Главная / Илм / Моҳият, вазифаҳо ва давраҳои омодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот

Моҳият, вазифаҳо ва давраҳои омодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот

Омодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот ҳамчун давраи сикли ҳаётии мол, омодакунии технологии истеҳсолот ва тайёрии ташкилии истеҳсолотро дар бар мегирад.

Мақсади омодакунии ташкилӣ-технологӣ ин омодакунии ҳуҷҷатҳои технологӣ ва ташкилии истеҳсоли маҳсулоти нав мебошад.

Вазифаҳои омодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот аз инҳо иборат аст:

  • таҳлили технологияи маҳсулоти нав;
  • таҳлили технологияҳо, дастгоҳҳо ва иқтидорҳои истеҳсолии мавҷудаи корхона;
  • коркарди ҷараёнҳои технологии истеҳсоли маҳсулоти нав, дастгоҳҳои ғайристандартии технологӣ ва тайёркунии онҳо;
  • бамеъёргирии талабот ба намудҳои захираҳои гуногуни моддӣ- техникӣ;
  • лоиҳакашии қитъаҳои нави истеҳсолӣ;
  • бастани шартнома бо таъминкунандагони нави захираҳои моддӣ- техникӣ;
  • ҳисобгирии меъёрҳои ташкили ҷараёнҳои истеҳсолӣ;
  • коркарди нақшаҳои фаврӣ-тақвимии истеҳсолии маҳсулот;
  • идоракунии фаврииомодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот ва ғайра.

5654Меҳнатғунҷоишии корҳо аз рӯи омодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот ва хароҷот барои гузаронидани он аз хароҷоти корҳои илмӣ-тадқикотӣ ва таҷрибавию конструктори хеле зиёдтар аст. Масалан, дар ИМА хароҷот барои омодакунии ташкилӣ-технологии истеҳсолот 11 маротиба аз хароҷоти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктори зиёдтар аст.

Тайёрии технологии истеҳсолот ин маҷмӯи равандҳои ба ҳам алоқаманди илмӣ-техникие мебошад, ки омодагии технологии корхонаро ҷиҳати мувофиқи нақша истеҳсол кардани маҳсулоти ба стандарти давлатӣ ва шароитҳои техникии сифат мувофиқ бударо, таъмин мекунад. Дар алоқамандӣ бо сертификатсияи маҳсулоти саноатӣ талабот ба сифати маҳсулот афзоиш меёбад.

Низоми ягонаи тайёрии технологии истеҳсолот ин низоми муқарранамудаи стандарти давлатии ташкил ва идоракунии тайёрии технологии истеҳсолот мебошад, ки дар асоси дастовардҳои илму техника мунтазам такмил дода шуда, инкишофи тайёрии ташкилии истеҳсолотро дар зинаҳои гуногуни идоракунӣ таъмин мекунад.

Мақсади асосии низоми ягонии тайёрии технологии истеҳсолот ин таъмини шаротҳои зарурӣ барои ноил шудан ба тайёрии пурраи ҳама гуна истеҳсолот ба барориши маҳсулот бо сифати додашуда дар муҳлати оптималӣ ва бо харҷи оптималии захираҳо мебошад.

Низоми ягонаи тайёрии технологии истеҳсолот чунин талаботҳоро ба миён мерад:

  • нигариши ягонаи интихоб ва ташкили истифодаи усулҳо ва воситаҳои тайёрии технологии истеҳсолот, ки ба дастовардҳои пешқадами илм, техника ва истеҳсолот мувофиқат карда шуда;
  • дараҷаи баланди ҳассосияти истеҳсолотро ба такмилдиҳии мунтазам ва гузариш ба истеҳсоли техникаи нисбатан мукаммалро таъмин кунад;
  • ташкили оқилонаи иҷроиши механиконидашуда ва автоматикунонидашудаи маҷмуӣ корҳои муҳандисӣ-техникӣ
  • автоматикунонии бунёди объектҳо ва воситаҳои истеҳсолӣ, коркарди ҷараёнҳои технологӣ ва идоракунии тайёрии технологии истеҳсолот, алоқамандии он ва дигар низоми автоматикунонидашудаи идоракунӣ ва зернизомҳо, самаранокии баланди тайёрии технологии истеҳсолот.

Сохтори низоми ягонаи тайёрии технологии истеҳсолот бо маҷмӯи чунин омилҳо муайян карда мешавад:

  • таркиби функсионалии тайёрии технологии истеҳсолот;
  • дараҷаи ҳалли вазифаҳои тайёрии технологии истеҳсолот. Вазифаҳои тайёрии технологии истеҳсолот дар ҳама сатҳҳо ҳал карда шуда, аз рӯи чор функсияи зерин гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
  • таъмини технолгияи конструксияи масолеҳ;
  • коркарди ҷараёнҳои технологӣ;
  • лоиҳакашӣ ва сохтани воситаҳои муҷаҳазгардонии технологӣ;
  • ташкил ва идораи тайёрии технологии истеҳсолот.

Асоси низоми ягонаи тайёрии технологии истеҳсолотро онҳо ташкил медиҳанд:

  1. таҳлили системавӣ-сохтории сикли тайёрии технологии истеҳсолот;
  1. типикунонӣ ва стандартизатсияи ҷараёнҳои технологии истеҳсол ва назорати маҳсулот;
  1. стандартизатсияи ҷиҳозонидани технологӣ ва олотҳо;
  2. агрегатиронии таҷҳизот аз унсурҳои стандартӣ (блокҳо).

Марҳилаҳои низоми ягонаи тайёрии технологии истеҳсолотро инҳо ташкил медиҳанд:

  • таҳлили низоми тайёрии технологии истеҳсолот дар корхона ва дар соҳа мавҷудбуда;
  • коркарди лоиҳаи техникии тайёрии технологии истеҳсолот;
  • коркарди лоиҳаи кории тайёрии технологии истеҳсолот (коркарди технологияҳои иттилоотӣ, таснифгари иттиотҳои техникӣ- иқтисодӣ, техноҷараёнҳо, ҳуҷҷатҳо барои ташкили ҷойҳои корӣ ва қитьаҳои махсусгардонидашуда, усулҳои коркарди гурӯҳӣ, ташкили ҳуҷҷатҳо ва дастурамалҳои вазифавӣ ва ғайра).

Типӣ кунонидани (типизатсия) ҷараёнҳои технологӣ, ин маҷмӯи корҳое ба ҳисоб мераванд, ки банизомдарорӣ ва таҳлили қарорҳои имконпазири технологиро ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ҳар як гурӯҳи таснифотиро дар бар мегирад.

Ҷараёни технологии намунавӣ ва коркарди он бо ду роҳ амалӣ карда мешавад:

Якум, ҷараёни технологии мавҷудаи истеҳсоли маҳсулоти муайян, ки нисбатан пурра ба талаботи интихоби варианти оқилонаи намунавӣ ҷавобгӯ аст, ба сифати асос қабул карда мешавад;

Дуюм, аз нав кор карда баромада мешавад (қисмати гузаришҳо ба ҷараёни дар корхона мавҷуд буда мувофиқ буда, қисмати дигарион ба корхонаи дигар вобаста аст). Маҳаки интихоб ин инкишофёбандагӣ ва пайдарпаии оқилона мебошад. Масалан деталҳои намунавӣ, ки 60-65%- ро ташкил медиҳанд, ҷараёнҳои намунавии технологӣ коркард карда мешавад. Як ҷараёни технологии намунавӣ аз 10 то 300 ҷараёнҳои технологии оригиналиро метавонад иваз кунад. Барои чунин ҷараёнҳо ба монанди, штамповка, гудозиш, сохтани деталҳо бо ёрии металургияи хулавӣ ва ғайра ҷараёнҳои намунавии технологӣ меҳнатғунҷоишии маҳсулотро аз 3 то 5 маротиба паст мекунанд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222