Главная / Илм / Мониторинг ва таҳлили омилҳои берунава дохилии таваккал

Мониторинг ва таҳлили омилҳои берунава дохилии таваккал

Мониториг – ин мушоҳидаи беисти нишондиҳандаҳои объект бо мақсади назорати иҷроиши он мебошад.

Ба омилҳои берунаи таваккал мансуб мебошанд омилҳои макромуҳит, инфрасохтори минтақа ва микромуҳити ташкилот.

Ба омилҳои макромуҳит мансуб мебошанд байналхалқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ – демографӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, илмӣ – техникӣ, маданӣ ва ғайра.

Ба омилҳои инфрасохтори минтақа (мезомуҳит) инҳо мансуб мебошанд:

  • инфрасохтори бозаргонӣ;
  • мониторинги муҳити берунаи табиӣ, илму маориф, тандурустӣ, маданият, савдо, хӯроки умумӣ;
  • алоқа ва нақлиёт, сохтмон, хоҷагии манзилӣ – коммуналӣ;
  • хизматрасонии маишии аҳолӣ, ва саноат.

Ҳар як омили номбаршуда бо нишондиҳандаҳои ба худ хос тавсиф мегардад, ки ба идоракунӣ ниёз дорад.

Робитаи байни нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбии самаранокӣ, рақобатнокӣ ва устувории фаъолияти ҳар муҳит бо сатҳи таваккал аён мебошад.

Ҳар чӣ қадар нишондиҳандаҳои омилҳои макромуҳит, инфрасохтори минтақа (шаҳр) ва микромуҳити ташкилот (объект) беҳтар бошад, ҳамон қадар сатҳи таваккал паст мегардад. Барои баланд бардоштани сифати идоракунии таваккал тавсия дода мешавад, ки вобастагии миқдории мувофиқатӣ (коррелятсионнӣ) байни нишондиҳандаҳои асосии омилҳои берунаи объект ва сатҳи таваккал ҷорӣ шавад.

Ба омилҳои микромуҳити ташкилот инҳо мансуб мебошанд:

  1. таъминкунандагон ва рақибони онҳо;
  2. Истеъмолкунандагон ва рақибони онҳо;
  3. Аудиторияи робитавӣ (воситаҳои ахбори омма, гурӯҳҳои мусоидат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои назоратӣ);
  4. Миёнаравҳои маркетингӣ;
  5. Органҳоимаҳаллииҳокимиятвағайра.

Ба омилҳои дохилии таваккал инҳо мансуб мебошанд:

  • номутобиқат;
  • боэътимоднокии паст;
  • номунтазамӣ;
  • заифии қисматҳои алоҳидаи низоми идоракунии ташкилот;
  • Унсурҳои функсионалии намудҳои менеҷмент ва маркетинг.

Ба омилҳои дохилии таваккал инчунин тамоми заифият ва «бемориҳои» ташкилот мансуб мебошанд.

Дар байни омилҳои берунаи таваккал метавонанд дар шароити ҳозира омилҳои рафънашаванда мавҷуд бошанд ва дар дурнамо заифиҳо ва «бемориҳое» бошанд, ки тамоми кӯшишро оиди паст намудани таваккалҳои дохилӣ беҳуда мегардонад. Мавҷудияти омилҳои рафънашавандаи берунаи таваккал сармоягузориро ба инкишофи ягон объект беҳуда мегардонад. Боиситаасуф аст, ки дар таҷриба таҳлили вазъияти инвеститсиониро на аз муҳити беруна, балки аз муҳити дохилӣ оғоз менамоянд.

Барои инкишофи худи низоми маблағҳои калон сарф карда, дар марҳилаи дуюм, яъне таҳлили омилҳои муҳити беруна бо монеаҳои рафънашаванда дучор мешаванд (воситаҳои ноустувори механизми бозаргонӣ, инфрасохтори бесифат ва ғайра), ки лоиҳаҳои инноватсионӣро беоқибат мегардонад ва хароҷоти инкишофи сохтори дохилӣ меафзояд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222