Асосҳои «Илм – ин соҳаи махсуси
илмӣ – методологии фаъолияти инсоният аст, ки
тадқиқоти психологӣ баҳри ҳосил намудани дони-
ши нав доир ба олам, қону-
ният, моҳият ва хусусиятҳои
он равона карда шудаст – омадааст дар китоби «Фалсафа
ва дониши илмӣ». (Шамсиддинов Ҷ. Фалсафа ва дониши
илмӣ. – Душанбе, 2009.- С. 12.). Натиҷаи фаъолияти илмӣ
дар тавсифи воқеият, шарҳ ва пешбинии ҷараёну зуҳурот,
дар шакли матн, схемаҳо, тасвирҳои графикӣ, формулаҳо
ва ғайра ифода меёбад. Идеали омӯзиши илмӣ – ин кашфи
қонунҳо аст, ки моҳиятан шарҳи назариявии воқеият ме-
бошанд. Ба қавли Эйнштейн бузургтарин музаффарияти
тафаккури илмӣ дар ошкор намудани қонунҳои фунда-
менталии табиат ифода меёбад.
Воқеан кашфи қонунҳои табиат ва ҷамъият на
танҳо яке аз меъёрҳои муҳими баҳои илмӣ додан ба ҳоди-
саҳои олам аст, балки маҳз ин қонунҳо моҳияти амалии
илмро тавсиф медиҳанд. Бо кашфи қонунҳои илмӣ ҳоди-
саҳоро шарҳ додан, пешбинӣ намудан ва идора кардан
имконпазир мегардад.
Вазифаи муҳимтарини илм – ин гирд овардани
маҷмӯи донишҳои асоснок ва маърифати ҳақиқат мебо-
шад. Дар тӯли таърихи инсоният ин вазифаи худро иҷро
карда истода, илм чун институти иҷтимоӣ ташаккул ёфта-
аст. (Дар зери мафҳуми институти иҷтимоӣ системаи усту-
вори арзишҳо, меъёру қоида ва принсипҳо фаҳмида меша-
вад, ба мисли дин, илм, ахлоқ). Таҳаввулоти илм дар
намуди шаклгирӣ, рақобат ва ивазшавии парадигмаҳо су-
рат мегирад. Парадигма (аз юн. намуна) намуд ва ё самти
тадқиқот аст, ки аз ҷониби гурӯҳи мутахассисон ба сифати
намуна қабул шудааст (чун омӯзиши шуур ва рафтор дар
психология).
Усули ба даст овардани донишҳои илмӣ – ин
тадқиқоти илмӣ мебошад. Ҳамагуна тадқиқот аз гузори-
ши масъалаи илмӣ оғоз меёбад. Ҳар гуна саволҳои
кунҷкобонаи кӯдакона аз қабили «чаро осмон кабуд аст?»,
«кӣ зӯртар аст: фил ё шер?» намунаи соддаи масъалагу-
зорӣ ба шумор мераванд. Аммо масъалагузории илмӣ аз
чунин саволҳои ҳаётӣ бо он фарқ мекунад, ки он дар дои-
раи соҳаи муайяни илм шакл гирифта, ҳамзамон усули
тадқиқ ва ҳалли масъала пешбинӣ карда мешавад. Чунин
давраҳои пайдоиши масъалаи илмиро фарқ мекунанд:
ошкор шудани ноқисии донишҳои илмӣ дар
шарҳи ҳодисаҳои воқеият;
- тавсифи масъала дар сатҳи то тадқиқотӣ. Ин дав-
ра имконият медиҳад ки масъала аз доираи як соҳа баро-
мада паҳн гардад ва ҳалли он дар доираи соҳаҳои дигари
илм низ ҷустуҷӯ карда шавад; - батартибдарории илмии масъала дар доираи
соҳаи алоҳидаи тадқиқоти илмӣ ва пешниҳоди фарзияи
илмӣ. Фарзия ё гипотеза – ин тахмини илмӣ аст, яъне
ҷавоби тахминӣ ба саволи: «ин масъала аз куҷо сар меза-
над?». Минбаъд тадқиқоти илмӣ ба нақша гирифта меша-
вад, ки тасдиқ ё инкори фарзияро пешбинӣ мекунад.
Тадқиқоти илмӣ аз чунин давраҳо иборат аст:
- Пешниҳоди фарзия.
- Банақшагирии тадқиқот.
- Баргузории тадқиқот.
- Шарҳи натиҷаҳо.
- Тасдиқ ё инкори фарзия.
- Дар ҳолати инкор шудани фарзияи аввалӣ пеш-
ниҳоди фарзияи нав бо назардошти натиҷаҳои бадастома-
да.
Тамоми ин масъалаҳои вобаста ба арзишҳо,
меъёрҳо, принсипҳо, усулҳои омӯзиш ва умуман асосно-
кии илмро методологияи илм назорат мекунад.
Таҳти мафҳуми методология таълимотро дар бо-
раи усули илмии маърифати олам мефаҳманд.
Психология барои он, ки ҳамчун илми мустақил ва
асоснок эътироф карда шавад, бояд меъёрҳои умумиилмӣ
ва як қатор талаботи методологиро қаноатманд намояд.
Пеш аз ҳама он бояд системаи донишҳои илман асоснок-
шударо дар бар гирад. Дар ибтидои боби аввали китоб
доир ба донишҳои илмӣ ва ҳаётӣ (ғайриилмӣ)- и психо-
логӣ баён намудем ва қайд кардем, ки донишҳои ҳаётӣ ба
система дароварда нашудаанд, ба таври таҷрибавӣ собит
нагардидаанд. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст,
ки албатта чунин донишҳо наметавонанд вазифаҳои дар
назди психология гузошташударо ҳал намоянд, яъне ба-
рои корҳои ҷидии тарбиявӣ, табобатӣ ва ташкилӣ асоси
устувори назариявӣ бошанд. Зеро ташкили чунин корҳо,
ки бо фаъолияти мутахассис – психолог вобастагии муҳим
дошта, донишҳои касбӣ ва илман асосноки психологиро
талаб мекунад.
Дошннҳои илмии психологӣ мацмӯи далелу бурҳони
ба таври тачрибавӣ тасдиншуда мебошанд, ки ҳодисаҳои
гуногуни ҳаёти рӯҳиро миндоран ва сифатан тавсиф
медиҳанд.
Донишҳои илмии психологӣ дар раванди тадқиқоти
илмии психологӣ ҳосил мешаванд. Тадқиқоти илмии пси-
хологӣ низ чун тамоми самтҳои дигари тадқиқоти илмӣ ба
усули гипотетикию дедуктивӣ такя мекунад, яъне нисбати
масъалаи илмии гузошташуда фарзия (гипотеза) пеш-
ниҳод мегардад ва дар асоси он тадқиқоти илмӣ – психо-
логӣ ба нақша гирифта мешавад, ки ба тасдиқ ё инкор-
намоии ин фарзия равона шудааст. Дар рафти тадқиқот
шарҳи ҳодисоти психикӣ дар шакли гузаштан аз кулл ба
ҷузъ (дедуксия) ҷараён мегарад.
Нисбати ташкили тадқиқоти психологӣ чунин та-
лаботи меъёрӣ мавҷуданд:
- Банақшагирии тадқиқот. Методҳои тадқиқот бо-
яд пешакӣ интихоб ва омода карда шаванд, ҷараён, вазъи-
ят, воситаҳо, объект ва предмети тадқиқот ҳамаҷониба
таҳлил гарданд, омилҳои таъсиррасон баэътибор гирифта
шаванд ва ғ.. - Макон ва замони тадқиқот. Ҷой ва вақти баргу-
зории тадқиқот интихоб ва муайян карда шавад, муҳити
барои тадқиқот зарурӣ бавуҷуд оварда шавад, қоидаҳои
техникаи бехатарӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва этикӣ, инчунин
ҳолати рӯҳии озмудашавандагон баэътибор гирифта ша-
вад. - Таъминоти техникӣ. Таҷҳизоти барои тадқиқот
зарурӣ пурра таъмин гардад ва ташхиси коршоямии онҳо
гузаронида шавад. - Интихоби озмудашавандагон. Интихоб бояд ба
мақсади тадқиқот мувофиқ бошад, он бояд якрангии си-
фатии озмудашавандагонро таъмин намояд. - Шахсияти тадқиқотчӣ. Тадқиқотчӣ бояд до-
нишҳои назариявӣ ва малакаи касбии барои гузаронидани
тадқиқот заруриро дошта бошад. Дар ҷараёни тадқиқот
таъсири тадқиқотчӣ ногузир аст, ва аз ин рӯ баэътиборги-
рии ин омил низ зарур аст. - Нишондод. Нишондоди ба озмудашаванда пеш-
ниҳодшаванда бояд дар давраи банақшагирии тадқиқот
тартиб дода шавад ва он бояд кӯтоҳ, аниқу фаҳмо бошад. - Протокол. Протоколи тадқиқот бояд пурра ва
ҳамзамон мақсаднок бошад. - Коркарди натиҷаҳо. Натиҷаҳои бадастоварда-
шуда бояд ба таври сифатӣ ва миқдорӣ таҳлил карда ша-
ванд.
Нисбати ташкил ва гузаронидани тадқиқоти психо-
логӣ ҳамчунин талаботи этикӣ ва ҳуқуқӣ низ пешниҳод
мешаванд: 1) раванди тадқиқот бояд ба қонунгузории
давлатӣ мухолиф набошад; 2) психолог-тадқиқотчӣ ва ё
ташкилоте, ки тадқиқотро ба нақша мегирад бояд ҳуқуқ
ва иҷозатномаи гузаронидани онро дошта бошад; 3)
тадқиқот бояд ба саломатӣ, ҳолати рӯҳӣ, мавқеи иҷтимоӣ,
ҳуқуқҳо ва манфиатҳои озмудашаванда таъсири манфӣ
нарасонад; 4) тадқиқот бояд танҳо бо мақсадҳои илмӣ
баргузор гардад; 5) сирри касбӣ бояд нигоҳ дошта шавад
ва маълумоти шахсӣ танҳо бо розигии озмудашаванда
паҳн карда шавад; 6) ҳангоми интихоби озмудашаванда-
гон бояд розигии онҳо ба эътибор гирифта шавад ё онҳо
аз раванди тадқиқот огоҳ карда шаванд. Қайд кардан ло-
зим аст, ки дар ҳолатҳои махсус нисбати ин талабот ис-
тиснои асоснок мавҷуд аст, баъзан бо мақсади дар ҳолати
табиӣ нигоҳ доштани вазъият раванди тадқиқот ё мақсади
он муваққатан аз озмудашаванда пинҳон дошта мешавад.
7) бо талаби озмудашавандаҳо раванди тадқиқот бо ӯ бо-
яд боздошта шавад.