Дуо яке аз ибодатҳои муҳим дар дини мубини Ислом аст, ки иртиботи мустақим ва ғайри мустақим бо шинохти Парвардигори банданавозу меҳрубон дорад. Инсонҳо ба ҳамон андоза, ки шинохти дақиқу амиқ аз Худованд дошта бошанд, ба ҳамон андоза дуову ниёзу муноҷоташон ба даргоҳи илоҳӣ рангину зебост.
Инсон махлуқест аз махлуқоти илоҳӣ, ки Парвардигор ба ӯ тоҷи каромат бахшида, олами ҳастиро барои баҳрабардории ӯ муҳайё кардааст. Аз ин хотир байни Худову банда бояд робитае барқарор бошад, ки банда битавонад ба воситаи он шукронаеро, ки ҳаққи Офаридгори ӯст, ба ҷой биёрад.
Яке аз роҳҳои таъсирбахши чунин робита байни инсон ва Офаридагораш ин дуо мебошад. Дуо як барномаи умумӣ барои ҳама касоне аст, ки мехоҳанд бо Офаридгорашон робитаеро барқарор кунанд ва ба даргоҳи Ӯ рози дил кунанд ва оҷизии худро дар пешгоҳи Ӯ изҳор намоянд. Дуо инсонро аз ҳар ранҷу ғам наҷот медиҳад ва ӯро умедвор карда, ба кӯшиш ва фаъолияти бештаре водор менамояд.
Худованд дар Қуръони карим Паёмбараш (с)-ро хитоб карда мефармояд:
«Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд – пас, ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандаро –чун Маро дуо кунад- қабул мекунам. Пас, бояд ки онҳо барои Ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд, ки ба Ман бигараванд, то бошад, ки роҳ ёбанд».
Бале!!! Дар хақиқат аз Худо наздиктар ба инсон, ҳеҷ касе буда наметавонад, зеро ин фақат Худованд аст, ки инсонҳоро аз нестӣ ҳаст мекунад. Онҳоро дар раҳми модарон ба вуҷуд оварда, ба онҳо шаклу шамоил ато мекунад ва дар тамоми лаҳазоти зиндагӣ ҳамроҳи бандагонаш ҳаст. Ба ин хотир аст, ки Ӯ аз ҳама наздиктарин аст, ташнагии бандаашро бо оби софу зулол мешиканад, гуруснагиашро бо ғизои муносибу гуногун бартараф мекунад, бемориашро шифо бахшида, танҳоияшро бо ҳамсару фарзанду дӯсту рафиқ ҷуброн карда, муҳаббати онҳоро дар дилҳо ҷой медиҳад, бараҳнагиашро бо либосҳои гуногун мепӯшонад, мушкилоташро ҳарчанд шадид ва сахт ҳам бошад, ба воситаи дуо рафъ мекунад. Ин ҳамаро ҷуз Худои меҳрубон чӣ касе метавонад барояш фароҳам орад? Чӣ касе ба ҷуз Худованд ба тамоми аҳвол ва ниёзҳояш огоҳӣ дорад?
Бале! Ӯ зотест аз ҳама наздиктар ба инсон. Дар Қуръон омадааст:
«Ба дурустӣ мо одамиро офаридем ва медонем, ки нафси ӯ чиро васваса мекунад ва Мо аз раги ҷон ба вай наздиктарем».
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …