Главная / Илм / Муқаддима

Муқаддима

Соҳибиистиқлолият гардидани Точикистон
имкониятдод, ки мо минбаъд дар пояҳои устувори анъанаҳои милли, таърихи гузаштаи худро омузем.
Президенти Чумҳурии Тикистон Эмомалй Раҳмон таъкид менамояд: «Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омӯхтани даврони гуногуни давлатдории ачдодон чашми худшиносии моро ба гузаштагонамон қавй месозад , барои беҳбудии ояндаи чамъиятй ва ободии кишвар роҳ мекушояд.»
Миллати точик ҳамчун як узви мардуми ориёи, яке аз халқхои қадимтарини чаҳон буда,таърихи бисёрҳазорсола дорад, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониҳо саршор мебошад.
Миллати мо ба муқобили душман дар раванди дури таърихй дар баробари сипар, фарҳанги худро пеш гузошт. Худ, ки маърифатпарвар буд, ба ачнабиёни кӯчй бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт.
Ачдодони точикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти чамъиятй аз давраҳои қадим саҳми муайян гузоштаанд. Гузаштагони мо на бо чангу чидолҳо , балки бо инкишофи кишоварзй, бунёди шаҳрҳои бостонй, офаридани яке аз қадимтарин китобҳои муқаддаси чаҳон «Авесто» бонамояндагони илму адабиёт, фарҳанг ном баровардааст.
Пешгузаштагони мо халқи точик дар соҳаи давлат ва давлатдорй, дар кори чамъиятию -иёёй саҳми зиёд доштаанд.
Китобе, ки дар даст доред, кӯшиши аввалини муаллифон оиди таърихи афкори чамъиятию -сиёсии халқи точик мебошад. Боби аввали китоб ба таърихи афкори чамъиятию сиёёй аз замони Зардушт то пайдоиши дини иёлом бахшида шудааёт. Дар боби минбаъда оиди афкори ёиёёии давраи аёрҳои миёна маълумоти мухтаёар дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар рафти тайёр кардани маводҳо кӯшиш карда шуд, ки заминаҳои пешравии афкори
чамъиятй – сиёсй мавриди тадқиқ қарор дода шаванд. Чунин заминаҳо аз охири асри XVlll пайдошуда дар ибтидои асри XlX пурра ба шакли муайян медароянд. Сабаби пайдо шудани ин заминаҳо ба робитаҳои сиёсй- ичтимой ва иқтисодии мамолики Осиёи Миёна бо Русия буд. Дар натичаи сафарҳои расмй ва ғайрирасмии сафирон, саёҳон, точирони ҳарду тараф афкори сиёсй ва чамъиятй ташкил меёфт.
Бо баробари ба Русия ҳамрҳо шудани Осиёи Миёна афкори чамъиятй- сиёсй шакли муайян мегирад. Дар
натичаи ҳамроҳшавй муносибатҳои чандин асраи феодалй, ки дохили фиодализми кишвар, аломатҳои то феодалй (аз қабили ғуломфурушй) чой доштаанд, ба муносибатҳои капиталистй бархӯрданд. Меҳнати якчояи коргарони
маҳалӣ бо коргарони рус, барои пайдоиши тафаккури нав мусоидат намуд.
Бо ташаббуси аҳолии русзабон дар ибтидои асри хх дар Осиёи Миёна аввалин гуруҳҳои инқилоби сотсиал-
демократии ташкил ёфта буданд. Дар зери таъсири ақидаҳои пешқадами табақаҳои тараққихоҳи рус афкори чамъиятию сиёсии халки точикҷараённ маорифпарварй ташаккул ёфт.
Бояд хотиррасон кард, ки аз охири XIX асри ба Осиёи Миёна бо баробари омадани русҳо, миқдори зиёди тоторҳо, ки ба сифати тарчумон хизмат мекарданд, омода буданд. Дар ин давра бо кӯшиши зиёди миллатчиёни турк дар кишвар чараёни пантуркизм хеле вусъат меёбад .Баъдтар пантуркизм ба узбекпарастй табдил ёфт, ки дар тақдири ояндаи халқи точик саҳми манфй гузошт.
Дар китоб масъалаи барпо шудани сохти сотсиалистй ва тараққиёти Точикистон ҳамчун, Чумҳурии Иттифоқи дар ҳайати чамоирҳои Иттиҳоди Шӯравй то андозае баррасй карда мешавад. Бояд қайд кард, ки қисме аз тадқиқотчиён сохти сотсиалистиро дар Тикистон ҳамчун як давраи фочиа ба қалам мегиранд .Ба ин ақида розй шудан мумкин нест. Зеро ба тамоми маъдудиятҳои сохти Шуравй нигоҳ накарда, давраи зиёда аз 70-солаи сохти Шуравй дар таърихи халқи тоҷик, давраи пешрав ва тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодй ва фарҳангй ба ҳисоб меравад .
Баъди пошхӯрдани давлати Шӯравй Точикистон соҳибистиқлол гардид. Дар китоб ба таври мухтассар таърихи чунбишҳои сиёсй, ташкил ёфтани чараёнҳо ва ҳизбҳои сиёсй дар Точикистон ва саҳми онҳо дар ҳаёти чамъиятй сиёсй мавриди баррасй қарор дода шудааст.
Албатта, ин китоб аввалин киши муаллифон дар масъалаи афкори чамъиятй мебошад ва аз камбудиҳо холй нест. Ҳамаи онҳое, ки барои бартараф намудани камбудиҳо андешаҳои хешро иброз медоранд, миннатдорем.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222