«Ҳар мусулмон чӣ дуое, ки кунад ва дар он гуноҳ ё қатъи силаи раҳим набошад, Худованд ба сабаби он яке аз се чизро ба ӯ ато мекунад:
1) ё дуои ӯро қабул мекунад,
2) ё онро захира карда, савобашро дар охират медиҳад,
3) ё чизе, ки талаб карда буд, баробари он мусибатро аз дуокунанда дур мекунад».
Баъд аз шунидани ин сухан марде аз саҳобагон гуфт: «Ин тавр бошад, мо бисёр дуо мекунем». Паёмбар (с) фармуд: «Ҳар қадаре, ки шумо дуо кунед, атои Худованд аз он ҳам бештар аст».
Аз ҳадиси мазкур бармеояд, ки дуои бандаи мусулмон ҳеҷ гоҳ зоеъ намешавад, ба ҳар ҳол натиҷаи онро мебинад. Ба шарте ки аз Худованд осон шудани кореро, ки гуноҳ ва нодуруст аст, талаб накунад, инчунин дуояш аз барои қатъи силаи раҳим набошад. Бо ақрибо ва хешовандон рафтуомад ва муомилаи хуб карданро «силаи раҳим» мегӯянд. Пас, шахсе дар ҳаққи яке аз хешовандонаш дуои бад кунад, монанди ин ки гӯяд: «Худоё, рӯяшро дигар набинам», дуояш қабул намешавад.
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …