менеҷменти инноватсионӣ мебошад.

Ташаккул ва такомули низом: кардан, такмил додан ва баланд бардоштани савияи мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ бо назардошти хусусиятҳои он яке аз вазифаҳои асоситарини муассисаҳои таҳсилоти олӣ мегардад. Рушди иқтисоди инноватсионӣ тайёр кардани мутахассисонеро пешбинӣ мекунад, ки дар азхудкунии асосҳои илмии соҳибкории инноватсионӣ, идоракунии лоиҳа, тиҷорати технологияҳо, менеҷменти технологӣ, маркетинги инноватсияҳо, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, дониш ва малакаҳои касбӣ дошта бошанд.

Марҳилаи муосири рушди иқтисодӣ бо шавқи беандоза ба муаммоҳои соҳибкорӣ тавсиф дода мешавад, ки ин ҳол ба дигаргуншавии иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа алоқаманд аст. Инкишофи соҳибкорӣ аз иштирокчиёни он қарорҳои наву ғайрианъанавиро талаб менамояд, ки ба амалгардии равандҳои инноватсионӣ ва афзоиши даромади соҳибкорӣ равона шудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 омадааст: «Давлат барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад, зеро асри XXI асри технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Ворид шудани технологияи нав, бахусус компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим беҳтар гашта, усулҳои муосири донишандӯзӣ ҷорӣ карда шаванд».

Китоби мазкур имконият медиҳад, ки хонандагон бо назария ва амалияи ҳозиразамони инноватсия, дар мувофиқат бо қонун, малакаи амалӣ дар ташкилу самаранок идоракунии фаъолияти инноватсионӣ дар корхонаҳо шинос шаванд.

Дар китоб равандҳои  объекти идоракунӣ дида баромада, масъалаҳои якҷояшавии менеҷменти инноватсионӣ ва ояндабинӣ боз карда шуда, хусусиятҳои сохторҳои ташкилию идоракунӣ ва шаклҳои ташкили фаъолияти инноватсионӣ баён карда мешаванд. Мафҳум ва моҳияти менеҷменти инноватсионӣ, равандҳо ва интихоби стратегияи инноватсионии корхонаҳо ба таври зарурӣ таҳлил карда шудаанд.

Диққати асосӣ ба масъалаҳои инкишофи соҳибкорӣ, нақши инноватсия дар иқтисоди нав ва моҳияти менеҷменти инноватсионӣ, ҳамчун яке аз намудҳои иттиҳодияи донишҳо дода шудааст.

Масъалаҳои назариявӣ ва илмии идоракунии инноватсионӣ дар шароити нави иқтисодӣ, ки ба донишҳо ва маълумотҳо асос ёфтааст, дида баромада мешаванд.

Дар китоб мафҳумҳои асосии назарияи менеҷменти инноватсионии муосир, навъҳои рақобати инноватсионии иқтисоди миллӣ, ташкилоту корхонаҳо, тарзи интихоби самараноки стратегияи инноватсионӣ, хусусиятҳои фаъолияти инноватсионӣ баён карда мешаванд. Ҳамчунин асосҳои фаъолияти инноватсионии корхонаҳо, самтҳои дастгирии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои хурд, вобастагии муҳити соҳибкорӣ ва менеҷменти инноватсионӣ фаҳмонда дода мешавад.

Китоб барои донишҷӯён ва шунавандагони тамоми намудҳои таълим, ки ба омӯхтани соҳаи «Менеҷменти инноватсионӣ» машғуланд, ҳамчунин донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, омӯзгорони мактабҳои олӣ, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо пешниҳод шудааст.

Китоби мазкур дар бораи нақшу ҷои инноватсия дар инкишофи ҷамъият, қонунҳои тараққиёти илму техника, равандҳои инкишоф ва азхудкунии навовариҳо, давраи ҳаётан муҳими инноватсионӣ, вазифа ва қоидаҳои асосии гурӯҳбандии инноватсионӣ, хусусиятҳои фаъолияти инноватсионӣ маълумот медиҳад.

Дар китоб ҳамчунин масъалаҳои асосии қонунгузории ҳозиразамони инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолат ва инкишофи ояндаи он, самтҳои имконпазири такмил додани он баррасӣ шудаанд.

Диққати махсус ба самти тайёр намудани кадрҳои иқтисодиёти инноватсионӣ, ки бо серҳаракатӣ ва пайваста болоравии суръати тараққиёти илмӣ-техникӣ тавсиф мешаванд, дода мешавад.

Ин дар навбати худ чунин сиёсати инноватсиониро талаб менамояд, ки он ташаккули силсилаи мувофиқи таҳсилро пешбинӣ ва самаранок тайёркунӣ ва аз нав тайёркунии кадрҳои касбиро таъмин менамояд.

Ба ғайр аз ин диққати калон ба мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионӣ, раванди ташаккулёбии рушди менеҷменти иқтисодиёти миллӣ, ташкили шуғли аҳолӣ дар шароити таъмини менеҷменти инноватсионӣ, ташаккули бозори инновастияҳо ва ноу-хау дода шудааст.

Таҷрибаи хориҷии ташкилёбӣ ва коркарди низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун омили ташаккули менеҷменти инноватсионӣ, қоидаҳои асосии дастгирӣ ва инкишофи фаъолияти инноватсионӣ дар сатҳи давлат баён карда мешавад.

Ин китоби дарсӣ барои омӯзиши асосҳои илмии менеҷменти инноватсионӣ ва шинос намудани донишҷӯёну мутахассисони соҳибкории инноватсионӣ, шаклгирии тафаккури нави иқтисодии онҳо кӯшиши нахустин аст. Маҳдудияти андозаҳои ин китоб ба муаллифон имкони таҳлилу тавсифи ҳамаи паҳлӯҳои менеҷменти фаъолияти инноватсиониро вонагузошт. Ин китоби дарсӣ барои донишҷӯён, аспирантҳо ва устодони мактабҳои олии бахши иқтисодӣ пешниҳод шудааст.

Мундариҷа

Муқаддима………………………………………………………………………….. 1-4

Боби 1. Фаъолияти инноватсионӣ, моҳият ва мазмуни он

Боби 2. Сармояи зеҳнӣ ва мақоми он дар менеҷменти инноватсионӣ

Боби 3. Моҳият ва мафҳуми менеҷменти инноватсионӣ

Боби 4. Вазифаҳо ва усулҳои менеҷменти инноватсионӣ

Боби 5. Асосҳои ташкилӣ-технологии омодасозии истеҳсоли навовариҳо

Боби 6. Нишондиҳандаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва мавқеи ташкилот дар иқтисодиёт

Боби 7. Муҳити соҳибкорӣ ва менеҷменти инноватсионӣ

  • Асосҳои ташаккули муҳити соҳибкорӣ ва рушди инноватсионӣ…………………………………………………………………. 121-131
  • Шартҳои ташаккул ва рушди соҳибкорӣ…………………………… 132-139
  • Рушди соҳибкорӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ 140-147
  • Асосҳои фаъолгардонии инноватсионии корхонаҳо…………… 148-159
  • Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои хурд 160-171

Боби 8. Танзими рушди бозори инноватсияҳо

  • Танзими миллии рушди бозори инноватсияҳо……………… 172-177
  • Таҷрибаи танзими давлатии бозори инноватсияҳо………. 178-183
  • Сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ ва технологияҳои пешқадам ҳамчун омили рушди бозори инноватсияҳо………………………………………………………….. 184-192

Боби 9. Асосҳои идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони

  • Моҳият ва мафҳумҳои асосии таваккал……………………….. 193-195
  • Гурӯҳбандии таваккалҳо……………………………………………. 196-200
  • Асосҳои методии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионИ 201-202
  • Мониторинг, таҳлили омилҳои беруна ва дохилии таваккал 203-204
  • Усулҳои паст намудани таваккал………………………………… 205-206

Боби 10. Таҳлили самаранокии навовари

  • Лоиҳаи инноватсиони ҳамчун шакли нави ташкили навоварИ 207-211
  • Идоракунии лоиҳавии фаъолияти инноватсионИ………… 212-214
  • Принсипҳои таҳлили лоиҳаи инноватсионИ……………….. 215-216
  • Усулҳои баҳодиҳии самаранокии лоиҳа……………………… 217-219

Боби 11. Маркетинги инноватсияҳо

  • Хусусиятҳои маркетингии инноватсияҳо………………………… 220-226
  • Муҳити маркетинги муассисаҳои илмИ-техникИ ва қисмҳои ҷузъии он 227-234
  • Маркетинги навовариҳои технологИ ва ихтироот…………….. 235-239

Замима………………………………………………………………………………… 240-311

Адабиётҳо……………………………………………………………………………. 312-319

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

маҷлиси Ҳукумат

Мачлиси Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон

31 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси …

222222222222222