Главная / Маданият ва санъат / Мо одам намешавем – Мақола аз Азиз Несин

Мо одам намешавем – Мақола аз Азиз Несин

Садои як пирамарди лоғари мурданӣ аз миёни анбӯҳи ҷамъият  ҳамҳамаи дохили толорро дарҳам шикаст: “Мо одам намешавем!”  Бифосила дигарон низ ба ҳолати тасдиқ: «албатта, комилан саҳеҳ аст,  дуруст аст, намешавем” сарашонро такон доданд. Аммо дар ин миён  яке даромад ва гуфт:

«Ин чӣ тавр ҳарф задан аст, оқо.шумо ҳамаро бо худатон қиёс ме-  кунед! Чӣ хуб гуфтаанд: “Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”, хоҳиш  мекунам, ҳарфатонро пас бигиред”.

Ман, ки ун вақтҳо ҷавоне биступанҷсола будам, бо ин яке ҳамсадо  шудам ва дар ҳоле, ки хунам ба ҷӯш омада буд, бо эътироз гуфтам:

– Охир ҳаё ҳам барои одамизод хуб чизест!

Пирамарди мусофир, ки ҳамон тарз аз зӯри асабоният дик-дик ме-
ларзид, дубора дод зад:

– Мо одам намешавем!

aziz-necinМусофирони дохили қатор низ тасдиқ карда, сарашонро такон до-  данд.

Хун ба сарам давид. Аз асабоният рӯи поям набудам, дод задам:

– …Марди ноҳисобӣ! Аслан каллаат маразе гирифта, охир мехоҳам  бидонам, аслан чаро одам намешавем. Хеле хуб ҳам одам мешавем…  мусофирон дар қатор ба ҳолати эътироз ба ман ҳамлавар шуданд, ки:

– Нахайр, мо одам намешавем.инсоният ва маърифат хеле бо мо  фосила дорад.

Ҳам садои ҷамоат дохили қатор ва доду бедоди онҳо оташи пира-  мардро хомӯш кард, ба ман гуфт:

– Бубин, писарҷон, мо ҳамаамон “одам намешавем!” Дубора садо-  яшро кулуфт кард: “мешавад ба ҷуръат гуфт, ки ҳатто то охири умрамон  ҳам одам нахоҳем шуд”.

Гуфтам:

– Зӯр, ки нест, мо одам мешавем.

Пирамард табассуме карду гуфт:

– Мо одам мешавем, вале ҳоло одам нестем, ин тавр нест?

Садоямро даровардам, аммо аз он рӯз ба ин рӯз солҳо аст, ки аз  худам мепурсам: охир чаро одам намешавем?…

Зиндон рафтани ман дар ин солҳо бароям шонси бузурге буд, ки  маъно ва мушкили чандинсолаамро ҳал кард ва аз рӯи ин роз парда  бардошт. Дохили толори бузурги зиндон бо панҷоҳ нафар зиндонии  сиёсии кишвари худам, бо ашхоси барҷаста, соҳибони вазифаҳои  муҳим, шахсиятҳои маъруф ва машҳур, аз қабили: ҳукком, руасои да-  воири давлатӣ, вакилон, мардони сиёсии кобинаи собиқ, маъмуро-  ни олирутбаи муҳандисӣ ва дуктурҳои машҳур ошно шудам. Ағлаб  онҳо аз таҳсилкардаҳои мамлакати Аврупо ва Амрико буданд, ағлаб  кишварҳои мутамаддин ва мамолики тавсеаёфта ва хатто ақибмон-  даро низ аз наздик дида буданд. Ҳар як чандин забони хориҷӣ балад  буданд. Маҷолиби баҳс ва интиқод пеш меомад ва бо ин ки бо онҳо  таносуби фикрӣ надоштам, хеле чизҳоро аз эшон ёд гирифтам, аз ҳама  муҳимтар муваффақ ба кашфи роз ва маънои қадимии худ шудам.  Рӯзҳои мулоқоти зиндониҳо, ки хонаводаам ба дидорам меомаданд,
хуб медонистам, ки хабари хуше бароям надоранд, кирояи манзилро  пардохт накардаем, талаби баққоли сари кӯча рӯз ба рӯз зиёдтар мешуд  ва аз ин қабил ҳарфҳо, хабарҳои нохуш ва касалкунанда.намедони-  стам чӣ кор кунам, сардаргум будам, умедам аз ҳама ҷо қатъ шуда буд.  Бо худ гуфтам достоне менависам. Шояд яке аз маҷаллот харидораш  бошад, бо ин тасмим қалам ба даст гирифтам, рӯи тахтихоби зиндон  нишастам. Аслан моил набудам бо пурҳарфӣ вақтгузаронӣ кунам, бо  ёвагӯӣ вақтамро талаф кунам. Ҳанӯз чанд сатре нанавишта будам, ки  яке аз руфақои зиндон ҷилӯям сабз шуд, канори тахт нишаст. Аввалин  харфе, ки зад:

– Мо одам намешавем…

Ман бо собиқае, ки доштам чун мехостам достон нависам аз ӯ на-  пурсидам чаро? Аммо ӯ мисли касе, ки муваззаф аст барои ман тавзеҳе  бидиҳад, гуфт:

– Хуб диққат кунед, медонед чаро одам намешавем?

Ва баъд бидуни онҳо ки боз ман саволе карда бошам, бо асабоният  шурӯъ кард:

– Ман таҳсилкардаи кишвари Сӯисам, шаш сол дар Белгия ҷон  кандам.

Ҳамзанҷири ман шурӯъ кард ба гуфтан ва моҷароҳо ва ҷараёноти  даврони таҳсил ва кори худро дар Суис ва Белгия бо шарҳу басти тамом  таъриф кардан. Ман хеле дилвопас будам, вале чорае набуд, наметаво-  нистам харфе бизанам. Дар байни сӯҳбатҳояш худро бо коғаз саргарм  кардам. Қаламро рӯи коғаз гузоштам, мехостам ба ӯ бифаҳмонам, ки  кори фаврӣ дорам, шояд достонашро бар чанд ҷумла хулоса кунад ва  ман аз шарраш халос шавам. Аммо ба ҳеч ваҷҳ на мутаваҷҷеҳ мешуд,  на дастбардор буд. Агар ҳам фаҳмида буд, худашро ба нодонӣ зада буд!

– Он ҷоҳо касеро намебинӣ, ки дар дасташ китоб набошад. Агар  ду дақиқа ҳам бекор бошанд, китобашонро во мекунанд ва шурӯъ ба  хондан мекунанд. Дохили автобус, қатора, ҳама ҷо китоб мехонанд.  Ҳоло фикр кунед дар хонаашон чӣ мекунанд! Агар бубинед аз тааҷҷуб  шох дармеоред; ҳар кас баста ба маълумоти худаш китобе дар дасташ  гирифта мехонад, аслан он одамҳо аз пурҳарфӣ ва ёвагӯӣ гурезон  ҳастанд.!

Гуфтам:

– Баҳ-баҳ, чӣ қадр хуб, чӣ қадр олӣ…

– Гуфт: бале, табиаташон ин аст. Ба миллати мо назар кунед. Оё  нафаре маълум мешавад, ки китоб бихонад? Оқоҷон, мо одам наме-  шавем, намешавем.

Гуфтам:

– Комилан саҳеҳ аст.

То гуфтам “саҳеҳ аст”, дубора асабонӣ шуд, боз ҳам аз тарзи китоб  хондани белгиягиҳо ва суисиҳо сӯҳбат кард. Чун мавқеи ғизо хӯрдан  наздик буд, ҳар ду баланд шудем, гуфт:

– Ҳоло фаҳмидӣ, ки чаро мо одам намешавем.

Гуфтам: бале!

Ин мард нисфи рӯзи маро бо таъриф кардан аз тарзи китоб хондани  белгиягиҳо ва суисиҳо талаф кард.

Ғизоямро тунд-тунд хӯрдаму баргаштам. Боз ҳамон достонро шурӯъ  кардам. Коғазу қалам ба даст омодаи шурӯъи достон будам, ки яке аз  дигар руфақои зиндонӣ омад ва рӯи тахт нишаст.

– Ба чӣ кор машғулӣ?

– Мехоҳам достон нависам.

– Эй бобо! Ин ҷо намешавад достон навишт. Бо ин сару садо наме-  шавад чизе навишт. Магар ин сару садоро намешунавӣ.шумо Аврупо  рафтед?

– Поямро аз Туркия берун нагузоштаам.

– Оҳ, оҳ, оҳ, бечора. Хеле майл дорам, ки шумо саре ба Аврупо би-  занед. Диданаш воҷиб аст. Зиндагии онҳо ғайри зиндагии мост. Ахлоқи  махсус доранд. Ман тамоми Аврупоро зери по гузоштам. Ҷои нарафта  боқӣ намонда аст. Пеш аз ҳама ҷо Донморк, Ҳоланд ва Суис будам.  Бубинед, он ҷоҳо чӣ тавр аст, мардум нисбат ба ҳам ба дидаи эҳтиром  нигоҳ мекунанд. Касеро бехуд, хатто бо кӯчактарин садое нороҳат на-  мекунанд. Нигоҳе ҳам ба авзои мо бикунед, ин сару садоҳо чист.ин  тавр нест.шояд ман майл дошта бошам бихобам, ё чизе бинависам,  ё чизе бихонам, ё ин ки аслан кори дигаре дошта бошам.шумо бо ин  сару садо магар метавонед достон бинависед. Одамро озод намегу-  зоранд… Гуфтам:

– Ман дар ин сару садо ҳам метавонам чизе нависам, вале вуҷуди  як нафар кофист, ки ҳавосамро парешон кунад. Гуфт:

– Ҷони ман, дар ин сару садо намешавад чиз навишт. Беҳтар нест  сару садо ҳам набошад? Чӣ ҳақ доранд шуморо нороҳат кунанд? Ме-  тавонанд оҳиста ҳам сӯҳбат кунанд.

-Ба ҷони худат дар Донморк, Суис ва Ҳоланд чунин чизе муҳол аст.  Мардуми ин мамлакат дар камоли озодӣ ва хушӣ зиндагӣ мекунанд,  касе музоҳимашон нест. Чун ки он ҷоҳо мардум ба ҳамдигар эҳтиром  мегузоранд.

Дар иваз дар ин харобшуда мо ҳамдигарро одам ҳисоб намекунем.  Тасдиқ мекунед, ки хеле бетарбиятем, аммо чорае нест. Ӯ ҳарф мезад  ва ман сарамро пойин андохта чашмамро ба коғаз дӯхта будам, наме-  навиштам. Вале мисли одамҳое, ки машғули навиштан бошад, худамро  саргарм карда будам. Гуфт:

– Бехуд худатонро хаста накунед, наметавонед, наметавонед чизе  бинависед, ҳарчӣ навиштед пок кунед. Аврупо ҷои дигаре аст.авру-  поӣ-инсон ба тамоми маънӣ аст. Мардум ҳамдигарро дӯст доранд, ба  ҳам эҳтиром мегузоранд. Аммо дар иваз мо чӣ тавр.ба ин далел, ки  оқо, мо одам намешавем.

Ҳанӯз мехост рӯдадарозӣ бикунад, шонс овардам, садояш карданд,  аз шарраш халос шудам. То рафта буд, бо худ гуфтам:

Худо кунад дигар касе ин ҷо наояд. Сарамро пойин андохтам. Тоза ду  хат навишта будам, ки зиндонии дигаре болои сарам нозил шуд ва гуфт:

– Чӣ тавр?

– Гуфтам зинда бошӣ, бад нестам.

Рӯи тахт нишаст ва гуфт:

– Ҷони ман, аз инсоният хеле дурем.

– Эй бечора.агар чанд моҳе Амрико мебудӣ иллати ақибмондаи  нафринкардаро мефаҳмидӣ. Дар Амрико мардум мисли мо беҳуда  вақташонро талаф намекунанд, чарту парт намегӯянд, пурҳарфӣ на-  мекунанд, вақтро тилло медоданд.

Дар Амрико вақте бо одам ҳарф мезананд, ки воқеан коре дошта  бошанд, тоза он ҳам ду ҷумлаи мухтасари кӯтоҳ, ҳар кас машғули кори  худаш аст.Оё мо ҳам ҳамин гунаем? Масалан вазъи ҳамин ҷоро бу-  бинед моҳҳост мо ғайр аз пурҳарфӣ ва ёвагӯӣ кори дигаре надорем.  Ҳарфҳое, ки дар қуттии ҳеч атторӣ пайдо намешавад. Ин аст, ки Амрико  инқадар пешрафт кардааст. Иллати тараққии рӯзафрӯзашон ҳам ҳамин
аст.

Ҳеч чи нагуфтам. Бо худ фикр кардам ҳоло ин оқо, ки ин қадар аз  сифоти хуби амрикоӣ ҳарф мезанад, ки музахраф намегӯянд, музоҳими  касе намешаванд, фаҳмидааст, ки ман кор дорам, пояшро кашидаву  рафта аст. Аммо ӯ бошад маро ба осонӣ раҳо намекард.

Уфу пуф кардам, аслан таҳвил нагирифт.

Мавқеи шом шуд, вақте мехост биравад, гуфт:

Ҷони ман, мо одам шуданӣ нестем, то ин пурҳарфиҳо ва вақтгуза-  рониҳои бехудӣ ҳасту мо одам намешавем.

Гуфтам:

  • Комилан дуруст аст…

Ғизоямро бо шитоб хӯрдаму шурӯъ ба навиштан кардам.

«-Беҳуда худатро азоб надеҳ. Ҳарчӣ заҳмат бикашӣ фоидае надо-  рад.”

Ин садо аз болои сарам буд. То сарамро боло кардам, яке дигаре аз  рафиқони зиндонро дидам гӯшаи тахт нишаста ва гуфт:

Хуб рафиқ чӣ корҳо мекунед?

Гуфтам: ҳеч чиз.

Аммо ҷавоби ин ҷум-  лаи ман ин буд, ки:

  • Ман тақрибан та- моми умрам дар Олмон  будам.

Буғз гулӯямро гириф-  та буд, кам монда буд, ки  аз шиддати асабоният  дод занам, медонистам  ин муқаддима чи мӯъ-  ҷизае ба дунбол дорад,  ӯ бошад идома медод:

-Донишгоҳи Олмон-  ро тамом кардаам, ҳатто  таҳсилоти мутавассита-  амро ҳам он ҷо хондам,  солҳои сол он ҷо кор
кардам. Шумо дар Олмон касеро намебинед, ки кор накунад. Мо ҳам  ҳамин гунаем? Масалан вазъи моро бубин, на, на, мо одам намешавем,  аз инсоният хеле дурем…

Фаҳмидам ҳар коре бикунам, нахоҳам тавонист достон бинависам,  бехуд заҳмат мекашам ва ба худ фишор меоварам, коғазу қаламро  гузоштам замин, фикр кардам вақте, ки зиндониҳо ба хоб мераванд,  шурӯъ мекунам.

Оқои таҳсилкардаи Олмон ҳанӯз олмониҳоро муаррифӣ мекард:

– Дар Олмон бекорӣ айб аст. Ҳар кӣ мехоҳад бошад, олмониҳо ҳеч  бекор намемонанд. Агар бекор монанд, барои худашон коре мета-  рошанд, мудом заҳмат мекашанд. Ту дар ин чанд моҳ, ки ин ҷой ба  ҳайси намуна касеро дидаӣ, ки коре бикунад? Ҳамин худи ту то ҳол  дар зиндон коре анҷом додаӣ? Олмониҳо ин тавр нестанд, роҷеъ ба  аҳволи худашон чиз менависанд, китоб мехонанд. Аммо мо чӣ тавр?  Ҳар чӣ бикунем парту балост, мо одам намешавем.

Вақте аз шарраш халос шудам, ки ними шаб буд. Мутмаин будам,  ки дигар касе намондааст, ки роҷеъ ба одам нашудани мо конфронс  бидиҳад, тоза бо умедворӣ достонро шурӯъ карда будам, яке дигар  нозил шуд. Ҳазрати эшон ҳам солҳое дар Фаронса будааст, ба маҳзи  вуруд гуфт:

« – Оқо, мувозиб бошед! Мардум хобанд, бедор нашаванд, музоҳи-  машон нашавед”, хеле оҳиста сӯҳбат мекард. Ин оқо, ки хеле ҳам му-  бодии обод буд ва ин наҳваи тарбиятро аз фаронсавиҳо ёд гирифта  буд, мегуфт:

– Фаронсавиҳо мардумони мубодии одоб ва бошахсият ҳастанд,  мавқеи кор ҳеч кас музоҳими ӯ намешавад.

Бо худ гуфтам, Худо ба хайр кунад, ман бояд имшаб аз нимаи шаб  ба ун тараф кор кунам. Оқои Фаронса рафта гуфт:

– Ҳоло бихобед, то фардо субҳ озод кор кунед, фаронсавиҳо бештар  субҳҳо кор мекунанд, мо аслан вақти кор карданро ҳам балад нестем,  мавқеи кор мехобем ва вақти хоб кор мекунем. Ин аст, ки ақибмонда-  ем, иллати ин ки одам намешавем, ҳамин аст. Мо одам шуданӣ нестем.

Оқои фарангӣ мавқее аз паҳлӯям рафт, ки дигар рамақе дар ман  намонда буд, чашмҳоям худ ба худ баста мешуд. Хобидам.

Субҳ зуд, қабл аз ин ки руфақо бедор шаванд, ба достоннависӣ

машғул шудам. Яке аз руфақо дар ҳоле, ки об аз сару сураташ мечакид,  гуфт:

– Медонӣ, англисиҳо воқеан одамони аҷибе ҳастанд. Шумо вақте  дар Лондон ё ягон шаҳри Инглистон савори қатора ҳастед, соатҳо му-  софирони ҳамкӯчаи шумо ҳатто як калима ҳам сӯҳбат намекунанд. Агар  мо бошем ин чизҳо ёдамон намеояд, на адаб, на назокат, на тарбият,  хулоса аз ҳама чиз маҳрумем. Ҳамин тавр аст ё на? Чаро шуморо ин  ҷо нороҳат мекунанд. Худӣ ва бегона, ҳамаро нороҳат мекунанд. Дигар  фикр намекунем, ки ин бандаи худо кор дорад, гирифтор аст, на хайр…  ин аст, ки одам намешавем ва нахоҳем шуд…

Коғазро то кардам, қаламро ҳам зери тушк гузоштам. Аз навиштани  достон чашм пӯшидам. Хулоса достон навиштан натавонистам, аммо  дар иваз беш аз чанд достон чиз ёд гирифтам ва иллати ин матлабро  фаҳмидам, ки:

Чаро мо одам намешавем.

Ҳоло ҳар ҷо ҷилӯи ман асабонӣ бишавад ва бигӯяд:

  • Мо одам намешавем! Фавран дастамро баланд мекунам, дод ме- занам:
  • Оқо, иллат ва сабаби ӯро ман медонам!

Танҳо самарае, ки аз зиндони охир ба даст овардам, дарки ин мат-  лаб буд.

Тарҷумаи Аҳмади Шомлу.  Таҳияи Қурбонзода Насимбек

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222