Главная / Илм / Моҳият ва мафҳумҳои асосии таваккал (Тавакал чист?)

Моҳият ва мафҳумҳои асосии таваккал (Тавакал чист?)

Дар «Тавфсияҳои методӣ оиди баҳодиҳии самаранокии лоиҳаҳои инвеститсионнӣ» таваккал ҳамчун имконияти тамоили манфӣ арзёбӣ мегардад ва ба истифодабарии баҳодиҳии ноумедонаи (пессимистии) нишондиҳандаҳо ҳангоми ташаккули сенарияи асосии амалисозии лоиҳа нигаронида мешавад.

Ё ин ки, таваккал – имконияти ҳар гуна тамоили мусбӣ ё манфии нишондиҳандаҳо аз муҳимияти дар лоиҳаи пешбинӣ шуда мебошад. Хуб – таваккал чист? Таваккал- ин имконияти ба вуҷудомадани талафот, хароҷот, ворид нашудани фоидаи ба нақша гирифта шуда ё даромад мебошад. Талафотҳо метавонанд моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, муввақатӣ ва ғайра бошанд. Аз нигоҳи илмӣ мафҳумҳои овардашуда ба пуррагӣ ба шароити норасогии захираҳо, номусоидии муҳит ва зарурати тараққиёбӣ ҷавобгӯ буда наметавонанд. Барои чӣ вазъиятеро мадди назар намоем, ки вақте таваккал намуда, ба мувозинаи мусбии омилҳои хавф такя намуда, мо фоида ба даст меорем.

Таваккал кардан

Таваккал метавонад ҳам фоида орад ва ҳам хароҷоти иловагиро ба миён орад. Ҳамин тавр, таваккал – ин имконияти ба даст овардани натиҷаи лоиҳавии мусбӣ ё манфӣ вобаста аз таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ буда, дараҷаи номуайянии объект ва субъекти таваккалӣ ё ҷараёни амалисозии онро муайян мекунад. Тавакаллро ба русси “Риск” мегуянд.

Идоракунии таваккал – ҷараёни омӯзиши нишондиҳандаҳои объект ва субъекти таваккал, омилҳои беруна ва дохилии ба объект ва рафтори субъекти таваккал таъсиррасон, муносибгардонии он, нақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва назорат, ҳавасмандгардонӣ ва танзими иҷроиши кор оиди идоракунии таваккал мебошад.

Объекти таваккал– ҳамаи чизе, ки таъсири субъект ҳангоми қабули қарор ба он нигаронида мешавад (сармоя, лоиҳа, низом ва ғайра).

Субъекти таваккал шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, ба иҷроиши вазифаи идоракунии таваккал машғул мебошад.

Омилҳои беруна омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, техногенӣ, ахборӣ, иҷтимоӣ- демографӣ, табиӣ – иқлимӣ ва дигари макромуҳити иқтисодии минтақаи мазкур ва шаҳр мебошад, ки дар он субъект ва объекти таваккал мавҷуданд.

Омилҳои дохилии таваккал – рақобатпазирии муҳити атрофии субъект ва объекти таваккал мебошад, яъне ҳайат, технологияҳо, дараҷаи ташкилӣ- техникии истеҳсолот, низоми менеҷмент ва ғайра.

Эҳтимолияти таваккал сатҳи таъсири сарчашмаи таваккал (воқеъа), ки дар ҳудуди аз 0 то 1 санҷида мешавад.

Сатҳи таваккал – мутаносибии ҳаҷми зарар (фоида) ба хароҷоти тайёр ва амалисозии таваккал – қарорҳо; дар ҳудуди аз 0 то 1 тағйир меёбад.

Дараҷаи таваккал – хусусияти сифатноки андозаи таваккал ва эҳтимолияти он. Дараҷаи баланд, миёна, паст ва сифриро (бе таваккал) фарқ менамоянд.

Ҷоиз будани таваккал – эҳтимолияти ба вуҷуд омадани таваккал дар ҳудуди сатҳи меъёрии барои ягон соҳаи фаъолият қарор дорад, ки аз он гузаштан бе қонунвайронкунӣ мумкин нест.

Таҳлили таваккал – тақсимоти сохтори объект, унсурҳо, ҷорӣ намудани робитаи байни онҳо бо мақсади ошкор намудани сарчашмаҳо, омилҳо ва сабабҳои ҳар гуна намудҳои таваккал, муқоисаи талафот ва фоидаи имконпазир.

Баҳодиҳии таваккал – маҷмӯи амалиётҳои таҳлили таваккал, ошкорсозии сарчашмаҳои пайдоиши он, муайян намудани ҳаҷми имконпазири оқибатҳои инъикоси омилҳои таваккал ва муайян намудани нақши ҳар як сарчашмаи таваккал.

Муносибгардонии таваккал – ҷараёни коркарди бисёр омилҳои беруна ва дохилии таваккал, ки ба сатҳ ва интихоби варианти беҳтарин маҷмӯи омилҳо таъсир мерасонанд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222