Главная / Илм / Муҳити маркетингии муассисаҳои илми-техники ва қисмҳои ҷузъии он

Муҳити маркетингии муассисаҳои илми-техники ва қисмҳои ҷузъии он

Муҳити маркетинги муассисаҳои илми – техники аз қисмиҳои зерин иборат мебошад:

Муасисаҳо. Ба муассисаҳои илми-техники муҳим аст, ки инҳоро ба эътибор гиранд:

  • таҷҳизот ва адабиёти илмИ барои ба ҷо овардани тадқиқоти ба нақша гирифташуда мувофиқат мекунанд ва истифода мешаванд;
  • маводи барои тайёр кардани намунаҳои лаборатори ва таҷрибави зарур истифода мешаванд;
  • ба истифодакунандаи маҳсулоти илми-техники маводи барои барориши силсилагии маҳсулот зарур истифода мешавад.

Иттилоот дар бораи фиристодагон барои донистани он, ки тадқиқоти мазкур метавонад амалан гузаронида шавад, муҳим мебошад, ҳатто агар худи ақида дар бораи тадқиқот аз ҷиҳати тиҷоратИ ҷолиб бошад ҳам, кор дар маҷмӯъ, ё бо сабаби мавҷуд набудани маводи зарурИ таҷҳизот, асбобҳо ва номумкин будан ба даст овардани онҳо, ё бо сабаби арзиши фавқуллодда баланди фиристониданаш, масалан, дар ҳолати тибқи дархост тайёр намудани таҷҳизот ва дастгоҳҳои нодир, метавонад нобарор бошад.

5titul

Рақибон. Ба инҳисорчИ (монополист) будани муассисаҳои илмИ- техникИ нигоҳ намуда, бо сабаби мавҷуд будани имкониятҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанИ ба даст овардани технологияҳои хориҷИ, қазияи рақобат дар вақтҳои охир бағоят тезу тунд мешавад. Ин технологияҳо барои иҷозатномадори хориҷИ нав нестанд, вале нисбат ба маҳсулоти худии дар корхона мавҷуд буда бартарИ доранд.

Ба ғайр аз ин, комёбии воситаҳои молияви дар истеҳсолкунандагон ба пайдошавии намуди нави рақобат- рақобати байни хароҷот ба корҳои илми-тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори шартномави ва хароҷот барои дигар мақсадҳо оварда мерасонад. Ба оне, ки дар боло зикр карда шуд, метавон илова намуд, ки маҳсулоти илмӣ-техникии аксар муассисаҳои илмӣ-техникӣ дорои хусусияти «қоғазӣ» мебошад ва бинобар ин бо коркардҳои корхонаҳое, ки чун қоида, ба «оҳан» таҷассум ёфтаанд, ба рақобат мепазирад.

Ҳамин тавр, муассисаҳои илмӣ-техникӣ бояд чор намуди асосии рақобатро ба ҳисоб гиранд:

  • рақобат дар хароҷот;
  • рақобат бо технологияҳои хориҷӣ;
  • рақобат бо коркардҳои корхонавӣ;
  • рақобат бо дигар муассисаҳот илмӣ-техникии соҳаи якхела.

Шунавандагони алоқавӣ (пайвандӣ) Шунавандагони алоқавӣ – инҳо гурӯҳҳои мухталифи ба фаъолияти муассисаи илмӣ-техникӣ таъсиррасонанда мебошанд. Васоити ахбори умум ба фаъолияти муассисаи илмӣ-техникӣ равшанӣ меандозад. Ба самъи доираи васеъи шунавандагон расонидани иттилооти гуворо дар бораи муассисаи илмӣ-техникӣ, имкониятҳои хосаисамаранокии таҷрибаи собиқи татбиқи коркардҳо, тарафи муваффақиятии фаъолият ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин муассисаи илмӣ-техникӣ бо воситаи ахбори умум бояд ҳар қадар зичтар ҳамкорӣ кунад, дар замина нуфузи муассисаи дар дами пешрафти илмӣ- техникӣ мавҷудбударо бунёд кунад.

Институтҳои молиявӣ. Бо назардошти сармояталабии раванди илмӣ, инчунин тӯлонияти он, дар ҳаҷми зарурӣ таъмини мунтазам бо сармоя аҳамияти фавқулоддаи муҳим дорад.

Сарчашмаҳои воситаи молиявӣ (ба ғайр аз худӣ) метавонад пеш аз ҳама бонкҳо, саҳҳомон, гурӯҳҳо ва фондҳои сармоягузори, корхонаҳо, истеъмолкунандагони маҳсулоти илмӣ-техникӣ бошанд. Муассисаи илмӣ-техникӣ бояд бо тамоми роҳҳои дастраси иттилоотро дар бораи устувории молиявиаш, самаранокии баланди иқтисодии лоиҳаҳои ояндаи илмӣ-техникӣ паҳн намояд, то ки сармоягузорони нерӯмандро (патенсиалиро) ба худаш ҷалб кунад.

Муассисаҳои ҳукуматӣ. Ваколати қабули қарорҳоро, ки иҷрояшон барои муассисаҳои илмӣ-техникӣ ҳатмист (фармоишҳо ва қарорҳои умумииқтисодӣ, санадҳои меъёрӣ ва директивӣ ва ғайраҳо) доранд. Муассисаи илмӣ-техникӣ бояд дар бораи санадҳои қабулшуда иттилооти аниқ дошта бошад, инчунин ҳаддулимкон оид ба қарорҳои тайёршудаистода, ки ба фаъолияти ӯ дахл доранд, маълумот ба даст оварад.

Ба ғайр аз ин, (тавассути ассотсиатсия ва иттиҳодияҳои мухталиф) бояд ба қабули қонуну фармоишҳои барои корхона манфиатхоҳ ноил гардид.

Гурӯҳҳои шаҳрвандии амалиёт- инҳо ташкилотҳои мухталифи ҷамъиятӣ мебошанд, ки оид ба ҳифзи баъзе тақсимоти воқеан баргузоргашта ва ё тайёршудаистода дар ҷодаҳои мухталифи фаъолияти ҳаёти (ҳаракатҳо ба ҳифзи муҳити атроф, иттифоқҳои истеъмолкунандагон ва ғайраҳо), ё ин ки дар баробари онҳо,фаъолияти муайянро ба амал мебароранд.

Муассисаи илмӣ-техникӣ, бо ин гурӯҳҳо аксуламал намуда, аз тарафи онҳо дастгирӣ намудани худашро, аз ҷумла тадқиқотҳои бурдаистодаашро, метавонад таъмин намояд. Ба ғайр аз ин, ин имкон медиҳад, ки соҳасои тадқиқоте, ки аз тарафи гурӯҳҳои мазкур дастгирӣ меёбанд, пешбинӣ карда шавад. Дар ин асос метавон

маблағтаъминкунӣ ба даст оварда шавад. Масалан, аз воситаи фондҳои мухталифе, ки бо фаъолияти ин ё он гурӯҳ алоқаманданд, инчунин аз манбаҳои ҳукуматӣ.

Шунавандагони алоқавии маҳаллӣ. Корхона ва муассисаи дилхоҳ ба қаламрави мушаххас вобаста аст, бо истиқоматкунандагони маҳал алоқаи муайян дорад.

Васеъ намудани майдонҳои объектҳои истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва дигарҳо метавонад норозигии мардуми маҳаллиро ба миён оварад ва зиёда аз ин, агар ин объектҳо шубҳаро оид ба ифлоскунии муҳити атроф пайдо намоянд. Зиддиятҳо, баръакс, метавонанд вобаста ба пӯшида шудани корхона, бахшҳо ва ғайра ба миён оянд, зеро ин ҳолат ба аз даст рафтани ҷойҳои корӣ оварда мерасонад.

Бинобар ин муассисаи илмӣ-техникӣ дар бораи худаш дар байни шунавандагони маҳаллӣ бояд тасаввуроти гуворо ба вуҷуд орад, ки ин ба таъмини кадрӣ аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олии маҳаллӣ, аз байн бурдани зиддиятҳои имконпазири қаламравӣ ва бо муваффақият ҳал кардани як қатор масъалаҳои дигар мусоидат хоҳад кард.

Муштариёни муассисаи илмӣ-техникӣ, ҳамчун қоида, корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд. Ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ зарур аст, ки омилҳои ҳамдаркнамоӣ натиҷаҳои тадқиқоти мушаххасро аз тарафи корхонаҳо пайдо намояд. Дар айни замон муҳимияти маҳз омилҳои дарккунӣ хеле баланд мебошад, ки номгӯйи мухтасари онҳо дар зер оварда мешавад.

Сабабҳои тараққиёти нокофии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ (шартномавӣ ва дохилӣ) дар бахши истеҳсолӣ:

  • корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ зарур нестанд;
  • Ҳавасмандӣ ва рақобат ба корхона дар самти фаъолияткунии бештар самаранок фишор намеоваранд;
  • Технологияи комплексӣ (пакетӣ) ворид мешавад;
  • Ширкатҳои хориҷӣ ва корхонаҳои муштарак ба КИТТК-и ширкатҳои модарӣ умед мебанданд;
  • Ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ба худашон мувофиқ намебинанд;
  • Ширкатҳо ба лоиҳаҳои кӯтоҳмуддати тиҷоратӣ рӯй меоранд;
  • Норасогиҳо дар рушди зерсохтор;
  • Ба таври нокофи руй овардани тиҷорат ба бозори хориҷи;
  • Сиёсати андоз гузаронидани корҳои илмИ-тадқиқотИ ва таҷрибавию конструкторИ -ро, аз он ҷумла шартномавиро ҳавасманд намегардонад.

Омилҳои демографи. Зарурияти татбиқи навовариҳои меҳнатсарфакунанда мавҷуд аст. Азбаски омили мазкур дар минтақаҳои мухталиф ба таври гуногун худро нишон медиҳад, муассисаи илми-техники бояд гуногунияти ноҳиявии истеъмолкунандагонашро ба назар гирад. Дар баъзе минтақаҳо зиёдатии аҳолии қобили меҳнат имкон дорад. Дар ин ҷо, навовариҳо, баръакс, метавонанд ба бунёд кардани ҷойҳои иловагии корИ равона карда шуда бошанд.

Норасогии аҳолии қобили меҳнат омили асосии пастшавии истеҳсолот (дар ҷанбаи дарозмуддат) мебошад. Бинобар ин аҳамияти дигар хелҳои инноватсионӣро коҳиш надода, дар ин ҷо бештар мувофиқи мақсад будани навовариҳои ба паст кардани меҳнатталабии маҳсулот равона кардашударо бояд ба инобат гирифт.

Омилҳои иқтисоди. Дар байни гуруҳи мазкури омилҳо барои муассисаи илмИ-техникИ инҳо бештар аҳамиятноканд:

  • мавқеи молиявИ ва тағйироти истеъмолкунандагони истеҳсолИ ва ниҳоИ;
  • тағйироти майли истеъмолкунандагони истеҳсолИ ба андухт ба равона кардани маблағҳо барои гузаронидани корҳои илмИ-тадқиқотИ ва таҷрибавию конструкторИ умуман ва аз он ҷумла шартномавИ;
  • тағйироти нархҳо ва музди кор;
  • арзиши қарз;
  • вазъияти умумииқтисоди дар мамлакат, пастрави, депрессия, болорави.

Тағйироти даромади истеъмолкунандагони истеҳсолии маҳсулоти илми-техники ба ҳаҷми дархостҳо оид ба қарордодҳо, таъсири бағоят 231

пурзур мерасонад. Ҷараёни инкишофи даромади истеъмокунандагони ниҳоӣ, яъне аҳолӣ имконияти харидории техникаи гаронбаҳо ва мураккаби маиширо муайян мекунад, аз ин сабаб, ба имкониятҳои бозори маҳсулоти илмӣ-техникии барои бунёди намунаҳои нави техникаи мазкур равона кардашуда таъсир мерасонад.

Мавҷудияти воситаҳо ҳанӯз маънои ба самтҳои аз истеъмоли ҷорӣ фарқкунанда истифода бурдани онҳоро надорад. Дар шароити таваррум, баландравии нархҳо ва музди кор манфиатҳои кӯтоҳмуддат дар низоми манфиатҳои корхона боло мегиранд. Худи ҳамин омилҳо ба афзоиши хароҷот барои бунёди маҳсулоти илмӣ-техникӣ таъсир мерасонанд. Ҳамин «такякунӣ» бар захираҳои маҳдуди пулии барои пӯшонидани онҳо равонакардашуда оғоз менамояд.

Яке аз роҳҳои аз чунин ҳолат баромадан, коркарди маҳсулоти бисёрмақсадаи илмӣ-техникӣ, ки метавонад бисёр маротиба истеҳсол карда шавад, мебошад.

Ва албатта, чунин маҳсулот бояд барои ба даст овардани тасмимоти самараноки носармояталаб дар истеҳсолот равона карда шавад. Талаботи ҳаммонанд ба маҳсулоти илмӣ-техникӣ қарзи гаронбаҳо ва пастравиро дар иқтисодиёт пешниҳод мекунад.

Омилҳои муҳити табиӣ. Норасогии захираҳо, қиммат гардидани онҳо дархостро ба технологияҳои мавод ва нерӯсарфкунанда муайян мекунанд ва бинобар ин заминаҳои баланд гардидани дархостро ба натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ки ба бунёди технологияи нави ҳамин қобил равона карда шудаанд, ба вуҷуд меоваранд.

Самти дигари самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар шароити норасогии захираҳо, бунёди маводи нав ва ивазкунии маводҳои табиӣ мусоидаткунанда мебошад.

Омилҳои илмӣ-техникӣ. Барои муассисаи илмӣ-техникӣ ба самтҳои ояндадори тадқиқот дар доираи тахассусаш «навишта шудан»- аш бағоят муҳим мебошад. Ин самтҳоро донистан, воситаҳоро ба 232

ҷамъоварии иттилооти илмӣ-техникии дахлдор гузаштан, дар конфронсҳои илмии касбӣ ширкат варзидан, коркардҳои лозимаи дурнамоиро гузаронидан зарур мебошад.

Нуқтаи дигари муҳим- ба назар гирифтани сиёсати давлатии рушди инноватсионӣ, барномаҳо ва афзалиятҳо, ҷидду ҷаҳдро бояд ба иштирок дар ин барномаҳо ва гузаронидани корҳо дар самтҳои афзалиятнок равона мебошад. Ин имкон медиҳад, ки якум, маблағтаъминкунии иловагӣ ба даст оварда шавад, дуюм, тамоилҳои пешрафти илмӣ-техникӣ дуруст зери назар гирифта шаванд вабарои коркарди наслҳои ояндаи инноватсионӣи истеҳсолӣ қисми корҳо иҷро карда шавад.

Қисматкунии (ба сегментҳо ҷудокунии) бозори маҳсулоти илмӣ- техникӣ. Сегменти бозор ин гурӯҳи истеъмолкунандагони ба ин ва ё он маҷмӯи ҳавасмандиҳои бедоркунандаи маркетинг як хел таваҷҷӯҳкунанда мебошад. Мутобиқат – ин раванди ҷудо кардани истеъмолкунандагон ба гурӯҳҳои муайяни ба афзалиятҳои истеъмолӣ фарқкунанда мебошад.

Сабабҳои қисматкунии бозорҳои истеҳсолии маҳсулоти илмӣ- техникӣ:

принсипи ҷугрофӣ ба ноҳияҳои алоҳидаи ба талаботашон ба маҳсулоти илмӣ-техникӣ фарқкунанда тақсим кардани бозорро дар назар дорад. Барои бозори маҳсулоти илмӣ-техникӣ тақсимоти минтақавӣ басо муҳим аст, зеро истеъмолкунандагони минтақавии маҳсулоти илмӣ-техникӣ бисёр соҳаҳо ва махсусан маҳсулоти ниҳоӣ, бо талаботи истеъмолии аз тарафи онҳо пешниҳодшаванда фарқ мекунанд.

Дар мавриди  қисматкунии  ҷуғрофӣ бояд ҳам ҷанбаи дохилидавлатӣ ва ҳам байналмиллалӣ ба назар гирифта шавад. Ба ғайр аз ин, барои маҳсулоти илмӣ-техникӣ ҷойгиркунии ҷуғрофӣ ҳам истеъмолкунандагони бевосита, натиҷаҳои хосаи фаъолияти инноватсионӣ ва ҳам маҳсулоти дар асоси онҳо тайёр кардашуда муҳим аст. Агар аз боби хоса корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҳарф зада шавад, онгоҳ дар ин ҷанбаъ ба назар гирифтани сатҳи умумии илмӣ-техникии минтақа, дараҷаи ихтисоси кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ дар корхонаҳои минтақа, рақобат аз тарафи муассисаҳои илмӣ-техникии дар минтақа ҷойгиршуда, рақобати технологияи дигар давлатҳо дар минтақа муҳим мебошад;

  • принсипи маҳсулотӣ-соҳавӣ барои муассисаҳои илмӣ-техникии бисёрсамтаи дар соҳаҳои мухталиф коркунанда ва инчунин муассисаҳои маҳсулоти илмӣ-техникии таъиноти бисёрмақсадаро бароранда махсусан муҳим мебошад. Ба таври умумӣ соҳаҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ, мошинсозӣ, саноати кимиё, металгудозӣ ва дигар соҳаҳои бахши истеҳсолӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои бахши гайриистеҳсолиро метавон ҷудо кард. Дар дохили ҳар кадом гурӯҳҳои номбаршуда зерсоҳаҳои сершумор мавҷуданд, ки шумораашон барои ҳар кадом муассисаи илмӣ-техникӣ хоса мебошад.
  • принсипи функсионалӣ– истеъмолкунандагони маҳсулоти илмӣ- техникӣ метавонанд, тибқи функсияҳои иҷро кунандаашон гурӯҳбандӣ карда шаванд. Муассисаи илмӣ-техникӣ метавонад коркардҳоро барои маҳсули мушаххас, масалан, таҷҳизоти барқӣ барои вагонҳои метро ба роҳ монад, инчунин метавонад маҳсулоти мухталифи таҳти функсияи умумӣ муттаҳидшударо дар бар гирад.
  • принсипи фаннӣ – истеъмолкунандагони маҳсулоти илмӣ- техникӣ метавонанд барои тадқиқот дар фонҳои мушаххас, масалан чунин фанҳо ба монанди риёзиёт, физика, кимиё, биология ва ғайраҳо дархост пешниҳод намоянд. Истеъмолкунандагони тадқиқоти фаннии якхела маҳсулоти мухталифро истеҳсол хоҳад кард, функсияҳои гуногунро иҷро хоҳанд намуд. Умумият барои онҳо фанҳои илмианд, ки боиси мароқ зоҳир кардан гардидаанд.
  • принсипи қазиявӣ– қазияҳои (масоили) илмӣ чун қоида, байнифанниро доранд. Ҳар як қазияи илмӣ метавонад таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагони мухталифро ба худ ҷалб намояд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222