Предмет, метод ва вазифаҳои психо-
логия дар давраи аввали му-
стақилшавии он ба дигаргуниҳои зи-
ёде дучор омад. Анъанаҳои
В.Вундтро психологи америкоӣ
Э.Титченер давом дод. Ӯ дар университети Корнели ИМА
кор мекард. Ӯ чун В.Вундт предмети психологияро дар
таҷрибаи бевосита медид. Номи равияи илмии Э.Титченер
психологияи структурӣ буд, ки бархилофи психологияи
функсионалӣ амал мекард. Мувофиқи андешаи ӯ, психо-
логия бояд структураро, яъне материяи шуурро ҳамчун
маҷмӯи унсурҳои алоҳида омӯзад, ки ба таҳлил дода
намешаванд. Шуур олами махсуси ботинӣ буда, ба он
танҳо бо методи интроспексияи аналитикӣ ворид шудан
мумкин аст. Э.Титченер ба сифати унсурҳои аввалини
шуур чунин ҳодисаҳоро ҷудо менамояд: эҳсос, образҳо ва
ҳиссиёт. Эҳсос дорои сифат, интенсивӣ, аниқию равшанӣ
ва дарозмуддатӣ мебошад ва ниҳоят онҳо унсурҳои идро-
кро низ ташкил медиҳанд. Образҳо – ин соя, осори
эҳсосҳои пешинаанд. Онҳо унсурҳои муҳими тасаввуроти
хотир ва хаёл мебошанд. Ҳиссиёт – ин муҳаббат ва наф-
рат, шодӣ ва ғам аст, ки дорои сифат, интенсивӣ ва да-
розмуддатӣ аст. Онҳо унсурҳои ҳаракатҳои рӯҳӣ ба ҳисоб
мераванд. Вазифаи психолог аз он иборат аст, ки ин
унсурҳоро бо воситаи экспримент тадқиқ кунад, зеро он
маълумотҳои методи худмушоҳидакуниро равшан мена-
мояд.
Файласуф ва психологи австриягӣ Ф.Брентано (1838-
1917) барномаеро пешниҳод намуд, ки ба психологияи ас-
сотсиативӣ муқобил буд. Дар китоби худ «Психология аз
нуқтаи назари эмпирикӣ» (1874) меоварад, ки предмети
психология бояд шуур бошад. Ба қавли ӯ, соҳаи психоло-
гияро на мазмуну мундараҷаи шуур (эҳсос, идрок, фикр,
ҳиссиёт), балки амалҳои психикии он ташкил медиҳанд, аз
қабили дидан, шунидан, муҳокима намудан ва ғ. Ин
амалҳо бевосита мазмуни шуурро ошкор месозанд.
Амалҳо он вақт бемаъноанд, ки агар ба объект равона
нашаванд. Аз ин хотир, тавсифдиҳандаи асосии ин амалҳо
равияи предметӣ доштани онҳо маҳсуб меёбад. Брентано
Ф. се масъалаи асосиро дар психологияи шуур муҳим до-
нистааст: предметӣ будан, фаъолӣ ва ягонагӣ. Махсусияти
ҳодисаҳои психикиро ҳамин ҷиҳатҳо тавсиф медиҳанд.
Муборизаҳои фикрие, ки дар доираи масъалаи шуур
ба амал омада буданд, нишон доданд, ки ҳамаи онҳо му-
носибати яктарафа зоҳир намудаанд ва аз ин хотир моҳи-
яти онро ба таври комил ошкор карда натавонистаанд.
Ин аст. ки дар ибтидои асри ХХ психология ба бӯҳрони
кушод гирифтор шуд.
Психология дар Русияи тоинқилобӣ табиати идеали-
стиро дошт ва он дар донишгоҳҳо таълим дода мешуд.
Афкори психологӣ дар саҳифаҳои маҷаллаи махсуси
«Масъалаҳои фалсафӣ ва психологӣ» инъикоси худро
пайдо менамуданд.
Яке аз психологҳои варзида А.М.Введенский (1856-
1925) буд. Ба андешаи ӯ, психология бояд ҳодисаҳои
рӯҳиро, на масъалаҳои фалсафӣ – метафизикиро омӯзад.
Вазифаи он тадқиқи таркиби ҳар як ҳодисаи психикӣ ва ба
ҳам таъсиррасонии онҳо мебошад, ба монанди таъсири
хотир ба тафаккур, тафаккур ба ирода ва ғайра. Ӯ дар чу-
нин ақида аст, ки психика ҳеҷ гуна ифодаи моддии худро
надорад, ҳодисаҳои психикӣ набояд дар алоқамандӣ бо
муҳити берунӣ омӯхта шаванд. Ин дар мавқеи идеалистӣ
будани ӯро ифода менамуд. Ӯ интроспексияро методи асо-
сии тадқиқи ҳодисаҳои психикӣ шуморида аст.
Равияи материалистиро дар психология пайравони
И.М.Сеченов (В.М.Бехтерев, Н.Н.Ланге, И.П.Павлов) да-
вом доданд. И.П.Павлов (1849-1936) пеш аз ҳама тарғиб-
гари андешаҳои устодаш буд. Ӯ ҳарчанд консепсияи шах-
сии психологиро надошта бошад ҳам, вале дар ташаккулу
инкишофи донишҳои психологӣ нақши бузург бозидааст.
Муроҷиати аввалини И.П.Павлов ба психология
алоқаманд бо омӯзиши кори узвҳои ҳозима буд. Маълум
намуд, ки кори узвҳои ҳозима ҳам аз омилҳои физиологӣ
ва ҳам психологӣ вобаста аст. Ин андешаи илмӣ ба
тадқиқу пайдоиши рефлексҳои шартӣ асос гузошт. Ӯ
алоқаҳои шартӣ-рефлекториро таҳқиқ намуд. Ангезаҳои
шартӣ моҳияти сигналиро доранд ва онҳо сигналҳои ан-
гезаҳои берунаанд.
И.П.Павлов хусусиятҳои фаъолияти олии асаби ин-
сонро тадқиқ намуда, таълимотро дар бораи системаи
сигналии дуюм кор карда баромад. Ӯ воқеияти олами
объективиро эътироф мекард. Ин буд як навъ заминаи
муҳими илмӣ ба механизмҳои фаъолияти олии асаб.
И.П.Павлов ҳамеша аз дастовардҳои илми психоло-
гия рӯҳбаланд мешуд ва махсусан аз кушодашавии Инсти-
тути психология дар Москва (5.04.1914). Психологи
машҳури рус Б.М.Теплов таълимоти И.П.Павловро ба та-
ври эҷодӣ дар таҳқиқи масъалаи фарқиятҳои фардии ин-
сон васеъ истифода бурдааст.
Гузориши қадамҳои аввалини мустақилияти психо-
логия ба инкишофи тадқиқотҳои эксперименталӣ имкони-
ятҳои васеъ фароҳам овард. Дар бисёр мамолик лабора-
торияҳои илмӣ ва донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ кушода
шуданд, ки фаъолияташон хусусияти амалиро доштанд.
Солҳои 80-уми асри XIX бештари тадқиқотҳо ба омӯзиши
функсияҳои олии психика равона шуда буданд.
Психологи немис Герман Эббингауз (1850-1909) ба
ин кор оғоз бахшид. Ӯ доир ба хотир тадқиқотҳои зиёде
гузаронида аст. Тамоми натиҷаҳои тадқиқотро дар кито-
би худ «Дар бораи хотир» (1885) оварда, баҳои илмӣ дода
аст. Г.Эббингауз аз доираи эксперименти физиологии
Вундтовӣ баромада, қонунҳои хотирро дар асоси экспе-
риментҳои психологӣ ба роҳ монда буд. Ӯ хотирро ҳамчун
протсесси механикии ташкили осору нақшҳо медонист. Аз
ин рӯ, озмудашаванда барои пайдошавии осори нав бояд
масъалаҳои методии навро ҳал намояд ва барои ин маво-
деро ёфтан зарур аст, ки озмудашаванда бо он шинос
набуда, ҳеҷ гуна алоқамандие низ бо гузаштаи ӯ надошта
бошад. Г.Эббунгауз ба сиф_ати чунин мавод ҳичоҳои бе-
маъноро интихоб мекард. Ӯ ду методи тадқиқи хотирро
интихоб кард: азёдкунӣ ва нигоҳдорӣ. Тартиби азёдкунӣ:
ба озмудашаванда ҳиҷоҳои бемаъно пешниҳод мешуданд
ва ӯ онҳоро бо роҳи такрор то дурусту бехато аз нав ҳосил
кардан азёд мекард. Нишондиҳандаи суръати азёдкунӣ ва
сифати он миқдори такроркунӣ ба шумор меравад. Мето-
ди нигоҳдорӣ ба чунин савол ҷавоб медиҳад: Оё дуруст
аст, ки агар озмудашаванда маводи азёдшударо дуруст аз
нав ҳосил карда натавонад, пас ӯ пурра онро фаромӯш
кардааст? Агар мавод комилан фаромӯш мешуд, он боз
барои бахотиргирӣ пешниҳод мегардад. Маълум меша-
вад, ки азёдкунӣ аз такрори ба вақт тақсимшуда вобаста
аст. Г.Эббингауз зимни тадқиқотҳояш нишон дод, ки ба-
рои ба хотир гирифтани 12 ҳиҷои аз маъно маҳрумбудаи
сунъӣ, ба ҳисоби миёна 16,5 такрор ва барои 36 ҳиҷо 54
такрор зарур аст. Масалан, агар мавод 30 такрорро талаб
кунад, ба мақсад мувофиқ аст, ки онро дар муддати 3 рӯз
бо даҳ маротибагӣ такрор кунад, нисбат ба он ки 30 бор
дар як рӯз. Ӯ инчунин муқаррар кард, ки ҳамин ки мавод
пурра азёд карда шуд, барои фаромӯш нашуданаш боз ба
он бояд баргашт: яъне, на танҳо азёдкунӣ, балки азнава-
зёдкунии он зарур аст. Хулосаҳо ва тавсияҳои илмии
Г.Эббингауз аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалиро
соҳибанд.
Тадқиқи хотирро психологи дигари немис
Г.Э.Мюллер давом дод ва китоби сеҷилдаро доир ба он бо
номи «Доир ба таҳқиқи хотир ва тасаввурот» (1911, 1913,
1917) нашр кард. Ӯ ба хулоса омад, ки хотир қобилияти
механикӣ нест, балки он зимни мақсадгузориҳо ба амал
меояд. Фаъолияти пурмазмуну бомаъно бо матнҳо бахо-
тиргириро таъмин менамояд. Мюллер Г.Э. ва М.Калкинс
дар лабораторияи илмиашон методи «ассотсиатсияи
ҷуфтӣ»-ро кор карда баромаданд ва туфайли он ба
натиҷаҳои судманд ноил гаштанд.
Психологияи эксперименталиро дар Амрико В.Ҷемс,
Г.Ст.Холл ва Ҷ.Кеттел васеъ ба роҳ монданд. Э.Торндайк,
Д.Дюи доир ба соҳаи зоопсихология тадқиқотҳои муҳим
намудаанд. Онҳо равияи нави илмии «ёддиҳӣ»-ро кор
карда баромаданд, ки тавассуташ шарҳи сабабии рафтори
инсону ҳайвон карда мешуд. Методи асосии тадқиқотии
он «Қуттии проблемавӣ» буд. Э.Торндайк туфайли
қонунҳои ёддиҳӣ ва машқ дар ҳайвонот рафторҳои нав ба
навро ташаккул медод. Дар асоси ин таҷрибаҳо китоби
«Ақли ҳайвонот» ва «Тадқиқи протсессҳои ассотсиативӣ
дар ҳайвонот» (1898)-ро навишт.
Г.Ст-Холл соли 1892 Ассотсиатсияи психологҳои
америкоиро таъсис дод ва худи у Президенти он интихоб
гардид. Бо даъвати у Зигмунд Фрейд дар университети
Кларк 5 лексия доир ба психоанализ хонд ва ба ҳамин ва-
сила ин равия дар Амрико низ паҳн гардид. Ҷ.Кеттел пси-
хологе ба шумор мерафт, ки зимни тадқиқи қобилиятҳои
ақлии донишҷуён супоришҳоеро кор карда баровард ва
онҳо номи «тест»-ро гирифтанд. Ин тестҳо барои санҷиши
қувваи мушакҳо, суръати ҳаракат, ҳассосӣ, тезии бинниш
ва шунавоӣ, тафриқаи вазн, реаксияи
шахс ва хотир муҳим буданд.
Ф.Парсонс соли 1908 дар Бостон бю-
рои психологиро ташкил дод ва дар он
бо наврасон дар масъалаи касбинти-
хобкунӣ машваратҳо гузаронида
мешуданд. Интихоби коргарон ва хиз-
матчиён дар корхонаҳо зимни
омузишҳои психологӣ ба роҳ монда
мешуд. Ҳамин тариқ, психологияи
амалӣ ру ба инкишоф ниҳод.
Дар ташаккул ва инкишофи до-
нишҳои психологӣ ва мустақимиятро
ба даст овардани психология нақши психологияи давраи
шуравӣ низ баланд буд. Азнавсозии психология зимни
асосҳои назарияи марксистӣ – ленинӣ ба роҳ монда шуда
буд. Яъне, тасаввуротҳои илмии фалсафӣ ва муносибати
илмии диалектикию материалистӣ зоҳир намудан ба пси-
хика ҳамчун хосияти мағзи сар – асоси илмии психологияи
навбунёд ҳисобида мешуд. Солҳои 20-уми асри ХХ осори
психологии варзидаи ҷаҳонӣ З.Фрейд, А.Адлер, К.Юнг,
В.Кёлер, К.Кофман, Э.Торндайк, Ж.Пиаже, Э.Кречмер ва
диарон) тарҷума шуданд. Барномаҳои илмии
П.П.Блонский, К.Н.Корнилов, Л.С.Виготский,
М.Я.Басов, С.Л.Рубинштейн, С.Г.Геллерштейн ва дигарон
дар азнавсозии психология назаррас буданд.
П.П.Блонский ва М.Я.Басов предмети психологияро дар
категорияи рафтор медиданд. Онҳо зидди биологишавии
психикаи инсон баромад менамуданд. М.Я.Басов пеш-
ниҳод намуд, ки фаъолият бояд яке аз масъалаҳои
тадқиқотии илми психология ба ҳисоб равад.
Л.С.Виготский, С.Л.Рубинштейн ва А.Н. Леонтев пеш аз
ҳама ин андешаро дастгирӣ намуданд. Л.С.Виготский
(1896-1934) қонунияти инкишофи функсияҳои олии психи-
каро муайян кард. Ба андешаи ӯ, муоширати кӯдак б_о ка-
лонсолон шарти аосии инкишофи психика мебошад. Ӯ дар
китоби худ «Функсияҳои олии психика» ду дараҷаи инки-
шофи психикаро муайян намудааст: а) дараҷаи актуалии
инкишофи психика ва б) минтақаи наздиктарини инки-
шофи психика. Ҳардуи ин дараҷа мантиқан пай дар пай
зоҳир мешаванд. Ин дараҷаҳо имконият медиҳанд, ки му-
раббӣ ва муаллим методу усули корбариро ба хонандагон
муайян кунаду рафти инкишофи психикии онҳоро
пешбинӣ намоянд.
Назарияи илмии Л.С.Виготский доир ба қонуни-
ятҳои инкишофи психикӣ дар ҳамагуна давру замон
татбиқшавандаанд. С.Л.Рубинштейн (1889-1960) да-
вомдиҳандаи таълимоти илмии М.Я.Басов (1892-1931)
буд. Ӯро асари безаволаш «Асосҳои психологияи умумӣ»
(1940) машҳур гардонд. Асоси асари ӯро принсипи «яго-
нагии шуур ва фаъолият» ташкил дода буд.
С.Л.Рубинштейн дар баробари таҳқиқ намудани сох-
ти фаъолият, инчунин дар бобати предмети психология
андешаронӣ карда, кӯшиш намуд, ки шуурро бо протсесси
фаъолият пайваст намояд. Шуур, аз назари
С.Л.Рубинштейн, дорои табиати иҷтимоӣ буда, бо муно-
сибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Модом ки ин
муносибатҳо аз як давру замон то замони дигар тағйир
меёбанд, пас шуур ифодакунандаи маҳсул ва натиҷаҳои
таърихан тағйирёбанда аст.
А.Н.Леонтев (1903-1979) психо-
логи варзидаи даврони шӯравӣ буда,
қайд мекунад, ки ҳамаи ҳодисаҳои
рӯйдиҳанда дар соҳаи психикаи ин-
сон туфайли фаъолият ба амал мео-
янд. Ӯ муайян намуд, ки фаъолият
дорои сохти муайян аст ва аз чунин
қисматҳо таркиб ёфтааст: маром,
мақсад ва амал. Ин қисматҳои тар-
кибӣ имконият медиҳанд, ки шахс ба
мақсади фаъолияташ танҳо зимни
маром ва амали мувофиқи интихоб-
шуда расида метавонаду халос.
Сазовор ба зикр аст, ки дар инкишофи донишҳои
психологӣ психологҳо К.Н.Корнилов, Б.Г.Ананев,
А.В.Запорожетс, А.Р.Лурия, А.Н.Смирнов, Б.М.Теплов,
Д.Н.Узнадзе ва дар нимаи дуюми асри ХХ Д.Б.Элконин,
В.В.Давидов, Г.С.Костюк, Б.Ф.Ломов. В.П.Зинченко,
М.Г.Ярошевский, А.Пуни, П.А.Рудик, В.Н.Мясищев ва
дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.
РаВИЯҳ0И асосии Психология солҳои 10-уми асри
илмии психологӣ ХХ ба бӯҳрони кушод гирифтор
гардид. Ба қавли Л.С.Виготский,
ин бӯҳрони методологӣ буд, ки назарияҳои нав ба навро
чӣ дар хориҷа ва чӣ дар Русия ба вуҷуд оварданд. Бӯҳрон
дар психология инчунин бо тараққиёти иқтисодиёти
ҷаҳонӣ алоқаманд буд. Дар ҳамин давраи бӯҳронӣ ра-
вияҳои бонуфузи илмӣ пайдо шуданд, ки онҳоро дида ме-
бароем.
Бихевиоризм. Ин равия дар Амрико зуҳур карда,
амали ҷавобӣ ба структурализми В.Вундт, Э.Титченер ва
функсионализми америкоӣ буд. Асосгузори он Ҷ.Уотсон
(1878-1958) ба ҳисоб мерафт. У соли 1913 мақолаеро
навишт бо номи «Психология аз нуқтаи назари бихеовио-
рист» ва ин ба муаррифӣ намудани моҳияти ин равия асос
гузошт. Ҷ.Уотсон психологияро барои субъективизмаш
зери танқид гирифт. Ба қавли ӯ, шуур бо воҳиду унсурҳо-
яш ва ифодаҳои номуайяннаш амалан бефоида аст. Пред-
мети психология бояд рафтор бошад. Ба андешаи ӯ, «би-
хевиоризм бояд лабораторияи ҷамъият шавад».
Рафтори инсон ҳамчун предмети бихевиоризм – ин
ҳамагуна кирдорҳо, суханҳо, чӣ модарзодӣ ва чӣ
ҳосилшуда мебошанд, ки аз даврони тавлид то ба марг
иҷро мешаванд. Рафтор – ин ҳар гуна реаксия (К) ба ан-
гезаҳои берунӣ (8) мебошад, ки шахс туфайли он ба муҳит
мутобиқ мешавад. Шахс зери ин формула метавонад муа-
йян кунад, ки реаксия ба ангеза ва баръакс чӣ гуна ба
амал меояд. Уотсон Ҷ. реаксияҳоро ба модарзодӣ ва бада-
стовардашуда ҷудо мекунад. Асосан рафтор натиҷаи
омӯзиш аст ва мегӯяд: « Ба ман дюжинаи кӯдакони солиму
бардамро диҳед ва ман аз рӯи интихоби худам аз онҳо
духтур, бозаргон, ҳуқуқшинос ва ҳатто камбағалу дуздро
тайёр мекунам ва ин новобаста аз истеъдод, майлҳо,
касбҳо, нажодҳои пешинаи онҳо сурат мегирад». Аз ин рӯ,
малака ва ёддиҳӣ масъалаи асосии бихевиорист ба шумор
мераванд. Рафти ҳосилшавии малака дар ин равияи илмӣ
ба таври механикӣ фаҳмида мешавад. Малакаҳо бо роҳи
кӯр-кӯронаи санҷишу хато ҳосил мешаванд ва протсесси
идоранашавандаро мемонанд.
Назарияи бихевиоризмро Бурхус Скиннер (1904-
1990) тақвият бахшид. У рефлекси шартиро реаксияи опе-
рантӣ номид. Агар дар таълимоти И.П.Павлов реаксияи
нав ҳангоми амали ҷавобӣ додан ба сигнали шартӣ (маса-
лан, пеш аз хӯрокдиҳӣ садои метроном дода мешавад ва
ғ.) ҳосил шавад, он гоҳ дар назарияи Скиннер Б. организм
аввал ҳаракатеро содир менамояд ва сипас он мустаҳкам
карда мешавад. Ӯ барои гузаронидани таҷрибаҳо қуттии
эксперименталиро сохт. Тадқиқотҳои Скиннер донишҳоро
дар бораи роҳҳои ташаккули малака ва мустаҳкамкунии
он, инчунин оид ба рафти гузариш аз як шакли рафтор ба
дигараш васеъ намуд. Протсесси ҳосилшавии малакаҳо бо
роҳи бихевиоризми оперантӣ нишон медиҳад, ки мутаас-
сифона шуур ҳамчун танзимгари ботинии рафтор амал
намекунад.
Пайравони Скиннер Б. техникаи ташаккулдиҳии ре-
аксияҳои оперантиро дар рафти таълиму тарбияи кӯдакон
ва ҳангоми табобати бемориҳои асабӣ истифода мебур-
данд. Умуман, бихевиористон гумон доштанд, ки ба васи-
лаи формулаи «ангеза – реаксия» метавон навъи нави ин-
сонро ташаккул дод ва ин ба ҷуз хаёли хом чизи дигаре
набуд.
Психологияи гешталтӣ. Гешталт калимаи немисӣ
буда, маънои образ ва сохторро дорад. Психологияи
гешталтӣ ҳамчун равияи илмии давраи бӯҳрони кушод,
ибтидои асри ХХ дар Германия ба вуҷуд омадааст.
Таълифоти М.Вертгеймер (1880-1944), В.Кёллер (1887-
1967) ва К.Коффка (1886-1941) асоси назариявии ин равия
мебошанд. Ин мактаби психологӣ аз ҳар ҷиҳат ба бихеви-
оризм муқобил буд. Ба ақидаи намояндагони ин равия,
сохтори шуур, вазъият, образи идрок ҷамъи унсурҳои
алоҳида намебошанд, ки куллро ифода намоянд. Баръакс,
кулл хусусиятҳои сифатии унсурҳои алоҳидаро муайян
мекунад. Таҷрибаҳое, ки дар соҳаи идрок гузаронида шу-
данд, муайян карданд, ки идрок сифатан аз эҳсос фарқ ме-
кунад ва ҷамъи эҳсосҳо намебошад. Дар робита бо ин,
Х.Эренфелс дар мақолаи худ «Андар боби шакл» ишора
мекунад, ки гешталти квадрат новобаста аз андоза,
мавқеъ, ранги унсурҳои он нигоҳ дошта мешавад.
Келлер В. дар китоби худ «Структураҳои физикӣ дар
оромӣ ва ҳолати статсионарӣ» (1920) меоварад, ки олами
физикӣ чун психологӣ ба гешталтҳо тобеанд. Ҳама чиз
мувофиқи принсипи гешталт бояд баҳо дода шавад. Ола-
ми психологии кӯдак низ гешталтӣ кунонида шудааст ва
унсурҳои таркибии он новобаста аз якдигар вуҷуд доран-
ду бо ҳам алоқаманд нестанд. Онҳо баробари инки-
шофёбӣ байни худ робита пайдо мекунанд.
Камбудии тадқиқотҳои эксперименталии психоло-
гияи гешталтӣ дар он аст, ки намояндагони он нақши ша-
роитҳои воқеиро дар пайдоиши образҳо рад намуда,
алоқамандии мазмуну мундариҷаи идрокро бо олами бе-
руна низ инкор мекарданд. Онҳо принсипи ассотсиатсия-
ро дар психология зери шубҳа гирифтанд. Ҷанбаи синте-
тикӣ (таркибӣ) бар аналитикӣ (таҳлилӣ) бартарӣ дорад.
Онҳо бо ҷудонамоии амали таҳлил ва таркиб, соддаро аз
мураккаб канда монданд. Дар заминаи ин, баъзе олимон
эҳсосро ҳамчун протсесси психикӣ эътироф намекардагӣ
шуданд.
Психологияи гешталтиро тадқиқи протсессҳои идрок
ва тафаккури эҷодии самарабахш ба худ ҷалб карда буд.
Аз ин рӯ, тадқиқи тафаккури эҷодӣ яке аз масъалаҳои
асосӣ шуда мемонад.
Психологияи амиқ. Ин равияи нави психология но-
вобастагии психикиро аз шуур исбот карданӣ мешавад ва
барои ин тадқиқотҳои зиёдеро гузарониданд. Ҷараёни
марказии психологияи амиқ-психоанализи психиатри ав-
стриягӣ Зигмунд Фрейд (1856 – 1939) буд. Ба он психоло-
гияи индивидуалии А.Адлер ва психологияи аналитикии
К.Г.Юнг низ дохил мешаванд. Ба
ақидаи онҳо, психика берун аз шуур
вуҷуд дорад ва психикаи бешуурӣ
предмети психологияи амиқ бояд
бошад.
Психоанализи З.Фрейд дар зери
таъсири шароитҳои сиёсӣ ва иҷти-
моии Австрия ба вуҷуд омадааст. Инсон, мувофиқи ин ра-
вия, зери инстинктҳои шаҳвонӣ ва туфайли бешуурии
протсессҳои психикӣ дар чунин ҳолат қарор меёбад, ки
Ман дар ӯ «хӯчаин дар хонаи худ нест». Психоанализ ҳам-
чун шакли нави табобати беморон ва усули тадқиқот до-
ниста шудааст. Мағзи психоанализро омӯзиши бешуурӣ
ташкил медиҳад. Номгӯи асарҳои таълифкардаи З.Фрейд
фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ӯро тавсиф медиҳанд ва
онҳо: «Шарҳдиҳии хобҳо»(1900), «Психопаталогияи ҳаёти
муқаррарӣ» (1904), «Зудақлӣ ва муносибати он ба
бешуурӣ» (1905), «Се очерк доир ба шаҳвоният» (1905),
«Порае аз таҳлили истерия» (1905) ва ғ. Аҳамияти хосро
асари «Шарҳдиҳии хобҳо» соҳииб аст, ки дар он ҳаёти
рӯҳӣ ҳамчун доробуда бо сохти амиқ тавсиф дода меша-
вад. Дар он се дараҷа таъкид мегардад: шуурона, тошуурӣ
ва бешуурӣ. Шуурона хосияти ҳаяҷониро дорад. Тошуурӣ
– ин бешуурии пӯшида (латентӣ) аст ва ин бешуурӣ қоби-
лияти ба шуур ворид шуданро дорад. Бешуурӣ – ин пси-
хикаи танг карда баровардаи бешуурӣ аст, ки қобилияти
ба шуур ворид шуданро надорад. Вай ҳодисаҳоеро дида
мебарояд, ки ба назорати шуур дода намешаванд, ба мо-
нанди фаромӯшкунӣ, хоббинӣ, хатоҳо ва ғ. Инҳо зуҳуроти
бешуурӣ буда, сабабҳои сар заданашонро бояд омӯхт.
Ҳамин тавр, З.Фрейд се унсурро барои равшан кардани
сарчашмаи фаъолии шахс истифода бурдааст: ВАЙ –
майлҳои ҷинсӣ, МАН – шуур ва аз МАН боло – виҷдон.
Таносуби ин унсурҳо ҳолатҳои гуногунро дар инсон ба
вуҷуд меоварад. З.Фрейд аз байни ин унсурҳо майлҳои
ҷинсӣ – шаҳвониро ҳамчун қувваи асосии ҳаракатдиҳанда
дониста аст, ки тамоми фаъолияти психикии инсонро
идора мекунад.
Ҳамин тариқ, ба таври пурра ҷудо намудани шахс аз
шароитҳои иҷтимоии ташаккули ӯ, афзалият ва бартарӣ
додан ба унсури бешуурӣ ва биологӣ – ин аст моҳияти
назарияи психоанализ.
А. Адлер (1870-1937) духтури чашм буд ва дар соҳаи
психиатрия кору фаъолият намудааст. Ӯ «Шарҳдиҳии
хобҳо»-и З.Фрейдро дастгирӣ менамояд, вале дар
масъалаи этиологияи шаҳвонии бемориҳои асаб байна-
шон ихтилоф ба амал омада буд. Мувофиқи ақидаи
А.Адлер, на майлҳои шаҳвонӣ, балки ҳисси норасоию но-
мукаммалӣ ва зарурати пурра кардани ин норасоӣ сабаби
фаъолии шахс мебошад. Ҳисси норасоӣ ҳисси манфӣ ва
пассив набуда, балки водоркунанда ба инкишофи психикӣ
аст. Ин ҳиссиётҳо аз тарбия вобаста аст. Агар шахсияти
инсон комилу пурра бошад, пас тарбия онро ба ин дараҷа
оварда аст. Аз ин хотир, тарбия муносибати индивидуа-
лиро (фардиро) талаб мекунад.
К.Г.Юнг (1875-1961) хатмкунандаи университети
шаҳри Базел буда, асосгузори равияи аналитикӣ ба шумор
меравад. Принсипҳои психоанализро васеъ истифода бур-
дааст ва дар баробари ин, методи ассотсиатсияҳои назо-
раткунандаро кор кардааст. Ӯ дар масъалаи майлҳои
шаҳвонӣ бо З.Фрейд дар ихтилоф буд. Мувофиқи К.Юнг,
либидо – энергияи психикие мебошад, ки бошиддатии
рафти ҳаётро ифода намуда, шаклҳои гуногуни зуҳуротро
дорад ва яке аз онҳо соҳаи шаҳвоният аст. К.Юнг психо-
логияи аналитикиро пеш бурд. Асоси ин равияро тадқиқи
бешуурӣ ва рафти инкишофи шахс ташкил медиҳад. Пси-
хикаро ба бошуурӣ ва бешуурӣ ҷудо намуд. Дар навбати
худ, бешууриро ба шахсӣ ва коллективӣ ҷудо кард.
Бешуурии шахсӣ – ин қабати болоии психика аст, ки он бо
таҷрибаи фардии инсон алоқаманд аст: ёддоштҳои фа-
ромӯшшуда, майлу импулсҳои берункардашуда, таассу-
ротҳои осебовари фаромӯшшуда ва ғ. Инҳо аз таърихи
шахсии фард вобаста аст. Мазмуни онҳо дар хобҳо ва
фантазияҳо зоҳир мешаванд. Бешуурии коллективона – ин
психикаи болошахси бешуурӣ буда, ба он инстинктҳо ва
майлҳо дохил шуда, мавҷудияти табиии инсонро ифода
мекунанд.
Шуури коллективона – ин психикаи қадимӣ аст ва
моҳияти он аз инкишоф ва шуури шахс новобаста аст. Он
эътиқодҳои миллӣ, нажодӣ, ривоятҳо, хурофотҳо ва баъзе
ирсиятҳое мебошанд, ки инсон аз ҳайвонот гирифтааст.
Инстинктҳо ва архетипҳо – танзимгари ҳаёти рӯҳӣ мебо-
шанд. Агар инстинктҳо рафтори махсуси шахсро муайян
кунанд, он гоҳ архетипҳо ба рафтор мазмуни шуурона
доштанро медиҳанд. Архетипҳо дар шакли образҳо ва
рамзҳо вуҷуд доранд ва дар қабатҳои амиқи бешуурӣ ҷой-
гир шудаанд. Юнг К. рафти ташаккули шахсро индивиду-
атсия номид. Мақсади ӯ мувозинатро дар шахсияти инсон
ба вуҷуд овардан буд ва байни бешуурию бошуурӣ
алоқамандӣ меҷӯяд. Ин, дар ниҳоят, ба инкишофи шахс
имконият медиҳад.
Психологияи когнитивӣ. Дар охири солҳои 50-ум ва
ибтидои солҳои 60-ум равияҳои илмии зиёде дар давраи
бӯҳрони кушод ба вуҷуд омаданд ва бо сабаби ихти-
лофҳои байниҳамӣ эътиборашон паст шудан гирифт. Ба
ҷои онҳо равияҳои нав пайдо мешуданд ва диққати психо-
логҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб менамуданд. Яке аз онҳо пси-
хологияи когнитивӣ ба ҳисоб мерафт.
Психологияи когнитивӣ солҳои 60-уми асри ХХ дар
ИМА пайдо шуд ва ба муқобили бихевиоризм равона
шуда буд. Намояндагони он (Ҷ.Брунер, Г.Сайман,
П.Линдсей, Д.Норман, А.Эллис, Л.Фестингер, У.Найсер,
Д.Бродбент, А.Пайвио, А.Бек ва ғ.) таъкид менамуданд,
ки ба сохтори шахс бояд унсурҳои когнитивӣ низ дохил
карда шаванд. Мафҳуми когнитивӣ аз калимаи лотинӣ
«когнито» гирифта шудааст ва маънои донишу маъри-
фатро дорад. Пас, ин равия ба тадқиқи протсессҳои
маърифатӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Протсессҳои маъри-
фатӣ воқеианд ва онҳоро фаҳмидану омӯхтан имконпазир
аст, мегӯяд яке аз намояндагони он У.Найсер.
Ба ташаккули психологияи когнитивӣ равияи психо-
логияи гешталтӣ, корҳои илмии психолог Ф.Бартлетта
доир ба хотир ва тафаккур, психологияи генетикии
Ж.Пиаже ва осори Ҷ.Гипсон дар бораи идрок таъсири
судманд бахшидаанд. Соҳаҳои асосии тадқиқот дар пси-
хологияи когнитивӣ инҳоанд: хотир, ҷанбаҳои психоло-
гии забон ва нутқ, диққат, хаёл ва ғ. Ин равия рафтори
инсонро дар асоси дониш ва қобилиятҳои маърифатии ӯ
шарҳ медиҳанд.
Намояндагони он дар тафовут бо бихевиоризм
таъкид мекунанд, ки инсон – ин машина нест, ки ба ан-
гезаҳои берунӣ кӯр-кӯрона ва бо таври механикӣ эътибор
диҳад. Баръакс, инсон ба фазли ақлу хирадаш метавонад
маълумотҳои воридшударо таҳлил кунад, муқоиса намояд
ва ба қароре ояд. Ҳамин тариқ, психологияи когнитивӣ
таъсири протсессҳои интеллектуалӣ ва фикриро ба рафто-
ри одам ба таври махсус таъкид менамояд.
Психологияи гуманистӣ. Ин равия солҳои 60-уми
асри ХХ зуҳур кард ва намояндагони машҳури он пеш аз
ҳама психологҳои америкоӣ К.Роджерс ва А.Маслоу бу-
данд. Онҳо камбудиҳои равияҳои бихевиоризм ва психо-
анализро ошкору ислоҳ намуданд. Ба ақидаи психологҳои
ин равия, бояд ба инсон, ба ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун ар-
зишҳои олӣ муносибати гуманистӣ (инсондӯстӣ, ба-
шардӯстона) зоҳир намуд. Аз ин хотир, психологияи ман-
фиатбахшро барои ҳаёти инсон бояд ташаккул дод. Пси-
хологияи когнитивӣ чунин арзишҳоро талқин менамоянд:
муҳаббат, сабзиш, қонеъгардии талаботҳои шахс, худму-
айянкунӣ, арзишҳои олӣ, ташаккулёбӣ, бозӣ, ҳаҷв, маъно,
ҳақнигорӣ, солимии психикӣ ва ғ.
Саҳми асосиро дар ташаккули психологияи гума-
нистӣ К.Рджерс (1902-1987) гузоштааст. Ба қавли ӯ, пси-
хология бояд дар хизмати инсон бошад ва муаммоҳои ӯро
ҳал намояд. Методҳои асосии психологияи гуманистӣ
муоинаи клиникӣ (А.Маслоу), мушоҳида, санъати
шарҳдиҳии олами ботинии одами дигар ва методи
тарҷумаиҳолӣ (Ш.Бюллер) мебошанд, ки бо методҳои
эксперименталӣ муқобил гузошта мешаванд.
Логотерапия. Асосгузори ин равия психологи ав-
стриягӣ В.Франкл ба ҳисоб меравад. Ин равия бо
шарҳдиҳии илмии маромҳои асосии рафторҳои инсон
машғул буд. Ӯ бо таҳлили маромҳои гуфтаи З.Фрейд
(майл ба ҳаловатбарӣ) ва А.Адлер (майл ба ҳокимият,
ҳукмбарӣ) розӣ набуда, принсипи дигарро интихоб мена-
мояд ва онро «ҷаҳду кӯшиш намудан ба сӯи маъно» но-
мид.
В.Франкл таълимро дар назди З.Фрейд ва А.Адлер
гирифта аст. Зиндагӣ дар даврони ҳукмронии фашизм ва
се соли азобу шиканҷа дар лагерҳо ӯро қавиирода намуд
ва маҳз дар ҳамон ҷо ба чунин хулосаи психологӣ омад: на
аз шароитҳо, балки пеш аз ҳама аз худи шахс вобаста аст,
ки ӯ чӣ тавр дар ин шароитҳо амал мекунад. Аз ин хотир
мефармояд, ки барои одам дарки маъно (логос) ва ҳадафи
зиндагӣ зарур аст, зеро ҷустуҷӯи он моҳияти ҳастии инсо-
нро дар бар мегирад. Пайдо накардани маънои зиндагӣ ва
ё худ гум кардани он «халои экзистенсиалӣ»-ро ба вуҷуд
меоварад: инсон маъно, моҳият ва ҳадафи мавҷудияти
худро гум мекунад, ғаму ғусса мехӯрад, ҳиссиётҳои ногу-
ворро аз сар мегузаронад ва ин ниҳоят ба бӯҳронҳои син-
нусолӣ мебарад. Бинобар ин, коре, ки маъно пайдо меку-
над, инсонро масъули ҳаёти худ мегардонад. Мувофиқи
гуфтаи В.Франкл, инсон маъноро на дар ботини худ, бал-
ки дар атрофиён бояд ҷустуҷӯ кунад. Яъне, инсон маъноро
дар ғамхории дигарон бояд бинад ва дар дӯст доштани
дигарон ҷӯяд.
В.Франкл вобаста ба ҳамин андешаҳо равияи лого-
терапияро кор карда баромад, ки аз дигар шаклҳои пси-
хотерапия фарқ мекунад. Бинобар ин қайд мекунад, ки ло-
готерапия – ин вазифаи психолог аст, ки ба мизоҷ дар
пайдо кардани маънои ҳаёташ ёрӣ мерасонад. Ин протсес-
си аналитикӣ буда, бо он ҷиҳаташ ба психоанализ қаробат
дорад. Логотерапия на танҳо барои беморон, балки барои
одамони солим низ татбиқшаванда аст. Он ба ҳар гуна
шахс равона мешавад, то ки ӯ дар ҳар гуна вазъият худро
гум накунад ва дарк намояд, ки ҳар лаҳзаи ҳаёт маънои ба
худ хосро дорад. Логотерпия дар сафарбар намудани
нерӯҳои ботинии шахс мусоидат кунад, то ки ӯ ба ҳар гуна
монеаву мушкилот – худкушӣ, майхорагӣ, нашъамандӣ ва
ғ. муқобилият нишон дода тавонад.
Ҳамин тариқ, равияҳои илмии давраи бӯҳрони кушод
имконият доданд, ки афкори психологӣ боз ҳам ташакку-
лу инкишоф ёбанд ва моҳияти илмии бисёр масъалаҳои
норавшани психологӣ ошкору аниқ гарданд.